Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Хислатҳои бад

Хислатҳои бад

Масеҳиён аз кадом хислатҳои бад дурӣ меҷӯянд?

Хашму ғазаб

Зб 37:8, 9; Пнм 29:22; Қл 3:8

Ҳамчунин нигаред ба Пнм 14:17; 15:18

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 37:18, 19, 23, 24, 31–35. Бародаронаш Юсуфро ба ғуломӣ фурӯхтанд ва ба Яъқуб дурӯғ гуфтанд, ки писари дӯстдоштааш мурдааст.

    • 1Мс 49:5–7. Шимъӯну Левӣ аз хашму ғазаб ба корҳои бераҳмона даст заданд ва аз баракат маҳрум шуданд.

    • 1Пш 20:30–34. Дар сари қаҳр шоҳ Шоул ба Юнотон гапи сахт гуфт ва ба тарафи ӯ найза андохт.

    • 1Пш 25:14–17. Нобол одамони Довудро ҳақоратборон кард ва ҳаёти хонаводаашро зери хатар монд.

Ҷангҷӯйӣ

Тарсончакӣ

Бераҳмӣ

5Мс 15:7, 8; Мт 19:8; 1Юҳ 3:17

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 42:21–24. Бародарони Юсуф аз корҳои бераҳмонае, ки дар ҳаққи ӯ карданд, пушаймон шуданд.

    • Мқ 3:1–6. Исо аз дилсахтии фарисиён бисёр ғамгин шуд.

Беҳурматӣ

Нигаред ба «Беҳурматӣ»

Худпарастӣ

Ғл 5:26; Фп 2:3

Ҳамчунин нигаред ба Пнм 3:7; 26:12; Рм 12:16

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Пш 15:1–6. Абшолӯм дилёбӣ карда вонамуд мекард, ки аз падараш ғамхортар аст.

    • Дн 4:29–32. Набукаднесар аз худ рафта буд, барои ҳамин Яҳува ӯро ҷазо дод.

Ҳасад; бахилӣ

Рм 13:9; 1Пт 2:1

Ҳамчунин нигаред ба Ғл 5:26; Тит 3:3

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 26:12–15. Яҳува меҳнати дасти Исҳоқро баракат дод, барои ҳамин фалиштиён ба ӯ ҳасад бурданд.

    • 3Пш 21:1–19. Аҳъоби бадкор сахт хост, ки токзори Нобӯтро соҳиб шавад. Ӯ барои ин қасди бад андешида, Нобӯтро кушт.

Одамтарсӣ

Зб 118:6; Пнм 29:25; Мт 10:28

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 4Мс 13:25–33. Даҳ ҷосуси исроилӣ аз душман тарсиданд ва бо суханонашон дар дили мардум низ тарс андохтанд.

    • Мт 26:69–75. Аз одамтарсӣ Петруси расул Исоро се бор инкор кард.

Чашмгушнагӣ

Нигаред ба «Чашмгушнагӣ»

Бадбинӣ

Дурӯягӣ

Нигаред ба «Дурӯягӣ»

Рашк

Нигаред ба «Рашк»

Танбалӣ

Пулпарастӣ, чизпарастӣ

Мт 6:24; 1Тм 6:10; Ибр 13:5

Ҳамчунин нигаред ба 1Юҳ 2:15, 16

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Аб 31:24–28. Айюби бой ба доми чизпарастӣ наафтид.

    • Мқ 10:17–27. Ҷавонмарди бой чунон чизу чораашро дӯст медошт, ки нахост аз баҳри онҳо гузашта пайрави Исо шавад.

Кинаву дилсиёҳӣ

1Пш 30:6; Эф 4:31; Қл 3:19

Ҳамчунин нигаред ба Яқ 3:14

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Уб 10–14. Яҳува адӯмиёнро, барои он ки ба бародаронашон исроилиён кинаву дилсиёҳӣ доштанд, ҷазо дод.

Худбоварӣ

Нигаред ба «Худбоварӣ»

Ғуруру ҳавобаландӣ

Нигаред ба «Ҳавобаландӣ»

Ҷангарагӣ

Пнм 26:20; 1Тм 3:2, 3; Тит 3:2

Ҳамчунин нигаред ба Пнм 15:18; 17:14; 27:15; Яқ 3:17, 18

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 13:5–9. Байни чӯпонони Иброҳим ва чӯпонони Лут ҷанҷол ба миён омад, лекин Иброҳим вазъиятро ором кард.

    • Дв 8:1–3. Мардони Эфроим бо Ҷидъӯни довар ҷанҷол карданд. Ҷидъӯни хоксор кӯшиш кард, ки сулҳро нигоҳ дорад.

Исёнкорӣ

Одилтарошӣ

Пг 7:16; Мт 7:1–5; Рм 14:4, 10–13

Ҳамчунин нигаред ба Иш 65:5; Лқ 6:37

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Мт 12:1–7. Исо одилтарошии фарисиёнро фош кард.

    • Лқ 18:9–14. Исо бо мисол нишон дод, ки Худо аз шахсоне, ки одилтарошӣ мекунанд, розӣ нест.

Якравӣ

Ир 13:10

Ҳамчунин нигаред ба Ир 7:23–27; Зк 7:11, 12

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Вқ 36:11–17. Сидқиёҳуи бадкору гарданшах халқашро ба бало гирифтор кард.

    • Крн 19:8, 9. Павлус онҳоеро, ки якравона ба хабари Подшоҳӣ гӯш надоданд, ба ҳолашон монд.

Бефаҳмӣ

Мқ 7:21–23; Эф 5:17

Ҳамчунин нигаред ба 1Пт 2:15

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 8:10–20. Вақте пайғамбар Самуил ба исроилиён фаҳмонд, ки барои худ подшоҳ талаб кардан беақлист, онҳо ӯро гӯш кардан нахостанд.

    • 1Пш 25:2–13, 34. Нобол ба Довуду одамонаш кумак кардан нахост, барои ҳамин қариб буд, ки ба сари тамоми хонаводааш бало орад.

Бадгумонию айбдоркунӣ

Аб 1:9–11; 1Тм 6:4

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 18:6–9; 20:30–34. Шоҳ Шоул аз Довуд гумони бад мебурд ва Юнотонро бар зидди ӯ иғво меандохт.