Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 4

Худо ном дорад

Худо ном дорад

 АГАР ту бо касе шинос шудан хоҳӣ, ту одатан ба ӯ чӣ савол медиҳӣ? ~ Дуруст, ту аввал номашро мепурсӣ. Ҳамаи мо ном дорем. Худо ба одамони аввалин ном гузошт. Ӯ марди якумро Одам номид ва занашро Ҳавво.

2 Лекин на фақат одамон ном доранд. Дигар чизҳо низ ном доранд. Масалан, агар ягон кас сагча ё гурбача дошта бошад, вай ба онҳо ном мемонад, ҳамин тавр-не? ~ Ҳа, ном доштан хеле муҳим аст.

3 Агар шабона ба осмон нигоҳ кунӣ, ту ситораҳои хеле зиёдро мебинӣ. Ба фикри ту, оё онҳо ном доранд? ~ Бале, Худо ба ҳар як ситора ном мондааст. Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд: «Худо шумораи ситораҳоро медонад: ҳамаи онҳоро бо номҳошон мехонад» (Забур 146:4).

Оё ту медонӣ, ки ҳар як ситора ном дорад?

4 Ба фикри ту, дар тамоми Олам шахси аз ҳама бузург кӣ аст? ~ Дуруст, ин Худо мебошад. Ба фикри ту, оё Ӯ ном дорад? ~ Ҳа ва дар бораи ин Устоди Бузург гуфта буд. Рӯзе ӯ дар дуо ба Худо гуфт: «Ман ба онҳо номи Туро шиносондам» (Юҳанно 17:26). Оё ту номи Худоро медонӣ? ~ Худо худаш ба мо номашро маълум мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ман Яҳува ҳастам ва номи Ман ҳамин аст». Пас маълум мешавад, ки номи Худо ЯҲУВА аст (Ишаъё 42:8, ТДН).

5 Агар дигарон номи туро дар хотир дошта бошанд, оё ин ба ту маъқул нест? ~ Ту аз ин хурсанд мешудӣ, ҳамин тавр-не? ~ Яҳува низ мехоҳад, ки одамон номи Ӯро донанд. Барои ҳамин, вақте ки мо дар бораи Худо гап мезанем, мо бояд номи Ӯро ба забон гирем. Вақте ки Устоди Бузург бо одамон сӯҳбат мекард, ӯ номи Худо — Яҳуваро истифода мебурд. Як бор Исо гуфт: «Яҳува Худои худро бо тамоми дили худ дӯст дор» (Марқӯс 12:30, ТДН).

6 Исо медонист, ки Яҳува ин номи хеле муҳим аст. Барои ҳамин, ӯ ба шогирдонаш ёд медод, ки номи Худоро истифода баранд. Ӯ ҳатто ба онҳо фармуда буд, ки дар бораи номи Худо дуо гӯянд. Исо медонист, ки хоҳиши Худо ин аст, ки ҳамаи одамон бо номи Ӯ, яъне Яҳува шинос шаванд.

7 Дар замони хеле қадим, Худо муҳим будани номи худро ба Мусо нишон дода буд. Мусо марди исроилӣ буд ва он вақт исроилиён дар мамлакате зиндагӣ мекарданд, ки Миср ном дошт. Одамони он ҷойро мисриён меномиданд. Онҳо исроилиёнро ғуломи худ карда буданд ва сахт азоб медоданд. Вақте ки Мусо калон шуд, вай ба як марде, ки аз халқи худаш буд, ёрдам кардан хост. Фиръавн, подшоҳи Миср, аз ин ба хашму ғазаб омад. Ӯ ҳатто хост, ки Мусоро кушад! Барои ҳамин Мусо аз Миср гурехт.

8 Мусо ба мамлакати дигар рафт. Ин замин Мидён ном дошт. Дар он ҷо Мусо зан гирифт ва ба оилааш ғамхорӣ мекард. Вай гӯсфандони падарарӯсашро бонӣ мекард. Як рӯз, вақте ки Мусо дар назди кӯҳ гӯсфандонро мечаронид, ӯ нохост як чизи аҷоибро дид. Вай хорбуттаеро дид, ки дар он алов дармегирифт, лекин худи он намесӯхт! Барои хубтар дидани ин Мусо ба хорбутта наздик шуд.

9 Медонӣ баъд чӣ шуд? ~ Мусо аз миёни хорбуттаи аловдор овозеро шунид, ки ба ӯ мегуфт: «Мусо! Мусо!». Ин овози кӣ буд? ~ Ин овози Худо буд! Худо ба Мусо вазифаи муҳимеро супориданӣ буд. Худо гуфт: «Ман туро назди фиръавн, подшоҳи Миср, мефирсонам, то ки халқи Ман — исроилиёнро аз Миср берун оварӣ». Худо ба Мусо ваъда дод, ки дар ин кор ба вай ёрдам мекунад.

Вақте ки Мусо ба ин хорбутта наздик шуд, ӯ чиро фаҳмид?

10 Вале Мусо ба Худо гуфт: «Ман назди исроилиён ба Миср меравам ва мегӯям, ки Худои падаронатон маро назди шумо фиристод. Лекин агар онҳо аз ман пурсанд, ки “Номи Ӯ чист?” ман ба онҳо чӣ гӯям?» Худо ба Мусо ҷавоб дод, ки вай бояд ба исроилиён чунин гӯяд: «Яҳува маро назди шумо фиристод, номи ман то абад Яҳува аст» (Хуруҷ 3:1–15, ТДН). Ин нишон медиҳад, ки Худо ҳеҷ гоҳ номашро дигар намекунад. Худо мехоҳад, ки Ӯро бо номаш — Яҳува, абадан шиносанд.

Чӣ тавр Худо дар назди баҳри Сурх номашро машҳур кард?

11 Вақте ки Мусо ба Миср баргашт, мисриён фикр карданд, ки Яҳува ким-кадом як худои исроилӣ аст. Онҳо ҳатто фикр ҳам намекарданд, ки Яҳува — Худои тамоми замин мебошад. Барои ҳамин Яҳува ба подшоҳи Миср гуфт: «Ман тавре мекунам, ки номи Ман ба ҳамаи одамон шинос шавад» (Хуруҷ 9:16). Ва Яҳува дар ҳақиқат номашро ба ҳама шинос гардонд. Оё ту медонӣ, ки Ӯ инро чӣ тавр кард? ~

12 Яҳува ба Мусо фармуд, ки исроилиёнро аз Миср барорад. Вақте ки онҳо ба баҳри Сурх наздик шуданд, Яҳува обро ду тақсим кард, то ки исроилиён аз ҷои хушки баҳр ба дигар тараф гузаранд. Фиръавн ва лашкаронаш аз қафои онҳо рафта ба даруни баҳр даромаданд. Лекин оби баҳр, ки дар ду тараф чун девор истода буд, аз нав мисли пештара шуд ва ҳамаи мисриён дар об ғарқ шуда мурданд.

13 Дере нагузашта одамони тамоми замин фаҳмиданд, ки Яҳува бо баҳри Сурх чӣ кор карда буд. Мо инро аз куҷо медонем? ~ Баъди 40 сол, исроилиён ба замини Канъон омаданд. Ин ҳамон замине буд, ки Яҳува ба халқаш ваъда карда буд. Дар он ҷо як зан, ки номаш Роҳоб буд, ба ду марди исроилӣ гуфт: «Мо шунидем, ки чӣ тавр, вақте ки шумо аз Миср берун омадед, Худованд обҳои баҳри Сурхро пеши шумо хушк кардааст» (Еҳушаъ ибни Нун 2:10).

14 Бисёр одамон имрӯз мисли мисриён рафтор мекунанд. Онҳо боварӣ надоранд, ки Яҳува Худоест, ки тамоми дунёро офарида аст. Барои ҳамин, Яҳува мехоҳад, ки хизматгоронаш дар бораи Ӯ ба одамон нақл кунанд. Исо маҳз ҳамин хел мекард. Ӯ дар охири ҳаёти заминиаш ба Яҳува чунин дуо гуфта буд: «Ман ба онҳо номи Туро шиносондам» (Юҳанно 17:26).

Исо дар бораи номи Худо нақл мекард. Оё ту низ ҳамин тавр мекунӣ?

15 Оё ту мисли Исо будан мехоҳӣ? Пас, ба одамон нақл кун, ки номи Худо Яҳува аст. Он вақт ту мефаҳмӣ, ки бисёр одамон номи Худоро намедонанд. Як сабаб дар он аст, ки дар баъзе тарҷумаҳои Китоби Муқаддас ба ҷои «Яҳува» калимаи «Худованд» навишта шудааст. Лекин дар «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав», ки онро ба забонҳои гуногун хондан мумкин аст, дар ояти Забур 83:18 чунин гуфта шудааст: «Ва бидонанд, ки танҳо Ту, ки номат Яҳува аст, бар тамоми замин Бузургтарин ҳастӣ» *.

16 Мо аз ин оят чӣ мефаҳмем? ~ Ҳа, ин оят нишон медиҳад, ки «Яҳува» дар дунё номи аз ҳама муҳим аст. Ин номи Худои Қодир, Падари Исо, мебошад. Ин номи Шахсест, ки тамоми чизро офаридааст. Ба хотир биёр, Исо гуфта буд, ки мо бояд Яҳува Худоро бо тамоми диламон дӯст дорем. Ту ҳам Яҳуваро дӯст медорӣ? ~

17 Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки Яҳуваро дӯст медорем? ~ Як роҳ ин аст, ки дар бораи Ӯ бисёртар фаҳмем ва бо Ӯ дӯст шавем. Роҳи дигар ин ки ба дигарон дар бораи номи Худо гап занем. Мо метавонем, ҳамчунин дар бораи чизҳои аҷоибе, ки Яҳува офаридааст ва некиҳое, ки Ӯ бароямон кардааст, нақл кунем. Ва Яҳува аз ин бисёр хурсанд мешавад, зеро Ӯ мехоҳад, ки одамон дар борааш дониш гиранд. Оё ту барои бо Худо шинос шудан ба одамон ёрӣ дода метавонӣ? ~

18 Аммо на ҳамаи одамон дар бораи Яҳува шунидан мехоҳанд. Вақте ки Исо дар бораи Яҳува ба дигарон нақл мекард, баъзеҳо ҳатто ба ӯ — Устоди Бузург гӯш намекарданд. Вале Исо дар бораи Яҳува гап заданро бас намекард.

19 Биё мо ҳам аз Исо ибрат гирифта, дар бораи Яҳува ба ҳама нақл кунем. Агар ин тавр кунем, Яҳува Худо аз мо хеле хурсанд мешавад, чунки мо нишон медиҳем, ки номи Ӯ ба мо азиз аст.

Ҳоло биё якчанд оятҳои Китоби Муқаддасро ҳамроҳ хонем. Ин оятҳо муҳим будани номи Худоро нишон медиҳанд: Ишаъё 12:4, 5; Матто 6:9; Юҳанно 17:6 ва Румиён 10:13.

[Эзоҳ]

^ сарх. 15 Номи Худоро ҳамчунин дар Замимаи Китоби Муқаддаси тоҷикӣ ёфтан мумкин аст.