Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 12

Исо ба мо дуогӯиро ёд медиҳад

Исо ба мо дуогӯиро ёд медиҳад

 ОЁ ТУ бо Худо гап мезанӣ? ~ Яҳува мехоҳад, ки ту бо Ӯ гап занӣ. Бо Худо гап заданро дуо меноманд. Исо ба Падари осмониаш тез-тез дуо мегуфт. Баъзан ӯ барои бо Худо гап задан танҳо будан мехост. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки як рӯз Исо «барои дуо гуфтан як худаш ба болои кӯҳе баромад ва то бевақтӣ дар он ҷо танҳо буд» (Матто 14:23).

2 Ту кадом вақт метавонӣ як худат монӣ, то бо Худо гап занӣ? ~ Мумкин шаб, пеш аз хоб рафтанат. Исо гуфт: «Вақте ки мехоҳӣ дуо гӯӣ, ба хонаат даро ва дарро маҳкам карда, ба Падари худ... дуо гӯй» (Матто 6:6). Оё ту ҳар шаб пеш аз хоб ба Яҳува дуо мегӯӣ? ~ Пеш аз хоб дуо гуфтан бисёр нағз аст.

Исо ҳам дар танҳоӣ ва ҳам дар назди дигарон дуо мегуфт

3 Исо ҳамчунин дар пеши одамон ба Худо дуо мегуфт. Масалан, вақте ки ҷӯрааш Лаъзор мурд, Исо ба пеши қабри ӯ омада дар назди дигарон бо овози баланд дуо гуфт (Юҳанно 11:41, 42). Ҳамчунин Исо, вақте ки бо шогирдонаш ҷамъ мешуд, дуо мегуфт. Имрӯз ҳам пайравони Исо дар ҷамъомадҳо дуо мегӯянд, оё ту ба он ҷо меравӣ? ~ Одатан дар он ҷо яке аз калонсолон дуо мегӯяд. Гапҳои вайро бодиққат гӯш кун, чунки ӯ аз номи ту ҳам дуо мегӯяд. Он вақт ту «омин» гуфта метавонӣ. Ба фикри ту, дар охири дуо «омин» гуфтан чӣ маъно дорад? ~ Ин маънои онро дорад, ки дуо ба ту маъқул шуд ва ту бо он розӣ ҳастӣ.

Барои чӣ дар ҷамъомад дуоро бодиққат гӯш кардан лозим аст?

4 Исо ҳамчунин пеш аз хӯрокхӯрӣ дуо мегуфт. Ӯ дар дуояш ба Яҳува барои хӯрок раҳмат мегуфт. Оё ту ҳама вақт пеш аз хӯрокхӯрӣ дуо мегӯӣ? ~ Пеш аз хӯрдани хӯрок ба Яҳува дар дуо раҳмат гуфтан бисёр хуб аст. Вақте ки дар сари дастархон ҷамъ мешавед, мумкин одатан яке аз калонсолон дуо мегӯянд. Вале агар ту як худат бошӣ-чӣ? Ё бо одамоне хӯрок хӯрӣ, ки ба Яҳува раҳмат намегӯянд? ~ Он гоҳ ту бояд худат дуо гӯӣ.

5 Оё ҳама вақт лозим аст, ки мо бо овоз дуо гӯем? Ё ин ки Яҳува дуоҳои дар дил гуфтаро ҳам мешунавад? ~ Мо ҷавобро аз мисоли Наҳемё фаҳмида метавонем. Наҳемё, ки дар қасри подшоҳи форс, Артаҳшасто хизмат мекард, пайғамбари Яҳува буд. Рӯзе ӯ сахт зиқ шуд. Вай шунид, ки деворҳои Ерусалим, ки пойтахти мамлакати ӯ буд, вайрон шудаанд.

Кадом вақт ту мисли Наҳемё дар дили худ дуо гуфта метавонӣ?

6 Вақте ки подшоҳ аз Наҳемё пурсид, ки чаро вай зиқ аст, ӯ пеш аз ҷавоб додан, дар дилаш дуо гуфт. Танҳо баъд аз ин Наҳемё гуфт, ки барои чӣ вай ғамгин аст ва иҷозат пурсид, ки ба Ерусалим рафта, деворҳои вайроншудаи онро аз нав созад. Баъд чӣ шуд? ~

7 Худо ба дуои Наҳемё ҷавоб дод. Подшоҳ розӣ шуд, ки Наҳемё рафта деворҳои шаҳрро аз нав созад! Ғайр аз ин, ӯ ҳатто ба Наҳемё барои сохтмони девор чӯбу тахтаи бисёр дод. Ин нишон медиҳад, ки Худо ҳатто ба дуоҳое, ки мо дар диламон мегӯем, ҷавоб медиҳад (Наҳемё 1:2, 3; 2:4–8).

8 Акнун биё дар бораи он фикр мекунем, ки оё дар вақти дуо гуфтан сарро хам кардан зарур аст? Ва ё мо бояд зону зада дуо гӯем? Ту чӣ фикр дорӣ? ~ Исо баъзан ба зону шишта дуо мегуфт, баъзан бошад, рост истода. Дар баъзе мавридҳо вай ба осмон нигоҳ карда дуо мегуфт, масалан, дар вақти аз нав зинда кардани Лаъзор.

9 Аз ин чиро фаҳмидан мумкин аст? ~ Мо фаҳмидем, ки дар вақти дуо гуфтан тарзи истодани мо муҳим нест. Ва ҳамчунин барои он ки Яҳува дуоҳои моро шунавад, шарт нест, ки мо ягон ҳаракати махсус кунем. Баъзан хуб мебуд, ки ту саратро хам карда, бо чашми пӯшида дуо гӯӣ. Дар вақти дигар бошад, мумкин ту ҳатто мехоҳӣ, ки мисли Исо ба зону шишта дуо гӯӣ. Лекин дар хотир дор: кадом вақте ки мо дуо нагӯем, хоҳ шаб бошад, хоҳ рӯз, Худо моро мешунавад. Муҳим ин аст, ки мо дар ҳақиқат боварӣ дошта бошем, ки Яҳува дуоҳои моро гӯш мекунад. Оё ту боварӣ дорӣ, ки Яҳува дуоҳои туро мешунавад? ~

Ту дар бораи чӣ ба Худо дуо гуфта метавонӣ?

10 Мо дар дуо ба Яҳува чӣ гуфта метавонем? ~ Худи ту ба Худо дар бораи чӣ гап мезанӣ? ~ Яҳува ба мо чизҳои хуби бисёре додааст, барои ҳамин дуруст мебуд, ки дар дуо ба Ӯ раҳмат гӯем, ҳамин тавр-не? ~ Ҳа, мо метавонем барои хӯрок раҳмат гӯем. Лекин оё ту ягон бор барои осмони софу беғубор, дарахтони сарсабз ва гулҳои хушрӯ ба Худо раҳмат гуфтаӣ? ~ Охир ҳамаи инро Худо офаридааст-ку!

11 Як бор шогирдони Исо аз ӯ хоҳиш карданд, ки дуо гуфтанро ба онҳо ёд диҳад. Дар ҷавоб Устоди Бузург фаҳмонд, ки аввал дар бораи чӣ дуо гуфтан муҳим аст. Ту медонӣ, ки дар бораи чӣ? ~ Китоби Муқаддасатро гир ва Матто боби 6-ро кушо. Биё якҷоя оятҳои 9 то 13-ро мехонем.

12 Исо нишон дод, ки дар бораи номи Худо дуо гуфтан зарур аст. Ӯ гуфта буд, ки мо бояд дар бораи муқаддас шудани номи Худо дуо гӯем. Номи Худо чист? ~ Дуруст, номи Ӯ — Яҳува аст ва мо бояд ин номро дӯст дорем.

13 Исо ҳамчунин гуфт, ки мо бояд дар бораи омадани Салтанати Худо дуо гӯем. Омадани ин Салтанат хеле муҳим аст, зеро он бар замин сулҳу осоиштагӣ меорад ва тамоми рӯи заминро биҳишт мекунад.

14 Баъд, чӣ хеле ки Устоди Бузург гуфт, мо бояд дар бораи он дуо гӯем, ки хости Худо, чӣ тавре ки дар осмон иҷро шуда истодааст, дар замин ҳам иҷро шавад. Агар мо дар бораи ин дуо гӯем, мо худамон бояд он тавре ки Худо мехоҳад, рафтор кунем.

15 Боз Исо ба мо ёд дод, ки аз Худо дар дуо ризқу рӯзӣ пурсем. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки мо бояд дар дуо ба Худо гӯем, ки аз корҳои нодурусти кардаамон пушаймонем ва аз Ӯ бахшиш мепурсем. Барои он ки Худо моро бахшад, мо бояд онҳоеро, ки моро хафа кардаанд, бахшем. Оё ба ту бахшидани дигарон осон аст? ~

16 Дар охир Исо гуфт, ки мо бояд аз Яҳува хоҳиш кунем, ки моро аз Шайтон муҳофизат кунад. Пас, мо метавонем дар бораи ҳамаи ин чизҳо ба Худо дуо гӯем.

17 Мо бояд боварӣ дошта бошем, ки Худо дуоҳои моро мешунавад. Ғайр аз ёрӣ пурсидан, ба мо боз лозим аст, ки ба Худо раҳмат гӯем. Яҳува хеле хурсанд мешавад, вақте ки мо аз таҳти дил дуо мегӯем ва аз Ӯ он чиро мепурсем, ки ба Ӯ маъқул аст. Ва Яҳува чунин хоҳишҳои моро иҷро мекунад. Ту ба ин боварӣ дорӣ? ~

Боз дигар маслиҳатҳои хубро дар бораи дуо аз ин оятҳо ёфтан мумкин аст: Румиён 12:12; 1 Петрус 3:12 ва 1 Юҳанно 5:14.