Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 2

Китоби Муқаддас умед мебахшад

Китоби Муқаддас умед мебахшад

Дар саросари ҷаҳон одамон ба бисёр мушкилиҳо дучор шуда зиқу рӯҳафтода мешаванд ва дарду азоб мекашанд. Оё ин гуна ҳиссиёт ба шумо шинос аст? Шояд, шумо аз ягон беморӣ азоб кашед ё шахси наздикатонро аз даст дода бошед. Эҳтимол, шумо фикр кунед: «Оё ягон вақт ҳаёт беҳтар мешавад?» Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоби тасаллибахш медиҳад.

1. Чӣ тавр Китоби Муқаддас ба мо умед мебахшад?

Дар Китоби Муқаддас на танҳо дар бораи сабаби сар задани душвориҳо гуфта шудааст, дар он инчунин қайд мешавад, ки онҳо дер давом намекунанд ва ба наздикӣ пурра бартараф мегарданд. Ваъдаҳои Китоби Муқаддас дар бораи оянда ба мо умед мебахшад. (Ирмиё 29:11, 12-ро хонед.) Ин ваъдаҳо кумак мекунанд, ки аллакай имрӯз ба душвориҳо тоб орем, рӯҳафтода нагардем ва хушбахтии бардавом дошта бошем.

2. Китоби Муқаддас дар бораи оянда чӣ мегӯяд?

Мувофиқи Каломи Худо дар оянда «марг... гиря, фиғон ва дард дигар намешавад». (Ошкорсозӣ 21:4-ро хонед.) Камбағалӣ, беинсофию ноҳаққӣ, беморӣ ва марг, ки бисёриҳоро имрӯз аз зиндагӣ дилхунук кардаанд, нест мешаванд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки одамон дар биҳишти рӯйи замин то абад хушбахтона зиндагӣ мекунанд.

3. Чӣ тавр бовариамонро ба ваъдаҳои Китоби Муқаддас қавӣ гардонем?

Бисёр одамон ба ояндаи нек умед банданд ҳам, дилпур нестанд, ки ин умеду орзуяшон ягон вақт ҷомаи амал мепӯшад. Лекин ваъдаҳои Китоби Муқаддас ба бовар кардан меарзанд, чунки онҳо ҳатман иҷро мешаванд. Агар мо Навиштаҳои Муқаддасро бодиққат омӯзем, бовариамон ба ваъдаҳои Худо қавитар мегардад (Корнома 17:11). Вақте шумо Каломи Худоро меомӯзед, худатон қарор карда метавонед, ки ба ваъдаҳои он бовар кунед ё не.

БЕШТАР ФАҲМЕД

Бо баъзе ваъдаҳои Китоби Муқаддас шинос шавед. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр умед ба оянда имрӯз ба одамон кумак мерасонад.

4. Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки мо дар шароити беҳтарин ҷовидона зиндагӣ мекунем

Ба ваъдаҳои Китоби Муқаддас, ки дар поён омадааст, назар кунед. Кадом ваъда ба шумо бештар маъқул аст ва чаро?

Оятҳои поёнро хонед ва дар бораи саволҳои зерин андеша кунед:

  • Оё ин оятҳо ба шумо умед мебахшанд? Ба аҳли оила ва дӯстонатон-чӣ?

Худро дар дунёе тасаввур кунед, ки

ҲЕҶ КАС...

ҲАМА...

  • дарду ғамро намебинад, пир намешавад ва намемирад (Ишаъё 25:8).

  • бо чашмони худ мебинанд, ки чӣ тавр наздиконашон дар рӯйи замин зинда мешаванд (Юҳанно 5:28, 29).

  • соқу саломат ва бардаму бақувват мегарданд (Айюб 33:25).

  • аз ҷангу муноқиша азоб намекашад (Забур 46:9).

  • ҳаёти тинҷу ором ба сар мебаранд (Забур 37:11).

  • аз хотираҳои бад ғамгин намешавад (Ишаъё 65:17).

  • дар шароити беҳтарин то абад зиндагӣ мекунанд (Забур 37:29).

5. Ваъдаҳои Калом аллакай имрӯз ба мо кумак мекунанд

Бисёр одамон душвориҳои гирду атрофро дида зиқ мешаванд ва ҳатто ба хашму ғазаб меоянд. Баъзеҳо барои беҳтар кардани ҳаёт мубориза мебаранд. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр ваъдаҳои Каломи Худо аллакай имрӯз ба одамон кумак мекунанд. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Рафикаро чӣ гуна беадолатӣ ба ташвиш меовард?

  • Ҳарчанд ин беадолатӣ бартараф нашуд, чӣ тавр Китоби Муқаддас ба ӯ кумак кард?

Ваъдаҳое, ки Китоби Муқаддас дар бораи оянда медиҳад, кумак мекунанд, ки рӯҳафтода нашавем ва новобаста ба мушкилиҳо хурсандиро нигоҳ дорем. Панднома 17:22 ва Румиён 12:12-ро хонда, якҷоя саволҳои зеринро дида бароед:

  • Оё ваъдаҳои Китоби Муқаддас дар бораи оянда аллакай имрӯз ҳаёти шуморо беҳтар гардонда метавонанд? Фаҳмонед.

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Ваъдаҳои Китоби Муқаддас дар бораи оянда афсонаанду халос».

  • Ба фикри шумо, ваъдаҳои Китоби Муқаддас боварибахшанд? Фаҳмонед.

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Китоби Муқаддас дар бораи оянда ваъдаҳои тасаллибахш медиҳад. Ба туфайли ин ваъдаҳо мо умед пайдо мекунем ва ҳаётамон аллакай имрӯз беҳтар мегардад.

Такрор

  • Чаро одамон ба хабари умедбахш ниёз доранд?

  • Китоби Муқаддас дар бораи оянда чӣ мегӯяд?

  • Чӣ тавр умед ба оянда ба шумо аллакай имрӯз кумак мекунад?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Фаҳмед, ки чӣ тавр дар лаҳзаҳои душвор умед ба шумо кумак карда метавонад.

«Умедро аз куҷо ёфтан мумкин аст?» («Бедор шавед!», 22 апрели с. 2004)

Ҳангоми тамошои ин видеонавор худро бо аҳли оилаатон дар биҳишти ваъдашуда тасаввур кунед.

«Пеши назар ор» (3:37)

Бо саргузашти марде шинос шавед, ки дар шӯришҳо иштирок мекард. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр умед ҳаёти ӯро дигар кард.

«Ҳоло фикри дунёро тағйир додан ҳатто ба гӯшаи хаёлам намеояд» («Бурҷи дидбонӣ», 1 июли с. 2013)