Яҳува
Номи Худо
Маънои номи Яҳува чунин аст: «Ӯ сабаби шудан мегардад»
Яҳува барои дастгирӣ кардани хизматгоронаш кӣ мешавад ё кадом вазифаро иҷро мекунад?
Зб 19:14; 68:5; Иш 33:22; 40:11; 2Қр 1:3, 4
Ҳамчунин нигаред ба Зб 118:14; Иш 30:20; Ир 3:14; Зк 2:5
Чаро муқаддас гардондани номи Яҳува ин қадар муҳим аст?
Чаро Яҳува, Парвардигори Олам, сазовори итоати мост?
Баъзе номҳои Яҳува
Кӯҳпора (5Мс 32:4; Иш 26:4)
Омӯзгори бузург (Иш 30:20)
Падар (Мт 6:9; Юҳ 5:21)
Парвардигор (Иш 25:8; Ом 3:7)
Подшоҳи ҷовид (1Тм 1:17; Ошк 15:3)
Худои лашкарҳо (1Пш 1:11)
Худои олимақом (Ибр 1:3; 8:1)
Худои Тавоно (1Мс 17:1; Ошк 19:6)
Худои Таоло (1Мс 14:18–22; Зб 7:17)
Баъзе сифатҳои беҳамтои Яҳува
Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува Худои пок аст ва инро фаҳмида бояд чӣ кор кунем?
2Мс 28:36; 3Мс 19:2; 2Қр 7:1; 1Пт 1:13–16
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Иш 6:1–8. Вақте пайғамбар Ишаъё дар рӯъё покии Яҳуваро дид, рӯҳафтода шуд, чунки худро гунаҳкор меҳисобид, аммо фаришта ба ӯ ёдрас кард, ки ҳатто бандаи гунаҳкор метавонад дар назари Худо пок бошад.
-
Рм 6:12–23; 12:1, 2. Павлуси расул фаҳмонд, ки чӣ тавр бо майли гунаҳкоронаамон мубориза барем ва «покиро ба бор» орем.
-
Қуввату тавоноии Яҳува то чӣ андоза бузург аст ва баъзе роҳҳое, ки ӯ онро истифода мебарад, кадом аст?
2Мс 15:3–6; 2Вқ 16:9; Иш 40:22, 25, 26, 28–31
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
5Мс 8:12–18. Пайғамбар Мӯсо ба исроилиён ёдрас кард, ки Яҳува қудраташро ба кор бурда онҳоро баракат дод, барои ҳамин онҳо соҳиби чизҳои хуби бисёре гаштанд.
-
3Пш 19:9–14. Яҳува барои дилбардорӣ кардани пайғамбари рӯҳафтодааш, Илёс, қувваи бузургашро нишон дод.
-
Чаро мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува Довари боинсоф аст?
5Мс 32:4; Аб 34:10; 37:23; Зб 37:28; Иш 33:22
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
5Мс 24:16–22. Аз Шариати Мӯсо маълум мешавад, ки Яҳува доимо боадолат, дилсӯз ва меҳрубон аст.
-
2Вқ 19:4–7. Шоҳ Еҳушофот ба доварони таъйинкардааш ёдрас кард, ки онҳо бояд ҳар гуна масъаларо ба гуфти Яҳува ҳал кунанд, на ба гуфти одамизод.
-
Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува аз ҳама хирадмандтар аст?
Зб 104:24; Пнм 2:1–8; Ир 10:12; Рм 11:33; 16:27
Ҳамчунин нигаред ба Зб 139:14; Ир 17:10
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
3Пш 4:29–34. Хираде, ки Яҳува ба шоҳ Сулаймон дод, аз хиради тамоми ҳамзамононаш болотар буд.
-
Лқ 11:31; Юҳ 7:14–18. Исо, ки хирадаш аз Сулаймон ҳам зиёд буд, хоксорона тан гирифт, ки ин ҳама аз ҷониби Сарчашмаи хирад, Яҳува, аст.
-
Мо аз куҷо медонем, ки хислати асосии Яҳува муҳаббат аст?
Юҳ 3:16; Рм 8:32; 1Юҳ 4:8–10, 19
Ҳамчунин нигаред ба Сф 3:17; Юҳ 3:35
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Мт 10:29–31. Исо бо мисоли гунҷишк нишон дод, ки то чӣ андоза Яҳува бандаҳояшро дӯст медорад.
-
Мқ 1:9–11. Яҳува аз осмон ба Писараш ошкоро гуфт, ки дӯсташ медорад ва аз ӯ розист. Ин барои волидон намунаи беҳтарин аст, чунки ҳамаи фарзандон ба шунидани чунин суханон ниёз доранд.
-
Боз аз кадом сабабҳо мо Яҳуваро дӯст медорем? Дар Китоби Муқаддас дар бораи бисёр хислатҳои Яҳува гуфта шудааст, ки баъзеяшон инҳоянд:
Абадӣ; бе оғозу анҷом (Зб 90:2; 93:2)
Бовафо (Ошк 15:4)
Бузург (Зб 8:1; 148:13)
Дасткушод (Зб 104:13–15; 145:16)
Дилсӯз (2Мс 34:6; Иш 49:15; 63:9; Зк 2:8)
Меҳрубон (Лқ 6:35; Рм 2:4)
Пурсабр (Иш 30:18; 2Пт 3:9)
Пурҷалол (Ошк 4:1–6)
Росткор (Зб 7:9)
Тағйирнаёбанда; боваринок (Мл 3:6; Яқ 1:17)
Фурӯтан (Зб 18:35)
Худои сулҳу осоиштагӣ (Фп 4:9)
Хушбахт (1Тм 1:11)
Ҳамабин (2Вқ 16:9; Пнм 15:3)
Аз куҷо маълум мешавад, ки мо Яҳуваро хуб мешиносем?
Хизматамон ба Яҳува
Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува аз хизматгоронаш чизи аз қувваташон зиёдро талаб намекунад?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
5Мс 30:11–14. Итоат ба Шариати Мӯсо барои исроилиён душвор набуд.
-
Мт 11:28–30. Исо ба пайравонаш гуфт, ки Падараш хӯҷаини меҳрубон аст; ӯ аз ҳар ҷиҳат ба Падараш пайравӣ мекард.
-
Чаро Яҳува сазовори васфу ситоиш аст?
Ҳамчунин нигаред ба Ир 20:9; Лқ 6:45; Крн 4:19, 20
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Зб 104:1, 2, 10–20, 33, 34. Забурнавис Яҳуваро барои чизҳои офаридааш ситоиш мекард.
-
Зб 148:1–14. Ҳама офаридаҳои Яҳува, аз ҷумла фариштагон, ӯро ситоиш мекунанд.
-
Чӣ тавр мо бо рафторамон Яҳуваро ҷалол дода метавонем?
Барои чӣ бояд ба Яҳува наздик шавем?
Чаро барои ба Яҳува наздик шудан бояд хоксор бошем?
Чӣ тавр хониши Китоби Муқаддас ва мулоҳизаронӣ кумак мекунад, ки ба Яҳува наздик шавем?
Чаро бояд чизҳои дар бораи Яҳува фаҳмидаамонро ба кор барем?
Чаро набояд кӯшем, ки чизеро аз Яҳува пинҳон кунем?
Аб 34:22; Пнм 28:13; Ир 23:24; 1Тм 5:24, 25
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
4Пш 5:20–27. Ҷеҳазӣ гуноҳашро пинҳон карданӣ шуд, лекин Яҳува кори ӯро ба пайғамбар Элишоъ ошкор кард.
-
Крн 5:1–11. Ҳанониёву Сафира хостанд, ки гуноҳашонро пинҳон кунанд, лекин дурӯғашон фош шуду онҳо ҷазо гирифтанд.
-