Илм ва маълумоти Китоби Муқаддас оиди офариниш
Вақте ки баъзеҳо Китоби Муқаддасро мехонанд, онҳо маълумоти дар бораи офариниш навишташударо ба маънои аслиаш мефаҳманд. Яъне онҳо фикр мекунанд, ки ҳамаи мавҷудоти олами моддӣ, ҳамагӣ чанд ҳазор сол пеш, дар муддати шаш рӯз, ки давомнокии ҳар яки онҳо 24 соат буд, офарида шудаанд.
Лекин дигарон мегӯянд, ки чунин ақида ба илм муқобилат мекунад, зеро мувофиқи кашфиётҳои илмӣ, олами моддӣ дар муддати дурудароз ба вуҷуд омадааст.
Дар асл, Китоби Муқаддас ва илм бо ҳам муқобилат намекунанд. Омӯзиши бодиққати Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки байни рӯзҳои офариниш, ки дар китоби Ҳастӣ тасвир шудаанд ва маълумотҳои илмӣ муқобилат дида намешавад. Биёед ҳоло дида бароем, ки Китоби Муқаддас дар бораи офариниш чӣ мегӯяд.
Китоби Ҳастӣ таълим намедиҳад, ки Замин ва Коинот ҳамагӣ чанд ҳазор сол пеш, дар муддати шаш шабонарӯз офарида шудаанд
«Ибтидо»-и офариниш кай буд?
Китоби Ҳастӣ, ки нахустин китоби Навиштаҳои Муқаддас мебошад, бо суханони оддӣ, вале пурмазмун сар мешавад: «Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид» (Ҳастӣ 1:1). Як қатор муҳаққиқони Китоби Муқаддас розиянд, ки ин суханон алоҳидаанд ва ба амалиёте, ки дар «рӯзҳои» офариниш ба амал омадаанду аз ояти 3 сар карда тасвир мешаванд, дахл надоранд. Аз ин ҷо хулосаи муҳиме баровардан мумкин аст. Мувофиқи суханони аввалини Китоби Муқаддас, Коинот, аз он ҷумла сайёраи мо — Замин, пеш аз оғози «рӯзҳои» офариниш, аллакай чандин вақти номуайяне вуҷуд дошт.
Геологҳо изҳор мекунанд, ки Замин 4 миллиард сол инҷониб вуҷуд дорад ва Коинот бошад, мувофиқи ҳисоби астрономҳо, тақрибан 15 миллиард сол боз вуҷуд дорад. Магар чунин маълумоти илмӣ, ки дар оянда шояд боз аниқтар мегарданд, бо суханони Ҳастӣ 1:1 муқобилат мекунанд? Бешубҳа не. Китоби Муқаддас синни аниқи «осмон ва замин»–ро қайд наменамояд. Аз ин рӯ, илм суханони ин ояти овардашударо инкор намекунад.
«Рӯзҳои» офариниш чанд вақт давом ёфтанд?
Дар бораи давомнокии «рӯзҳои» офариниш чӣ гуфтан мумкин аст? Оё давомнокии ҳар яки онҳо 24 соат буд? Мусо, нависандаи китоби Ҳастӣ, баъдтар навишт, ки баъди шаш рӯзи офариниш, дар рӯзи ҳафтум Худо аз корҳояш ором гирифт. Дар асоси ин исроилиён рӯзи ҳафтум — рӯзи Шанберо бояд рӯзи муқаддас меҳисобиданд. Баъзеҳо чунин фикр мекунанд, ки азбаски рӯзи Шанбе аз 24 соат иборат буд, давомнокии ҳар як рӯзи офариниш ҳам бояд 24 соат бошад (Хуруҷ 20:11). Лекин оё ин ақидаро суханони китоби Ҳастӣ тасдиқ мекунанд.
Ҳаргиз не. Калимаи иброние, ки «рӯз» тарҷума шудааст, метавонад фосилаҳои гуногуни вақтро ифода намояд, ки на ҳамаи онҳо ба 24 соат баробар мебошанд. Масалан, Мусо амалиёти офариниши Худоро ҷамъбаст карда, шаш рӯзи офаринишро чун як рӯз тасвир намуд (Ҳастӣ 2:4). Ғайр аз ин, дар давоми «рӯзи» якуми офариниш, «Худо рӯшноиро рӯз номид, ва торикиро шаб» (Ҳастӣ 1:5). Ин ҷо танҳо як қисми фосилаи 24 соата «рӯз» номида шудааст. Аз ин рӯ, фикри он ки ҳар як «рӯзи» офариниш 24 соатро ташкил медод, бар Китоби Муқаддас асос намеёбад.
Пас, «рӯзҳои» офариниш дар асл чанд вақт давом ёфтанд? Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб намедиҳад, вале аз бобҳои 1 ва 2 китоби Ҳастӣ маълум мешавад, ки ин ҷо муддати хеле дурударози вақт дар назар дошта шудааст.
Шаш давраи офариниш
Китоби Ҳастиро Мусо бо забони ибронӣ навишта буд. Ҳамчунин ӯ онро чунон навиштааст, ки гӯё аз Замин истода ҳамаи амалиёти офаринишро мушоҳида мекард. Ин ду чиз ва донистани он ки Коинот ҳангоми оғози «рӯзҳои» офариниш аллакай вуҷуд дошт, бисёр фикрҳои мухолифро оиди офариниш бартараф карда метавонад. Чӣ тавр?
Ҳангоми бодиққат дида баромадани ду боби аввали китоби Ҳастӣ дидан мумкин аст, ки амалиёте, ки дар давоми як «рӯз» сар шуда буд, як ё якчанд «рӯзи» дигар давом ёфт. Масалан, рӯшноиро гирем. Офтоб пеш аз оғози «рӯзи» якуми офариниш аллакай вуҷуд дошт, вале рӯшноии он эҳтимол аз сабаби пардаи ғафси абрҳо ба сатҳи Замин рафта намерасид (Айюб 38:9). Дар давоми «рӯзи» якум ин парда торафт тозаву рӯшноигузар мегашт ва имконият медод, ки рӯшноии тира ба атмосфера дохил шавад a.
Дар «рӯзи» дуюм, шояд тозашавии атмосфера давом мекард ва дар натиҷа байни қабати абрҳо ва уқёнус фазо пайдо шуд. Дар «рӯзи» чорум атмосфера оҳиста–оҳиста чунон тоза шуд, ки «дар фалаки осмон» офтоб ва моҳ пайдо шуданд (Ҳастӣ 1:14–16). Бо суханони дигар, офтобу моҳро акнун аз замин дидан мумкин буд. Ҳамаи ин тадриҷан ба амал омад.
Дар китоби Ҳастӣ ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар «рӯзи» панҷум, бо мурури тоза шудани атмосфера махлуқоти парвозкунанда, аз ҷумла ҳашаротҳову ҷонварони пардабол, ба пайдошавӣ сар карданд.
Аз суханони Китоби Муқаддас чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки корҳои бузурги ҳар як «рӯз» ё давраи офариниш, эҳтимол на ин ки яку якбора, балки тадриҷан ба амал омадаанд ва шояд баъзеи он корҳо дар рӯзҳои дигари офариниш давом ёфтанд b.
«Мувофиқи ҷинсашон»
Вале оё тадриҷан пайдо шудани ҳайвоноту растаниҳо маънои онро дорад, ки Худо барои офаридани гуногунии мавҷудоти зинда эволютсияро истифода бурдааст? Албатта, не. Дар Китоби Муқаддас ба таври равшан гуфта мешавад, ки Худо дар Замин «ҷинсҳои» асосии тамоми ҳайвоноту набототро офарида буд (Ҳастӣ 1:11, 12, 20–25). Оё ҳар яки ин «ҷинс»-и ҳайвоноту наботот аз аввал бо чунин хосият офарида шуда буданд, ки ба шароитҳои ивазшаванда мутобиқ гарданд? Ҳудуди ҳар як «ҷинс»-ро чӣ муайян мекунад? Китоби Муқаддас ба ин саволҳо ҷавоб намедиҳад, лекин он мегӯяд, ки ҳамаи мавҷудоти зинда «мувофиқи ҷинсашон» офарида шуда буданд (Ҳастӣ 1:21). Ин маънои онро дорад, ки онҳо танҳо дар дохили «ҷинсашон» гуногун мебошанд. Ҳам бозёфтҳои палеонтологӣ ва ҳам тадқиқотҳои илмии ҳозиразамон нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои асосии ҳайвоноту растаниҳо дар тӯли муддати дурудароз кам тағйир ёфтаанд.
Китоби Муқаддас таълим намедиҳад, ки Коинот, аз ҷумла Замин ва тамоми мавҷудоти он ҳамагӣ чанд ҳазор сол пеш, дар муддати кӯтоҳи вақт офарида шудаанд. Баръакс, он чӣ ки дар китоби Ҳастӣ дар бораи офариниши Коинот ва пайдоиши ҳаёт гуфта мешавад, бо бисёр тадқиқотҳои илмии ҳозиразамон пурра мувофиқат мекунад.
Ба бисёр олимон ақидаҳои фалсафӣ халал мерасонад, ки бо суханони Китоби Муқаддас оиди он ки ҳама чизро Худо офаридааст, розӣ шаванд. Лекин ҷолиби диққат аст, ки дар китоби қадимаи Ҳастӣ, ки қисми Навиштаҳои Муқаддас мебошад, Мусо навиштааст, ки Коинот ибтидо дошт ва ҳаёт дар муддати дароз зина ба зина ва тадриҷан офарида шудааст. Чунин маълумоти аниқи илмиро Мусо, ки тахминан 3 500 сол пеш зиндагӣ карда буд, аз куҷо медонист? Ин савол танҳо як ҷавоби мантиқан дуруст дорад: танҳо ҳамон Шахсе ки бо қудрат ва хиради худ осмону заминро офаридааст, метавонист ба Мусо чунин дониши аз нуқтаи назари илмӣ аниқро ато кунад. Ин боварӣ мебахшад, ки Китоби Муқаддас «аз рӯи илҳоми илоҳӣ» навишта шудааст (2 Тимотиюс 3:16) c
Маълумоти бештарро аз брошураи «Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он», ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп шудааст, ёфтан мумкин аст.
Шояд шумо фикр кунед, ки оё ба маълумоти Китоби Муқаддас оиди офариниш бовар кардан мумкин аст? Дида баромадани якчанд сабабҳои асоснок ба ин савол ҷавоб хоҳад дод.
a Ҳангоми тасвир кардани «рӯзи» якум, дар мавриди рӯшноӣ калимаи ибронии ’ор истифода шудааст, ки рӯшноиро ба маънои умумиаш ифода мекунад. Вале ҳангоми тасвир намудани «рӯзи» чорум дар мавриди рӯшноӣ калимаи ибронии ма ’о́р истифода бурда шудааст, ки маънояш сарчашмаи рӯшноӣ мебошад.
b Масалан, дар давоми «рӯзи» шашум, Худо ба одамон гуфт, ки «афзун шавед, ва заминро пур кунед» (Ҳастӣ 1:28, 31). Аммо ин танҳо дар рӯзи дигар ба амал омад (Ҳастӣ 2:2).
c Барои маълумоти бештар видеонавори «Мо аз куҷо медонем, ки Китоби Муқаддас аз тарафи Худо аст?»-ро аз сайти jw.org тамошо кунед.