Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ҲАФТ

Умеди воқеӣ дар хусуси наздикони фавтидаамон

Умеди воқеӣ дар хусуси наздикони фавтидаамон
  • Аз куҷо медонем, ки мурдагон дар ҳақиқат эҳё хоҳанд шуд?

  • Яҳува чӣ назаре оиди эҳёи мурдагон дорад?

  • Киҳо эҳё мешаванд?

1–3. Кадом душман ҳар яки моро таъқиб мекунад ва чӣ тасаллие таълимоти Китоби Муқаддас дар ин бора мебахшад?

ТАСАВВУР кунед, ки аз душмани қаттол дар гурезед. Ӯ хеле бақувваттару чолоктар аз шумост. Шумо медонед, ки ӯ бераҳм аст, зеро дар пеши чашмонатон чанде аз дӯстони шуморо куштааст. Ҳар қадаре ки барои гурехтан накӯшед, ӯ боз ҳам ба шумо наздиктар мегардад. Зоҳиран, умеди халосӣ нест. Аммо баногоҳ наҷотдиҳандае дар наздатон пайдо мешавад. Вай аз душманатон хело тавонотар буда, ба шумо ваъдаи кӯмак медиҳад. Чӣ сабукие дар ин лаҳза эҳсос мекунед!

2 Ба маъное шуморо дар ҳақиқат чунин душман таъқиб менамояд. Ва на танҳо шумо,— ҳамаро. Чӣ тавре ки аз боби гузашта фаҳмидем, Китоби Муқаддас маргро душман меномад. Ҳеҷ кас аз дасти он раҳоӣ ёфта, ё бар вай ғолиб омада наметавонад. Аксари мо дидаем, ки чӣ сон ин душман ҷони касони бароямон азизро ситонид. Аммо Яҳува аз марг басо тавонотар мебошад. Вай Наҷотдиҳандаи пурмеҳрест, ки бар ин душман ғолиб омаданашро аллакай зоҳир кардааст. Ва Ӯ ваъда медиҳад, ки ин душман — маргро, якбораву барои ҳамешагӣ несту нобуд хоҳад сохт. Китоби Муқаддас таълим медиҳад: «Душмани охирине ки маҳв карда хоҳад шуд, мамот аст» (1 Қӯринтиён 15:26). Чӣ пайғоми неке!

3 Биёед биандешем, ки марги наздикон кадом эҳсосотро бо худ меорад. Ба ёд овардани чунин лаҳзаҳо моро ёрӣ хоҳад дод, то барои як умеди аҷибу хурсандибахш миннатдор бошем; Яҳува ваъда медиҳад, ки мурдагон аз нав зинда хоҳанд шуд (Ишаъё 26:19). Онҳо ба зиндагӣ бармегарданд. Ин аст умед бар эҳё.

ВАҚТЕ КИ НАЗДИКОН МЕМИРАНД

4. a) Чаро муносибати Исо ба марги шахси барояш наздик эҳсосоти Яҳуваро ба мо ошкор менамояд? б) Бо киҳо Исо дӯстии наздикеро ривоҷ дод?

4 Ягон бор марги беамон шахси наздикатонро аз шумо рабудааст? Эҳсоси дарду ҳасрат ва оҷизӣ тоқатфарсоянд. Дар ин лаҳзаҳо мо эҳтиёҷ ба таскини Каломи тасаллобахши Худо дорем. (2 Қӯринтиён 1:3, 4-ро хонед.) Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунад, то эҳсосотеро ки Яҳува ва Исо нисбати марг доранд, бифаҳмем. Исо, ки шахсияти Падарашро ба пуррагӣ инъикос менамуд, аз пурдард будани марги наздикон хабардор буд (Юҳанно 14:9). Ин аз воқеаи зерин бармеояд: ҳангоми сафарҳо ба Ерусалим, Исо борҳо дар хонаи Лаъзор ва хоҳаронаш Маряму Марто, ки дар деҳаи ҳамсояи Байт–Ҳинӣ зиндагонӣ мекарданд, меҳмон шуда буд. Онҳо ба ҳам хеле дӯст гаштанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Исо Марто ва хоҳари вай ва Лаъзорро дӯст медошт» (Юҳанно 11:5). Аммо, чӣ тавре ки аз боби гузашта фаҳмидем, Лаъзор аз олам чашм пӯшид.

5, 6. a) Ҳангоми дидани дӯстону хешовандони мотамзадаи Лаъзор Исо чӣ эҳсосоте дошт? б) Чаро ғаму ғуссаи Исо дар ин ҳодиса, таскинбахши мост?

5 Чӣ эҳсосоте Исоро ҳангоми марги дӯсташ фаро гирифт? Китоби Муқаддас нақл мекунад, ки Исо дар ин маврид барои тасаллои хешовандони мотамзада ва дӯстони Лаъзор рафт. Исоро саҳнаи мотаму фиғон хеле андӯҳгин кард. Ӯ «аз дил оҳи аламноке кашид ва музтариб шуд». Пас аз ин Исо «гиря кард» (Юҳанно 11:33, 35). Оё ғамгинии Исо маънои ноумедии ӯро дошт? Не, ягон зарра. Зеро ӯ медонист, ки бояд мӯъҷизае ба амал ояд (Юҳанно 11:3, 4). Дар ҳар сурат, ӯ талафи марг овардаро эҳсос мекард.

6 Ғаму ғуссаи Исо дар ин ҳодиса ба андозае таскинбахши мост; он шаҳодат медиҳад, ки Исо ва Падараш Яҳува ба марг нафрат доранд. Вале дар ҳар сурат, Худо барои рафъ кардани ин душман қодир аст! Биёед бубинем, ки Илоҳӣ чӣ қудрате ба Исо бахшид.

«ЛАЪЗОР, БЕРУН О!»

7, 8. Барои чӣ ҳолати Лаъзор чоранопазир менамуд? Исо дар ин маврид чӣ кор кард?

7 Лаъзор дар ғор дафн шуда буд. Исо хоҳиш кард, ки санги ба даҳони ғор гузошташударо ба канор гузоранд. Марто эътироз кард, чунки аз мурдани Лаъзор чор рӯз гузаштааст ва шояд ҷисмаш ба пӯсиш сар карда бошад (Юҳанно 11:39). Аз нуқтаи назари одамӣ умеде дар ин вазъ вуҷуд надошт.

Эҳёшавии Лаъзор хурсандии зиёд овард (Юҳанно 11:38–44).

8 Сангро ба канор ғелонданд ва Исо бо овози баланд хитоб кард: «Лаъзор, берун о!» Чӣ воқеа рӯй дод? — «Мурда ... берун омад» (Юҳанно 11:43, 44). Шодии одамони дар он ҷо бударо тасаввур карда метавонед? Дар байни онҳо бародари Лаъзор, хешу ақрабо, дӯстон ва ҳамсоягонаш буданд, ки мурдани ӯро медонистанд. Ва акнун ӯ — шахси барояшон азиз, аз нав дар миёни онҳост! Шояд бовариашон намеомад, ки ин ҳақиқат аст. Бешакк, бисёри онҳо бо хурсандӣ Лаъзорро ба оғӯш гирифтанд. Чӣ ғолибиятест бар марг!

Илёс писари бевазанро эҳё кард (3 Подшоҳон 17:17–24).

9, 10. a) Чӣ гуна Исо ҳангоми зинда кардани Лаъзор манбаи қудрати эҳёкуниашро зоҳир намуд? б) Баъзе аз манфиатҳое, ки аз мутолиаи хабарҳои дар Китоби Муқаддас навишташудаи эҳё бармеоянд, кадоманд?

9 Шӯҳрати аз ин мӯъҷизаи аҷиб баромадаро Исо ба қудрати худ мансуб надонист. Пеш аз эҳё кардани Лаъзор, ӯ дар дуо ба таври равшан нишон дод, ки манбаи қудрати эҳёкунӣ Яҳува мебошад. (Юҳанно 11:41, 42-ро хонед.) Ин ягона рӯйдоде набуд, ки Яҳува қудрати худро барои зинда кардани инсони мурда истифода бурд. Эҳёи Лаъзор яке аз нӯҳ мӯъҷизаҳои эҳё мебошад, ки Каломи Худо дар бораашон нақл мекунад *. Мутолиаи ин хабарҳо баваҷдоваранда аст. Онҳо ба мо меомӯзонанд, ки Худо рӯйбин нест, чунки дар байни эҳёшудагон ҳам ҷавонон буданд, ҳам пирон, ҳам занон буданду ҳам мардон, ҳам исроилиён буданд ва ҳам ғайриисроилиён. Ва чӣ қадар фараҳу шодӣ тасвир мешавад дар ин нақлҳо! Масалан, ҳангоме ки Исо духтарчаи мурдаро эҳё кард, волидони дар наздаш истодаи вай хеле ба ҳаяҷон омаданд (Марқӯс 5:42). Оре, ин кори Яҳува барои волидони духтарча хурсандии беҳадду канор овард ва фаромӯшнопазир гашт.

Петруси расул масеҳизанеро бо номи Тобито эҳё намуд (Аъмол 9:36–42).

10 Албатта, касони аз ҷониби Исо эҳёшуда охиран дубора мурданд. Оё ин маънои онро дорад, ки эҳёи онҳо беҳуда буд? Албатта, не. Ин хабарҳои Китоби Муқаддас ҳақиқати муҳимеро тасдиқ карда, ба мо умед мебахшанд.

АЗ НАМУНАҲОИ ЭҲЁШАВӢ ЧӢ МЕОМӮЗЕМ?

11. Чӣ тавр воқеаи эҳёшавии Лаъзор ҳақиқати дар Воиз 9:5 навишташударо тақвият медиҳад?

11 Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки «мурдаҳо чизе намедонанд». Эҳёшавии Лаъзор ин ҳақиқатро тақвият медиҳад. Магар Лаъзори ба зиндагӣ бозгашта дар бораи зебоиҳои биҳишти осмонӣ нақл карда, одамонро ба ҳаяҷон меовард? Ё бо азобҳои дӯзахи оташин онҳоро метарсонд? На. Чунин гуфтаҳои Лаъзор дар Китоби Муқаддас нестанд. Дар тӯли чор рӯзе ки мурда буд, вай «чизеро намедонист» (Воиз 9:5). Лаъзор дар хоби марг буду халос (Юҳанно 11:11).

12. Чаро мӯътақид метавон буд, ки эҳёи Лаъзор дар ҳақиқат рӯй додааст?

12 Воқеаи бо Лаъзор рӯйдода ҳамчунин шаҳодати он аст, ки эҳёшавӣ афсона не, воқеият аст. Издиҳоми мардум зиндашавии ӯро бо чашмони худ диданд. Ҳатто сарварони дин, ки ба Исо нафрат доштанд, воқеияти ин мӯъҷизаро инкор накарданд. Баръакс, онҳо чунин гуфтанд: «Чӣ бояд кард? Ин Шахс [Исо] мӯъҷизоти зиёде нишон медиҳад» (Юҳанно 11:47). Касони зиёд марди эҳёшуда — Лаъзорро дидан мехостанд. Дар натиҷа, аксарияти онҳо ҳатто имон ба Исо оварданд. Лаъзор барояшон далели зиндае буд, бар он ки Исо фиристодаи Худост. Ин далел чунон эътирознопазир буд, ки баъзе аз сарварони золими дини яҳудӣ барои куштани ҳам Исову ҳам Лаъзор ҷаҳд мекарданд (Юҳанно 11:53; 12:9–11).

13. Чӣ асосе барои боварӣ ба қудрати мурдагонро эҳё кардани Яҳува дорем?

13 Оё қабули эҳё чун ҳақиқат душвор аст? Не, чунки Исо таълим медод, ки рӯзе «ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд» эҳё хоҳанд шуд (Юҳанно 5:28). Офаридгори тамоми ҷонзод Яҳува мебошад. Наход ки барқарор кардани зиндагӣ барои Ӯ душвор бошад? Албатта, аз хотираи Яҳува чизи зиёде вобаста аст. Ӯ наздикони фавтидаи моро дар хотир дошта бошад? — Коинотро шумораи беҳисоби ситораҳо пур кардаанд, аммо Худо ҳар яки онҳоро ном гузоштааст! (Ишаъё 40:26). Ба ҳамин минвол, Яҳува Худо ҳар як ҷузъиёти наздикони дар хоби маргбудаи моро медонад ва барои ба зиндагӣ бозгардонидани онҳо қодир аст.

14, 15. Мувофиқи гуфтаҳои Айюб Яҳува чӣ назаре бар эҳёи мурдагон дорад?

14 Назари Яҳува ба эҳёи мурдагон чӣ гуна аст? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Ӯ хоҳиши қавии зинда кардани онҳоро дорад. Айюб–пайғамбар саволе пеш овард: «Агар мард бимирад, оё боз зиндагӣ хоҳад кард?» Айюб дар назар дошт, ки пас аз марг ӯ дар гӯр хоҳад буд, то даме ки Худо ба ёд орадаш. Пас аз ин, вай ба Яҳува гуфт: «Маро даъват менамудӣ, ва ман ба ту ҷавоб мегардондам; иштиёқманди амали дастҳои худ мегаштӣ» (Айюб 14:13–15).

15 Мулоҳиза намоед — Яҳува он вақтеро ки мурдагонро зинда хоҳад кард хеле интизор аст! Магар хабардор будан аз чунин хоҳиш доштани Ӯ дилгармкунандаи мо нест? Аммо киҳо эҳё мешаванд ва ин эҳёшудагон дар куҷо зиндагӣ хоҳанд кард?

«ҲАМАИ ОНҲОЕ КИ ДАР ҚАБР МЕБОШАНД»

16. Эҳёшудагон дар чӣ гуна шароитҳо зиндагӣ хоҳанд кард?

16 Рӯйдодҳои эҳёшавие, ки дар Китоби Муқаддас омадаанд, маълумоти зиёде дар бобати эҳёи оянда медиҳанд. Дар ин воқеаҳо нақл мешавад, ки одамони эҳёшуда маҳз дар рӯи замин зинда шуданд ва ба наздикони худ пайвастанд. Эҳёи оянда низ ҳамин гуна хоҳад буд — танҳо дар шаклу масоҳати бузургтар. Чуноне ки аз боби 3 фаҳмидем, мақсади Худо ин аст, ки тамоми рӯи замин ба биҳишт мубаддал шавад. Пас, мурдагон на дар ҷаҳони пур аз ҷангу ҷиноятҳо ва беморӣ эҳё мешаванд, балки онҳо имконияти ҷовидона дар рӯи ҳамин замин дар иҳотаи сулҳу хушбахтӣ зиндагӣ карданро хоҳанд дошт.

17. То кадом андоза масоҳати калонро эҳё фаро хоҳад гирифт?

17 Киҳо эҳё хоҳанд шуд? Исо гуфт, ки «ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози Ӯ [Исо]-ро хоҳанд шунид, ва берун хоҳанд омад» (Юҳанно 5:28, 29). Ба мисли ин омадааст дар Ваҳй 20:13: «Баҳр мурдагонеро, ки дар вай буданд, дод, ва мамот ва дӯзах [hades] мурдагонеро, ки дар онҳо буданд, доданд» (Ваҳй 20:13). «Ҳадес» ба қабристони умумии одамизод ишора мекунад (нигаред ба замимаи «“Шеол” ва “ҳадес” чистанд?»). Ин қабристони умумӣ холӣ хоҳад шуд. Миллиардҳо мурдагоне, ки андаруни он дар хоби марганд, ба зиндагӣ бозмегарданд. Павлуси расул гуфтааст: «Ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон дар пеш аст» (Аъмол 24:15). Ин чӣ маъно дорад?

Мурдагон дар биҳишт эҳё шуда, ба наздиконашон мепайванданд

18. Шумораи «одилон»–е ки эҳё хоҳанд шуд, киҳоро дар бар мегирад? Умеди эҳё чӣ таъсире бар шумо гузошт?

18 «Одилон» он шахсони зиёде ҳастанд, ки то бар рӯи замин омадани Исо зиндагӣ мекарданд; Китоби Муқаддас оиди онҳо нақл мекунад. Шояд ин лаҳза Нӯҳ, Иброҳиму Соро, Мусо, Рут, Эстер ва шахсони зиёди дигар ба хотиратон омаданд. Дар бораи баъзе аз ин мардону занони боимон боби 11–уми китоби Ибриён нақл мекунад. Ба шумораи «одилон» ҳамчунин он ходимони Яҳува, ки дар замони мо мурдаанд, дохил мешаванд. Ба шарофати умеди эҳёшавӣ мо набояд аз мурдан тарсем (Ибриён 2:15).

19. «Золимон» кистанд ва кадом имкониятро Яҳува ба онҳо пешкаш хоҳад кард?

19 Бо одамоне, ки бо сабаби чизе надонистан дар бораи Яҳува, ба Ӯ итоату хидмат накардаанд, чӣ хоҳад шуд? Ин тоифаи «золимон» низ фаромӯш намешаванд. Онҳо низ эҳё мегарданд ва барояшон вақт дода мешавад, то дар бораи Худои ҳақиқӣ омӯзанду ба Ӯ хидмат намоянд. Дар давоми ҳазор сол, мурдагон эҳё шуда, имконияти ба ходимони содиқи Яҳува ҳамроҳ шуданро пайдо хоҳанд кард. Чӣ қадар фараҳафзо хоҳад буд он замон! Китоби Муқаддас ба он давра чун ба «рӯзи доварӣ» * ишора мекунад.

20. Ҷаҳаннам чист ва киҳо ба он ҷо хоҳанд рафт?

20 Оё ин маънои онро дорад, ки ҳар як шахси мурда эҳё мешавад? Не. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки як тоифаи мурдагон дар ҷаҳаннам мебошанд (Луқо 12:5, ТФ). Пайдоиши калимаи «ҷаҳаннам» чунин аст: дар беруни Ерусалими қадим партовгоҳе буд, ки «ҷаҳаннам» номида мешуд. Дар он ҷасади мурдагон ва ҳар гуна партовҳоро месӯзониданд. Ҷасади он шахсони мурдае, ки яҳудиён барои гӯр кардан ва эҳё нолоиқ меҳисобиданд, ба ин партовгоҳ ё «ҷаҳаннам» партофта мешуданд. Аз ин рӯ, ҷаҳаннам рамзи мувофиқест бар нобудшавии ҳамешагӣ. Гарчанде ки мурдагон ва зиндагонро Исо доварӣ хоҳад кард, Довари ниҳоӣ Яҳува мебошад (Аъмол 10:42). Он шахсонеро, ки Яҳува чун бадкирдорон ё инсонҳое ки хоҳиши дигаргун шудан надоранд, маҳкум кардааст, Ӯ ҳеҷ гоҳ эҳё нахоҳад кард.

ЭҲЁ БАР ҲАЁТИ ОСМОНӢ

21, 22. a) Кадом навъи дигари эҳёшавӣ вуҷуд дорад? б) Аввалин шахсе, ки бар ҳаёти рӯҳӣ эҳё шуд, кист?

21 Китоби Муқаддас ҳамчунин навъи дигари эҳё — чун махлуқи рӯҳӣ барои ҳаёт дар осмон зинда шуданро тасвир мекунад. Ва дар ин китоб танҳо як намунаи ин навъи эҳёшавӣ оварда шудааст — эҳёи Исои Масеҳ.

22 Баъд аз он ки Исо ҳаёташро барои инсоният қурбон кард, Яҳува нагузошт, ки писари содиқаш дар қабр бимонад (Забур 15:10; Аъмол 13:34, 35). Худо Исоро эҳё кард, вале на дар ҷисми инсонӣ. Петруси расул маънидод кард, ки Масеҳ «ба ҳасби ҷисм кушта шуд, аммо ба ҳасби рӯҳ зинда гардид» (1 Петрус 3:18). Ин дар ҳақиқат мӯъҷизаи бузурге буд. Исо аз нав шахси пуриқтидори рӯҳӣ гашт. (1 Қӯринтиён 15:3–6-ро хонед.) Ӯ аввалин, ки ба ҷалоли чунин навъи эҳё сазовор шуд, вале ӯ охирин нест (Юҳанно 3:13). Аммо Исо ягона шахси бо чунин тарз эҳёшуда набуд.

23, 24. «Рамаи хурд»–и Исо аз киҳо иборат аст ва онҳо чанд нафаранд?

23 Пеш аз ба осмон баргаштанаш, Исо ба шогирдони бовафояш гуфт, ки меравад ва барои онҳо ҷой тайёр хоҳад кард (Юҳанно 14:2). Онҳоеро, ки ба осмон мераванд, ӯ «рамаи хурд» номид (Луқо 12:32). Шумораи масеҳиёни содиқ дар ин гурӯҳи нисбатан хурд чанд нафар аст? Мувофиқи Ваҳй 14:1, Юҳаннои расул мегӯяд: «Назар андохтам, ва инак, Барра [Исои Масеҳ] бар кӯҳи Сион истодааст, ва бо Ӯ саду чилу чор ҳазор нафар, ки бар пешониҳошон исми Падари Ӯ навишта шудааст».

24 Ин 144 000 нафари масеҳиён, аз он ҷумла расулони содиқи Исо ба ҳаёти осмонӣ эҳё мешаванд. Ин эҳёшавӣ кай оғоз мегардад? Павлуси расул навиштааст, ки он дар замони ҳузури Масеҳ рӯй хоҳад дод (1 Қӯринтиён 15:23, ТДН). Аз боби нӯҳ хоҳем фаҳмид, ки ин замона аллакай расидааст ва мо дар он зиндагӣ дорем. Бинобар ин, бақияи 144 000 нафаре, ки дар рӯзҳои мо мемиранд, худи ҳамон лаҳза ба ҳаёти осмонӣ эҳё мешаванд (1 Қӯринтиён 15:51–55). Лекин аксарияти одамон баъд аз эҳё гаштан имконияти зиндагӣ дар Биҳишти ояндаи рӯи заминро пайдо мекунанд.

25. Дар боби оянда чӣ муҳокима хоҳад шуд?

25 Бале, Яҳува дар ҳақиқат душмани мо — маргро абадан нест хоҳад кард! (Ишаъё 25:8-ро хонед.) Шояд тааҷҷуб намоед, ки “онҳое, ки ба ҳаёти осмонӣ эҳё мешаванд, дар он ҷо чӣ кор хоҳанд кард?» Онҳо ба ҳайати ҳукумати адолатманди осмонӣ дохил мешаванд. Дар бораи ин ҳукумат мо аз боби навбатӣ бештар хоҳем фаҳмид.

^ сарх. 19 Маълумоти бештар дар бораи «рӯзи доварӣ» ва асосҳо барои ҳукмҳои он дар замимаи «Рӯзи Қиёмат чӣ рӯзест?» оварда шудаанд.