Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Кӯдакон ба чӣ ниёз доранд?

Кӯдакон ба чӣ ниёз доранд?

ҲАМАИ волидон дар протсессе иштирок мекунанд, ки то ҳол аз фаҳмиши одам берун аст. Ин протсесс — пайдошавии одами нав мебошад. Аҷоиб аст, ки кӯдаки дар батни модар пайдошуда аз ҳарду волидон чизеро мерос мегирад. Бале, таваллудёбии кӯдак воқеаи ғайриоддиест, ки бисёриҳо онро мӯъҷиза меҳисобанд.

Албатта, масъулияти волидон танҳо ба дунё овардани кӯдак нест. Тифли навтаваллудёфта қариб пурра аз волидонаш вобаста аст ва баробари калоншавӣ вай, ғайр аз нигоҳубин, боз ба чизҳои дигар ниёз пайдо мекунад. Масалан, ба волидон лозим меояд, ки ба кӯдакашон фикру андеша намудан, идора кардани ҳиссиёт ва фарқ кардани неку бадро ёд диҳанд. Ҳамчунин онҳо ӯҳдадоранд, ки ба фарзандашон дар пайдо кардани муносибати наздик бо Худо кӯмак кунанд.

Барои дуруст инкишоф ёфтан кӯдак ба муҳаббати падару модар мӯҳтоҷ аст. Албатта, хеле муҳим аст, ки волидон ин муҳаббати худро бо суханонашон нишон диҳанд. Лекин танҳо «ман туро нағз мебинам» гуфтан кофӣ нест. Ба волидон ҳамчунин лозим аст, ки бо рафторашон муҳаббати худро ба фарзандонашон нишон диҳанд. Бале, кӯдакон ба намунаи хуби волидон ниёз доранд. Ҳамчунин ба волидон лозим аст, ки ба фарзандонашон принсипҳои ахлоқиеро, ки онҳоро дар ҳаёт роҳнамоӣ карда метавонанд, таълим диҳанд. Ва ин корро ҳарчи барвақттар кардан лозим аст. Агар кӯдакон ин кӯмакро саривақт нагиранд, бо онҳо воқеаҳои даҳшатнок рӯй дода метавонанд ва чунин воқеаҳо кам нестанд.

Аз ҳама принсипҳои беҳтарин дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд. Ва азбаски тарбияи бар Китоби Муқаддас асосёфта аз Офаридгорамон сарчашма мегирад, ҳеҷ чиз ба он баробар шуда наметавонад. Ба туфайли чунин тарбия кӯдак бо гузашти вақт мефаҳмад, ки насиҳате, ки ба вай медиҳанд, суханони одам неву суханони Падари осмониаш мебошанд. Албатта, чунин таълиму тарбия беҳамто аст.

Китоби Муқаддас волидонро бармеангезад, ки сахт кӯшиш кунанд, то ба фарзандонашон мувофиқи принсипҳои Худо зиндагӣ карданро ёд диҳанд. Лекин бисёри волидон пай мебаранд, ки дар баробари калон шудани кӯдак бо вай дар бораи чизҳои муҳим гап задан мушкилтар мешавад. Ин китоб ёрӣ медиҳад, ки дар оила чунин душворӣ пайдо нашавад. Маълумоти дар он навишташударо бо фарзандатон якҷоя хонда шумо ба вай ёрӣ медиҳед, ки ба Худо наздик шавад ва дуруст рафтор карданро ёд гирад. Беш аз ин, ин китоб мусоидат мекунад, ки байни кӯдак ва шахсе, ки онро ҳамроҳаш мехонад, сӯҳбати ошкоро бошад.

Аз назари шумо пӯшида намемонад, ки бисёри саволҳои ин китоб кӯдакро ба ҷавоб додан бармеангезанд. Баъди ин саволҳо аломати тилда (~) гузошта шудааст. Ин аломат ёдрас мекунад, ки шахс бояд бозистода кӯдакро барангезад, то фикрашро гӯяд. Фаромӯш накунед, ки ба кӯдакон дар ин ё он кор иштирок кардан маъқул аст. Барои ҳамин, агар ба кӯдак барои ба саволҳо ҷавоб додан имконият дода нашавад, вай тез шавқашро гум мекунад.

Муҳимтар он аст, ки ин саволҳо ба худи шумо кӯмак мекунанд, то чизҳои дар дили кӯдак бударо фаҳмед. Албатта, баъзан кӯдак ҷавоби нодуруст дода метавонад. Лекин маълумоте, ки баъд аз савол омадааст, ёрӣ медиҳад, ки тарзи фикрронии ӯро ислоҳ кунед.

Хусусияти фарқкунандаи ин китоб дар он аст, ки он беш аз 230 расму тасвир дорад. Дар назди аксари онҳо савол навишта шудааст, то кӯдак дар асоси расм ва чизҳои хондааш ба он ҷавоб диҳад. Барои ҳамин, хуб мебуд, ки шумо ин расму тасвирҳоро бо кӯдак дида бароед. Онҳо ёрдам медиҳанд, ки дарсҳои ин ё он боб ба дили кӯдак бештар таъсир кунанд.

Вақте ки кӯдак хонданро ёд мегирад, ӯро барангезед, ки китобро ҳам ҳамроҳи шумо хонад ва ҳам дар алоҳидагӣ. Чӣ қадаре ки бисёртар кӯдак ин корро кунад, ҳамон қадар бештар маслиҳатҳои он ба ақлу дили вай таъсир мекунанд. Лекин барои он ки муносибати шумо бо фарзандатон наздиктар шавад ва эҳтироми ӯ нисбататон афзояд, нағз мебуд, ки шумо ин китобро бо ӯ мунтазам хонед.

Якчанд даҳсолаҳо пеш ҳатто тасаввур кардан душвор буд, ки дар рӯзҳои мо маълумот оиди алоқаи ҷинсии нораво, ҷодугарӣ ва дигар корҳои даҳшатовар ба кӯдакон ба таври фаровон дастрас мешавад. Бале, кӯдакон ба муҳофизат мӯҳтоҷанд. Ин китоб ба шумо ёрӣ мерасонад, то ба таври шоиста ва ҳамзамон рӯирост ба фарзандатон маълумотеро диҳед, ки ӯро муҳофизат карда метавонад. Хеле муҳим аст, ки волидон ба фарзандонашон кӯмак кунанд, то онҳо бо Сарчашмаи тамоми хираду ҳикмат — Яҳува дӯстӣ пайдо кунанд. Худи Устоди Бузург — Исои Масеҳ ҳама вақт диққати дигаронро ба Падари осмониамон равона мекард. Мо умед дорем, ки ин китоб ба шумову оилаатон ёрӣ медиҳад, ки тарзи ҳаёти ба Яҳува писанд ба сар баред ва аз баракатҳои Ӯ абадан баҳравар шавед.