Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 48

Ту дар дунёи нави Худо зиндагӣ карда метавонӣ!

Ту дар дунёи нави Худо зиндагӣ карда метавонӣ!

 БАЪДИ офарида шудани Одаму Ҳавво Худо онҳоро дар боғи Адан ҷойгир кард. Ҳатто баъди он ки Одаму Ҳавво ба Худо беитоатӣ карда оқибат мурданд, Худо ба фарзандони онҳо, аз он ҷумла ба мо, имконият дод, ки беохир дар Биҳишт зиндагӣ кунанд. Китоби Муқаддас ваъда медиҳад: «Росткорон заминро мерос мегиранд ва дар он то абад зиндагӣ мекунанд» (Забур 36:29).

2 Дар Китоби Муқаддас дар бораи «осмони нав» ва «замини нав» навишта шудааст (Ишаъё 65:17; 2 Петрус 3:13). «Осмони» ҳозира ба ҳокимиятҳои инсонӣ ишора мекунад, «осмони нав» бошад, ба Исои Масеҳ ва онҳое, ки ҳамроҳаш подшоҳӣ мекунанд. Чӣ қадар хурсандиовар мешавад ҳаёт, вақте ки «осмони нав», яъне ҳокимияти одилонаи Худо бар тамоми одамон подшоҳӣ мекунад!

3 Лекин «замини нав» чист? ~ «Замини нав» ба одамони нағзе, ки Яҳуваро дӯст медоранд, ишора мекунад. Баъзан, дар Китоби Муқаддас «замин» гуфта на сайёраи Замин, балки сокинони он дар назар дошта шудааст (Ҳастӣ 11:1; Забур 65:4; 95:1). Барои ҳамин, «замини нав» на ба сайёраи нав ишора мекунад, балки ба одамоне, ки дар оянда дар Биҳишти рӯи замин зиндагӣ мекунанд.

4 Ҷаҳони имрӯза ва ҳама одамони бад бошанд, несту нобуд мешаванд. Ту мумкин дар хотир дорӣ, ки дар вақти Тӯфон одамони бад нобуд шуданд. Ва чӣ хеле ки мо аллакай фаҳмидем, ҷаҳони имрӯза ҳам, ба қарибӣ дар Ҳармиҷидӯн несту нобуд мешавад. Биё ҳозир мефаҳмем, ки баъди Ҳармиҷидӯн ҳаёт дар дунёи нави Худо чӣ гуна мешавад.

5 Оё ту дар дунёи нави Худо беохир зиндагӣ кардан мехоҳӣ? ~ Ҳеҷ як духтур барои беохир зиндагӣ кардан ба мо ёрӣ дода наметавонад. Ва ягон доруе нест, ки онро хӯрда мо беохир зиндагӣ кунем. Ягона роҳи ба даст овардани ҳаёти беохир — ин ба Худо наздик шудан аст. Ва Устоди Бузург фаҳмонда буд, ки чӣ тавр мо ин корро карда метавонем.

6 Биё аз Китоби Муқаддас боби 17-уми китоби Юҳанно, ояти 3-ро мекушоем. Дар он ҷо мо мехонем: «Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд».

7 Пас, барои соҳиб шудани ҳаёти ҷовидонӣ, яъне беохир ба мо чӣ кор кардан даркор аст? ~ Якум, мо бояд дар бораи Падари осмониамон — Яҳува ва дар бораи Писари Ӯ, ки ҳаёташро барои мо қурбон кард, дониш гирем. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд Китоби Муқаддасро омӯзем. Дар ин ба мо китобе, ки ҳоло дар даст дорем, яъне китоби «Устоди Бузургро гӯш кун» кӯмак мекунад.

8 Лекин чӣ тавр гирифтани дониш дар бораи Яҳува ба мо ёрдам мекунад, ки ҳаёти беохирро ба даст орем? ~ Чӣ хеле ки ҳар рӯз мо хӯрок мехӯрем, ҳамин тавр мо бояд ҳар рӯз дар бораи Яҳува дониш гирем. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо мебарояд» (Матто 4:4).

9 Боз, мо бояд дар бораи Исои Масеҳ дониш гирем, чунки Худо Писарашро фирсонд, то моро аз гуноҳҳоямон озод кунад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест». Ҳамчунин дар он навишта шудааст: «Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад» (Аъмол 4:12; Юҳанно 3:36). Лекин ба Исо имон овардан чӣ маъно дорад? ~ Ин маънои онро дорад, ки мо пурра бовар мекунем, ки бе ёрдами Исо ҳаёти беохирро соҳиб шуда наметавонем. Оё ту ба ин боварӣ дорӣ? ~ Агар ҳа, ту бояд аз ин пас ҳам, ҳар рӯз ба гуфтаҳои Устоди Бузург гӯш диҳӣ ва аз рӯи онҳо зиндагӣ кунӣ.

10 Як роҳи гӯш кардани Устоди Бузург — ин гаштаву баргашта хондани ин китоб ва дар бораи расмҳои он фикру мулоҳиза кардан аст. Кӯшиш кун, ки ба саволҳои дар поёни расмҳо овардашуда ҷавоб диҳӣ. Ҳамчунин нағз мебуд, ки ин китобро ҳамроҳи падару модарат хонӣ. Ғайр аз ин ту метавонӣ аз ягон одами калонсол ё кӯдак хоҳиш кунӣ, ки онро ҳамроҳи ту хонад. Чӣ қадар зӯр мебуд, агар ту ба ягон кас барои гӯш кардани Устоди Бузург ва ба даст овардани ҳаёти беохир ёрдам медодӣ, ҳамин тавр-не? ~

11 Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «Дунё... гузарон аст». Лекин он ҳамчунин мефаҳмонад, ки чӣ тавр мо дар дунёи нави Худо беохир зиндагӣ карда метавонем. Дар он мо мехонем: «Касе, ки хости Худоро иҷро мекунад, беохир зиндагӣ хоҳад кард» (1 Юҳанно 2:17). Пас, чӣ тавр мо дар дунёи нави Худо беохир зиндагӣ карда метавонем? ~ Ҳа, бо он ки дар бораи Яҳува ва Писари азизи Ӯ — Исо дониш мегирем. Лекин ҳамчунин мо бояд чизҳои фаҳмидаамонро дар амал, яъне бо рафторамон нишон диҳем. Бигзор дар ин кор ба ту омӯзиши ин китоб кӯмак кунад!