Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 21

Хушхабар чӣ тавр паҳн карда мешавад?

Хушхабар чӣ тавр паҳн карда мешавад?

Ба наздикӣ Яҳува Подшоҳияшро истифода бурда тамоми душвориҳои моро яктарафа мекунад. Ин хабари хурсандибахшро бояд ҳама шунаванд. Аз ин рӯ Исо ба пайравонаш фармуд, ки онро ба дигарон нақл кунанд (Матто 28:19, 20). Биёед фаҳмем, ки чӣ тавр Шоҳидони Яҳува ин амри Исоро иҷро мекунанд.

1. Чӣ тавр гуфтаҳои Матто 24:14 имрӯз иҷро мегарданд?

Исо пешгӯйӣ карда буд: «Ин хушхабари Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон мешавад» (Матто 24:14). Шоҳидони Яҳува хурсанданд, ки дар ин кори муҳим саҳм гузошта метавонанд. Мо дар саросари ҷаҳон хабари хушро ба зиёда аз 1000 забон паҳн карда истодаем. Ин кори бузург вақту қуввати зиёдро металабад ва бояд нағз ташкил карда шавад. Вале бе кумаки Яҳува ин корро анҷом додан номумкин аст.

2. Хушхабар бо кадом роҳҳо паҳн карда мешавад?

Мо паёми Худоро дар ҳар ҷойе, ки одамонро вохӯрдан мумкин аст, гап мезанем. Монанди масеҳиёни асри як мо хушхабарро «хона ба хона гашта», паҳн менамоем (Корнома 5:42). Бо ин роҳ ҳар сол миллионҳо одамон хабари хушро мешунаванд. Азбаски одамонро дар хонаашон на ҳама вақт ёфтан мумкин аст, кори паҳн кардани хушхабар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ ба роҳ монда шудааст. Ҳамин тавр, мо ҳар як фурсатро истифода бурда, ба одамон дар бораи Яҳува ва нияташ нақл мекунем.

3. Кӣ бояд хушхабарро паҳн кунад?

Ҳар як пайрави Исо уҳдадор аст, ки хабари хушро ба дигарон расонад. Барои ҳамин мо ба ин кор хунукназарӣ намекунем. Мо, ҳар қадаре аз дастамон ояд, ҷидду ҷаҳд мекунем, зеро медонем, ки ин хабар дари наҷотро ба рӯйи одамон боз мекунад. (1 Тимотиюс 4:16-ро хонед.) Мо барои паёми Худоро расондан пул намегирем, чунки дар Калом гуфта шудааст: «Муфт ёфтаед, муфт бидиҳед» (Матто 10:7, 8). Ҳарчанд на ҳама одамон хабари хушро гӯш мекунанд, мо ин кори наҷотбахшро бас намекунем, зеро он қисми парастиши мост ва Яҳуваро хурсанд мегардонад.

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки Шоҳидони Яҳува барои паҳн кардани хушхабар боз чӣ кор мекунанд ва чӣ тавр Яҳува онҳоро дастгирӣ мекунад.

4. Мо кӯшиш мекунем, ки ба ҳама хушхабарро расонем

Шоҳидони Яҳува дар тамоми дунё ба одамон хушхабарро мерасонанд. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Вақте мебинед, ки Шоҳидони Яҳува барои паҳн кардани хушхабар чӣ кӯшишҳо мекунанд, аз чӣ ба ҳайрат меоед?

Матто 22:39 ва Румиён 10:13–15-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

  • Чӣ тавр аз хизматамон маълум мегардад, ки мо одамонро дӯст медорем?

  • Онҳое, ки хушхабарро эълон мекунанд, дар назари Яҳува чӣ гунаанд? (Нигаред ба ояти 15.)

5. Мо ҳамкорони Худоем

Бисёр воқеаҳо исбот мекунанд, ки Яҳува эълон шудани хушхабарро роҳнамоӣ мекунад. Масалан, дар Зеландияи Нав бародар Паул ҳангоми хизмати хона ба хона занеро вохӯрд. Он зан нақл кард, ки саҳарии ҳамон рӯз ӯ номи Худо, Яҳуваро, ба забон гирифта дуо гуфтааст, ки ягон кас ӯро хабар гирад. «Баъд аз се соат бошад, ман дари ӯро тақ-тақ кардам»,— мегӯяд Паул.

1 Қӯринтиён 3:9-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Чӣ тавр воқеае, ки дар Зеландияи Нав рӯй дод, ва воқеаҳои ба он монанд нишон медиҳанд, ки Яҳува эълон шудани хушхабарро роҳнамоӣ мекунад?

Корнома 1:8-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Чаро барои ба ҷо овардани хизматамон мо ба кумаки Яҳува муҳтоҷем?

Оё шумо медонистед?

Дар вохӯриҳои миёнаи ҳафта мо расондани хушхабарро таълим мегирем. Агар шумо ба чунин вохӯриҳо рафта бошед, фикратонро дар бораи ин барномаи таълим бигӯед.

6. Мо ба амри Худо итоат карда хушхабарро паҳн мекунем

Дар асри як душманон кӯшиш мекарданд, ки пеши роҳи паҳн шудани хушхабарро гиранд. Он вақт пайравони Исо мекӯшиданд «ҳуқуқи паҳн кардани» хушхабарро ба даст оранд (Филиппиён 1:7). Имрӯз низ Шоҳидони Яҳува чунин мекунанд a.

Корнома 5:27–42-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:

  • Чаро мо паҳн кардани хушхабарро давом медиҳем? (Нигаред ба оятҳои 29, 38 ва 39.)

БАЪЗЕҲО МЕПУРСАНД: «Чаро Шоҳидони Яҳува хона ба хона мегарданд?»

  • Шумо чӣ ҷавоб медиҳед?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Исо ба пайравонаш амр дод, ки ба тамоми халқҳо хушхабарро эълон кунанд. Яҳува дар ин кор ба халқаш кумак мекунад.

Такрор

  • Чӣ тавр хушхабар дар тамоми дунё паҳн мешавад?

  • Чӣ тавр хизматамон нишон медиҳад, ки мо одамонро дӯст медорем?

  • Ба фикратон, расондани хушхабар хурсандӣ оварда метавонад? Фаҳмонед.

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Бинед, ки чӣ тавр Шоҳидони Яҳува дар шаҳрҳои калон хушхабарро паҳн мекунанд.

«Хизмат дар истгоҳҳои метрои Париж» (5:11)

Чӣ тавр Шоҳидони Яҳува паёми Худоро ба гурезагон мерасонанд?

«Гурезагон аз шунидани хушхабар қуввати тоза мегиранд» (5:59)

Аз даҳони ходими пурравақт шунавед, ки хизматаш ба ӯ чӣ хурсандӣ меорад.

«Шодам, ки ин роҳро пеш гирифтам» (6:29)

Фаҳмед, ки ғолибият дар судҳо чӣ тавр ба паҳн гаштани хушхабар мусоидат намуд.

«Воизони Подшоҳии Худо ба суд муроҷиат мекунанд» («Подшоҳии Худо ҳукмронӣ мекунад!», боби 13)

a Мо ин хизматро бо амри Худо ба ҷо меорем. Барои ҳамин, давлатдорон зид бошанд ҳам, Шоҳидони Яҳува хушхабарро паҳн мекунанд.