БОБИ НУЗДАҲ
Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред
-
Дӯст доштани Худо чӣ маъно дорад?
-
Чӣ гуна худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доштан мумкин аст?
-
Ба онҳое ки дар муҳаббати Худо мемонанд, Ӯ чӣ ато хоҳад кард?
1, 2. Имрӯз паноҳгоҳи боэътимодро аз куҷо ёфта метавонем?
ТАСАВВУР кунед, ки рӯзе ҳангоми сайругаштатон авзои ҳаво беҷо шуд. Осмон торафт тиратар мегардад. Баъд аз дурахши барқу гулдурроси раъд, борони сел ба боридан сар мекунад. Бошитоб ба ҳар сӯ нигариста, шумо ҷои паноҳ меҷӯед. Ногоҳ, дар канори роҳ, паноҳгоҳи мувофиқе ба чашматон меафтад. Он ҷоро хушк ва бароҳат меёбед. Чӣ хуб аст, ки чунин ҷои гарм ёфт шуд!
2 ...Авзои замонае, ки мо зиндагӣ мекунем, низ ҳамин гуна беҷост. Вазъи ҷаҳон торафт бадтар шуда истодааст. Вале ба ҳар ҳол, паноҳгоҳи боэътимоде вуҷуд дорад, ки метавонад моро аз осеби бартарафнашаванда нигаҳ дорад. Он чӣ паноҳгоҳест? Ба суханони Китоби Муқаддас таваҷҷӯҳ кунед: «Дар ҳаққи Худованд мегӯям: “Ӯ паноҳгоҳи ман аст ва қалъаи ман; Худои ман аст, ки ба Ӯ таваккал мекунам”» (Забур 90:2).
3. Чӣ кор кунем, ки Яҳува паноҳгоҳи мо бошад?
3 Лаҳзае мулоҳиза намоед; Яҳува — Офаридгор Яҳудо 21). Бале, пайвандҳои дӯстиро бо Падари осмонӣ мустаҳкам намуда, бояд худро дар муҳаббати Худо нигоҳ дорем. Он гоҳ итминони комил дошта метавонем, ки Ӯ паноҳгоҳи мост. Аммо чӣ тавр чунин дӯстиро ба даст овардан мумкин аст?
ва Молики Даҳр метавонад паноҳгоҳи мустаҳками мо гардад! Ӯ ба ҳимояи мо қодир аст, зеро Вай аз ҳар касе ё чизе, ки ба мо осеб расонида метавонад, тавонотар мебошад. Ҳатто агар фалокате бо мо рӯй диҳад, Яҳува тайёр аст, ки зарари аз он расидаро пурра бартараф кунад. Чӣ кор кунем, ки Яҳува паноҳгоҳи мо бошад? Бояд ба Ӯ эътимод дошта бошем. Беш аз ин, Каломи Худо моро ташвиқ мекунад, ки «худро дар муҳаббати Худо нигоҳ дорем» (МУҲАББАТИ ХУДОРО ҚАДР НАМОЕД
4, 5. Намунаҳое оред, ки ба мо муҳаббат зоҳир кардани Яҳуваро нишон медиҳанд.
4 Барои он ки дар муҳаббати Худо бимонем, амалҳои Яҳуваро, ки аз рӯи муҳаббат ба мо мекунад, бояд бинем ва қадр намоем. Дар бораи баъзе аз таълимоти Китоби Муқаддас, ки тавассути ин китоб бо онҳо шинос шудед, андеша намоед. Чун Офаридгор, Яҳува ба мо манзили зебо — Заминро ато кард. Ӯ онро аз намудҳои гуногуни ғизо, об, боигариҳои табиӣ пур карда, бо олами аҷоиби ҳайвоноту манзараҳои зебои табиат орост. Ба воситаи Китоби Муқаддас, Худо моро бо исму хусусиятҳои худ ошно кард. Беш аз ин, Каломи Илоҳӣ ба мо ошкор месозад, ки Ӯ Писари маҳбуби худ Исои Масеҳро ба замин фиристод, ки ранҷ кашида, ҷони худро барои мо қурбон кард (Юҳанно 3:16). Чӣ аҳамияте дорад ин қурбонӣ барои мо? Он ба ояндаи хушбахтонаи мо умед мебахшад.
5 Умеди мо бар оянда ҳамчунин аз як амали дигари Худо анҷомдода вобаста аст. Яҳува ҳукумати осмонӣ — Салтанати Масеҳоиро барпо сохтааст. Он ба қарибӣ ба ҳамаи ранҷу азобҳо хотима медиҳад ва заминро ба биҳишт мубаддал мекунад. Лаҳзае тасаввур кунед; дар он ҷо мо метавонем хушбахтона дар сулҳу осоиштагӣ абадан зиндагӣ кунем! (Забур 36:29). Ҳоло бошад, Худо ҳидояте барои мо пешкаш мекунад, ки қодир аст худи ҳозир зиндагии моро беҳтар гардонад. Худо ҳамчунин ба мо имконияти дуогӯӣ, яъне бо Ӯ озодона муошират карданро ато намудааст. Инҳоянд баъзе аз намунаҳои сершуморе аз он ки Яҳува бар инсоният ва шахсан ба шумо муҳаббат зоҳир менамояд.
6. Бар муҳаббате ки Яҳува нисбати шумо зоҳир менамояд, чӣ гуна ҷавоб дода метавонед?
6 Саволи муҳиме дар миён аст, ки бар он ҷавоб бояд диҳем: “шахсан ман ба муҳаббати Яҳува Худо чӣ гуна ҷавоб медиҳам?” Бисёриҳо бар ин хоҳанд гуфт, ки “бояд Яҳуваро дӯст дорем”. Шумо низ дар чунин фикред? Исо–пайғамбар гуфтааст, ки аҳкоми бузургтарин ин аст: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор» (Матто 22:37). Бешубҳа шумо сабабҳои зиёде доред барои дӯст доштани Худо. Вале муҳаббате ки бо тамоми дилу ҷону ҳуш аст, магар танҳо эҳсоси дӯстдориро дар бар мегирад?
7. Оё муҳаббат ба Худо танҳо дар эҳсоси дӯстдорӣ зоҳир мешавад? Бифаҳмонед.
7 Чӣ тавре ки аз Китоби Муқаддас бармеояд, муҳаббат ба Худо чизест бештар аз эҳсосот. Аслан, ҳарчанд ки нисбати Яҳува эҳсос кардани муҳаббат зарур аст, ин эҳсосот танҳо ибтидои муҳаббати ҳақиқӣ ба Ӯ мебошад. Намунае меорем: донаи тухми себ барои рӯидани дарахти калони самаровар лозим аст, аммо худи донаи тухм танҳо «ибтидо»–и ин дарахт мебошад. Ва агар дилатон себ кашаду ба шумо танҳо донаи тухми онро пешниҳод кунанд, оё ба он қаноат мекунед? Ба гумон! Ба мисли ин, эҳсоси муҳаббат ба Яҳува Худо танҳо ибтидои муҳаббати аслист. Китоби Муқаддас таълим медиҳад: «Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест» (1 Юҳанно 5:3). Муҳаббати самимона нисбати Худо бояд меваҳои хуб ба бор оварад. Он бояд дар амал зоҳир шавад. (Матто 7:16–20-ро хонед.)
8, 9. Мо муҳаббат ва сипосгузории худро ба Худо чӣ тавр изҳор карда метавонем?
8 Бо итоат ба аҳкоми Худо ва бакорбарии принсипҳояш мо нисбати Ӯ муҳаббат зоҳир менамоем. Иҷроиши онҳо аз ҳад душвор нест. Қонунҳои Яҳува на танҳо гарон нестанд, балки онҳо ба манфиати мо, бо мақсади кӯмак барои хубтар Ишаъё 48:17, 18). Мувофиқи ҳидояти Худо зиндагӣ намуда, мо ба Ӯ барои ҳар некии дар ҳаққамон кардааш сипосгузор будани худро нишон медиҳем. Мутаассифона, имрӯз дар дунё каманд онҳое ки ба Худо ҳамин тавр миннатдорӣ зоҳир менамоянд. Мо намехоҳем, ки носипосу ношукр бошем,— ҳамон гунае ки ҳамзамонони ҳазрати Исо буданд. Ӯ даҳ махавиро шифо бахшид, вале барои изҳори ташаккур танҳо яке аз онҳо баргашт (Луқо 17:12–17). Албатта мо мехоҳем монанди ин шахси шукргузор бошем, на мисли нӯҳ нафари носипос!
кардани зиндагиамон дода шудаанд (9 Хуб, аҳкоми Худо ки онҳоро бояд ба ҷо оварем, кадоманд? Дар сӯҳбатҳои сари ин китоб мо бисёре аз онҳоро муҳокима кардем, лекин биёед бори дигар баъзеашонро такрор намоем. Иҷроиши аҳкоми Худо моро кӯмак хоҳад кард, то худро дар муҳаббати Худо нигаҳ дорем.
БА ЯҲУВА НАЗДИКТАР ШАВЕД
10. Бифаҳмонед, ки чаро дар бораи Яҳува Худо дониш гирифтанро давом додан муҳим аст.
10 Барои наздиктар шудан ба Яҳува дар бораи Ӯ дониш Масалҳо 2:1–5).
гирифтан хеле муҳим аст. Донишомӯзӣ дар бораи Худо корест, ки охир надорад. Агар шомгаҳе, дар ҳавои хунук дар берун бимонед, оё мегузоред, ки оташи гулхане ки шуморо гарм мекунад, хомӯш гардад? — Не. Ба гулхан ҳезумпартоиро давом дода, шумо алангаи равшаниву гармидиҳандаро нигоҳ медоред. Охир дар он лаҳза ҳаёти шумо аз гармии он вобаста мебуд! Мисли ҳезуме ки оташи гулханро фурӯзон нигаҳ медорад, «дониши Худо» муҳаббати шуморо ба Ӯ қавӣ нигаҳ хоҳад дошт (11. Суханони Исо чӣ асаре ба шогирдон гузоштанд?
11 Исо–пайғамбар мехост, ки пайравони ӯ оташи муҳаббати худро ба Яҳува ва Каломи бебаҳои Ӯ фурӯзону сӯзон нигаҳ доранд. Пас аз эҳё шуданаш, Исо ба ду шогирди худ баъзе пешгӯиҳои Навиштаҳои Иброниро, ки дар ӯ иҷро шудаанд, фаҳмонд. Ин чӣ асаре ба шогирдон гузошт? Чунинанд суханони дертар гуфтаи онҳо: «Ва онҳо ба якдигар гуфтанд: “Оё дили мо дар даруни мо намесӯхт, вақте ки Ӯ дар роҳ ба мо сухан меронд ва Навиштаҳоро ба мо мефаҳмонд?”» (Луқо 24:32).
12, 13. a) Муносибати аксарияти одамони имрӯза ба Худо ва Каломи Ӯ чӣ гуна аст? б) Чӣ тавр метавонем муҳаббат ба Худоро аз сардшавӣ эмин дорем?
12 Ҳангоме ки бори аввал таълимоти Китоби Муқаддасро фаҳмидед, оё оташи шодиву ғайрат ва муҳаббат ба Худо дар дилатон фурӯзон нашуд? — Шубҳае нест, ки шуд. Чунин эҳсосот дар қалби бисёриҳо ҷой дошт. Акнун мақсад ин аст, ки оташи муҳаббатамонро ба Худо зинда нигаҳ дорем ва онро бузургтар гардонем. Мо ба самте ки ҷаҳони имрӯза равон аст, рафтан намехоҳем. Исо пешгӯӣ карда буд, ки «муҳаббати бисёр касон сард хоҳад шуд» (Матто 24:12). Чӣ тавр шумо метавонед муҳаббати худро нисбати Яҳува ва ҳақиқати Китоби Муқаддас аз сардшавӣ эмин доред?
13 Дар бораи Яҳува ва Исои Масеҳ фаҳмиданро давом диҳед (Юҳанно 17:3). Дар хусуси он чизе ки аз Каломи Худо омӯхтед, мулоҳиза ронед. Ба худ савол диҳед, ки «аз ин пораи Китоби Муқаддас ман дар бораи Яҳува Худо чӣ меомӯзам?; он ба ман чӣ сабаби иловагие барои бо тамоми дилу ҷону ҳуш дӯст доштани Худо медиҳад?» (Забур 142:5-ро хонед.) Ин гуна мулоҳизаронӣ муҳаббати шуморо ба Яҳува гарму фурӯзон нигаҳ медорад.
14. Чӣ тавр дуо дар зинда нигаҳ доштани муҳаббати мо ба Яҳува кӯмак карда метавонад?
1 Таслӯникиён 5:17). Аз боби 17–и ин китоб омӯхта будем, ки дуо атои гаронбаҳоест аз ҷониби Худо ба мо. Чӣ тавре ки муоширати ошкорову мунтазам одамонро ба ҳам наздиктар мегардонад, дуоҳои мунтазами мо ба Яҳува муносибати байни мову Ӯро гармтар месозанд. Бояд ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки дуоҳои мо рӯякию сарсарӣ шаванд, яъне аз гаштаву баргашта беэҳсосоту маънӣ такрор кардани калимаҳои одатӣ иборат бошанд. Дуои мо ба Яҳува бояд ба гуфтугӯи кӯдак бо падари дӯстдораш шабоҳат дошта бошад. Албатта бо Худо боэҳтиромона сухан бояд гуфт, вале дар айни замон ошкорову ростқавлона ва бо самимият (Забур 61:9). Бале, омӯзиши шахсии Китоби Муқаддас ва дуоҳои самимӣ ҷанбаҳои муҳими ибодати мо мебошанд ва барои дар муҳаббати Худо мондан ба мо кӯмак менамоянд.
14 Роҳи дигари фурӯзон нигаҳ доштани оташи муҳаббат ба Яҳува — мунтазам дуо гуфтан аст (ДАР ХИДМАТИ ХУДО ХУРСАНДӢ ЁБЕД
15, 16. Чаро ба кори мавъизаи Салтанат воқеан чун ба афзалият ва ганҷе нигариста метавонем?
15 Омӯзиши Китоби Муқаддас ва дуогӯӣ он ҷанбаҳои ибодат мебошанд, ки мо шахсан худ ба ҷо меорем. Ҳоло бошад, биёед ба он ҷанбаҳои ибодат таваҷҷӯҳ кунем, ки ба таври оммавӣ ба ҷо оварда мешаванд, масалан, ба дигарон нақл кардани эътиқодамон. Оё шумо то ҳоло ҳақиқати Китоби Муқаддасро ба дигарон нақл кардаед? Ин амал афзалияти бузургест барои мо (Луқо 1:74, 75). Ҳақиқати дар бораи Яҳува Худо омӯхтаамонро ба дигарон нақл карда, мо супориши муҳимтарини ба ҳамаи ходимони ҳақиқии Худо додашударо иҷро менамоем, яъне хушхабари Салтанати Худоро мавъиза мекунем. (Матто 24:14; 28:19, 20-ро хонед.)
16 Павлуси расул хидмат ба Худоро бағоят қадр мекард, ҳатто онро «ганҷ» номидааст ӯ (2 Қӯринтиён 4:7). Ба дигарон дар бораи Яҳува Худо ва мақсуди Ӯ нақл кардан — беҳтарин амалест, ки карда метавонед. Ин хидмат ба Хоҷаи беҳтарин аст ва самари он низ муфидтарин мебошад. Бо ширкат дар ин хидмат, мо ба одамони самимӣ кӯмак мерасонем, ки ба Падари осмониамон наздик шаванд ва бо роҳе ки сӯи ҳаёти ҷовидонӣ мебарад, раҳсипор гарданд. Магар коре ҳаст, ки беш аз ин қаноатманд кунад? Беш аз ин, шаҳодат дар бораи Яҳува ва Каломи Ӯ имони худи шуморо қавӣ ва муҳаббататонро нисбати Ӯ афзун мегардонад. Яҳува кӯшишҳои шуморо хело қадр мекунад (Ибриён 6:10). Машғули чунин хидмат будан ба шумо барои мондан дар муҳаббати Худо кӯмак мерасонад. (1 Қӯринтиён 15:58-ро хонед.)
17. Чаро имрӯз кори мавъизаи Салтанат таъхирнопазир аст?
17 Дар хотир бояд дошт, ки мавъизаи Салтанат кори таъхирнопазир мебошад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Каломро мавъиза кун, дар ин кор бетаъхир бош» (2 Тимотиюс 4:2, ТДН). Чаро ин кор имрӯз таъхирнопазир аст? Китоби Муқаддас ҷавоб медиҳад: «Рӯзи бузурги Худованд наздик аст, он наздик аст ва хело мешитобад» (Сафанё 1:14). Бале, вақте, ки Яҳува ба ин тартиботи шарирона хотима гузоштанист, ба зудӣ фаро расида истодааст. Одамонро аз ин огоҳ бояд кард! Онҳо бояд бидонанд, ҳоло вақти он аст, ки Яҳуваро чун Ҳокими Олии худ эътироф намоянд. Анҷоми ин тартибот «ҳатман ба амал хоҳад омад, таъхир нахоҳад кард [«дер нахоҳад монд», ТДН]» (Ҳабаққуқ 2:3).
18. Чаро Яҳува Худоро бояд ошкоро дар якҷоягӣ бо ходимони ҳақиқиаш ибодат намоем?
18 Яҳува мехоҳад, ки мо Ӯро дар якҷоягӣ бо ҷамоати ходимони ҳақиқиаш ошкоро ибодат кунем. Барои ҳамин дар Каломи Ӯ гуфта мешавад: «Диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем, ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рӯзро мебинед» (Ибриён 10:24, 25). Вохӯриҳо бо ҳамимонон ба мо имконияти хуберо барои ҳамду ибодати Худои меҳрубонамон фароҳам меоранд. Дар онҳо мо ҳамчунин ҳамдигарамонро рӯҳбаланд ва дастгирӣ менамоем.
19. Чӣ тавр мо ба мустаҳкам гаштани пайвандҳои муҳаббат ва дӯстӣ дар ҷамоат мусоидат карда метавонем?
19 Муошират бо ходимони дигари Яҳува пайвандҳои муҳаббат ва дӯстиро дар ҷамоат мустаҳкам мегардонад. Муҳим аст, ки мо ба хусусиятҳои мусбати ҳамимононамон аҳамият диҳем, ҳамон гунае ки Яҳува чизи некеро дар мо меҷӯяд. Аз ҳамимонони худ комилият талаб накунед. Дар хотир доред, ки ҳама дар зинаҳои гуногуни инкишофи рӯҳонӣ қарор доранд ва ҳар яки мо хато мекунем. (Қӯлассиён 3:13-ро хонед.) Бикӯшед, то бо онҳое ки Яҳуваро хеле дӯст медоранд, риштаҳои дӯстӣ бандед ва дархоҳед ёфт, ки ин ба рӯҳан баркамол шудани шумо мусоидат мекунад. Бале, ибодати Яҳува бо хоҳару бародарони рӯҳонӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки дар муҳаббати Худо бимонед. Яҳува онҳоеро ки содиқона ба Ӯ хидмат намуда, дар муҳаббати Вай мемонанд, чӣ тавр сарфароз хоҳад кард?
«ҲАЁТИ АСИЛ»–РО БА ДАСТ ОВАРЕД
20, 21. «Ҳаёти асил» чист ва чаро он умеди олиест?
20 Яҳува ходимони содиқашро бо ҳаёт сарфароз мекунад, аммо бо чӣ гуна ҳаёт? Магар ҳоло мо ҳаёт ба сар намебарем? Аксарият хоҳанд гуфт, ки ҷавоби ин савол равшан аст, охир ҳар яки мо нафас мекашем, мехӯрему менӯшем. Албатта мо зиндагӣ мекунем ва дар лаҳзаҳои ширини ҳаётамон ҳатто хитоб менамоем, ки “Ана ин аст зиндагӣ!”. Лекин Китоби Муқаддас ишора мекунад, ки имрӯз касе ба маънои том зиндагӣ намекунад.
21 Китоби Муқаддас моро ташвиқ мекунад, ки «ҳаётеро, ки ҳаёти асил аст, ба даст» оварем (1 Тимотиюс 6:19, ТДН). Аз ин суханон бармеояд, ки «ҳаёти асил» чизест, ки танҳо дар оянда ба даст оварда метавонем. Бале, ҳамин ки комил шудем, ба маънои пурраи калимаи «ҳаёт» зиндагӣ хоҳем намуд, ҳамон тавре ки Худо аз аввал ният карда буд. Ҳангоме ки дар Биҳишт ба саломатии комил, осудагӣ ва хушбахтӣ мерасем, мо охируламр аз «ҳаёти асил» — зиндагии ҷовидона баҳра хоҳем бурд (1 Тимотиюс 6:12). Чӣ умеди олие!
22. «Ҳаёти асил»–ро чӣ гуна ба даст овардан мумкин аст?
22 «Ҳаёти асил»–ро чӣ тавр ба даст овардан мумкин аст? Пеш аз ин суханҳо Павлуси расул масеҳиёнро ташвиқ намуд, то «некӣ кунанд ва аз аъмоли нек сарватманд шаванд» (1 Тимотиюс 6:18). Пас, бисёр чиз вобастагӣ аз он дорад, ки мо дониши аз Каломи Худо гирифтаамонро чӣ гуна ба кор мебарем. Вале оё Павлус дар назар дошт, ки «ҳаёти асил»–ро мо ба туфайли аъмоли некамон ноил мегардем? Не, чунки арзиши зиндагии ҷовидона он қадар зиёд аст ки ҳеҷ яке аз мо наметавонад баҳои онро бипардозад. Ин имконияти наҷиб бароямон танҳо ба туфайли лутфу марҳамати Худо фароҳам шудааст (Румиён 5:15). Ба ҳар ҳол, Яҳува ба онҳое ки ба Ӯ содиқона хидмат мекунанд, бахшидани инъомро дӯст медорад. Ӯ хоҳони он аст, ки шумо «ҳаёти асил» ба сар баред. Онҳое ки худро дар муҳаббати Худо нигаҳ медоранд, метавонанд ҳаёти осудаҳолонаву хушбахтона ва абадиро интизор бошанд.
23. Чаро муҳим аст, ки дар муҳаббати Худо бимонем?
23 Хуб мешуд, ки ҳар яки мо аз худ бипурсад: «Оё ман ба Худо бо тарзе, ки худи Ӯ дар Китоби Муқаддас нишон додааст, ибодату хидмат мекунам?» Агар рӯз ба рӯз ҷавоби мо ба ин савол мусбат бошад, пас роҳе ки равонаем, дуруст аст. Мо метавонем мӯътақид бошем, ки Яҳува — паноҳгоҳи мост. Ӯ ходимони содиқашро дар ин замонаҳои нотинҷ, дар арафаи фарҷоми тартиботи шарирона, дар паноҳи Худ нигаҳ хоҳад дошт. Яҳува ҳамчунин моро дар амонат ба дунёи нави пурҷалол, ки бо тартиботи нав хоҳад буд ва омаданаш қариб аст, мегузаронад. То чӣ андоза ҳаяҷоновар хоҳад буд дидани он вақт! Ва мо чӣ қадар хурсанд хоҳем буд аз интихоби дурусте, ки дар ин рӯзҳои охир кардем! Агар ҳоло чунин интихоби дуруст карда бошед, шумо «ҳаёти асил»–ро ба даст меоред ва ҳамон тавре ки Яҳува ният кардааст, ҷовидона аз он баҳравар мегардед!