Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Такрори фасли 4

Такрори фасли 4

Саволҳои зеринро ҳамроҳи омӯзгоратон дида бароед:

  1. Панднома 13:20-ро хонед.

    • Барои чӣ муҳим аст, ки дӯстонро бохирадона интихоб кунем?

      (Нигаред ба дарси 48.)

  2. Кадом маслиҳати Китоби Муқаддас ёрӣ медиҳад, ки...

    • ҳамсари хуб бошед?

    • волид ё фарзанди хуб бошед?

      (Нигаред ба дарсҳои 49 ва 50.)

  3. Чӣ гуна гуфтор Яҳуваро хурсанд мекунад? Кадом тарзи гуфтор ба ӯ маъқул нест?

    (Нигаред ба дарси 51.)

  4. Кадом маслиҳатҳои Каломи Худо кумак мекунанд, ки сарулибос ва афту андоми шоиста дошта бошед?

    (Нигаред ба дарси 52.)

  5. Чӣ тавр вақтхушие интихоб кунед, ки писанди Яҳува бошад?

    (Нигаред ба дарси 53.)

  6. Матто 24:45–47-ро хонед.

    • «Ғуломи бовариноку боандеша» кист?

      (Нигаред ба дарси 54.)

  7. Чӣ тавр шумо барои дастгирии ҷамоат вақту қувват ва пулу молатонро истифода бурда метавонед?

    (Нигаред ба дарси 55.)

  8. Забур 133:1-ро хонед.

    • Шумо барои ягонагии ҷамоат чӣ кор карда метавонед?

      (Нигаред ба дарси 56.)

  9. Вақте гуноҳи ҷиддӣ мекунем, чӣ тавр кумаки Яҳуваро ҷуста метавонем?

    (Нигаред ба дарси 57.)

  10. 1 Воқеанома 28:9 ва поварақро хонед.

    • Вақте дигарон зид мебароянд, ки Яҳуваро парастиш кунед, ё ягон кас ҳақиқатро тарк мекунад, чӣ тавр нишон медиҳед, ки дилатон ба Яҳува «комилан содиқ» аст?

    • Чӣ кор бояд кунед, то ба Яҳува вафодор монед ва аз дини дурӯғ дур шавед?

      (Нигаред ба дарси 58.)

  11. Чӣ тавр шумо ба озору азият тайёр шуда метавонед?

    (Нигаред ба дарси 59.)

  12. Барои дар роҳи Яҳува пешрафт кардан чӣ нияту нақша доред?

    (Нигаред ба дарси 60.)