Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 18

Оё ту раҳмат гуфтанро фаромӯш намекунӣ?

Оё ту раҳмат гуфтанро фаромӯш намекунӣ?

 ОЁ ТУ имрӯз хӯрок хӯрда будӣ? ~ Кӣ онро тайёр кард? ~ Мумкин ин хӯрокро модарат ё ягон каси дигар пухт, лекин барои ин мо бояд ба Худо раҳмат гӯем. Медонӣ барои чӣ? ~ Барои он ки хӯрокро аз чизҳое, ки Худо медиҳад, тайёр мекунанд. Ғайр аз Худо мо бояд ҳамчунин ба одаме, ки ин хӯрокро тайёр кард ё онро ба сари дастархон овард, раҳмат гӯем.

2 Баъзан, вақте ки одамон ба мо кори нағз мекунанд, мо раҳмат гуфтанро фаромӯш мекунем, ҳамин тавр-не? Масалан, вақте ки Устоди Бузург дар рӯи замин зиндагӣ мекард, ӯ баъзе мардони махавиро сиҳат карда буд, лекин онҳо барои ин ба ӯ раҳмат нагуфтанд.

3 Оё ту медонӣ, ки барои чӣ он мардонро махавӣ мегуфтанд? ~ Барои он ки онҳо аз касалии махав азоб мекашиданд. Аз ин касалӣ баъзан ҳатто гӯшти бадани одам аз ҳам ҷудо шуда меғалтад. Вақте ки Исо дар замин буд, махавиён якҷоя бо дигар одамон зиндагӣ намекарданд. Ва агар шахси махавӣ медид, ки ягон кас ба пешаш омада истодааст, вай бояд дод зада мегуфт, ки ба вай наздик нашавад. Ҳамин тавр касалии ӯ ба дигарон намегузашт.

4 Дили Исо ба махавиён сахт месӯхт. Як рӯз Устоди Бузург аз қишлоқе гузашта ба Ерусалим мерафт. Вақте ки Исо ба ин қишлоқ наздик шуд, вай даҳ шахси махавиро дид. Онҳо шунида буданд, ки Исо бо қуввати Худо ҳамаи касалиҳоро сиҳат карда метавонад.

5 Махавиён боварӣ доштанд, ки Исо касалиашонро нағз карда метавонад. Лекин аз рӯи қонуни Худо рафтор карда, онҳо ба ӯ наздик нашуданд ва аз дур дод зада гуфтанд: «Эй Устод, ба мо ёрдам кун!»

6 Оё дили ту ба одамони касал месӯзад? ~ Дили Исо ба онҳо месӯхт. Ӯ медонист, ки одам аз касалии махав сахт азоб мекашад. Барои ҳамин, вай ба ин мардон ҷавоб дода гуфт: «Равед ва худро ба коҳинон нишон диҳед» (Луқо 17:11–14).

Исо ба ин мардони махавӣ чӣ гуфт?

7 Барои чӣ Исо ба онҳо ин хел гуфт? Барои он ки аз рӯи қонуне, ки Яҳува ба халқаш дода буд, махавиёни сиҳатшуда бояд ба пеши коҳин мерафтанд ва бадани худро ба ӯ нишон медоданд. Бадани одамро дида коҳин мегуфт, ки оё махав аз бадани вай пурра нест шудааст ё не. Танҳо баъди пурра сиҳат шуданаш, шахс метавонист аз нав якҷоя бо дигарон зиндагӣ кунад (Ибодат 13:16, 17).

8 Оё он махавиён гапи Исоро гирифта ба пеши коҳин рафтанд? Охир онҳо то ҳол сиҳат нашуда буданд-ку?! ~ Ҳа, онҳо худи ҳамон вақт ба пеши коҳин рафтанд. Аз афташ ин мардон боварии сахт доштанд, ки Исо касалиашонро нағз карда метавонад. Дар роҳ бо он махавиён як воқеа рӯй дод.

9 Ба пеши коҳин нарасида онҳо аллакай сиҳат шуданд. Махав аз бадани онҳо пурра нест шуд. Худо ин мардонро барои ба Исо бовар карданашон баракат дод. Чӣ қадар хурсанд шуданд онҳо! Лекин акнун онҳо барои нишон додани миннатдориашон бояд чӣ кор мекарданд? Ту ба ҷои онҳо чӣ кор мекардӣ? ~

Ин марди махавӣ чиро фаромӯш накард?

10 Яке аз махавиёни сиҳатшуда ба пеши Исо гашта омад. Вай Яҳуваро ҳамду сано хонд, яъне дар бораи Ӯ гапҳои нағз гуфт. Ва ин дуруст буд, чунки Худо вайро сиҳат карда буд. Ҳамчунин ин мард дар пеши Устоди Бузург ба зону нишаст ва ба вай раҳмат гуфт. Вай аз Исо сахт миннатдор буд.

11 Лекин дар бораи нӯҳ нафари дигар чӣ гуфтан мумкин аст? Исо аз он мард пурсид: «Оё сиҳатшудагон даҳ нафар набуданд? Нӯҳ нафари дигар куҷо шуданд? Наход ки танҳо як кас барои ҳамду сано хондани Худо гашта омада бошад?»

12 Ҳа. Аз байни даҳ кас танҳо як нафарашон ба назди Исо омад ва Худоро ҳамду сано хонд. Ва ин мард сомарӣ буд, яъне аз халқи дигар буд. Нӯҳ нафари дигар бошанд, на ба Худо раҳмат гуфтанд ва на ба Исо (Луқо 17:15–19).

13 Ту ба кадоме аз он мардон монандӣ? Ҳамаи мо мехоҳем, ки ба марди сомарӣ монанд бошем, ҳамин тавр-не? ~ Барои ҳамин, вақте ки касе ба мо ягон кори нағз мекунад, мо бояд чиро аз ёд набарорем? ~ Офарин, мо бояд ба вай раҳмат гӯем. Бисёр вақт одамон раҳмат гуфтанро фаромӯш мекунанд, лекин ин хеле муҳим аст. Бо ин мо Яҳува ва Писараш — Исоро хурсанд мекунем.

Ту аз махавие, ки ба пеши Исо гашта омад, чӣ ёд гирифта метавонӣ?

14 Ту мумкин ба хотир оварда метавонӣ, ки дигарон ба ту бисёр корҳои нағз карда буданд. Масалан, оё ту ягон бор касал шудаӣ? ~ Шояд ту ягон бор мисли он даҳ махавӣ аз касалии сахт азоб накашида будӣ. Лекин, шояд ту ягон вақт шамол хӯрда будӣ ё шикамат дард карда буд. Оё он вақт ягон кас туро нигоҳубин мекард? ~ Мумкин ба ту дору медоданд ё бароят ягон кори дигар мекарданд. Оё ту хурсанд будӣ, ки онҳо ба ту ёрӣ доданд? ~

15 Марди сомарӣ ба Исо раҳмат гуфт ва Устоди Бузург аз ин хурсанд шуд. Ба фикри ту, агар ба падар ё модарат барои ягон чиз раҳмат гӯӣ, онҳо аз ин хурсанд мешаванд? ~ Албатта, хурсанд мешаванд.

Барои чӣ ту бояд раҳмат гуфтанро фаромӯш накунӣ?

16 Баъзе одамон ҳар рӯз ё ҳар ҳафта барои ту ягон кори нағз мекунанд. Мумкин кардани ин кор вазифаи онҳо аст. Ё шояд онҳо аз ин кор хурсандӣ мегиранд. Лекин ба ҳар ҳол ту бояд ба ин одамон раҳмат гуфтанро фаромӯш накунӣ. Масалан, муаллимаат сахт меҳнат мекунад, ки ба ту дониш диҳад. Ва ин вазифаи ӯ аст. Лекин агар ту ба муаллима барои меҳнаташ раҳмат гӯӣ, вай аз ин хурсанд мешавад.

17 Баъзан одамон ба ту кори на он қадар калоне мекунанд. Масалан, оё ягон бор касе дарро барои ту кушода буд? Ё дар сари дастархон ягон кас ба ту чизеро дароз карда буд? Ҳатто барои ин корҳои майда ҳам мо бояд раҳмат гӯем.

18 Агар мо тез-тез ба одамон раҳмат гӯем, ин ба мо одат мешавад ва мо ба Падари осмониамон раҳмат гуфтанро аз хотир намебарорем. Ва чӣ қадар чизҳои бисёре ҳастанд, ки мо барои онҳо ба Яҳува раҳмат гуфта метавонем. Ӯ ба мо ҳам ҳаёт додааст ва ҳам чизҳоеро, ки онро хушбахттар мекунанд. Барои ҳамин мо сабаби бисёр дорем, ки дар бораи корҳои Худо гап зада, ҳар рӯз Ӯро ҳамду сано хонем.

Ин оятҳоро хон ва дар бораи миннатдорӣ ва шукргӯӣ бисёртар фаҳм: Забур 91:2; Эфсӯсиён 5:20; Қӯлассиён 3:17 ва 1 Таслӯникиён 5:18.