Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Хоксорӣ

Хоксорӣ

Яҳува ба хоксорон ва ҳавобаландон чӣ тавр назар мекунад?

Зб 138:6; Пнм 15:25; 16:18, 19; 22:4; 1Пт 5:5

Ҳамчунин нигаред ба Пнм 29:23; Иш 2:11, 12

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Вқ 26:3–5, 16–21. Шоҳ Узиё мағрур шуд. Ӯ Шариати Худоро вайрон кард ва ба маслиҳати дигарон гӯш надод, барои ҳамин Худо Узиёро ба махав гирифтор кард.

    • Лқ 18:9–14. Исо бо мисол фаҳмонд, ки Яҳува ба дуои хоксорону ҳавобаландон чӣ тавр менигарад.

Яҳува ба онҳое, ки аз таҳти дил тавба мекунанд, чӣ тавр муносибат мекунад?

2Вқ 7:13, 14; Зб 51:2–4, 17

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Вқ 12:5–7. Шоҳ Раҳабъом ва мирони Яҳудо худро назди Яҳува хоксор гардонданд ва Худо онҳоро нобуд насохт.

    • 2Вқ 32:24–26. Шоҳ Ҳизқиё ҳавобаланд гашт, аммо, вақте худро хоксор сохт, Яҳува ӯро бахшид.

Чӣ тавр хоксорӣ ба мо кумак мекунад, ки бо дигарон муносибати хуб дошта бошем?

Эф 4:1, 2; Фп 2:3; Қл 3:12, 13

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 33:3, 4. Яъқуб ҳангоми пазироӣ кардани Эсови бахашмомада хоксорӣ нишон дод ва ҳамин хел дар байнашон сулҳро барқарор кард.

    • Дв 8:1–3. Довари хоксор, Ҷидъӯн, ба мардуми Эфроим гуфт, ки кори ӯ ба корҳое, ки онҳо кардаанд, баробар шуда наметавонад. Он гоҳ қаҳри мардум паст шуду бо ӯ ҷанг накарданд.

Чӣ тавр Исо ба пайравонаш муҳим будани хоксориро таълим медод?

Мт 18:1–5; 23:11, 12; Мқ 10:41–45

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Иш 53:7; Фп 2:7, 8. Чи хеле ки пешгӯйӣ шуда буд, Исо марди хоксор буд. Ӯ бо омодагӣ ба замин омад ва ба дарду азоб ва хориву шармандагӣ тоб оварда, мурд.

    • Лқ 14:7–11. Исо дар бораи нишастгоҳи тӯй мисол оварда, муҳим будани хоксориро қайд кард.

    • Юҳ 13:3–17. Исо пойҳои шогирдонашро шуста, кори хизматгоронро кард. Ӯ бо ин кори худ ба расулонаш намунаи хоксорӣ гузошт.

Агар ба худамону дигарон бо чашми Яҳува нигоҳ кунем, чӣ тавр ин ба мо кумак мекунад, ки хоксор бошем?

Чаро хоксории сохта қадру қимате надорад?