Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 2

Оё ягон моддаи зиндаи сода вуҷуд дорад?

Оё ягон моддаи зиндаи сода вуҷуд дорад?

Оё 200 хел ҳуҷайрае, ки бадани шумо аз онҳо таркиб ёфтааст, худ аз худ пайдо шуда метавонанд?

Бадани инсон яке аз мураккабтарин сохторҳо дар коинот мебошад. Он аз сад триллион ҳуҷайраи хурд, аз ҷумла, аз ҳуҷайраҳои устухон, ҳуҷайраҳои хун ва ҳуҷайраҳои мағзи сар, иборат аст7. Дар бадани инсон зиёда аз 200 хел ҳуҷайра мавҷуд аст8.

Ҳарчанд ҳуҷайраҳои бадани мо аз ҷиҳати сохту вазифа гуногунанд, онҳо бо якдигар ба таври аҷоиб ҳамкорӣ мекунанд. Ҳуҷайраҳои бадани инсон шабакаи хеле мураккаб ва ҳамоҳангеро ташкил медиҳанд, ки шабакаи интернет бо миллионҳо компютер ва симҳои баландсуръати иттиллоотияш дар пеши он бозича аст. Ҳеҷ ихтирооти инсон ба зебоии кори содатарин ҳуҷайраҳо баробар шуда наметавонад. Ин ҳуҷайраҳои аҷоиби бадани инсон чӣ тавр пайдо шудаанд?

Бисёри олимон чӣ мегӯянд? Тамоми ҳуҷайраҳои зинда ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим мешаванд — ядродор ва беядро. Ҳуҷайраҳои одамон, ҷонварон ва растаниҳо ядро (ҳаста) доранд. Бактерияҳо бошанд, ядро надоранд. Ҳуҷайраҳои ядродор эукариотӣ номида мешаванд, ҳуҷайраҳое, ки ядро надоранд, прокариотӣ. Азбаски ҳуҷайраҳои прокариотӣ аз ҳуҷайраҳои эукариотӣ нисбатан содатаранд, бисёри одамон бовар мекунанд, ки ҳуҷайраҳои ҷонварону растаниҳо аз ҳуҷайраҳои бактерияҳо пайдо шудаанд.

Бисёри олимон мегӯянд, ки тӯли миллионҳо сол ҳуҷайраҳои прокариотии «сода» дигар ҳуҷайраҳоро фурӯ бурданд, вале ҳазм накарданд. Сипас дар он ҳуҷайраҳои «фурӯбурда» дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Ҳамчунин вақти тақсим шудани ҳуҷайраҳои асосӣ ҳуҷайраҳои «фурӯбурда» дар дохилашон боқӣ монданд. Ба гуфти олимон, ин раванди мураккабро табиат худаш, бе ёрии ягон офарандаи бошуур, роҳбарӣ кардааст9 *.

Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки тамоми мавҷудоти рӯйи замин офарандаи бошууре дорад. Дар он чунин суханони бомантиқ омадаанд: «Бешубҳа, ҳар хона созандае дорад, созандаи ҳама чиз бошад, Худост» (Ибриён 3:4). Дар дигар порчаи он дар бораи Худо гуфта мешавад: «Чӣ бисёр аст корҳоят, эй Яҳува! Ҳамаи онҳоро аз рӯйи хирад ба амал овардаӣ. Замин пур аз офаридаҳои туст... аз ҷонзоди беҳисоб, ҷонварони хурду калон» (Забур 104:24, 25).

Оё ҳатто ҳуҷайраи «сода» метавонад аз моддаҳои кимиёии беҷон пайдо шавад?

Далелҳо чиро ошкор мекунанд? Пешрафти илми микробиология имконпазир сохт, ки мо ба даруни ҳуҷайраҳои содатарин, ба ҳуҷайраҳои прокариотӣ, назар афканем. Олимоне, ки ба эволютсия бовар доранд, тахмин мекунанд, ки аввалин ҳуҷайраҳои зинда ба ҳамин ҳуҷайраҳо монанд буданд10.

Агар назарияи эволютсия рост бошад, пас, он бояд аз куҷо пайдо шудани чунин ҳуҷайраи «сода»-ро ба таври мантиқӣ маънидод кунад. Вале, агар ҳаёт офарида шуда бошад, ҳатто дар хурдтарин мавҷудоти зинда бояд пайи ангуштони офаридгор дида шавад. Биёед ба даруни ҳуҷайраи прокариотӣ назар афканем. Ҳангоми бо он шинос шудан аз худ пурсед: магар чунин ҳуҷайра худ аз худ пайдо шуда метавонад?

ДЕВОРЕ, КИ ҲУҶАЙРАРО ҲИМОЯ МЕКУНАД

Барои дар даруни ҳуҷайраи прокариотӣ қадам задан шумо бояд аз нуқтаи охири ин ҷумла садҳо маротиба хурдтар шавед. Гирдогирди ҳуҷайраро мембрана (парда) иҳота кардааст, ки он мустаҳкаму ёзанда буда, мисли девори хиштии гирди корхона аст. Ин мембрана 10 000 маротиба аз варақ тунуктар аст. Ҳарчанд мембранаи ҳуҷайра ба девори хиштӣ монандӣ дорад, он аз девор чандин баробар мураккабтар аст.

Мисли деворе, ки корхонаро иҳота кардааст, мембранаи ҳуҷайра даруни онро аз муҳити хатарноки беруна ҳимоя мекунад. Аммо мембрана девори беҳаракат нест. Он ба ҳуҷайра имкон медиҳад, ки «нафас кашад» ва ба баъзе молекулаҳои хурд, ба монанди оксиген, роҳ медиҳад, ки дароянду бароянд. Вале мембрана роҳи молекулаҳои мураккабтарро, ки хатарнок буда метавонанд, маҳкам мекунад ва намемонад, ки бе иҷозати ҳуҷайра дароянд. Он ҳамчунин намегузорад, ки молекулаҳои фоиданок аз даруни ҳуҷайра берун бароянд. Мембранаи ҳуҷайра ин корҳои аҷоибро чӣ тавр ба амал меорад?

Биёед ба мисоли корхона баргардем. Дар корхона посбононе ҳастанд, ки даровардану баровардани маҳсулотро аз дарвозаҳо назорат мекунанд. Дар мембранаи ҳуҷайра низ молекулаҳои махсуси сафеда ҳастанд, ки вазифаи дарвозаҳову посбононро иҷро мекунанд.

Мембранаи ҳуҷайра «посбонҳо»-е дорад, ки ба ворид гаштану берун шудани танҳо баъзе моддаҳо иҷозат медиҳанд

Баъзе аз ин сафедаҳо (1) дар мобайнашон сӯрохие доранд, ки танҳо ба баъзе молекулаҳо имкон медиҳанд, ки дароянду бароянд. Дигар сафедаҳо бошанд, як сарашон кушодаву (2) сари дигарашон пӯшида аст. Онҳо ҷойи қабули «бор» доранд (3), ки шаклаш ба моддае, ки аз он мегузарад, мувофиқ аст. Вақте модда ба «қабулгоҳ» медарояд, сари дигари сафеда кушода мешавад ва «бор» аз мембрана мегузарад (4). Чунин равандҳои мураккаб ҳатто дар сатҳи ҳуҷайраҳои содатарин рӯй медиҳанд.

ДАРУНИ «КОРХОНА»

Тасаввур кунед, ки шумо аз назди «посбонон» гузаштеду даруни ҳуҷайра даромадед. Даруни ҳуҷайраи прокариотӣ пур аз моеъест, ки аз моддаҳои ғизодор, намакҳо ва дигар мавод бой аст. Ҳуҷайра аз ин моддаҳо маводи лозимаашро ҳосил мекунад. Вале ин раванд бетартиб ва бесарусомон намегузарад. Чун дар корхонае, ки кораш дақиқу боинтизом аст, дар ҳуҷайра ҳазорон реаксияи кимиёӣ пайдарҳаму аз рӯйи вақти муқарраршуда мегузарад.

Сохта шудани сафедаҳо кори дурудароз ва мураккаб аст. Истеҳсоли онҳо чӣ тавр ба роҳ монда шудааст? Вақте даруни ҳуҷайра дароед, шумо 20 навъ унсури бунёдиро мебинед, ки аминокислота ном доранд. Ин аминокислотаҳо ба рибосомаҳо (5) ворид мешаванд. Рибосомаро ба дастгоҳе монанд кардан мумкин аст, ки аминокислотаҳоро ба тартиби лозима мечинад, то сафедаҳои даркорӣ ҳосил шаванд. Чуноне ки фаъолияти корхонаро барномаи компютерии марказӣ идора карда метавонад, бисёр амалиётро дар ҳуҷайра «барномаи компютерӣ», ё коде, идора мекунад, ки КДН (6) ном дорад. Аз КДН рибосома нусхаи дастуроти муфассалро мегирад. Дар он дастурот гуфта мешавад, ки кадом сафеда сохта шавад ва онро чӣ тавр бояд сохт (7).

Тарзи ҳосил шудани сафедаҳо бисёр ҳайратангез аст. Ҳар сафеда шакли хоси худро мегирад (8), ки он дорои дарозӣ, бар ва баландии худ мебошад. Вобаста ба шаклаш маълум мешавад, ки сафеда кадом вазифаро иҷро мекунад *. Хати истеҳсолеро дар корхона тасаввур кунед, ки дар он қисмҳои дастгоҳ ба ҳам пайваст мешаванд. Барои он ки дастгоҳ нағз кор кунад, ҳар як қисми он бояд ба таври дақиқ сохта шавад. Ба ҳамин монанд, агар сафеда ба таври дақиқ сохта нашавад ва ба шакли лозима ва мувофиқ печонда нашавад, он дуруст фаъолият намекунад ва ҳатто ба ҳуҷайра зарар расонда метавонад.

Ҳуҷайра мисли «корхона» аст. Сафедаҳо чӣ хел ҳосил карда мешаванд? Мисли корхонае, ки ҳама корҳояш автоматӣ кунонда шудааст, ҳуҷайра пур аз дастгоҳҳоест, ки маҳсулоти мураккабро ҷамъ оварда, онро ба ҷойҳои лозима мерасонанд

Сафедаҳо роҳашонро аз ҷойи сохта шуданашон то ҷойи истифодаашон чӣ хел меёбанд? Бар ҳар сафедае, ки ҳуҷайра ҳосил мекунад, суроғааш часпонда шудааст. Аз рӯйи он суроға сафеда ба ҷойи лозима расонда мешавад. Ҳарчанд ҳар дақиқа ҳазорон сафеда сохта ва фиристода мешавад, ҳар кадоми онҳо ба манзили худ мерасад.

Чаро ин далелҳо муҳиманд? Молекулаҳои мураккаби моддаи зиндаи содатарин мустақилона зиёд шуда наметавонанд. Берун аз ҳуҷайра онҳо вайрон мешаванд. Дар даруни ҳуҷайра бошад, онҳо наметавонанд бе ёрии дигар молекулаҳои мураккаб афзоиш ёбанд. Масалан, барои ҳосил кардани як навъ молекулаи энергиязо, ки аденозинтрифосфат (АТФ) ном дорад, ферментҳо даркоранд. Вале барои ҳосил шудани худи ферментҳо неруи (энергияи) АТФ лозим аст. Ба ин монанд, барои ҳосил кардани ферментҳо КДН лозим асту барои ҳосил кардани КДН ферментҳо. (Дар бораи молекулаи КДН дар боби 3 бисёртар гап мезанем.) Ҳамчунин, дигар сафедаҳо танҳо дар ҳуҷайра сохта мешаванд, вале ҳуҷайра низ танҳо бо сафедаҳо сохта мешавад *.

Микробиолог Раду Поупа бо суханони Китоби Муқаддас дар бораи офариниш розӣ нест. Вале соли 2004 ӯ чунин навишт: «Ҳарчанд мо дар таҷрибаҳои бисёрамон кӯшиши зиёдро ба харҷ додем, то шароити мувофиқро муҳайё кунем, натавонистем моддаи зиндае биофарем. Пас, чӣ тавр табиат худ ба худ метавонад ҳаётро офарад?13 Дастгоҳҳои табиие, ки барои фаъолият кардани ҳуҷайра лозиманд, чунон мураккабанд, ки яку якбора ва худ аз худ пайдо шудани ҳамаи онҳо ғайриимкон метобад»14.

Ин бинои баландошёна, ки пояи мустаҳкам надорад, афтида хароб мегардад. Магар назарияи эволютсия, ки появу асос надораду пайдоиши ҳаётро фаҳмонда наметавонад, набояд мисли он фурӯ ғалтад?

Шумо чӣ фикр доред? Одамон бо назарияи эволютсия мехоҳанд исбот кунанд, ки ҳаёт бе иштироки офаридгор пайдо шудааст. Аммо, ҳар қадаре олимон дар бораи мавҷудоти зинда бештар фаҳманд, эҳтимоли он ки ҳаёт худ аз худ пайдо шудааст, ночизтар метобад. Барои гурехтан аз ин ҳақиқат баъзе олимони тарафдори эволютсия мегӯянд, ки назарияи эволютсияву масъалаи пайдоиши ҳаётро набояд омехта кард. Вале, ба фикри шумо, ин аз рӯйи мантиқ аст?

Назарияи эволютсия бар ақидае асос ёфтааст, ки ҳаёт дар натиҷаи рӯйдодҳои ногаҳонии бисёру хеле мусоид ба вуҷуд омадааст. Мувофиқи ин назария пас аз пайдо шудани моддаҳои зинда дар натиҷаи боз як қатор воқеаҳои ногаҳонӣ тамоми мавҷудоти зиндаи гуногун ва мураккаб пайдо шуд. Агар назарияи эволютсия появу бунёд надошта бошад, бо дигар фарзияҳое, ки бар ин назария асос ёфтаанд, чӣ мешавад? Ҳамон тавре ки бинои баланде, ки таҳкурсии хуб надорад, афтида хароб мешавад, назарияи эволютсия ҳам, ки пайдоиши ҳаётро хуб фаҳмонда наметавонад, ба санҷиши бодиққат тоб наоварда фурӯ мерезад.

Дар ин боб шумо бо сохту фаъолияти ҳуҷайраи ба назар сода шинос шудед. Ба фикри шумо, далелҳо аз чӣ гувоҳӣ медиҳанд: оё ҳуҷайра дар натиҷаи як қатор воқеаҳои ногаҳонӣ пайдо шудааст ё он офаридгоре дорад, ки нақшу тарҳашро моҳирона кашидааст? Агар ҳанӯз ҳам дилпур набошед, биёед ба «барномаи асосӣ»-е, ки фаъолияти ҳуҷайраҳоро идора мекунад, хубтар назар кунем.

^ Ҳеҷ таҷрибае то ҳанӯз исбот накардааст, ки чунин раванд имконпазир аст.

^ Як навъ сафедаҳое, ки ҳуҷайра ҳосил мекунад, ферментҳо мебошанд. Ҳар фермент ба таври махсус печонда мешавад, то реаксияи кимиёии даркориро тезонида тавонад. Садҳо фермент ҳамкорӣ мекунанд, то фаъолияти ҳуҷайраро идора кунанд.

^ Баъзе ҳуҷайраҳои бадани инсон аз 10 000 000 000 молекулаи сафеда11 иборатанд, ки ба чандсад ҳазор навъ ҷудо мешаванд12.