Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 23

Барои чӣ одамон касал мешаванд?

Барои чӣ одамон касал мешаванд?

 ОЁ ТУ ягон одами касалро медонӣ? ~ Мумкин ту худат ягон бор касал шуда будӣ. Шояд он вақт ту шамол хӯрдӣ ё шикамдард шудӣ. Баъзе одамон аз касалии сахт азоб мекашанд. Онҳо бе ёрдами дигарон ҳатто аз ҷояшон хеста наметавонанд. Бисёр вақт бо пиронсолон ҳамин хел мешавад.

2 Ҳар яки мо касал мешавем. Оё ту медонӣ, ки барои чӣ одамон касал мешаванд ва пир шуда мемуранд? ~ Як рӯз ба пеши Устоди Бузург мардеро оварданд, ки аз сабаби касалиаш роҳ гашта наметавонист. Он вақт Исо фаҳмонд, ки барои чӣ одамон касал мешаванд ва мемуранд. Биё ман ба ту инро нақл мекунам.

3 Рӯзе Исо ба шаҳре омад, ки дар назди баҳри Ҷалил ҷойгир буд. Дар хонае, ки вай меистод, одамони бисёре ҷамъ шуданд. Онҳо чунон зиёд буданд, ки дар хона намеғунҷиданд ва ҳатто ба дар наздик шудан номумкин буд. Лекин нигоҳ накарда ба ин одамон боз омадан мегирифтанд. Дар байни ин одамон чор марде буданд, ки як шахси касалиро гирифта оварданд. Касалии он мард чунон вазнин буд, ки ӯ ҳатто роҳ гашта наметавонист. Барои ҳамин, он мардон ӯро бо бистараш гирифта оварданд.

4 Ба фикри ту, барои чӣ онҳо ин марди касалиро ба пеши Исо оварданд? ~ Онҳо имон доштанд, ки Исо ба вай ёрдам карда метавонад. Ҳа, онҳо боварӣ доштанд, ки Устоди Бузург метавонад одамони касалро сиҳат кунад. Лекин чӣ тавр онҳо ин марди касалиро ба пеши Исо дароварданд? Охир ба хона тамоман даромада намешуд-ку?! ~

5 Ба ин расм нигоҳ кун. Дар ин ҷо ту мебинӣ, ки ин мардон дар болои боми росту ҳамвор истода марди касалиро бо бистараш ба даруни хона мефароранд. Лекин пеш аз ин ба онҳо лозим буд, ки он мардро бо бистараш ба болои бом бароранд ва бомро шикоф кунанд. Чӣ қадар имони сахт доштанд ин одамон!

6 Тамоми одамоне, ки дар он ҷо буданд, инро дида ҳайрон шуданд. Охир он марди касалӣ бо ҷойгаҳаш рост ба миёни онҳо фаромад! Оё Исо кори ин мардонро дида, қаҳраш омад? ~ Не. Баръакс, имони онҳоро дида вай хурсанд шуд. Исо ба марди касалӣ гуфт: «Гуноҳҳои ту бахшида шуданд».

Исо ба марди касалӣ чӣ мегӯяд?

7 Лекин ба баъзе одамон ин гапи Исо маъқул нашуд. Онҳо фикр мекарданд, ки Исо ба бахшидани гуноҳҳо ҳақ надорад. Лекин барои нишон додани он ки вай гуноҳҳоро бахшида метавонад, Исо ба марди касалӣ гуфт: «Аз ҷоят хез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ рав».

8 Ҳамин ки Исо ин суханонро гуфт, мард сиҳат шуд. Акнун ӯ метавонист хеста худаш роҳ равад. Одамоне, ки инро диданд, хеле ҳайрон шуданд, чунки онҳо ягон бор дар ҳаёташон ин хел мӯъҷизаро надида буданд. Мардум Яҳуваро ҳамду сано гуфтанд, зеро Ӯ ба онҳо Устоди Бузургро, ки ҳатто касалиҳоро сиҳат мекард, фирсонд (Марқӯс 2:1–12).

Мо аз ин мӯъҷиза чӣ мефаҳмем?

9 Мо аз ин мӯъҷиза чӣ мефаҳмем?~ Мо мефаҳмем, ки Исо барои бахшидани гуноҳҳо ва сиҳат кардани касалиҳо қувват дорад. Ғайр аз ин, мо як чизи муҳими дигарро мефаҳмем — сабаби касалшавии одамон гуноҳ мебошад.

10 Оё он ки ҳамаи мо касал мешавем маънои онро дорад, ки ҳар яки мо гунаҳкорем? ~ Ҳа, дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки ҳамаи мо гунаҳкор таваллуд мешавем. Оё ту медонӣ, ки гунаҳкор таваллуд шудан чӣ маъно дорад? ~ Ин маънои онро дорад, ки мо нокомил таваллуд мешавем, яъне баъзан корҳои нодуруст мекунем, ҳарчанд ин хел кардан намехоҳем. Оё ту медонӣ, ки чӣ хел ҳамаи мо гунаҳкор шудем? ~

11 Мо барои он гунаҳкор шудем, ки аввалин мард, Одам, Худоро гӯш накард. Ӯ кореро кард, ки Худо накун гуфта буд ва ҳамин хел гунаҳкор шуд. Ва гуноҳ аз Одам ба ҳамаи мо гузашт. Оё ту медонӣ, ки чӣ тавр? Биё, ман инро ба ту мефаҳмонам.

Чӣ тавр ҳар яки мо гунаҳкор шудем?

12 Мумкин ту медонӣ, ки баъзе намудҳои нонро дар қолаб мепазанд. Лекин, оё ту медонӣ, ки агар ягон ҷои қолаб каҷ бошад, бо нон чӣ мешавад? ~ Тамоми нонҳое, ки дар ин қолаб пухта мешаванд, шакли қолабро мегиранд, яъне мисли қолаб каҷ мешаванд, ҳамин хел-не? ~

13 Одами аввалинро ба ҳамин қолаб монанд кардан мумкин аст, моро бошад, ба ноне, ки дар он пухта мешавад. Вақте ки Одам гапи Худоро нагирифт, вай нокомил шуд, яъне дар вай камбудӣ пайдо шуд. Лекин, дар бораи фарзандони Одам чӣ гуфтан мумкин аст? ~ Нокомилии вай ба ҳамаи онҳо гузашт.

14 Бисёри одамон бо камбудиҳои ба чашм маълум таваллуд намешаванд. Масалан, одамони кам бе дасту по ё бе чашму гӯш ба дунё меоянд. Лекин ҳамаи мо аз гуноҳе, ки аз Одам ба мо гузаштааст, азоб мекашем, касал мешавем ва мемурем.

15 Рост аст, ки баъзе одамон аз дигарон дида бисёртар касал мешаванд. Барои чӣ? Оё гуноҳи онҳо аз гуноҳи дигарон зиёдтар аст? ~ Не, гуноҳи Одам ба ҳамаи мо як хел таъсир кард — ҳамаи одамон нокомил таваллуд мешаванд. Барои ҳамин ҳар як шахс як рӯз не як рӯз касал мешавад. Ҳатто одамоне, ки пурра Худоро гӯш мекунанд ва ягон кори бад намекунанд, касал шуда метавонанд.

Вақте ки мо аз гуноҳ халос мешавем, саломатиамон чӣ хел мешавад?

16 Лекин барои чӣ баъзе одамон назар ба дигарон бисёртар касал мешаванд? ~ Барои ин сабабҳои бисёр ҳастанд. Мумкин онҳо барои харидани хӯрок пул надоранд ва барои ҳамин кам хӯрок мехӯранд. Ё мумкин онҳо хӯроки фоиданок намехӯранд. Шояд онҳо аз ҳад бисёр қанду шоколад мехӯранд. Як сабаби дигар он буда метавонад, ки онҳо дер хоб мераванд ва аз хоб сер намешаванд. Баъзан мумкин одамон дар ҳавои хунук либоси тунук мепӯшанд. Баъзеи дигарон чунон камқувватанд, ки нигоҳ накарда ба он ки онҳо худашонро эҳтиёт мекунанд, тез-тез касал мешаванд.

17 Оё рӯзе мешавад, ки мо дигар касал намешавем? Оё мо ягон вақт аз гуноҳ халос шуда метавонем? ~ Ба хотир ор, ки Исо барои марди касалӣ чӣ кор кард? ~ Исо гуноҳҳои он мардро бахшид ва касалиашро сиҳат кард. Ҳамин хел ӯ нишон дод, ки дар оянда барои ҳамаи одамоне, ки барои дуруст рафтор кардан кӯшиш мекунанд, чӣ кор карданӣ аст.

18 Агар мо нишон диҳем, ки гуноҳ кардан намехоҳем ва корҳои нодурустро бад мебинем, Исо дар оянда ҳамаи касалиҳои моро шифо мебахшад. Бо ёрдами вай мо аз нокомилият озод мешавем. Исо ин корро чун Подшоҳи Салтанати Худо иҷро мекунад. Албатта мо яку якбора аз гуноҳ халос намешавем. Барои ин вақт даркор аст. Лекин, вақте ки пурра аз гуноҳ халос мешавем, мо дигар ҳеҷ гоҳ аз ягон касалӣ азоб намекашем. Ҳа, мо пурра солим мешавем. Чӣ қадар хушбахт мешавем мо он вақт!

Барои фаҳмидани он ки чӣ хел гуноҳ ба одамон таъсир мекунад, оятҳои Айюб 14:4; Забур 50:7 ва Румиён 3:23; 5:12; 6:23-ро хон.