Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 24

Ҳеҷ гоҳ дуздӣ накун

Ҳеҷ гоҳ дуздӣ накун

 ЯГОН БОР касе чизи туро дуздида буд? ~ Агар ҳа, ту он вақт чӣ ҳис карда будӣ? ~ Касе, ки чизи дигаронро мегирад, дузд аст ва ҳеҷ кас одами дуздро нағз намебинад. Ба фикри ту, чӣ тавр одам дузд мешавад? Оё вай дузд таваллуд мешавад? ~

2 Мо аз боби гузашта фаҳмидем, ки одамон гунаҳкор таваллуд мешаванд ва аз ин сабаб ҳамаи мо нокомилем. Лекин ҳеҷ кас дузд таваллуд намешавад. Ҳатто шахсе, ки дар оилаи нағз тарбия меёбад, дузд шуда метавонад. Мумкин падар, модар ва бародару хоҳари ин одам ҳеҷ касро фиреб намедиҳанд. Лекин дар дили худи вай хоҳиши доштани пул ва чизҳое, ки бо пул харидан мумкин аст, пайдо мешавад ва ин ӯро ба дуздӣ кардан тела медиҳад.

3 Ба фикри ту, кӣ якум бор дуздӣ карда буд? ~ Биё дар бораи ин фикр мекунем. Вақте ки Устоди Бузург дар осмон буд, вай ин шахсро медонист. Он дузд фаришта буд. Лекин Худо ҳамаи фариштагонро бегуноҳ офарида буд-ку, пас чӣ хел он фаришта дузд шуд? ~ Чӣ хеле ки аз боби 8-уми ин китоб фаҳмидем, вай чизеро доштан мехост, ки аз они вай набуд. Оё дар хотират ҳаст, ки ин чӣ буд? ~

4 Баъди он ки Худо аввалин марду занро офарид, он фаришта хост, ки онҳо ба вай хизмат кунанд, яъне вай чизеро доштан мехост, ки аз они худаш набуд. Одаму Ҳавво бояд фақат ба Яҳува хизмат мекарданд. Лекин ин фаришта ҷои Худоро гирифтан мехост. Ва вай тавре кард, ки Одаму Ҳавво на ба Яҳува, балки ба вай хизмат карданд. Бо ин кораш вай дузд шуд. Ин фаришта Шайтон Иблис ном гирифт.

5 Ба фикри ту, одамро ба дуздӣ кардан чӣ тела медиҳад? ~ Хоҳиши доштани чизе, ки аз они вай нест. Ин хоҳиш чунон сахт шуда метавонад, ки ҳатто одами хубро ба кардани корҳои бад тела медиҳад. Баъзан одамоне, ки дузд мешаванд, ҳеҷ вақт ин корашонро намепартоянд ва дигар одами нағз намешаванд. Яке аз ин хел одамон ҳаввории Исо — Яҳудои Исқарют буд.

6 Яҳудо аз кӯдакиаш Қонуни Худоро таълим гирифта буд, барои ҳамин вай медонист, ки дуздӣ кардан мумкин нест. Ӯ медонист, ки Худо боре ҳатто аз осмон ба халқаш гуфта буд, ки онҳо набояд дуздӣ кунанд (Хуруҷ 20:15). Баъди калон шуданаш Яҳудо бо Устоди Бузург вохӯрд ва яке аз шогирдони ӯ шуд. Каме баъд ӯ ҳатто яке аз 12 ҳаввориёни Исо шуд.

7 Исою ҳаввориёнаш якҷоя ба шаҳру қишлоқҳо мерафтанд ва якҷоя хӯрок мехӯрданд. Онҳо тамоми пулҳояшонро дар як қуттича нигоҳ медоштанд ва Исо ин қуттичаро ба дасти Яҳудо супорида буд. Ин пул аз они худи Яҳудо набуд. Лекин ту медонӣ, ки баъди якчанд вақт вай бо пулҳо чӣ кор кард? ~

Барои чӣ Яҳудо дуздӣ кард?

8 Яҳудо аз қуттича пул медуздидагӣ шуд. Ӯ тавре пулро мегирифт, ки дигарон инро намефаҳмиданд. Вай ҳатто мехост, ки бо ягон роҳ пули аз ин ҳам бисёртар ба даст орад. Ва оҳиста-оҳиста ҳушу хаёли Яҳудо ба он равона шуд, ки пули бисёртар дошта бошад. Биё мебинем, ки ин хоҳиши нодурусти Яҳудо ӯро ба чӣ тела дод. Ин воқеа якчанд рӯз пеш аз мурдани Устоди Бузург рӯй дод.

9 Рӯзе Марям, хоҳари дӯсти Исо — Лаъзор, равғани қиматбаҳоро гирифта, ба пойҳои Исо рехт. Лекин ин ба Яҳудо маъқул нашуд. Медонӣ, барои чӣ? ~ Ӯ гуфт, ки беҳтар мебуд, агар равғанро фурӯхта пулашро ба камбағалон тақсим мекарданд. Дар ҳақиқат бошад, ӯ ин хел фикр намекард — Яҳудо танҳо мехост, ки пулро ба қуттича монанд, то ки баъдтар вай тавонад онро дуздад (Юҳанно 12:1–6).

10 Исо ба Яҳудо гуфт, ки пеши роҳи Марямро нагирад. Лекин ин гапи Исо ба Яҳудо маъқул нашуд, барои ҳамин вай хеста ба пеши коҳинон, ки душманони Исо буданд, рафт. Онҳо ният доштанд, ки Исоро дастгир кунанд, лекин ин корро шабона кардан мехостанд, то ки ҳеҷ кас онҳоро набинад.

11 Яҳудо ба коҳинон гуфт: «Агар ман барои дастгир кардани Исо ба шумо ёрдам кунам, шумо ба ман чӣ медиҳед?»

12 «Мо ба ту сӣ тангаи нуқра медиҳем»,— ҷавоб доданд коҳинон (Матто 26:14–16).

13 Яҳудо ба ин розӣ шуд ва пулро гирифт. Ва бо ин кораш вай Устоди Бузургро ба ин одамон фурӯхт. Чӣ кори даҳшатноке буд ин! Ҳатто тасаввур кардани он ки чӣ тавр одам ин корро мекунад, душвор аст, ҳамин хел-не? ~ Вақте ки одам дузд мешаваду пул медуздад, оқибат вай метавонад ба ҳамин хел кори паст даст занад. Вай пулро аз одамон ва ҳатто аз Худо дида сахттар нағз мебинад.

14 Мумкин ту мегӯӣ: «Ман ҳеҷ гоҳ ягон чизро аз Яҳува бисёртар дӯст намедорам». Офарин, ки ту ин хел фикр мекунӣ. Вақте ки Яҳудо ҳаввории Исо шуд, мумкин вай ҳам ҳамин хел фикр мекард. Ҳамчунин дигар касоне, ки ба дуздӣ даст заданд, мумкин пештар ҳамин хел фикр мекарданд. Биё дар бораи баъзеи онҳо мефаҳмем.

Охон ва Довуд дар бораи кадом корҳои бад фикр мекунанд?

15 Яке аз ин одамон хизматгори Худо — Охон буд. Вай чандин сол пеш аз таваллуд шудани Устоди Бузург зиндагӣ мекард. Як рӯз вай либоси зебо, тилло ва тангаҳои нуқраро дид. Ин чизҳо аз они ӯ набуданд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки онҳо аз они Яҳува буданд, зеро аз душманони халқи Ӯ гирифта шуда буданд. Лекин Охон чунон сахт ин чизҳоро ба даст овардан хост, ки онҳоро дуздид (Еҳушаъ ибни Нун 6:19; 7:11, 20–22).

16 Ана боз як мисол. Дар замонҳои қадим Яҳува Довудро подшоҳи халқи Исроил таъин кард. Рӯзе, Довуд аз хонааш истода як зани хушрӯйро дид, ки номи вай Батшобаъ буд. Ин зан ба Довуд сахт маъқул шуд. Ва Довуд ба Батшобаъ нигоҳ карда истоду фикри онро кард, ки чӣ хел вайро ба хонааш гирифта биёрад. Лекин Батшобаъ зани Уриё буд. Довуд бояд чӣ хел рафтор мекард? ~

17 Довуд бояд дар бораи Батшобаъ фикр карданро бас мекард. Лекин ӯ ин хел накард. Довуд Батшобаъро ба хонаи худ гирифта овард. Баъд бошад, шавҳари вай — Уриёро кушт. Барои чӣ Довуд ба ин кори бад даст зад? ~ Барои он ки вай дар бораи чизи нодуруст фикр карданро бас накард (2 Подшоҳон 11:2–27).

Чаро гуфтан мумкин аст, ки Абшолӯм дуздӣ мекард?

18 Лекин баъд Довуд аз кори кардааш сахт пушаймон шуд, барои ҳамин Яҳува гузошт, ки вай зинда монад. Вале Довуд оқибати талхи гуноҳҳои кардаашро чашид. Баъди ин ба сари вай балоҳои зиёд омаданд. Масалан, писари Довуд — Абшолӯм хост, ки ҷои падарашро гирад. Барои ҳамин, вақте ки одамон ба пеши Довуд меомаданд, Абшолӯм онҳоро ба оғӯш мегирифт ва бӯса мекард. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «Абшолӯм дили исроилиёнро медуздид». Ӯ мехост, ки бо ёрдами он одамон ба ҷои падараш подшоҳ шавад (2 Подшоҳон 15:1–12).

19 Оё ту мисли Охон, Довуд ва Абшолӯм ягон чизро сахт ба даст овардан мехостӣ? ~ Агар ин чиз аз они каси дигар бошад, бе пурсиш гирифтани он дуздӣ аст. Оё дар хотир дорӣ, ки дузди якум — Шайтон чӣ мехост? ~ Вай мехост, ки одамон ба вай хизмат кунанд, на ба Худо. Барои ҳамин, бо он ки Шайтон Одаму Ҳавворо ба беитоатӣ ба Худо тела дод, вай дуздӣ кард.

20 Танҳо соҳиби чиз ҳақ дорад, ки онро ба дигарон диҳад ё иҷозат диҳад, ки онро касе гирад. Масалан, мумкин ту ба хонаи ягон ҷӯра ё дугонаат рафта бозӣ мекунӣ. Оё дуруст аст, ки ту ягон чизро аз он ҷо гирифта ба хонаи худатон биёрӣ? ~ Ту танҳо он вақт чизеро гирифта метавонӣ, агар падар ё модари дӯстат иҷозат диҳад. Агар ту ягон чизро аз онҳо напурсида ба хонаатон биёрӣ, ин, албатта, дуздӣ мешавад.

21 Лекин барои чӣ баъзан дар мо хоҳиш пайдо мешавад, ки ягон чизро дуздем? ~ Барои он ки ба мо ягон чизи дигарон сахт маъқул мешавад ва мо онро аз они худ кардан мехоҳем. Лекин ҳатто агар дар пеши мо касе набошад ҳам, кӣ моро мебинад? ~ Яҳува. Ва мо бояд дар ёд дорем, ки Худо дуздиро бад мебинад. Агар ту Худо ва одамонро нағз бинӣ, ин ба ту ёрдам мекунад, ки ҳеҷ гоҳ ба дуздӣ даст назанӣ.

Ин оятҳои Китоби Муқаддасро, ки нодуруст будани дуздиро нишон медиҳанд, хон: Марқӯс 10:17–19; Румиён 13:9 ва Эфсӯсиён 4:28.