Парастиш
Мо бояд танҳо киро парастиш кунем?
2Мс 34:14; 5Мс 5:8–10; Иш 42:8
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
Мт 4:8–10. Шайтон танҳо бар ивази як саҷда подшоҳиҳои ҷаҳонро ба Исо пешкаш кард. Исо пешниҳоди Шайтонро рад кард, чунки танҳо Яҳуваро парастиш кардан мехост.
Ошк 19:9, 10. Вақте Юҳаннои расул ба фариштаи пурқудрате саҷда карданӣ шуд, фаришта намонд, ки чунин кунад.
Яҳува чӣ гуна парастишро аз мо интизор аст?
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
Иш 1:10–17. Яҳува парастиши касонеро, ки аз рӯйи меъёрҳояш зиндагӣ намекунанд, қабул намекунад.
Мт 15:1–11. Исо фаҳмонд, ки Яҳува парастиши рӯякиро, ибодатеро, ки бар урфу одатҳои одамӣ асос ёфтааст, қабул намекунад.
Чаро мо бояд кӯшиш кунем, ки Яҳуваро ҳамроҳи бародаронамон парастиш кунем?
Ҳамчунин нигаред ба Зб 133:1–3
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
Крн 2:40–42. Дар асри як масеҳиён якҷоя ҷамъ шуда дуо мегуфтанд, муошират мекарданд ва таълимоти аз рӯҳи муқаддас илҳомёфтаро меомӯхтанд.
1Қр 14:26–40. Павлуси расул фаҳмонд, ки вохӯриҳои ҷамоат тавре ташкил шудаанд, ки рӯҳбаландкунанда бошанд, то ҳама таълим гирад ва ба чизҳое, ки мешунавад, сарфаҳм равад.
Агар хоҳем, ки Яҳува парастишамонро қабул кунад, бояд чӣ кор кунем?
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
Ибр 11:6. Павлус фаҳмонд, ки барои ба Яҳува писанд омадан имон бениҳоят муҳим аст.
Яқ 2:14–17, 24–26. Яъқуб, бародари ҳамбатни Исо, қайд кард, ки имони мо набояд бе амал бошад; имонамон бояд дар амал зоҳир гардад.