Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 4

Оё тамоми шаклҳои ҳаёт аз як аҷдод ба вуҷуд омадаанд?

Оё тамоми шаклҳои ҳаёт аз як аҷдод ба вуҷуд омадаанд?

Дарвин гумон мекард, ки тамоми шаклҳои ҳаёт аз як аҷдод ба вуҷуд омадааст. Ӯ мегуфт, ки таърихи ҳаётро дар рӯйи замин ба дарахти калоне монанд кардан мумкин аст. Баъдтар бошад, дигарон ақидаеро изҳор карданд, ки танаи он дарахт ҳамон аввалин ҳуҷайраҳои сода мебошад. Ба гуфти онҳо, тамоми шакли ҳаёт аз ҳуҷайраҳои сода пайдо шудааст. Мувофиқи ин ақида, чи тавре ки танаи дарахт ба шохаву шохчаҳо ҷудо мешавад, ҳамин тавр аз як ҳуҷайраи сода хонаводаҳои ҷонварону растаниҳои гуногун пайдо шудаанд. Оё дар асл чунин аст?

Бисёри олимон чӣ мегӯянд? Бисёри олимон даъво мекунанд, ки бозёфтҳои ҳайвоноту набототи қадима, яъне сангвораҳо, исбот мекунанд, ки тамоми шаклҳои ҳаёт як аҷдод доштааст. Ба гуфти онҳо, далели ин аз як «барномаи компютерӣ», яъне аз КДН, истифода бурдани тамоми мавҷудоти зинда аст.

Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд? Дар китоби 1 Мӯсо — Пайдоиш, гуфта мешавад, ки растаниҳо, ҷонварони баҳрӣ, ҳайвоноти хушкӣ ва парандаҳо «мувофиқи ҷинсашон» офарида шудаанд (1 Мӯсо 1:12, 20–25). Ибораи «мувофиқи ҷинсашон» нишон медиҳад, ки, ҳарчанд ҳар мавҷудот метавонад каму беш тағйир ёбад, он ба мавҷудоти тамоман дигар табдил намеёбад. Мувофиқи Китоби Муқаддас шаклҳои гуногуни ҳаёт оҳиста-оҳиста мураккаб нашудаанд, балки яку якбора мураккабу инкишофёфта ба вуҷуд омадаанд. Оё бозёфтҳо инро исбот мекунанд?

Далелҳо чиро ошкор мекунанд? Мувофиқи далелҳо гузориши Китоби Муқаддас дуруст аст ё суханони Дарвин? Бозёфтҳои 150 соли охир чиро ошкор мекунанд?

ДАРАХТИ ДАРВИН БУРИДА ШУД

Дар солҳои охир олимон тавонистанд кодҳои генетикии даҳҳо организмҳои якҳуҷайраро бо кодҳои генетикии растаниву ҳайвонот муқоиса кунанд. Онҳо гумон мекарданд, ки дар натиҷаи чунин муқоисаҳо дуруст будани ақидаи Дарвин дар бораи «дарахти ҳаёт» исбот мегардад. Аммо чунин нашуд.

Кофтукову ҷусторҳо чиро ошкор кард? Соли 1999 биолог Малком Гордон чунин навишт: «Шаклҳои гуногуни ҳаёт як сарчашма не, балки сарчашмаҳои зиёд доштаанд. Он дарахте, ки Дарвин дар борааш мегӯяд, як реша надоштааст». Оё, чуноне ки Дарвин бовар дошт, ҳама шаклҳои ҳаёт мисли шохаҳо ба як тана часпидаанд? Малком Гордон дар ин хусус чунин мегӯяд: «Назарияи паҳншудаи аҷдоди умумӣ доштани тамоми шаклҳои ҳаёт ба табақабандии имрӯзаи мавҷудоти зинда рост намеояд. Он ба табақабандии на фақат силсилаҳо, балки навъҳо ва ҳатто синфҳои бисёр мувофиқат намекунад»29 *.

Ҷусторҳои замони охир ба ақидаи Дарвин дар бораи аҷдоди умумӣ зид мебароянд. Масалан, соли 2009 дар маҷаллаи «Ню сайентист» суханони олими соҳаи эволютсия Эрик Баптесте оварда шуданд. Ӯ чунин мегӯяд: «Ҳеҷ далеле нест, ки мо ба воқеияти дарахти ҳаёт бовар кунем»30. Дар ҳамин мақола суханони боз як олими соҳаи эволютсия Майкл Роуз оварда шудаанд: «Дарахти ҳаётро оҳистаяк таги хок карда истодаанд. Вале на ҳама дарк мекунанд, ки акнун мо бояд диди худро нисбати илми биология куллан дигар кунем»31 *.

САНГВОРАҲО ЧИРО НИШОН МЕДИҲАНД?

Бисёри олимон барои исбот кардани он ки тамоми мавҷудот аз як аҷдод пайдо шудааст, ба сангвораҳо рӯ меоранд (яъне ба бозмондаҳои набототу ҳайвонот аз замонҳои пеш, ки шакли сангро гирифтаанд). Ба гуфти ин олимон, агар шахс ба сангвораҳо диққат диҳад, исботи онро мебинад, ки моҳиҳо ба обхокиҳо табдил ёфтаанду хазандагон ба ширхӯрон. Оё сангвораҳо ин фикрро тасдиқ мекунанд?

Муҳаққиқи илми эволютсия ва деринашинос (олиме, ки сангвораҳоро меомӯзад) Дейвид Рауп чунин мегӯяд: «Аз замони Дарвин то ба имрӯз сангвораҳои аз қабатҳои гуногуни замин ёфташуда зина ба зина инкишоф ёфтани мавҷудоти зиндаро нишон намедиҳанд. Ин бозёфтҳо ошкор мекунанд, ки навъҳои гуногуни ҷондорон яку якбора пайдо шудаанд ва тӯли вуҷуд доштанашон тамоман тағйир наёфтаанд ё хеле кам тағйир ёфтаанд, баъдтар бошад, яку якбора нопадид гаштаанд»32.

Дар натиҷаи омӯзиши сангвораҳо маълум гардид, ки бо гузашти вақти хеле зиёд як мавҷудот ба мавҷудоти дигаре табдил наёфтааст ва сохти гуногуни бадани мавҷудоти гуногун яку якбора пайдо шудааст. Онҳо на оҳиста-оҳиста, балки яку якбора соҳиби хусусиятҳои нав шудаанд. Масалан, далелҳо нишон медиҳанд, ки шапаракҳои дорои эхолокатсия яку якбора мураккаб пайдо шудаанд, на ин ки дар аввал сода буда, оҳиста-оҳиста мураккаб гаштаанд.

Дар ҳақиқат, ба назар чунин мерасад, ки гурӯҳҳои асосии олами ҳайвонот дар замони хеле кӯтоҳ пайдо шудаанд. Сангвораҳо нишон медиҳанд, ки мавҷудоти зиёду гуногун дар замони хеле кӯтоҳ ба вуҷуд омадаанд. Аз ин рӯ деринашиносон ин замонро «таркиши кембрӣ» меноманд, чунки таркиш оҳиста-оҳиста неву яку якбора рӯй медиҳад. Ин замони кембрӣ кадом вақтро дар бар мегирад?

Биёед фарз кунем, ки тахмини олимон дар бораи синну соли замин дуруст аст ва онро бо дарозии майдони футбол муқоиса кунем (1). Барои ба замони кембрӣ расидан, шумо бояд 90% дарозии он майдонро гузаред (2). Оё гурӯҳҳои асосии ҳайвонот дар ин замони кембрӣ оҳиста-оҳиста пайдо шуданд ё ногаҳон? Сангвораҳо нишон медиҳанд, ки онҳо хеле ногаҳон пайдо шудаанд. Агар муқоисаамонро давом диҳем, ин муддати кӯтоҳро ба як қадами шумо дар он майдон монанд кардан мумкин аст.

Ногаҳон пайдо шудани шаклҳои гуногуни ҳаёт бисёр олимонро ташвиқ кард, ки шакли маъмулии назарияи Дарвинро зери суол гузоранд. Масалан, соли 2008 олими соҳаи биологияи эволютсионӣ Стюарт Нюмен дар мусоҳибае чунин гуфт, ки барои фаҳмондани ногаҳон пайдо шудани ин қадар шаклҳои ҳаёт назарияи нави эволютсия лозим аст. Ӯ қайд кард: «Он тавре ки Дарвин дигаргуниҳои асосиро дар бадани ҷонварон тавзеҳу маънидод мекард, бо гузашти вақт ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи илмӣ аз даст хоҳад дод. Ба фикри ман, он танҳо яке аз ақидаҳои бисёр мешавад, ки ба амал омадани дигаргуниҳои асосиро дар бадани ҷондорон мефаҳмонад. Эҳтимол аст, ки он дар оянда ақидаи муҳимтарин ҳам ҳисобида нашавад»33.

ДАЛЕЛҲОРО АЗ КУҶО ЁБЕМ?

Чаро баъзе китобҳои дарсӣ андозаи нисбии сангвораи ҷонваронро дуруст тасвир намекунанд?

Дар баъзе китобҳо чунин тасвир шудааст

Андозаи нисбии воқеӣ

Чуноне қайд кардем, баъзе олимон даъво доранд, ки сангвораҳо исбот мекунанд, ки моҳиҳо ба обхокиҳо табдил ёфтаанд ва хазандаҳо ба ширхӯрон. Дар ин бора чӣ гуфтан мумкин аст? Оё далелҳо ҳақ будани раванди эволютсияро исбот мекунанд? Вақти бодиққат дида баромадани далелҳо баъзе камбудиҳои ин назария рӯйи об мебароянд.

Як далеле, ки бемантиқии ақидаи аз хазандаҳо пайдо шудани ширхӯронро исбот мекунад, андозаи бозмондаҳои устухонҳои ин ҷонварон мебошад. Дар китобҳои дарсӣ андозаи онҳо қариб якхела тасвир ёфтааст, аммо дар асл онҳо як хел нестанд. Баъзеяшон аз ҳад калонанд, баъзеи дигарашон хеле майда.

Камбудии дигари ин даъво ин аст: далеле нест, ки ин ҷонварон бо ҳам хешигарӣ дошта бошанд. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Мувофиқи баҳододи олимон дар пайдоиши ин ҳайвонҳо пайдарҳамие дида намешавад ва онҳоро аз ҳам миллионҳо сол ҷудо мекунад. Суханони ҷонваршинос (зоолог) Ҳенри Ҷи ба ин масъала равшанӣ меандозад. Ӯ мегӯяд: «Ин бозёфтҳоро аз ҳам чунон вақти тӯлонӣ ҷудо мекунад, ки дар бораи хешигарии онҳо бо боварӣ чизе гуфта намешавад»34 *.

Биолог Малком Гордон шумораи сангвораҳои моҳиёну обхокиҳоро, ки ба мо дастрасанд, шарҳ дода, мегӯяд, ки онҳо нишонаи хеле хурде аз ин навъ мавҷудоти гуногуну сершумори он замон мебошанд ва дар бораи ин мавҷудот тасаввуроти аниқе дода наметавонад. Ӯ мегӯяд, ки ба бозмондаҳои ин ҷонварон нигариста, мо дар бораи хешигарияшон бо дигар ҷонварон чизе гуфта наметавонем35 *.

АЗ «ФИЛМ» ЧИРО ФАҲМИДАН МУМКИН АСТ?

Дар яке аз мақолаҳои маҷаллаи «Нейшинал ҷеографик», ки соли 2004 нашр гардидааст, гуфта мешавад, ки сангвораҳои то замони мо ёфташударо ба филме дар бораи эволютсия монанд кардан мумкин аст, ки аз ҳар 1000 порча ё кадри он фақат яктогияш боқӣ мондааст36.

Маълум мешавад, ки «95 кадр»-и сангвораҳо аз як шакл ба шакли дигар табдил ёфтани ҷонваронро исбот намекунад. Вале чаро деринашиносон «5 кадр»-и боқимондаро тавре ҷо ба ҷо мекунанд, ки ин ақида тасдиқ шавад?

Лаҳзае дар бораи ин мисол андеша кунед. Фарз кардем, ки филме аз 100 000 кадр ё порча иборат аст ва аз он фақат 100 кадраш боқӣ мемонад. Шумо, пеш аз он ки бо филм хуб шинос шавед, аллакай тахмин мекунед, ки он дар бораи чист. Вале ин ақидаи шуморо аз ҳамин 100 кадри боқимондаи филм фақат 5-тояш исбот мекунад. Ҳамон ҳам, агар ин 5 кадрро ба тартиби муайяне ҷойгир кунед. Вале 95 кадри дигари он воқеаи тамоман дигарро тасвир мекунанд. Магар беҳтар нест, ки шумо, пеш аз он ки ба хулосае биёед, бо 95 кадри дигари ин филм шинос шавед?

Ин мисол бо назари тарафдорони эволютсияву маҷмӯаи сангвораҳо чӣ алоқае дорад? Гуфтан мумкин аст, ки «аз сад 95 кадри» сангвораҳо нишон медиҳанд, ки мавҷудоти зинда бо гузашти вақт қариб ки тағйир наёфтаанд. Тӯли солҳои зиёд олимон ин далелҳоро тан намегирифтанд ва дар ин бора чизе наменавиштанд. Барои чӣ? Муаллифе бо номи Ричард Моррис чунин менависад: «Равшан аст, ки деринашиносон тарафдори ақидаи эволютсия буда, бовар доштанд, ки бо гузашти вақт як шакли ҳаёт ба дигар шакли ҳаёт табдил ёфтааст. Онҳо то он дараҷа ба ин ихлосу бовар доштанд, ки ҳатто вақти ошкор шудани далелҳои нав, ки ин ақидаро инкор мекунанд, фикри худро дигар накарданд. Онҳо ҳамоно мекӯшиданд далелҳои навро дар чорчӯбаи назарияи эволютсия маънидод кунанд»37.

«Дар асоси як қатор сангвораҳо даъво кардан, ки ҷонварони муайян бо ҳам хешигарӣ доранд, назарияи илмие нест, ки онро исбот карда шавад. Он афсонае беш нест, ки, шояд, шавқовар ва ҳатто ибратомӯз бошад. Аммо чунин ақида дар тарозуи мантиқи илм вазне надорад» — Ҳенри Ҷи («In Search of Deep Time — Beyond the Fossil Record to a New History of Life», саҳ. 116, 117)

Дар бораи тарафдорони ҳозираи эволютсия чӣ гуфтан мумкин аст? Оё онҳо сангвораҳоро ба тартиби дуруст ҷо ба ҷо мекунанд? Оё далелҳои геншиносӣ ва аксари бозёфтҳо дурустии назари онҳоро тасдиқ мекунанд? Ё, шояд, онҳо сангвораҳоро ба тартиби дилхоҳашон ҷо ба ҷо мекунанд, то мувофиқи фаҳмиши ҳозираи эволютсия бошад? *

Шумо чӣ фикр доред? Кадоме аз хулосаҳо ба далелҳо бештар рост меоянд? Биёед далелҳоеро, ки то ин дам дида баромадем, такрор кунем.

  • Шакли аввалини ҳаёт дар рӯйи замин сода набуд.

  • Эҳтимоли худ аз худ пайдо шудани ҳатто як қисми ҳуҷайра аз ақл берун аст.

  • КДН «барномаи компютерӣ» ва ё коде мебошад, ки кори ҳуҷайраро танзиму идора мекунад. Ҳеҷ як компютери сохтаи инсон аз ҷиҳати мураккабии барнома ва ғунҷоиши маълумоташ ба ин шоҳкори муҳандисӣ баробар шуда наметавонад. Сохти мураккаби он аз хиради бемисли офарандааш гувоҳӣ медиҳад.

  • Кофтуковҳои геншиносӣ нишон медиҳанд, ки шаклҳои гуногуни ҳаёт аз як аҷдод пайдо нашудаанд. Ҳамчунин аз сангвораҳо (бозёфтҳои ҳайвонот) маълум мешавад, ки гурӯҳҳои асосии ҷонварон яку якбора ба вуҷуд омадаанд.

Ин далелҳоро дида баромада шумо ба чӣ хулоса омадед? Оё далелҳо гузориши Китоби Муқаддасро дар бораи пайдоиши ҳаёт тасдиқ мекунанд? Бисёриҳо даъво доранд, ки илми имрӯза аксари гуфтаҳои Китоби Муқаддасро дар бораи пайдоиши ҳаёт инкор мекунад. Оё ҳақ бар ҷониби онҳост? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

^ Истилоҳи биологии «навъ» ба гурӯҳи калони ҷонвароне ишора мекунад, ки сохти умумии баданашон як хел аст. Олимон тамоми мавҷудоти зиндаро аз рӯйи ҳафт зина табақабандӣ мекунанд, ки зинаи навбатӣ аз пештарааш аниқтар аст. Зинаи аввал, ки зинаи аз ҳама умумӣ аст, силсила ё олам ном дорад. Баъд аз олам навъ, синф, қатор, оила, авлод ва намуд меояд. (Дар баъзе китобҳо истилоҳҳои фармонрав, шоха, рада, роста, хонавода, сарда ва гуна истифода шудаанд.) Барои мисол биёед бинем, ки асп чӣ гуна табақабандӣ мешавад: олам (силсила) — ҳайвонот; навъ — хордадорон; синф — ширхӯрон; қатор — тоқсумҳо; оила — аспзотҳо (аспиён); авлод — асп; намуд — хонагӣ.

^ Бояд қайд кард, ки на мақолаи «Ню сайентист» ва на ин ду олим, Баптесте ва Роуз, гуфтанӣ нестанд, ки назарияи эволютсия хато аст. Онҳо гуфтаниянд, ки далелҳо бунёди назарияи Дарвин, яъне дарахти ҳаётро, тасдиқ намекунанд. Ин гуна олимон илоҷро дар он мебинад, ки барои исботи назарияи эволютсия роҳҳои навро ёбанд.

^ Ҳенри Ҷи назарияи эволютсияро хато намешуморад. Ӯ гуфтанӣ аст, ки сангвораҳо барои омӯзиш маълумоти чандон зиёдро пешкаш намекунанд.

^ Малком Гордон тарафдори таълимоти эволютсия аст.

^ Қайд: ҳама олимоне, ки суханонашон дар ин чорчӯба иқтибос оварда шудааст, ба таълимоти Китоби Муқаддас дар бораи офариниш бовар надоранд. Ҳамаи онҳо бо назарияи эволютсия розӣ ҳастанд.

^ Истилоҳи «ҳомонид», ба гуфти муҳаққиқони соҳаи эволютсия, одамон ва мавҷудоти қадимии одамшаклро дар бар мегирад.