ДАРСИ 54
«Ғуломи бовариноку боандеша»
Исои Масеҳ сардори ҷамоат аст (Эфсӯсиён 5:23). Ӯ аз осмон пайравонашро, ки дар рӯйи замин зиндагӣ мекунанд, ба воситаи «ғуломи бовариноку боандеша» роҳнамоӣ мекунад. (Матто 24:45-ро хонед.) Ҳарчанд ин «ғулом» аз тарафи Исои Масеҳ таъйин шудаасту ба андозае қудрат дорад, ба Масеҳ фармонбардор аст ва хизмати тадҳиншудагонро ба ҷо меорад. Ин ғулом кист ва ӯ ба мо чӣ тавр ғамхорӣ мекунад?
1. «Ғуломи бовариноку боандеша» кист?
Яҳува ҳама вақт мардони алоҳида ё як гурӯҳ мардонро истифода бурда, халқашро роҳнамоӣ мекард (Малокӣ 2:7; Ибриён 1:1). Баъд аз марги Исои Масеҳ расулон ва пирони Ерусалим роҳбариро бар уҳда доштанд (Корнома 15:2). Имрӯз низ гурӯҳи хурди пирон, ки Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува номида мешаванд, халқи Худоро бо хӯроки рӯҳонӣ таъмин мекунанд ва эълон кардани хушхабарро пеш мебаранд. Ин гурӯҳ «ғуломи бовариноку боандеша» мебошад, ки «хӯҷаинаш [Исо] ӯро... таъйин кардааст» (Матто 24:45а). Аъзои Ҳайати роҳбарикунанда масеҳиёни тадҳиншуда мебошанд ва онҳо, баъд аз он ки ҳаёташон дар рӯйи замин ба охир мерасад, бо Исои Масеҳ дар осмон ҳукмронӣ мекунанд.
2. Ғуломи боваринок моро бо чӣ гуна хӯрок таъмин мекунад?
Исои Масеҳ гуфта буд, ки ғуломи боваринок «ба онҳо [пайравони Масеҳ] сари вақт хӯрок» медиҳад (Матто 24:45б). Хӯроки аслӣ ба мо кумак мекунад, ки солиму бардам бошем. Ба ин монанд, хӯроки рӯҳонӣ, ки дар асоси Каломи Худо мебошад, ба мо қувват медиҳад, ки ба Яҳува содиқ монем ва супориши Исоро иҷро кунем (1 Тимотиюс 4:6). Мо хӯроки рӯҳониро ба воситаи вохӯриҳои ҷамоат, анҷуманҳо ва адабиёту видеонаворҳоямон мегирем. Ин ғизо ба мо кумак мекунад, ки аз хости Худо бохабар бошем ва муносибатамонро бо ӯ қавитар гардонем.
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чаро халқи Худо ба роҳнамоии Ҳайати роҳбарикунанда, ки «ғуломи бовариноку боандеша» аст, эҳтиёҷ дорад.
3. Халқи Худо бояд созмон шуда бошад
Бо роҳбарии Исои Масеҳ Ҳайати роҳбарикунанда кору фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро ба роҳ мондааст. Дар асри як низ Исо бо ҳамин тарз кори халқи Худоро роҳнамоӣ мекард. ВИДЕОРО тамошо кунед.
1 Қӯринтиён 14:33, 40-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
-
Чӣ тавр ин оятҳо нишон медиҳанд, ки Яҳува мехоҳад, ки Шоҳидони ӯ чун ташкилот амал кунанд?
4. Ғуломи боваринок кори паҳн кардани хушхабарро пеш мебарад
Дар асри як паҳн кардани хушхабар кори аз ҳама муҳим буд. Корнома 8:14, 25-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
-
Дар байни масеҳиёни асри як барои паҳн кардани хушхабар кӣ роҳбариро бар уҳда дошт?
-
Петрус ва Юҳанно баъди гирифтани дастуроти расулон чӣ кор карданд?
Кори аз ҳама муҳиме, ки Ҳайати роҳбарикунанда пеш мебарад, паҳн кардани хушхабар мебошад. ВИДЕОРО тамошо кунед.
Марқус 13:10-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Исо гуфта буд, ки паҳн кардани паёми Худо хеле муҳим аст.-
Чаро Ҳайати роҳбарикунанда эълон кардани хушхабарро хеле муҳим мешуморад?
-
Чаро барои ташкил кардани ин кори умумиҷаҳонӣ роҳбарии «ғуломи бовариноку боандеша» зарур аст?
5. Ғуломи боваринок дастуру роҳнамоӣ медиҳад
Ҳайати роҳбарикунанда дар саросари дунё ба халқи Худо дастурот медиҳад. Чӣ тавр ин ҳайат қарор мебарорад, ки чӣ дастур диҳад? Корнома 15:1, 2-ро хонда, фаҳмед, ки ҳайати роҳбарикунандаи асри як чӣ тавр амал мекард. Сипас саволҳои зеринро дида бароед:
-
Дар байни баъзе масеҳиёни асри як кадом масъала мавриди баҳс қарор гирифт?
-
Павлусу Барнаббо ва дигарон барои ҳал кардани ин масъала ба кӣ муроҷиат карданд?
Корнома 15:12–18, 23–29-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
-
Ҳайати роҳбарикунандаи асри як пеш аз қарор баровардан чӣ тавр роҳнамоии Худоро дар ин масъала ҷустуҷӯ карданд? (Нигаред ба оятҳои 12, 15 ва 28).
Корнома 15:30, 31; 16:4, 5-ро хонед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
-
Масеҳиёни асри як дастури Ҳайати роҳбарикунандаро чӣ тавр қабул карданд?
-
Чӣ тавр Яҳува онҳоро барои итоаткорияшон баракат дод?
2 Тимотиюс 3:16 ва Яъқуб 1:5-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
-
Дар рӯзҳои мо Ҳайати роҳбарикунанда барои қарор баровардан аз куҷо роҳнамоӣ меҷӯяд?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Ҳайати роҳбарикунанда аз пеши Худо наомадааст, ки ба онҳо бовар кунем».
-
Чӣ шуморо дилпур мекунад, ки Ҳайати роҳбарикунандаро Яҳува ва Исо роҳнамоӣ мекунанд?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Ҳайати роҳбарикунанда «ғуломи бовариноку боандеша» мебошад, ки аз тарафи Исои Масеҳ таъйин шудааст. Ин ғулом ба халқи Худо дастур ва хӯроки рӯҳонӣ медиҳад.
Такрор
-
«Ғуломи бовариноку боандеша»-ро кӣ таъйин кардааст?
-
Ҳайати роҳбарикунанда барои мо чӣ кор мекунад?
-
Оё шумо бовар доред, ки Ҳайати роҳбарикунанда «ғуломи бовариноку боандеша» мебошад?
ДИДА БАРОЕД
Фаҳмед, ки Ҳайати роҳбарикунанда чӣ тавр фаъолият мекунад.
«Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува чӣ гуна ҳайат аст?» (Мақола аз сомона)
Фаҳмед, ки чӣ тавр Ҳайати роҳбарикунанда дилпур мешавад, ки ба мо хӯроки рӯҳонии хубро дастрас мекунад.
Аъзои Ҳайати роҳбарикунанда ба супориши Исо чӣ гуна назар мекунад?
Чӣ тавр вохӯриҳои ҷамоат ва анҷуманҳо исбот мекунанд, ки Ҳайати роҳбарикунандаро Яҳува роҳнамоӣ мекунад?