Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 34

Чӣ тавр муҳаббатамонро ба Яҳува нишон диҳем?

Чӣ тавр муҳаббатамонро ба Яҳува нишон диҳем?

Оё шумо баъди сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас худро ба Худо наздиктар ҳис кардед? Оё мехоҳед пайванди дӯстиатонро бо ӯ боз ҳам қавитар гардонед? Пас, дар ёд доред, ки, ҳар қадаре меҳри ӯ дар дилатон афзудан гирад, ҳамон қадар муҳаббату ғамхории ӯ ба шумо зиёд мешавад. Шумо муҳаббататонро ба ӯ чӣ хел нишон дода метавонед?

1. Чӣ хел ба Яҳува нишон диҳем, ки ӯро дӯст медорем?

Мо меҳру муҳаббатамонро ба Худо бо итоаткорӣ нишон медиҳем. (1 Юҳанно 5:3-ро хонед.) Яҳува моро маҷбур намекунад, ки ба ӯ гӯш диҳем. Ӯ ба ҳар яки мо озодӣ додааст, то интихоб кунем, ки ба ӯ итоат мекунем ё не. Барои чӣ Яҳува ихтиёрро ба дасти худи мо додааст? Ӯ мехоҳад, ки мо аз муҳаббат фармонбардор бошем, яъне «аз таҳти дил итоат» кунем, на аз маҷбурӣ (Румиён 6:17). Фасли 3 ва 4-и ин китоб нишон медиҳад, ки бо кадом корҳо шумо метавонед дили Яҳуваро хурсанд кунед ва аз кадом корҳо бояд дурӣ ҷӯед, то ӯро наранҷонед.

2. Чаро баъзан Яҳуваро гӯш кардан душвор аст?

«Азобҳои росткор зиёд аст» (Забур 34:19). Ҳамаи мо гунаҳкорему аз ин азоб мекашем. Ҳамчунин баъзан бепулӣ, беадолатӣ ва дигар мушкилиҳо моро ба танг меоранд. Вақте мо бо сахтиҳо рӯ ба рӯ мешавем, иҷро кардани гуфти Яҳува на ҳамеша осон аст. Ба роҳи хато рафтан бисёр вақт чандон душвор нест, вале, вақте шумо аз таҳти дил гуфтаҳои Яҳуваро ба ҷо меоред, нишон медиҳед, ки ӯро аз ҳама чиз бештар дӯст медоред ва ба ӯ вафодоред. Ӯ низ ба шумо меҳру вафо карда, ҳеҷ гоҳ шуморо намепартояд. (Забур 4:3-ро хонед.)

БЕШТАР ФАҲМЕД

Фаҳмед, ки чаро Яҳува итоаткории шуморо қадр мекунад ва чӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки ба ӯ вафодор бошед.

3. Масъалае, ки ба шумо дахл дорад

Дар китоби Айюб дар бораи он гуфта мешавад, ки Шайтон на фақат Айюб, балки тамоми парастандагони Яҳуваро айбдор намуд. Айюб 1:1, 6–2:10-ро хонда, саволҳои зеринро дида бароед:

  • Чӣ тавр Шайтон итоаткории Айюбро зери шубҳа гузошт? (Нигаред ба Айюб 1:9–11.)

  • Шайтон дар бораи тамоми одамон, аз он ҷумла дар бораи шумо, чӣ гуфтааст? (Нигаред ба Айюб 2:4.)

Қисми дуюми Айюб 27:5-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Чӣ тавр Айюб исбот кард, ки Яҳуваро ҳақиқатан дӯст медорад?

Айюб ба Яҳува вафодор монда, муҳаббаташро ба ӯ исбот кард

Ба Яҳува вафодор монда, мо исбот мекунем, ки ӯро дӯст медорем

4. Дили Яҳуваро шод гардонед

Панднома 27:11-ро хонед ва якҷоя саволҳои зеринро дида бароед:

  • Вақте шумо аз рӯйи хирад амал намуда, ба Яҳува гӯш меандозед, ӯ чӣ ҳис мекунад? Итоаткории мо ба ӯ чӣ имкон медиҳад?

5. Шумо метавонед ба Яҳува вафодор монед

Мо Яҳуваро дӯст медорем, барои ҳамин мехоҳем, ки дигарон низ дар бораи ӯ донанд. Агар ба ӯ вафодор будан хоҳем, инро ҳатто вақте мекунем, ки осон нест. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас якҷоя саволҳои зеринро дида бароед:

  • Оё баъзан чунин мешавад, ки дар бораи Яҳува гап задан бароятон душвор аст?

  • Чӣ ба Грейсон ёрдам кард, ки бар тарсаш дастболо шавад?

Агар мо он чиро, ки Яҳува дӯст медорад, дӯст дорем ва он чиро, ки ӯ бад мебинад, бад бинем, ба ӯ вафодор монданамон осон мешавад. Забур 97:10-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:

  • Баъзе чизҳое, ки Яҳува дӯст медорад ё бад мебинад, кадоманд?

  • Чӣ тавр мо дӯст доштани некӣ ва бад дидани бадиро омӯхта метавонем?

6. Итоат кардан ба Яҳува ба фоидаи худи мост

Итоаткорӣ ба Яҳува ҳеҷ гоҳ пушаймонӣ намеорад. Ишаъё 48:17, 18-ро хонед ва якҷоя саволҳои зеринро дида бароед:

  • Оё шумо бовар доред, ки Яҳува медонад, ки чӣ бароямон беҳтар аст? Фаҳмонед.

  • Шумо аз омӯзиши Китоби Муқаддас ва таълим гирифтан дар бораи Худои ҳақиқӣ, Яҳува, чӣ фоида гирифтед?

БАЪЗЕҲО МЕПУРСАНД: «Оё рафтори мо Худоро хурсанд карда метавонад?»

  • Шумо кадом оятро истифода бурда, нишон дода метавонед, ки рафтори мо Яҳуваро хурсанд ё зиқ мекунад?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Шумо муҳаббататонро ба Яҳува бо он нишон медиҳед, ки дар вақти душвориҳо низ ба ӯ вафодору итоаткор мемонед.

Такрор

  • Шумо аз намунаи Айюб чӣ омӯхтед?

  • Чӣ тавр шумо муҳаббататонро ба Яҳува нишон дода метавонед?

  • Чӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки ба Яҳува вафодор монед?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Фаҳмед, ки чӣ тавр шумо ба Яҳува ва парастандагонаш вафодор буда метавонед.

«Ба вафодор ту вафо мекунӣ» (16:49)

Дида бароед, ки чӣ тавр ҳатто хурдсолон метавонанд муҳаббаташонро ба Яҳува нишон диҳанд.

«Яҳуваро хурсанд кун» (8:16)

Чӣ тавр ҷавонон метавонанд ба фишори ҳамсолонашон тоб оварда, ба Яҳува вафодор монанд?

«Ба таъсири бади ҳамсолон дода нашав!» (3:59)