Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ЗАМИМА

Ҳақиқат дар хусуси Падар, Писар ва рӯҳулқудс

Ҳақиқат дар хусуси Падар, Писар ва рӯҳулқудс

ОДАМОНЕ, КИ ба Сегона будани Худо эътиқод доранд, мегӯянд, ки мавҷудияти Худо дар се шахсият аст; Падар, Писар ва рӯҳулқудс. Ба гуфти онҳо, ҳар сеи ин шахсиятҳо ибтидо надоранд ва дар қуввату тавоноӣ ба ҳам баробаранд. Яъне мувофиқ ба таълимоти Сегона, Падар Худост, Писар Худост ва рӯҳулқудс низ Худост, лекин дар айни ҳол онҳо ҳама як Худо мебошанд.

Бисёри онҳое, ки ба Сегона боварӣ доранд, ин таълимотро фаҳмонида наметавонанд. Вале ба ҳар ҳол, фикр мекунанд, ки ин таълимот аз Китоби Муқаддас аст. Қайд бояд кард, ки дар Китоби Муқаддас калимаи «Сегона» ягон маротиба вонамехӯрад. Худи ақидаи Сегона будани Худо-чӣ, магар он дар Китоби Муқаддас асос меёбад? Барои ҷавоб ба ин суол, биёед ба як ояти Китоби Муқаддас рӯ оварем, ки онро одатан барои дастгирии эътиқод ба Сегона истифода мебаранд.

«КАЛОМ ХУДО БУД»

Ояти Юҳанно 1:1 мегӯяд: «Дар ибтидо Калом буд ва Калом бо Худо буд ва Калом Худо буд». Баъдтар, дар худи ҳамин боб Юҳаннои расул ба таври равшан нишон медиҳад, ки «Калом» — Исои Масеҳ мебошад (Юҳанно 1:14). Азбаски Калом Худо номида шудааст, баъзеҳо хулоса мекунанд, ки Писар бояд қисми ҳамон як Худо бошад.

Ба назар бояд гирифт, ки ин қисми Китоби Муқаддас аслан ба забони юнонӣ навишта шудааст. Баъдтар ин матн ба забонҳои дигар тарҷума шуд. Ва баъзе тарҷумонҳои Китоби Муқаддас дар тарҷумаҳои худ «Калом Худо буд» нагуфтаанд. Барои чӣ? Ин тарҷумонҳо дар асоси донише, ки оиди забони юнонӣ доштанд, ба хулоса омаданд, ки ояти «Калом Худо буд» бояд дигар хел тарҷума шавад. Чӣ тавр? Инак, чанд мисоле аз онҳо: «Калом худоёна буд» (A New Translation of the Bible). «Калом бо Илоҳӣ буд ва табиати Ӯро дошт» (The Translator’s New Testament). Мувофиқи ин тарҷумаҳо, Калом Худо нест *. Азбаски Ҳазрати Исо баландтарин мавқеъро дар байни тамоми офаридаҳои Яҳува Худо дорад, Калом ба ӯ чун ба «худо» ишора мекунад. Дар ояти Юҳанно 1:1 калимаи «худо» ба маънои «қудратманд» истифода шудааст.

ДАЛЕЛҲОИ ДИГАР

Аксарияти одамон забони юнониро намедонанд. Пас аз куҷо фаҳмем, ки Юҳаннои расул аслан чиро дар назар дошт? Ба ин намуна таваҷҷӯҳ намоед: муаллиме ба шогирдон мавзӯъеро мефаҳмонад. Баъд аз дарс маълум мешавад, ки шогирдон суханҳои ӯро ҳар хел фаҳмидаанд. Дар ин ҳолат чӣ кор кардан мумкин аст? Онҳо метавонанд барои шарҳ ба муаллим рӯ оранд. Бешубҳа маълумоти иловагӣ оиди ин мавзӯъ барои беҳтар фаҳмидани он ёрӣ хоҳад дод. Ба мисли ин, барои фаҳмиши ояти Юҳанно 1:1 бояд ба Инҷили Юҳанно рӯ оварда, аз он бифаҳмем, ки Исо чӣ гуна мавқеъро ишғол мекунад. Омӯзиши ин санадҳои иловагӣ шуморо ба хулосаи дуруст ҳидоят мекунад.

Масалан, нигаред ба яке аз оятҳои ояндае, ки Юҳанно дар боби як менависад, ояти 18: «Худоро ҳаргиз касе надидааст». Исоро бошад, одамон дидаанд, худи Юҳанно ҳам чунин мегӯяд: «Калом [Исо] ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем» (Юҳанно 1:14). Пас чӣ тавр Писар метавонад қисми Худои Абарқудрат бошад? Юҳанно ҳамчунин мегӯяд, ки Калом «бо Худо» буд. Чӣ гуна шахсе метавонад бо касе бошаду дар айни ҳол худи ӯ бошад? Беш аз ин, чуноне ки матни Юҳанно 17:3 шаҳодат медиҳад, Исо ду шахси гуногун будани худу Падари осмониашро ба таври равшан нишон додааст. Ӯ Падари осмониашро «Худои ягонаи ҳақиқӣ» меномад. Инҷили худро Юҳанно бо чунин суханҳо анҷом медиҳад: «Аммо ин қадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исо Масеҳ ва Писари Худост» (Юҳанно 20:31). Бубинед, Исо дар ин ҷо на Худо, балки Писари Худо номида шудааст. Ин оятҳои иловагӣ аз Инҷил барои дуруст фаҳмидани ояти Юҳанно 1:1 кӯмак мекунанд. Исо, яъне Калом, ба он маъно «худо» номида шудааст, ки мавқеъи баландтаринро дар байни офаридаҳои Худо дорад, аммо вай ба ҳеҷ ваҷҳ Ҳаққи Таоло нест ва ба Ӯ баробар ҳам нест.

БОЗ ЧИРО БА НАЗАР БОЯД ГИРИФТ

Бори дигар ба мисоли устоду шогирдон рӯ меорем. Фарз мекунем, ки ҳатто баъд аз гӯш додан ба шарҳи муаллим низ баъзеҳо шубҳа доранд. Дар ин сурат чӣ кор кардани онҳо мумкин аст? Метавонанд ба муаллими дигари ҳамин фанн муроҷиат намоянд. Агар ӯ ҳам суханҳои муаллими авваларо тасдиқ намояд, шубҳаҳои аксарияти шогирдон бартараф хоҳанд шуд. Агар ба шумо ҳам гуфтаҳои Юҳанно дар хусуси Исои Масеҳ ва Худои Абарқудрат то ба охир фаҳмо набошанд, метавонед ба суханҳои нависандаи дигари Китоби Муқаддас рӯ оред. Масалан, таваҷҷӯҳ кунед ба ояте аз Инҷили Матто 24:36: «Аммо он рӯз ва соатро, ғайр аз Падари Ман, ҳеҷ кас, ҳатто фариштагони осмон ҳам намедонанд». Чӣ гуна ин оят тасдиқ мекунад, ки Исо Худои Абарқудрат нест?

Исо гуфтааст, ки Падар бештар аз Писар медонад. Агар Исо қисме аз Худои Абарқудрат мебуд, албатта барояш ҳамон қадаре маълум мебуд, ки ба Падар маълум аст. Пас, Падару Писар ба ҳам баробар буда наметавонанд. Шояд баъзеҳо эътироз намоянд, ки «Исо ду қиёфа дошт. Дар ин ҷо ӯ ҳангоми инсон буданаш сухан мегӯяд». Хуб, агар ҳатто ин тавр ҳам мебуд, пас дар бораи рӯҳулқудс ин шахсон чӣ мегӯянд? Агар он ҳам қисме аз Худо бошад, чаро Исо нагуфт, ки рӯҳулқудс ҳам аз чизе ки Худо медонад, бохабар аст?

Омӯзиши Китоби Муқаддасро давом дода, шумо бо матнҳои зиёди дигари он оиди ин мавзӯъ шинос мешавед. Ва онҳо ҳақиқат дар бораи Падар, Писар ва рӯҳулқудсро тасдиқ хоҳанд кард (Забур 89:2; Аъмол 7:55; Қӯлассиён 1:15).

^ сарх. 7 Ояти Юҳанно 1:1 ҳамчунин дар шумораи «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 ноябри соли 2008 саҳифаҳои 24, 25 муҳокима карда мешавад. Нашри Шоҳидони Яҳува.