Магар чунин буд мақсади Худо?
РӮЗНОМАИ дилхоҳеро ба даст бигиред, ё ба оинаи нилгун нигаред ё ба радио гӯш диҳед; ҷаҳон лабрез аз ҷиноятҳову ҷангҳо ва терроризм аст! Дар бораи мушкилиҳои худатон андеша кунед. Шояд беморӣ ё марги касе аз наздиконатон шуморо азият медиҳад ва мисли Айюб-пайғамбар мегӯед, ки «доим залолати худро мебинам» (Айюб 10:15).
Мулоҳиза намоед:
-
Магар Худо мехост, ки ман ё умуман инсоният ҳамин тавр зиндагӣ кунад?
-
Аз куҷо кӯмаке барои ҳалли мушкилиҳоям дарёбам?
-
Оё умеде ҳаст, ки ягон замон дар тамоми ҷаҳон сулҳро пойдор бубинем?
Китоби Муқаддас ҷавобҳои қонеъкунандае пеш меорад ба ин саволҳо.
КИТОБИ МУҚАДДАС ТАЪЛИМ МЕДИҲАД, КИ ХУДО БАР РӮИ ЗАМИН ЧУНИН БАРАКАТҲО ХОҲАД ОВАРД:
«Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд, ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд» (Ваҳй 21:4)
«Ланг мисли гавазн ҷастухез хоҳад кард» (Ишаъё 35:6)
«Чашмони кӯрон кушода хоҳад шуд» (Ишаъё 35:5)
«Ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд,... берун хоҳанд омад» («Сокине нахоҳад гуфт: “Ман бемор ҳастам”» (Ишаъё 33:24)
«Ғалла дар замин... фаровон хоҳад шуд» (Забур 71:16)
ОМӮЗИШИ КИТОБИ МУҚАДДАС МУФИД АСТ
Саросемавор хулоса накунед, ки гуфтаҳои саҳифаҳои пешин орзуҳои аз воқеият дуранд. Онҳо ваъдаҳои Худоянд ва Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки чӣ тавр Ӯ онҳоро ба иҷро хоҳад расонид.
Китоби Муқаддас ғайр аз ин кӯмак мекунад, ки зиндагиатон худи ҳоло маънодору ҳақиқатан қонеъкунанда гардад. Лаҳзае дар хусуси ғаму ташвишҳои худ андеша кунед. Камбудиҳои моддӣ, мушкилиҳо дар оила, беморӣ, марги касе аз наздикон — шояд фақат чанде аз онҳоянд. Китоби Муқаддас метавонад ба шумо барои ҳалли онҳо ёрӣ диҳад. Ба чунин саволҳои муҳим ҷавоб пешниҳод карда, ин китоб моро тасаллӣ мебахшад:
-
Чаро мо ранҷу азоб мекашем?
-
Мушкилиҳои зиндагиро чӣ гуна ҳал намоем?
-
Чӣ тавр ба хушбахтии оила муваффақ гардем?
-
Баъд аз марг бо инсон чӣ мешавад?
-
Оё наздикони фавтидаамонро боз хоҳем дид?
-
Чаро метавонем итминон дошта бошем, ки Худо ваъдаҳои дар хусуси оянда додаи худро иҷро хоҳад кард?
Ин брошураро хонданатон нишон медиҳад, ки шумо таълимоти Китоби Муқаддасро донистан мехоҳед. Брошураи дар даст доштаатон дар ин кор ба шумо кӯмак хоҳад кард. Аҳамият диҳед, ки барои ҳар сархат саволҳо оварда мешаванд. Миллионҳо одамон бо ёрии саволу ҷавоб Китоби Муқаддасро ҳамроҳи Шоҳидони Яҳува меомӯзанд. Умед дорем, ки ба шумо низ ин тарзи омӯзиш писанд меояд. Бароятон омӯзиши пурсамарро таманно карда, хоҳонем ки Худо ин кори шуморо баракат диҳад!