Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 9

Ба васвасаҳо дода нашав

Ба васвасаҳо дода нашав

 ОЁ ЯГОН БОР касе туро ба кардани кори бад тела дода буд? ~ Мумкин дар он вақт ба ту чунин гуфта буданд: «“Биё, инро кун! Ту тарсончак-мӣ?” ё “Ин ягон кори нодуруст нест, баръакс, ин зӯр аст!”» Вақте ки ягон кас ин хел мегӯяд, вай моро васваса мекунад, яъне ба кардани кори бад тела медиҳад.

2 Вақте ки дигарон моро васваса мекунанд, мо бояд чӣ кор кунем? Оё ба гапи онҳо даромада, ба кори бад даст задан дуруст аст? ~ Ин ба Яҳува маъқул намешавад. Лекин оё ту медонӣ, ки аз ин кор кӣ хурсанд мешавад? ~ Ҳа, Шайтон.

3 Шайтон душмани Худо аст. Вай ҳамчунин душмани мо мебошад. Мо ӯро дида наметавонем, чунки вай рӯҳ аст. Аммо вай моро дида метавонад. Рӯзе Иблис бо Исо гап зада, ӯро васваса кардан хост. Биё бинем, ки Исо чӣ кор кард. Ин ба мо ёрдам мекунад, ки ҳангоми бо васвасаҳо рӯ ба рӯ шудан, дуруст рафтор кунем.

Исо баъди таъмид гирифтанаш шояд чиро ба ёд овард?

4 Исо ҳама вақт хости Худоро иҷро кардан мехост. Ӯ инро ба таври кушоду равшан нишон дод, вақте ки дар дарёи Ӯрдун таъмид гирифт. Каме баъд аз таъмидгириаш Шайтон Исоро васваса кард. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ҳангоми таъмид гирифтани Исо «осмон ба рӯи ӯ кушода шуд» (Матто 3:16). Ин мумкин маънои онро дошт, ки Исо ҳамаи он чизеро, ки ҳангоми бо Худо дар осмон зиндагӣ карданаш рӯй дода буд, ба хотир овардан гирифт.

5 Баъд аз таъмид гирифтан Исо ба биёбон, яъне ба ҷои бе обу алаф рафт. Дар он ҷо ӯ дар бораи он чизҳое, ки ба хотираш меомаданд, фикр мекард. Ӯ дар биёбон чил шабу чил рӯзро гузаронд. Дар давоми ин рӯзҳо Исо ягон чиз нахӯрд, барои ҳамин сахт гушна монда буд. Айнан дар ҳамин вақт Шайтон ба васваса кардани Исо сар кард.

Дар биёбон Шайтон Исоро чӣ хел васваса кард?

6 Иблис гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин сангҳо гӯй, ки нон шаванд». Вақти гушна мондан нон чӣ қадар бомазза метобад! Магар Исо сангҳоро нон карда метавонист? ~ Албатта метавонист. Чунки Исо Писари Худо буд ва қувваи ғайриоддӣ дошт.

7 Агар ту ба ҷои Исо мебудиву Иблис ба ту мегуфт, ки сангро нон кун, ту чӣ кор мекардӣ? ~ Исо гушна буд, барои ҳамин ӯ метавонист, ки ақаллан як бор ин корро кунад. Лекин, Исо медонист, ки ин кор нодуруст аст. Барои чӣ ин кор нодуруст буд? Барои он ки Исо бояд қувваи аз Яҳува гирифтаашро барои бо Худо шинос кардани одамон истифода мебурд, на барои фоидаи худаш.

8 Барои ҳамин Исо ба Шайтон хотиррасон кард, ки дар Китоби Муқаддас чӣ навишта шудааст: «Одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае, ки аз даҳони Худо мебарояд». Исо медонист, ки кардани коре, ки ба Яҳува маъқул аст, аз хӯрок дида муҳимтар мебошад.

9 Аммо Иблис васваса карданро давом дод. Ӯ Исоро гирифта ба Ерусалим бурд ва ӯро ба болои девори баланди маъбад монд. Баъд Иблис гуфт: «Агар ту Писари Худо бошӣ, худро аз болои девор парто; зеро ки навишта шудааст, ки фариштагони Худо туро муҳофизат мекунанд».

10 Барои чӣ Шайтон ин хел гуфт? ~ Ӯ мехост, ки Исо ягон кори беақлона кунад. Лекин Исо ин дафъа ҳам Шайтонро гӯш накард. Ӯ ба Шайтон гуфт: «Навишта шудааст: “Яҳува Худои худро насанҷ”». Исо медонист, ки Яҳуваро санҷидан нодуруст аст. Барои ҳамин вай ба коре, ки ба ҳаёташ зарар расонида метавонист, даст назад.

11 Лекин Шайтон бо ин васваса намуданро бас накард. Ӯ Исоро ба кӯҳи бисёр баланде бурд. Дар он ҷо ӯ ҳамаи салтанатҳо, яъне мамлакатҳои ҷаҳон ва зебогии онҳоро ба Исо нишон дода, гуфт: «Агар ба пеши пойҳои ман саратро хам кунӣ, ҳамаи онҳоро ба ту медиҳам».

12 Биё дар ин бора фикр кунем. Оё дар ҳақиқат ҳамаи салтанатҳо, яъне мамлакатҳои дунё аз они Шайтон мебошанд? ~ Ҳа. Агар ин тавр намебуд, Исо инро мегуфт. Бале, Шайтон ҳақиқатан ҳам бар ҳамаи одамон ҳукмронӣ мекунад. Дар Китоби Муқаддас ӯ ҳатто «ҳокими ин ҷаҳон» номида шудааст (Юҳанно 12:31).

Барои чӣ Шайтон ҳамаи ин мамлакатҳоро ба Исо пешниҳод карда метавонист?

13 Агар Шайтон ба ту мегуфт, ки «ба пеши пойҳои ман саратро хам кун ва ман ҳар чизеро, ки хоҳӣ ба ту медиҳам», ту чӣ кор мекардӣ? ~ Исо медонист, ки агар гапи Шайтонро гӯш карда, ба пеши пойҳояш сар хам кунад, ин нишон медиҳад, ки ӯ Шайтонро парастиш мекунад, яъне ба вай хизмат мекунад. Чизе, ки Шайтон ваъда надиҳад ҳам, ба вай хизмат кардан нодуруст аст. Барои ҳамин Исо гуфт: «Аз ман дур шав, эй Шайтон; чунки навишта шудааст: “Яҳува Худои худро гӯш кун ва танҳо ба Ӯ хизмат кун”» (Матто 4:1–10, ТДН; Луқо 4:1–13).

Агар ту бо васвасаҳо дучор шавӣ, чӣ кор мекунӣ?

14 Мо ҳам ба васвасаҳо дучор мешавем. Оё ту медонӣ, ки бо чӣ гуна васвасаҳо? ~ Биё як мисолро дида мебароем. Тасаввур кун, ки модарат торти бомазза пухтааст. Вай ба ту мегӯяд, ки то он даме ки ҳама барои хӯрокхӯрӣ ҷамъ нашаванд, ба он даст нарасонӣ. Аммо ту сахт гушна мемонӣ ва мехоҳӣ, ки камакак ҳам бошад, онро чашӣ. Ту он вақт чӣ тавр рафтор мекардӣ? Оё гапи модаратро гӯш мекардӣ? ~ Шайтон мехоҳад, ки ту модаратро гӯш накунӣ.

15 Намунаи Исоро ба хотир биёр. Вақте ки Шайтон ӯро васваса кард, ӯ ҳам сахт гушна буд. Лекин вай мефаҳмид, ки Худоро хурсанд кардан муҳимтар аст. Агар ту модаратро гӯш кунӣ, мисли Исо рафтор мекунӣ.

16 Акнун фарз кун, ки касе ба ту ягон намуди доруро медиҳад ва мегӯяд, ки агар ту онро хӯрӣ, кайф мекунӣ. Аммо ин дору нашъа дошта метавонад ва касе, ки онро мехӯрад, метавонад сахт касал шавад ва ҳатто мурад. Ё шояд касе ба ту сигор ё нос медиҳад, ки дар онҳо ҳам нашъа ҳаст ва чунин мегӯяд: «Ма, инро каш! Натарс!» Он вақт ту чӣ кор мекунӣ? ~

17 Рафтори Исоро ба ёд биёр. Шайтон хост, ки Исо ҳаёташро зери хатар гузошта, аз девори маъбад худро ба поён партояд. Лекин Исо ин тавр накард. Агар ягон кас туро ба кардани кори хатарнок тела диҳад, ту чӣ кор мекунӣ? ~ Исо Шайтонро гӯш накард. Ту ҳам ба гапи онҳое, ки туро ба кардани корҳои бад тела медиҳанд, гӯш накун.

Барои чӣ нодуруст мебуд, ки Худоро ба тавре ки ба Ӯ маъқул нест, ибодат кунем?

18 Чунин шуда метавонад, ки туро дар ид ё чорабиниҳои мактабӣ маҷбур мекунанд, ки дар васфи ягон кас ё ягон чиз шеъру суруд хонӣ. Мумкин ба ту мегӯянд, ки агар ин корро накунӣ, туро аз мактаб пеш мекунанд. Ту чӣ хел рафтор мекунӣ? ~ Агар гапи онҳоро гирӣ, ин нишон медиҳад, ки ту ҳамон чиз ё касро парастиш мекунӣ. Лекин Китоби Муқаддас мегӯяд, ки мо бояд танҳо Худоро парастиш кунем (Хуруҷ 20:4, 5).

19 Албатта, вақте ки ҳама дуруст рафтор мекунанд, ба мо ҳам ин хел кардан осон аст. Вале агар дигарон туро ба кори бад тела диҳанд, он гоҳ дуруст рафтор кардан хеле душвор буда метавонад. Мумкин онҳо туро бовар мекунонанд, ки ин ё он кор ягон бадие надорад. Лекин аз ҳама муҳим ин аст, ки Худо дар ин бора чӣ мегӯяд. Охир Ӯ хубтар медонад-ку!

20 Чизе, ки дигарон нагӯянд ҳам, мо набояд ҳеҷ гоҳ кореро кунем, ки Худо онро нодуруст мешуморад. Ин тавр рафтор карда, мо Худоро хурсанд мекунем, на ин ки Шайтонро.

Аз ин оятҳо мо дар бораи ба васваса дода нашудан, чизҳои бисёртарро фаҳмида метавонем: Забур 1:1, 2; Масалҳо 1:10, 11; Матто 26:41 ва 2 Тимотиюс 2:22.