Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ШОНЗДАҲ

Бо роҳи ҳақиқат равед

Бо роҳи ҳақиқат равед
  • Китоби Муқаддас оиди дар ибодат истифода бурдани буту тасвирҳо чиро таълим медиҳад?

  • Пайравони Исо–пайғамбар чӣ назаре нисбати иштирок дар идҳо ва маросимҳои динӣ доранд?

  • Чӣ гуна эътиқоди худро ба дигарон бе барангехтани хашми онҳо бифаҳмонем?

1, 2. Баъд аз тарк намудани дини козиб дар кадом бобат ҷиддан фикр бояд кард ва ба фикри шумо чаро ин кор муҳим аст?

ТАСАВВУР кунед, ки маҳалли зистатон заҳролуд шудааст. Касе ба таври махфӣ партовҳои заҳролудеро ба он ҷо партофтааст ва албатта ин вазъият таҳдидовар ба зиндагист. Шумо дар ин ҳолат чӣ кор хоҳед кард? Бешубҳа кӯшиш мекунед, ки ҳар чӣ зудтар ин минтақаи хавфнокро тарк намоед. Аммо баъд аз ин ҳам, саволи ҷиддие боқӣ хоҳад буд; мабодо ҷисматон заҳролуд нашуда бошад?

2 Вазъияти ба ин монанде оиди дини козиб вуҷуд дорад. Китоби Муқаддас меомӯзонад, ки он бо таълимоту урфу одатҳои нопок заҳролуд шудааст (2 Қӯринтиён 6:17). Ана барои чӣ берун омадан аз «Бобили Бузург» — маҷмӯи динҳои козиб бароятон муҳим аст (Ваҳй 18:2, 4). Оё шумо ҳамин тавр кардаед? Агар ҳа, шоёни таҳсин ҳастед. Лекин ғайр аз тарк кардани ибодати козиб кори бештаре дар талаб аст. Баъди берун омадан аз дини козиб, ҷиддан мулоҳиза кунед, ки оё аз ҳама чизҳои бо он алоқамандбуда озод шудаед? Ба якчанд мисолҳои зерин таваҷҷӯҳ кунед.

БУТПАРАСТӢ ВА ДУОГӮӢ БА МУРДАГОН

3. а) Оиди парастиши буту тасвирҳо Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд ва чаро барои баъзеҳо нуқтаи назари Худоро дар ин бобат қабул кардан мушкил аст? б) Бо ҳар ашёе, ки бо дини козиб алоқаманд аст, чӣ бояд кард?

3 Баъзеҳо дар хонаашон тасвиру ҳайкалҳои динӣ доранд. Шумо ҳам чунин ашёҳо доред? Онҳое ки доранд, эҳтимол бе ёрии чунин чизҳои аён ба Худо дуо гуфтан ба назарашон ҳайратовар тобад. Шояд ба баъзеи ин чизҳо ихлос ҳам дошта бошед. Вале тарзи дурусти ибодат ҳамонест, ки худи Худо муқаррар кардааст; Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки дар ибодати Парвардигор истифода кардани тасвирҳо мумкин нест (Хуруҷ 20:4, 5-ро хонед; Забур 113:12–16; Ишаъё 42:8; 1 Юҳанно 5:21). Хуллас, бо нобуд кардани ашёҳои бо ибодати козиб алоқамандбуда шумо ибодати ҳаққониро ҷонибдорӣ хоҳед кард. Ин ашёҳои динӣ бояд дар назари мо «зишт» бошанд,— ҳамон гунае ки дар назари Худо ҳастанд (Такрори Шариат 27:15).

4. a) Аз куҷо медонем, ки парастиши мурдагон бефоида аст? б) Чаро Яҳува ба ходимонаш ҳар намуди робита бо арвоҳро манъ кардааст?

4 Парастиши мурдагон дар аксарияти динҳои козиб умумист. То омӯхтани ҳақиқат аз Китоби Муқаддас, баъзеҳо боварӣ доштанд, ки пас аз марг рӯҳи инсон дар олами арвоҳ ба ҳастӣ идома медиҳад ва ин арвоҳ қодиранд ба зиндагон кӯмак ё зиён расонанд. Баъзеҳо барои пурсидани кӯмак аз мурдагон мазоронро зиёрат мекунанд ва дар он ҷо дуо гуфта, бо нияти иҷрои хоҳишҳояшон аз пораҳои матоъ гиреҳҳо мебанданд. Шояд шумо низ дар гузашта барои шод гардондани рӯҳи гузаштагонатон кӯшишҳои зиёде намуда бошед. Вале чӣ тавре ки аз боби 6–ум огаҳӣ ёфтем, ҳаёти инсон баъд аз марги ӯ дар ягон шакл давом намекунад, марг хотимаи вуҷудияти шуури ӯст. Бинобар ин, кӯшишҳо барои тарзе бо мурдагон алоқа кардан беҳудаанд. Ҳар гуна хабаре, ки гӯё аз тарафи наздикони фавтидаамон меояд, дар асл аз ҷониби девҳост. Маҳз аз ин сабаб, Яҳува дар Таврот муроҷиат ба мурдагон ва ҳар намуди дигари робита бо арвоҳро манъ карда буд. (Такрори Шариат 18:10–12-ро хонед.)

5. Чӣ бояд кард, агар парастиши мурдагон ё буту тасвирҳо пештар ҷузъе аз ибодати мо буданд?

5 Агар парастиши мурдагон ё буту тасвирҳои динӣ як ҷузъе буданд дар ибодататон, ҳоло Худо чиро аз шумо интизор аст? Аз Китоби Муқаддас оятҳоеро, ки назари Худоро ба ин гуна чизҳо нишон медиҳанд, бихонед ва дар бораи гуфтаҳояшон мулоҳиза намоед. Дар хусуси орзуи ба роҳи ҳақиқат раҳсипор шуданатон ҳар рӯз ба Яҳува дуо гӯед ва хоҳиш кунед, ки ба шумо кӯмак намояд, то мисли Ӯ фикр карданро ёд гиред (Ишаъё 55:9).

МАСЕҲИЁНИ ПЕШИН МАВЛУДИ ИСОРО ҶАШН НАМЕГИРИФТАНД

6, 7. a) Дар иди Мавлуд чиро ҷашн мегиранд ва оё масеҳиёни пешин ин идро ҷашн мегирифтанд? б) Ҳанӯз дар замонҳои пеш аз масеҳият ҷашни зодрӯз бо чӣ алоқаманд буд?

6 Идҳои маъмуле, ки имрӯз аксарият ҷашн мегиранд, аз динҳои козиб реша гирифтаанд ва аз ин рӯ ҷашни онҳо дар назари Худо номақбул аст. Масалан, иди Мавлуди Исоро чун рӯзи таваллуди Исо–пайғамбар ҷашн мегиранд ва қариб ҳар як дине, ки худро ба масеҳият мансуб медонад, дар ин ҷашнгирӣ ширкат меварзад. Аммо ягон далеле бар он ки шогирдони аввалини Исо дар асри як ин гуна идро ҷашн мегирифтанд, вуҷуд надорад. Иқтибоси зерин аз китобест, ки дар бораи ба вуҷуд омадани урфу одатҳои динӣ нақл мекунад: «Ду аср баъд аз тавлиди Исо кам буданд одамоне, ки санаи дақиқи зодрӯзи Масеҳро медонистанд; барои аксарият ин рӯз маълум набуд» (Sacred Origins of Profound Things).

7 Ҳатто агар шогирдони Исо санаи зодрӯзи ӯро аниқ медонистанд, онҳо ин рӯзро қайд намекарданд. Чаро? Чӣ тавре ки дар энсиклопедияи «Уорлд бук» гуфта шудааст, масеҳиёни пешин «қайди рӯзи таваллудро одати аз динҳои бутпарастӣ омада меҳисобиданд». Ҷашни ду зодрӯзе, ки дар Китоби Муқаддас аз онҳо ёдрас мешавад, рӯзи таваллуди ду ҳокиме буд, ки Яҳува Худоро ибодат намекарданд (Ҳастӣ 40:20; Марқӯс 6:21). Ҷашни зодрӯз ҳамчунин бо бутпарастӣ алоқаманд буд. Масалан, 24–уми май румиёни қадим рӯзи таваллуди олиҳа — Дианаро ҷашн мегирифтанд. Рӯзи дигар, 25–уми май бошад, онҳо мавлуди худои офтоб — Аполлонро ид мекарданд. Ҳамон тавре ки мебинед, ҷашни рӯзи таваллуд бо бутпарастӣ алоқаманд буд, на бо масеҳият.

8. Ҷашни зодрӯз бо эътиқоди ботилу хурофотпарастӣ чӣ алоқамандӣ дорад? Шарҳ диҳед.

8 Сабаби дигаре вуҷуд дорад бар он ки чаро масеҳиёни пешин рӯзи мавлуди Исоро қайд намекарданд. Эҳтимоли зиёд аст, ки онҳо бо эътиқоди ботил алоқаманд будани ҷашни зодрӯзро медонистанд. Масалан, юнониён ва румиёни қадим боварӣ доштанд, ки ҳангоми тавлиди ҳар инсон рӯҳе назди ӯ ҳузур дорад, ки тавлидёфтаро тӯли ҳаёташ нигаҳбон мешавад. «Ин рӯҳ робитаи асроромезе дорад бо худое, ки дар зодрӯзаш ин одам таваллуд шуд»,— гуфта мешавад дар китоби «Ибтидои ҷашни зодрӯз» (The Lore of Birthdays). Албатта Яҳува Худо аз ҷашни ҳар иде, ки Исоро бо эътиқоди ботилу хурофотпарастӣ алоқаманд мекунад, норозист (Ишаъё 65:11, 12). Ин тавр ки бошад, чӣ гуна Мавлуди Исоро одамон ҷашн мегирифтагӣ шуданд?

ПАЙДОИШИ ИДИ МАВЛУДИ ИСО

9. Чӣ тавр 25–уми декабр чун Мавлуди Исо ба ҷашн даромад?

9 Танҳо садсолаҳо пас аз марги Исои Масеҳ рӯзи таваллуди ӯро 25–уми декабр ё 7–уми январ ҷашн мегирифтагӣ шуданд. Аммо ин санаи зодрӯзи Исо набуд, зеро ӯ дар моҳи октябр тавлид ёфтааст *. Пас, чаро 25–уми декабр интихоб шуд? Онҳое ки баъдтар худро ба масеҳият мансуб донистанд, «хостанд, ки Мавлуди Исоро маҳз ба ҳамин рӯз, ки дар он ҷашни бутпарастонаи румӣ — “Тавлиди Офтоб” ид мешуд, мутобиқ кунанд» (Энсиклопедияи нави бритониёӣ). Зимистон, вақте ки нури офтоб зиёд нест, бутпарастон ҷашнҳои махсусе меоростанд, то бо ин манбаъи равшаниву гармиро барои баргаштан аз сайёҳати дурударозаш барангезанд. Ақидае вуҷуд дошт, ки бозгашти офтоб 25–уми декабр оғоз меёбад. Бо мақсади ба дини худ гардонидани бутпарастон, сарварони дин ин идро қабул карда, ба вай шакли «масеҳиёна» доданд *.

10. Чаро дар гузашта баъзеҳо иди Мавлуди Исоро қайд намекарданд?

10 Решаҳои бутпарастӣ доштани иди Мавлуди Исо кайҳо боз маълум аст. Аз сабаби он ки иди Мавлуди Исо асосе дар Китоби Муқаддас надошт, ҷашни он дар асри XVII дар Англия ва баъзе мустамликаҳои амрикоии он манъ шуда буд. Аз ҳар касе ки он рӯз ба кор набаромада дар хона мемонд, ҷарима ситонда мешуд. Вале ба ҳар ҳол, дертар урфу одатҳои кӯҳна эҳё шуданд ва бо анъанаҳои нави иловашуда дар ҳаёти одамон маъмулӣ гаштанд. “Мавлуди Исо” аз нав иди бузурге шуд ва то ба ҳол дар кишварҳои зиёд ҷашнгиранда аст. Дар баъзе мамлакатҳо ба ҷои иди Мавлуди Исо Соли Навро ҷашн мегирифтагӣ шуданд, ки он ҳам решаҳои бутпарастӣ дорад *. Азбаски иди Мавлуди Исо бо дини козиб алоқаманд аст, онҳое ки писанди Худо будан мехоҳанд, онро ё дилхоҳ иди дигареро, ки аз бутпарастӣ реша мегирад, ҷашн намекунанд *.

ОЁ ДОНИСТАНИ ПАЙДОИШИ ИДҲО МУҲИМ АСТ?

11. Баъзе одамон идҳоро бо кадом сабаб ҷашн мегиранд ва чӣ барои мо бояд аввалдараҷа бошад?

11 Баъзеҳо аз бутпарастӣ баромадани иди Мавлуди Исоро эътироф мекунанд, вале бо вуҷуди ин ҷашнгирии онро нодуруст намеҳисобанд. Дар ҳақиқат аксарияти одамон ба он ки идҳо бо дини козиб алоқаманданд, аҳамият намедиҳанд. Ин идҳо ба онҳо баҳонаест барои ҷамъ омадан бо аҳли оила. Оё шумо низ дар чунин ақида ҳастед? Агар ҳамин тавр бошад, барои дар роҳи ҳақиқат қадамгузор шудани шумо на муҳаббат ба дини козиб, балки хоҳиши наранҷондани оилаатон садди роҳ аст. Амин бошед, ки Яҳува — Асосгузори оила, мехоҳад ки шумо бо хешовандонатон муносибати хуб дошта бошед (Эфсӯсиён 3:14, 15). Лекин пайвандҳои оилавиро бе вайрон кардани аҳкоми Худо мустаҳкам бояд кард. Дар бобати он чизе ки бояд дар мадди аввали назари мо бошад, Павлуси расул навиштааст: «Ва таҳқиқ кунед, то бидонед он чи ки Худо меписандад, чист» (Эфсӯсиён 5:10).

Оё қанди аз партовгоҳ бардошташударо мехӯред?

12. Бо мисол шарҳ диҳед, ки чаро аз урфу одатҳо ва идҳои решаҳои нопокдошта бояд парҳез намоем?

12 Шояд, шумо фикр кунед, ки пайдоиши идҳо сабаби ҷашнгирии имрӯзаи онҳо нест. Вале оё ба пайдоиши идҳо аҳамият додан муҳим аст? Албатта муҳим аст! Масалан, тасаввур кунед, ки қандеро дар партовгоҳ дидед. Магар онро гирифта мехӯрдед? Бешубҳа, не! Шояд аз қандҳои болаззат бошад, аммо охир он ифлос аст. Ба мисли он қанд, идҳо низ ширину ҷаззоб метобанд, лекин онҳо аз манбаи нопок омадаанд. Барои истодан дар роҳи ибодати ҳаққонӣ, моро зарур аст, ки рӯҳияе ба мисли Ишаъё–пайғамбар дошта бошем, ки ба ходимони ҳаққонии Худо чунин гуфт: «Ба чизи нопок нарасед!» (Ишаъё 52:11).

ОҚИЛӢ ДАР МУНОСИБАТ БО ДИГАРОН

13. Дар сурати қарор кардани ҷашн нагирифтани идҳо ба чӣ гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуданатон мумкин аст?

13 Ҷашн нагирифтани идҳои маъмулиро қарор намуда, шояд ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ оед. Масалан, ҳамкоронатон метавонанд ҳайрон шаванд, ки чаро шумо дар ҷашнвораҳо онҳоро ҳамроҳӣ намекунед. Агар дар иди Мавлуди Исо ё Соли Нав бароятон тӯҳфа тақдим намоянд–чӣ? Оё қабули он дуруст мебуд? Агар шавҳар ё завҷаатон ҳамақида бо шумо набошад–чӣ? Чӣ кор кардан мумкин аст, то кӯдакон худро аз ҷашнгирии идҳои маъмул маҳрум наҳисобанд?

14, 15. Агар шуморо бо ид табрик гӯянд ва ё тӯҳфа тақдим намоянд, чӣ кор карда метавонед?

14 Дар ҳар ҳолати алоҳидае, ки пеш меояд, барои рафтори дуруст оқилӣ дар талаб аст. Агар дар омади гап бо ид табрик гӯянд, ба он кас барои илтифоташ миннатдорӣ баён метавон кард. Агар шуморо шахсе табрик намояд, ки бо ӯ зуд–зуд вомехӯред ва ё ҳамкоред, он гоҳ чӣ? Дар ин ҳолат шояд қарор кунед, ки мавқеъи худро бифаҳмонед. Дар ҳар сурат, боилтифот бошед. Китоби Муқаддас маслиҳат медиҳад: «Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин [«пур аз лутф», ТТФ] бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед» (Қӯлассиён 4:6). Эҳтиёт бошед, ки ба дигарон беҳурматӣ зоҳир накунед. Ба ҷои ин боодобона эътиқоди худро баён намоед. Ба ҳамсӯҳбататон фаҳмонед, ки шумо ба доду гирифти тӯҳфаҳо ва ҳамнишиниҳо зид нестед, фақат ки кардани ин корҳоро дар вақтҳои дигар афзал медонед.

15 Агар касе ба шумо тӯҳфа тақдим кардан хоҳад–чӣ? Чигунагии рафтори дуруст аз вазъият вобаста аст. Тӯҳфадиҳанда метавонад чунин бигӯяд: «Медонам, ки шумо идҳоро ҷашн намегиред. Ба ҳар ҳол ман мехоҳам, ки ин тӯҳфаро бароятон тақдим намоям». Шояд шумо қарор кунед, ки қабули тӯҳфа дар чунин ҳолатҳо маънои иштирок дар идро надорад. Албатта агар он шахс бо эътиқоди шумо шинос набошад, метавонед қайд кунед, ки шумо ин идро ҷашн намегиред. Дар ин сурат, бароятон фаҳмонидани он ки чаро шумо тӯҳфаи ҷавобӣ намедиҳед, осонтар хоҳад шуд. Аз ҷониби дигар, агар тӯҳфаро бо нияте тақдим кунанд, то нишон диҳанд, ки шумо ба эътиқодатон на он қадар содиқед, ё барои тӯҳфа шуда тамаъкорона аз он гузашт мекунед, дар ин ҳолат қабул накардани ҳадя рафтори оқилона мебуд.

МУНОСИБАТИ ОҚИЛОНА БО АЪЗОЁНИ ОИЛА

16. Дар ҳолатҳои ба ид вобастабуда чӣ гуна бо оқилӣ рафтор карда метавонед?

16 Агар аъзоёни оила нисбати ҷашни идҳо бо шумо ҳамақида набошанд–чӣ? Боз мегӯем, ки боилтифот бошед. Барои баҳсу мунозира дар бобати қайди ҳар урфу одат ё иде, ки хешовандон ҷашн мегиранд, ҳоҷат нест. Баръакс, ҳуқуқи нуқтаи назари худро доштани онҳоро эҳтиром намоед, агар бихоҳед, ки онҳо низ чунин ҳуқуқи шуморо ҳурмат кунанд. (Матто 7:12-ро хонед.) Аз ҳар амале, ки метавонад шуморо иштироккунанда дар ид намояд, даргурез бошед. Дар ҳолатҳое, ки дахли мустақимӣ ба ҷашни ид надоранд, бомулоҳиза рафтор намоед. Ҳамеша тавре амал кунед, ки покии виҷдонатонро нигоҳ доред. (1 Тимотиюс 1:18, 19-ро хонед.)

17. То фарзандони шумо аз дидани он ки дигарон идҳоро ҷашн мегиранд, худро аз чизе маҳрум эҳсос накунанд, чӣ кор карданатон мумкин аст?

17 Чӣ тавр метавонед ба фарзандонатон кӯмак намоед, то аз он ки оила ҷашнҳои ба Китоби Муқаддас зидбударо ид намекунад, онҳо худро аз чизе маҳрум эҳсос нанамоянд? Ин вобаста аст аз он ки шумо дар вақтҳои дигари сол чӣ корҳо мекунед. Баъзе волидон дар рӯзҳои дигар ба кӯдакон тӯҳфа тақдим мекунанд. Ва беҳтарин ҳадяе, ки ба кӯдакон кардани волидон мумкин аст, ин вақт ва муҳаббату таваҷҷӯҳ бар фарзандон аст.

БО РОҲИ ҲАҚИҚАТ РАҲСИПОР ШАВЕД

Рафтан бо роҳи ҳақиқат хушбахтии ҳақиқӣ меоварад

18. Чӣ тавр ташриф ба вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува барои ба роҳи ҳақиқат раҳсипор шудани шумо ёрӣ мерасонад?

18 Барои он ки Худо аз шумо розӣ бошад, бояд ибодати козибро рад намуда, ибодати ҳаққониро интихоб намоед. Ин чиро дар бар мегирад? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем, ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рӯзро мебинед» (Ибриён 10:24, 25). Вохӯриҳои ходимони Яҳува имконияти хубеанд барои ибодати Худо ба тарзе, ки худи Ӯ мехоҳад (Забур 21:23; 121:1). Дар ин вохӯриҳо ходимони содиқи Худо имони ҳамдигарро тақвият медиҳанд (Румиён 1:12).

19. Барои чӣ муҳим аст, ки дар бораи чизҳои аз Китоби Муқаддас фаҳмидаатон ба дигарон нақл кунед?

19 Роҳи дигари ҷонибдории ибодати ҳаққонӣ ба дигарон нақл кардани донишест, ки ҳангоми омӯхтани Китоби Муқаддас бо Шоҳидони Яҳува гирифтед. Одамони зиёд аз дидани бадиҳое, ки имрӯз дар дунё рӯй медиҳанд, дар ҳақиқат «оҳу фиғон мекунанд» (Ҳизқиёл 9:4). Шояд дар байни шиносони шумо низ ин гуна одамон бошанд. Чаро онҳоро аз он умеде, ки Китоби Муқаддас медиҳад, огоҳ накунем? Агар бо ходимони ҳақиқии Худо муошират намоед ва ба дигарон хушхабари аз Китоби Муқаддас омӯхтаатонро нақл кунед, оҳиста–оҳиста иштирок накардан дар урфу одатҳои ибодати козиб, ки бароятон азиз буданд, ба шумо осонтар хоҳад шуд. Итминони комил дошта бошед, ки бо роҳи ҳақиқат раҳсипор шуда, ба хушбахтии ҳақиқӣ ва баракатҳои зиёд ноил мегардед! (Малокӣ 3:10).

^ сарх. 9 Дар интихоби 25–уми декабр ҳамчунин иди Сатурналияи румиён, ки ба шарафи худои зироат — Сатурн рӯзҳои 17–24-уми декабр (аз рӯи тақвими григореанӣ аз 30–юми декабр то 6–уми январ) ороста мешуд, нақш бозидааст. Ин ҷашн бо зиёфату базмороӣ мегузашт ва ба он одати ба ҳамдигар тӯҳфадиҳӣ хос буд.

^ сарх. 10 Назари пайравони Исои Масеҳ ба идҳои дигари маъмул дар замимаи «Оё идҳоро ҷашн гирифтан лозим аст?» оварда шудаанд.