Шумо ба чӣ бовар мекунед?
Баъзе одамон маълумоти Китоби Муқаддасро оиди офариниш ба маънои аслӣ мефаҳманд ва изҳор мекунанд, ки Замин ва ҳар он чизе, ки дар он мавҷуд аст, ҳамагӣ чанд ҳазор сол пеш, дар муддати шаш шабонарӯз офарида шудааст. Баъзе атеистон бошанд, мехоҳанд одамонро бовар кунонанд, ки Худо вуҷуд надорад, Китоби Муқаддас китоби ривоятҳост ва тамоми намудҳои ҳаёт дар замин дар натиҷаи ҳодисаҳои тасодуфӣ ва идоранашаванда ба вуҷуд омадаанд.
Аксарияти одамон байни ин ду ақидаи мухолиф қарор доранд. Ин брошураро хонда истоданатон шояд нишон медиҳад, ки шумо низ яке аз ин гуна одамонед. Шумо эҳтимол ба мавҷудияти Худо бовар мекунед ва ба Китоби Муқаддас эҳтиром доред. Вале шояд барои шумо ҳамчунин нуктаи назари шахсони баландихтисос ва олимони номдор, ки офарида шудани ҳаётро рад мекунанд, аҳамият дорад. Ва агар шумо фарзанддор бошед, шояд фикр мекунед, ки ба саволҳои онҳо оиди эволютсия ва офариниш чӣ гуна ҷавоб диҳед.
Мақсади ин брошура
Мақсади ин брошура дар он нест, ки нуктаи назари одамоне, ки дар бораи офариниш ақидаҳои гуногун доранд ё ба Худо боварӣ надоранд, мавриди масхара қарор дода шавад. Баръакс, мо умедворем, ки он ба шумо кӯмак мерасонад, то шумо боз як бори дигар бар чӣ асос ёфтани баъзе ақидаҳоятонро дида бароед. Ин брошура маълумоти Китоби Муқаддасро оиди офариниш, ки шояд шумо аз ин пеш бо он дучор нашуда будед, мефаҳмонад. Инчунин дар он қайд карда мешавад, ки чаро дар бораи пайдошавии ҳаёт чӣ ақида доштани шумо дар ҳақиқат муҳим аст.
Оё шумо ба суханони онҳое, ки мавҷудияти Офаридгори соҳибақлро рад мекунанд ва Китоби Муқаддасро сазовори боварӣ намеҳисобанд, бовар хоҳед кард? Ё худатон тадқиқ хоҳед кард, ки Китоби Муқаддас дар асл чӣ мегӯяд? Кадом таълимот сазовори боварӣ ва имони шумоянд: таълимоти Китоби Муқаддас ё таълимоти тарафдорони эволютсия? (Ибриён 11:1). Биёед баъзе маълумотҳои асоснокро дида бароем.