САВОЛИ 5
Ба Китоби Муқаддас бовар кардан аз рӯйи хирад аст?
Оё чунин шуда буд, ки ба шумо дар бораи касе гапҳои росту дурӯғ гуфта, суханонашро ғалат расонда буданд? Шумо фикр кардед, ки он одам ба шумо маъқул намешавад. Аммо, вақте бо ӯ шинос шудед, маълум шуд, ки ҳар он чӣ дар бораи ӯ шунида будед, дурӯғ будааст. Ба ин монанд, бисёриҳо дар бораи Китоби Муқаддас тасаввуроти нодуруст доранд.
Бисёр одамони маълумотнок ба Китоби Муқаддас назари манфӣ доранд. Ба фикратон, сабабаш дар чист? Сабаб дар он аст, ки Китоби Муқаддасро зуд-зуд нодуруст иқтибос меоранд, ё суханонашро тавре маънидод мекунанд, ки бехирадона, ғалат ва бо илм ноҳамоҳанг тобанд. Аммо Китоби Муқаддас дар асл чӣ гуна китоб аст?
Шояд, ҳангоми хондани ин китобча шумо ҳайрон шудед, ки гуфтаҳои Китоби Муқаддас аз ҷиҳати илм дақиқанд. Баъзе динҳо аз номи Китоби Муқаддас гап зада таълимотеро тарғиб мекунанд, ки бар Китоби Муқаддас асос намеёбад. Масалан, ба қавли баъзеҳо, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо коинотро дар шаш шабонарӯз, ки ҳар кадомаш аз 24 соат иборат буд, офаридааст. Аммо бо гузориши Китоби Муқаддас шинос шуда, шумо бовар ҳосил мекунед, ки он ба гуфтаи олимон дар бораи синни замин зид намебарояд *.
Шарҳи мухтасари Китоби Муқаддас дар бораи пайдоиши ҳаёт дар рӯйи замин дарро барои назарияҳову таҳқиқҳои илмӣ боз мегузорад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Худо ҳама чиро «мувофиқи ҷинсашон» офаридааст (1 Мӯсо 1:11, 21, 24). Шояд, ин гуфта бо баъзе назарияву ақидаҳои илмӣ ҳамоҳанг набошад, вале он ба далелҳои илмӣ мувофиқат мекунад. Таърих бошад, гувоҳи он аст, ки назарияву ақидаҳо меоянду мераванд, вале далелҳо боқӣ мемонанд.
Бисёр одамоне, ки дилашон аз дин мондааст, намехоҳанд Китоби Муқаддасро чуқур омӯзанд. Онҳоро аз ин кор дурӯягӣ, порахӯрӣ ва ҷангро тарафдорӣ кардани раҳбарони дин бозмедорад. Магар Китоби Муқаддасро аз рӯйи рафтори баъзе касоне, ки аз номи он гап мезананд, баҳо додан дуруст аст? Барои муқоиса мисоле меорем: баъзе нажодпарастон барои сафед кардани назару ақидаҳои фосиди худ назарияи эволютсияро чун далел истифода мебаранд. Ин рафтори онҳо бисёр олимони самимиву нектабиатро ба даҳшат меорад. Оё назарияи эволютсияро танҳо аз рӯйи рафтори ин нажодпарастон баҳо додан дуруст аст? Албатта, не! Кас бояд аввал бо худи назария шинос шавад ва бинад, ки он бо далелҳои илмӣ рост меояд ё не.
Ҳамин тавр, мо шуморо даъват мекунем, ки худатон бо Китоби Муқаддас шинос шавед. Онро хубтар омӯхта, шояд, шумо ҳайрон шавед, ки таълимоти он аз таълимоти расмии бисёр динҳо чӣ қадар фарқ мекунад. Масалан, Китоби Муқаддас одамонро ба ҷанг ва зулми нажодӣ ташвиқ намекунад. Дар он на танҳо гуфта мешавад, ки одамон бояд аз ҷангу зӯроварӣ даст кашанд, балки маслиҳат дода мешавад дар дил кинаву нафрат напарваранд, ки оқибаташ ҷангу зӯроварист (Ишаъё 2:2–4; Матто 5:43, 44; 26:52). Дар Китоби Муқаддас таассуби динӣ (фанатизм) ва бовари кӯр-кӯрона ба чизе тарғиб намешавад. Баръакс, он таълим медиҳад, ки барои ба даст овардани имони ҳақиқӣ дида баромадани далелҳо ҳатмист ва, агар хоҳем, ки ба Худо писанд оем, бояд ақлу зеҳни худро ба кор барем (Румиён 12:1; Ибриён 11:1). Китоби Муқаддас намегӯяд, ки мо савол надиҳему кунҷкоб набошем. Он моро ба таҳқиқу кофтукови масъалаҳои ҷолибтарину душвортарини инсоният даъват мекунад.
Оё шумо аз худ пурсидаед: агар Худо вуҷуд дошта бошад, чаро ӯ бадиро аз рӯйи замин нест намекунад? Китоби Муқаддас ба ин савол ва саволҳои бисёри дигар ҷавоби ҳаматарафа медиҳад. Ҳамаи онҳоеро, ки ташнаи дониши ҳақиқӣ ҳастанд, ташвиқ мекунем, ки ба саволҳоятон аз Китоби Муқаддас ҷавоб кофтанро давом диҳед *. Агар чунин кунед, ҷавобҳои қонеъкунанда, ҳайратангез ва мантиқӣ меёбед, ки бар далелҳои боварибахш асос ёфтаанд. Охир, мақсади вуҷуд доштани ин китоб ҳамин аст.
^ Барои маълумоти бештар ба китобчаи «Оё ҳаёт офарида шуда буд?» нигаред, ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп шудааст.