Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 41

Кӯдаконе, ки Худоро хурсанд мекарданд

Кӯдаконе, ки Худоро хурсанд мекарданд

 БА ФИКРИ ту, кадом кӯдак аз ҳама бисёр Яҳуваро хурсанд карда буд? ~ Албатта, Писари Ӯ — Исо. Биё мефаҳмем, ки чӣ тавр Исо Падари осмониашро хурсанд мекард.

2 Оилаи Исоино дар шаҳри Носира зиндагӣ мекарданд. Барои аз он ҷо ба Ерусалим рафтан тақрибан се рӯз лозим буд. Дар Ерусалим бошад, маъбади Яҳува ҷойгир буд. Исо маъбадро хонаи Падари худ меномид. Ҳар сол падару модараш ӯро гирифта барои қайд кардани иди Фисҳ ба он ҷо мерафтанд.

3 Боре, вақте ки Исо 12-сола буд, як воқеа рӯй дод. Он вақт оилаи Исоино аз ҷашни иди Фисҳ ба хонаашон бармегаштанд. Дар роҳ падару модари Исо пай бурданд, ки вай дар байни хешу табор нест. Барои ҳамин, ба онҳо лозим омад, ки роҳи дарозро тай карда барои кофтани Исо гашта ба Ерусалим раванд. Ба фикри ту, онҳо ӯро аз куҷо ёфтанд? ~

4 Онҳо Исоро дар маъбад ёфтанд. Вай дар он ҷо муаллимонро гӯш мекард ва ба онҳо саволҳои зиёд медод. Ва вақте ки худи Исо ба саволҳои онҳо ҷавоб медод, муаллимон аз ҷавобҳои вай ҳайрон мешуданд. Ва чунин рафтори Исо Яҳуваро хурсанд мекард, ҳамин тавр-не? ~

5 Вақте ки оқибат Юсуфу Марям Исоро ёфтанд, онҳо хотирҷамъ шуданд. Исо бошад, тамоман ташвиш намекашид, зеро медонист, ки маъбад — аз ҳама ҷои орому бехатар аст. Барои ҳамин вай аз падару модараш пурсид: «Оё намедонистед, ки ман бояд дар хонаи Падарам бошам?» Исо медонист, ки маъбад хонаи Худо аст ва дар он ҷо будан ба ӯ маъқул буд.

6 Баъд Юсуфу Марям Исои 12-соларо гирифта ба Носира бурданд. Ба фикри ту, Исо ба падару модараш чӣ тавр муносибат мекард? ~ Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Исо «дар итоати онҳо буд». Ин чӣ маъно дорад? ~ Ин маънои онро дорад, ки вай падару модарашро гӯш мекард. Исо ҳама вақт гапи онҳоро мегирифт ва дар корҳои хона ба онҳо ёрдам медод. Масалан, вақте ки онҳо аз чоҳ об биёр мегуфтанд, вай ин корро мекард (Луқо 2:41–52).

Чӣ тавр Исои хурдсол Худоро хурсанд мекард?

7 Танҳо фикр кун: нигоҳ накарда ба он ки Исо шахси комил буд, вай ба гапи волидони нокомилаш гӯш медод. Оё Худо аз ин хурсанд буд? ~ Албатта, зеро дар Каломи Ӯ гуфта шудааст: «Ба падару модари худ... итоат кунед» (Эфсӯсиён 6:1). Агар ту ҳам мисли Исо гапи падару модаратро гӯш кунӣ, Худо аз ин хурсанд мешавад.

8 Боз як роҳи хурсанд кардани Худо — ин дар бораи Ӯ ба дигарон гап задан аст. Рост аст, ки баъзеҳо фикр мекунанд, ки ин кори кӯдакон нест. Лекин як бор, вақте ки одамон бачаҳоро аз ин кор боздоштанӣ шуданд, Исо гуфт: «Оё нахондаед: “Худо аз даҳони кӯдакон ва ширмакон ҳамду саноро ба вуҷуд меорад”?» (Матто 21:16). Ҳа, агар хоҳем, ҳамаи мо метавонем дар бораи Яҳува ва дар бораи меҳрубонии Ӯ ба дигарон нақл кунем. Бо ин корамон мо дили Худоро хурсанд мекунем.

9 Лекин барои он ки дар бораи Худо ба дигарон нақл кунем, мо бояд аввал худамон дар бораи Ӯ дониш гирем. Чӣ тавр мо ин корро карда метавонем? ~ Бо он ки дар хона Китоби Муқаддасро меомӯзем. Лекин мо чизҳои бисёртарро он вақт мефаҳмем, агар ба ҷое, ки хизматгорони Худо дар он ҷо Китоби Муқаддасро меомӯзанд, равем. Вале чӣ хел мо фаҳмида метавонем, ки хизматгорони ҳақиқии Худо кистанд? ~

10 Барои фаҳмидани ин дар бораи саволҳои зерин фикр кун: онҳое, ки худро хизматгорони Худо меноманд, дар вақти ҷамъомадашон чӣ кор мекунанд? Оё ин одамон дар ҳақиқат чизҳои дар Китоби Муқаддас навишташударо таълим медиҳанд? Оё онҳо Китоби Муқаддасро мехонанд ва онро бодиққат дида мебароянд? Охир танҳо аз Китоби Муқаддас суханони Худоро фаҳмидан мумкин аст-ку! Ту бо ин розиӣ? ~ Ва хизматгорони Худо бояд дар вохӯриҳояшон суханони худи Ӯро омӯзанд, ҳамин хел-не? ~ Набошад, дар бораи шахсоне, ки ба фикрашон аз рӯи гуфтаҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ кардан шарт нест, чӣ гуфта метавонем? Ба фикри ту, чунин шахсонро хизматгорони ҳақиқии Худо номидан мумкин аст? ~

11 Боз як чизи дигаре ҳаст, ки мо бояд дар бораи он фикр кунем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки хизматгорони Худо номи Ӯро бар худ доранд (Аъмол 15:14). Номи шахсии Худо — Яҳува аст. Пас, мо метавонем аз онҳое, ки худро хизматгорони Худо меноманд, пурсем, ки оё онҳо Яҳуваро Худои худ меҳисобанд ё не. Агар ин шахсон не гӯянд, онҳоро хизматгорони Худо номидан мумкин нест. Ғайр аз ин, хизматгорони Худо дар бораи Салтанати Худо ба дигарон гап мезананд. Онҳо аз рӯи гуфтаҳои Худо зиндагӣ мекунанд ва бо ин нишон медиҳанд, ки Ӯро дӯст медоранд (1 Юҳанно 5:3).

12 Агар ту одамонеро шиносӣ, ки ҳамаи ин корҳоро мекунанд, ту ҳам ҳамроҳи онҳо ҷамъ омада ба Худо хизмат кун. Дар чунин вохӯриҳо дигаронро бодиққат гӯш кун ва ҳамчунин кӯшиш кун, ки ба саволҳои додашуда ҷавоб диҳӣ. Исо дар хонаи Худо айнан ҳамин хел рафтор карда буд. Бо ин корҳоят ту, мисли Исо, дили Худоро хурсанд мекунӣ.

13 Оё ту медонӣ, ки боз кадом кӯдаконе, ки дар бораашон Китоби Муқаддас нақл мекунад, дили Худоро хурсанд мекарданд? ~ Яке аз онҳо, ки ба мо намунаи ибрат гузошт, Тимотиюс аст. Падари вай ба Яҳува хизмат намекард. Лекин модараш Авниқо ва бибияш Лӯид хизматгорони Яҳува буданд. Тимотиюс суханони онҳоро гӯш мекард ва дар бораи Яҳува бисёр чизҳоро мефаҳмид.

Нигоҳ накарда ба он ки падараш хизматгори Яҳува набуд, Тимотиюс чӣ кор кардан мехост?

14 Вақте ки Тимотиюс калонтар шуд, Павлуси ҳавворӣ ба шаҳри онҳо омад. Павлус аҳамият дод, ки Тимотиюси ҷавон сахт мехоҳад, ки ба Яҳува хизмат кунад. Барои ҳамин, вай Тимотиюсро даъват кард, ки ба вай ҳамроҳ шавад, то ба Худо бисёртар хизмат кунад. Онҳо якҷоя бисёр сафар мекарданд ва ба ҳар ҷое, ки мерафтанд, дар бораи Салтанати Худо ва Исо гап мезаданд (Аъмол 16:1–5; 2 Тимотиюс 1:5; 3:14, 15).

15 Оё дар Китоби Муқаддас намунаи ягон духтарчае, ки дили Худоро хурсанд мекард, оварда шудааст? ~ Ҳа. Биё намунаи як духтарчаи исроилиеро, ки дили Худоро хурсанд мекард, дида мебароем. Ин духтарча дар вақте зиндагӣ мекард, ки халқи Арам ва халқи Исроил душман буданд. Як рӯз, вақте ки арамиён бо исроилиён ҷанг карданд, онҳо ин духтарчаро ба асирӣ бурданд, яъне маҷбуран гирифта ба Арам бурданд. Наамон, ки калони аскарони Арам буд, духтарчаро ба хонаи худ бурд. Ва ӯ чун канизаки зани Наамон хизмат мекард.

16 Наамон гирифтори касалии махав буд. Ва ягон духтур ба вай ёрдам карда наметавонист. Духтарчаи исроилӣ бошад, боварӣ дошт, ки як пайғамбари Худо ба Наамон кӯмак карда метавонад. Наамон ва зани вай хизматгори Яҳува набуданд. Пас, оё духтарча бояд ба онҳо дар бораи чизҳои медонистааш гап мезад? Агар ту ба ҷои ин духтарча мебудӣ, чӣ кор мекардӣ? ~

Чӣ тавр ин духтарчаи исроилӣ Худоро хурсанд кард?

17 Ин духтарча ба зани Наамон гуфт: «Кошки Наамон ба Исроил, ба пеши пайғамбари Яҳува, мерафт. Он вақт вай аз касалиаш сиҳат мешуд». Наамон гапи духтарчаро гӯш карда ба пеши пайғамбари Яҳува рафт. Вақте ки ӯ гуфтаҳои пайғамбарро иҷро кард, бадани вай аз махав тоза шуд. Ва ба туфайли ин воқеа Наамон хизматгори Худои ҳақиқӣ шуд (4 Подшоҳон 5:1–15).

18 Оё ту мехоҳӣ, ки мисли ин духтарча рафтор кунӣ? ~ Ба фикрат, ту ба кӣ ёрдам карда метавонӣ, то дар бораи Яҳува ва корҳое, ки Ӯ бароямон карданӣ аст, бифаҳмад? ~ Албатта, дар аввал одамон фикр карда метавонанд, ки ба онҳо ёрдам даркор нест. Лекин ту метавонӣ ба онҳо нақл кунӣ, ки чӣ қадар Яҳува барои мо корҳои нек кардааст. Шояд бо гузашти вақт онҳо ба гапи ту гӯш медиҳанд. Ва дилпур бош, ки Худо аз ин корат хурсанд мешавад.

Ин оятҳо ба ту ёрдам мекунанд, ки аз хизмати Яҳува хурсандӣ гирӣ: Забур 121:1; 148:12, 13; Воиз 12:1; 1 Тимотиюс 4:12 ва Ибриён 10:23–25.