Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 39

Худо Писарашро фаромӯш накард

Худо Писарашро фаромӯш накард

 МУМКИН ту дар ёд дорӣ, ки вақте дӯсти Исо — Лаъзор мурд, ӯ гиря карда буд. Ба фикри ту, вақте ки худи Исо азоб кашида мурд, оё Яҳува аз дидани ин зиқ шуд? ~ Ҳа. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки дили Яҳува метавонад «маҳзун», яъне зиқ шавад (Ҳастӣ 6:6; Юҳанно 11:35).

2 Оё ту тасаввур карда метавонӣ, ки чӣ қадар Яҳува дард ҳис кард, вақте ки Писари азизашро дар пеши чашмонаш куштанд? ~ Исо боварӣ дошт, ки Худо ҳеҷ вақт вайро фаромӯш намекунад. Ана барои чӣ ӯ пеш аз мурданаш чунин гуфт: «Эй Падар! [Ҳаёти] худро ба дасти Ту месупорам» (Луқо 23:46).

3 Исо дилпур буд, ки Яҳува ӯро аз нав зинда мекунад ва аз «дӯзах», ё аниқтараш, аз гӯр мебарорад. Баъди эҳё шудани Устоди Бузург Петруси ҳавворӣ ин суханонеро, ки дар Китоби Муқаддас оиди Исо гуфта шудаанд, такрор кард: «Ҷони ӯ дар дӯзах намонд ва ҷисми ӯ нобуд нашуд» (Аъмол 2:31; Забур 15:10). Ҳа, бадани Исо дар гӯр нобуд нашуд. Исо дарҳол эҳё шуд, барои ҳамин бадани вай ҳатто бӯй нагирифт ва напӯсид.

4 Худи Исо ба шогирдонаш гуфта буд, ки вай каме пас аз мурданаш эҳё мешавад. Ӯ ба онҳо фаҳмонда буд, ки бояд «кушта шавад ва дар рӯзи сеюм эҳё шавад» (Луқо 9:22). Барои ҳамин, вақте ки Исо эҳё шуд, шогирдонаш бояд аз ин ҳайрон намешуданд. Лекин оё дар ҳақиқат ҳамин хел шуд? ~ Биё инро мефаҳмем.

5 Исо рӯзи ҷумъа, тақрибан соатҳои сеи нисфирӯзӣ, дар ғӯлачӯб азоб кашида мемурад. Баъди фаҳмидани он ки Исо мурдааст, як марди бое, ки Юсуф ном дорад, ба пеши Пилотус меравад. Юсуф, аъзои суди олии яҳудиён аст. Вай ба Исо имон дорад, лекин инро аз дигарон пинҳон мекунад. Юсуф аз Пилотус иҷозат мегирад, ки мурдаи Исоро аз ғӯлачӯб гирифта гӯр кунад. Баъд ӯ мурдаи Исоро ба боғе мебарад ва дар мақбарае, ки барои худаш сохта буд, мемонад. Мақбара ҷоест, ки мурдаҳоро дар он мемонданд.

6 Баъди он ки мурдаи Исоро дар даруни мақбара мемонанд, онро бо санги калон маҳкам мекунанд. Ҳамин тавр се рӯз мегузарад. Ҳоло саҳарии рӯзи якшанбе мебошад. Офтоб то ҳол набаромадааст ва кӯча торик аст. Дар назди мақбара аскарон истодаанд ва онро посбонӣ мекунанд. Ин корро ба онҳо саркоҳинон фармуданд. Медонӣ барои чӣ? ~

7 Коҳинон ҳам шунида буданд, ки Исо дар бораи эҳёшавиаш гап мезад. Онҳо метарсанд, ки шогирдон ҷасади Исоро дуздида, баъд мегӯянд, ки ӯ эҳё шуд. Барои ҳамин онҳо дар пеши мақбара посбононро мемонанд. Баъд ногаҳон замин меҷунбад. Дар торикӣ нуре медурахшад. Ин фариштаи Яҳува аст! Аскарон чунон метарсанд, ки ҳатто аз ҷояшон ҷунбида наметавонанд. Фаришта ба назди мақбара меравад ва сангро аз дари он меғелонад. Лекин даруни мақбара хоп-холӣ аст!

Барои чӣ мақбара холӣ аст?

8 Ҳа, чӣ хеле ки Петруси ҳавворӣ дертар гуфт, «Исоро Худо эҳё кард» (Аъмол 2:32). Худо Исоро эҳё карда ба вай танеро дод, ки то ба замин омаданаш дошт. Ҳа, Исо чун шахси рӯҳӣ эҳё шуд (1 Петрус 3:18). Акнун, барои он ки одамон Исоро дида тавонанд, ба вай тани одамӣ даркор буд. Оё Исо ба худ тани одамӣ гирифт? ~ Биё инро мефаҳмем.

9 Офтоб баромада истодааст. Аскарон аллакай рафтанд. Марями Маҷдалия ва дигар занҳое, ки шогирди Исо шуда буданд, ба сари қабри ӯ мераванд. Онҳо дар роҳ ба ҳамдигар мегӯянд: «Сангро аз дари қабр барои мо кӣ меғелонад?» (Марқӯс 16:3). Лекин ба назди мақбара омада, онҳо мебинанд, ки сангро аллакай касе ғелондааст. Мақбара холӣ аст ва ҷасади Исо дар он нест! Марями Маҷдалия даррав давида ба пеши шогирдони Исо меравад, то инро ба онҳо нақл кунад.

10 Занҳои дигар дар назди мақбара мемонанд. Онҳо ҳайронанд ва ба якдигар мегӯянд: «Мурдаи Исо куҷо шуда бошад?» Баъд ногаҳон дар пешашон ду марде пайдо мешаванд, ки дар тан либоси дурахшон доранд. Ин мардон фариштаҳоянд! Онҳо аз занҳо мепурсанд: «Барои чӣ шумо Исоро дар ин ҷо мекобед? Вай эҳё шуд. Зудтар раведу инро ба шогирдон нақл кунед». Танҳо фикр кун, ки чӣ қадар ин занҳо саросемавор давида мераванд! Лекин дар роҳ онҳо бо марде вомехӯранд. Оё ту медонӣ, ки ӯ кист? ~

11 Ин мард Исо аст, ки тани одамӣ гирифтааст. Исо ҳам ба ин занҳо чунин мегӯяд: «Равед ва ҳамаашро ба шогирдони ман нақл кунед». Танҳо тасаввур кун, ки то чӣ андоза ин занҳо хурсанданд! Онҳо ба пеши шогирдон рафта чунин мегӯянд: «Исо зинда аст! Мо ӯро дидем!» Каме пеш аз ин Марям аллакай ба Петрус ва Юҳанно нақл карда буд, ки мақбараи Исо холӣ аст. Онҳо барои дидани ин ба сӯи мақбара мераванд. Ва чӣ хеле ки ту дар расм мебинӣ, Петрусу Юҳанно латтаеро, ки ба он Исоро печонида буданд, меёбанд. Ин шогирдон чӣ фикр карданашонро намедонанд. Онҳо, албатта, мехоҳанд, ки Исо зинда бошад, лекин ба ин бовариашон намеояд.

Петрус ва Юҳанно аз афташ дар бораи чӣ фикр мекунанд?

12 Дертар, худи ҳамон рӯз, Исо дар пеши ду шогирди дигараш, ки ба қишлоқи Аммоус рафта истода буданд, пайдо мешавад. Исо баробари онҳо роҳ рафта бо онҳо сӯҳбат мекунад. Лекин шогирдонаш ӯро намешиносанд, барои он ки тани ҳозираи одамиаш аз тани пештарааш фарқ мекунад. Шогирдон Исоро танҳо он вақт мешиносанд, ки ӯ дуо мегӯяд ва ҳамроҳи онҳо хӯрок мехӯрад. Шогирдон аз фаҳмидани он ки Исо зинда аст, чунон хурсанданд, ки роҳи дарозро тай карда саросемавор гашта ба Ерусалим мераванд! Мумкин, баъди ин Исо дар пеши Петрус ҳам пайдо мешавад ва ба вай зинда буданашро нишон медиҳад.

13 Баъдтар, худи ҳамон бегоҳ, шогирдони бисёре дар як хона ҷамъ мешаванд. Камтар пас, нигоҳ накарда ба он ки ҳамаи дарҳо қулф буданд, дар хона ногаҳон Исо пайдо мешавад! Акнун шогирдон бовар мекунанд, ки Устоди Бузург дар ҳақиқат зинда аст. Танҳо тасаввур кун, ки чӣ қадар хурсанду хушбахтанд онҳо! (Матто 28:1–15; Луқо 24:1–49; Юҳанно 19:38–20:21).

14 Дар давоми 40 рӯз Исо дар баданҳои гуногуни одамӣ дар назди шогирдонаш пайдо мешавад, то онҳо ӯро бинанд ва ба зинда буданаш бовар кунанд. Баъд ӯ боз ба осмон, ба пеши Падараш, бармегардад (Аъмол 1:9–11). Дере нагузашта шогирдон ба ҳама нақл мекунанд, ки Худо Исоро аз мурдаҳо зинда кард. Нигоҳ накарда ба он ки коҳинон шогирдонро мезананд ва баъзеашонро ҳатто мекушанд, онҳо мавъиза карданро бас намекунанд. Шогирдони Исо медонанд, ки ҳатто агар муранд ҳам, Худо онҳоро фаромӯш намекунад, чӣ хеле ки Писарашро фаромӯш накард.

Дар баъзе мамлакатҳо одамон эҳёшавии Исоро ба ёд оварда бисёртар дар бораи чӣ фикр мекунанд? Лекин ту дар бораи чӣ фикр мекунӣ?

15 Чӣ қадар фарқ мекарданд шогирдони аввали Исо аз бисёри одамони имрӯза! Масалан, дар баъзе мамлакатҳо одамон эҳёшавии Исоро ба ёд оварда иди Пасхаро қайд мекунанд. Дар ин вақт онҳо бисёртар дар бораи тухмҳои рангоранг ва харгӯш, ки барояшон рамзи ин ид мебошад, фикр мекунанд. Лекин дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки одамон бояд ҳамин хел эҳёшавии Исоро ба ёд биёранд. Дар он гуфта шудааст, ки одамон бояд ба Худо хизмат кунанд.

16 Мо метавонем мисли шогирдони аввали Исо ба одамон дар бораи он нақл кунем, ки Худо ба таври аҷоиб Писарашро эҳё кард. Ва мисли онҳо мо набояд ҳеҷ гоҳ аз одамон тарсем, ҳатто агар онҳо гӯянд, ки моро мекушанд. Чунки агар мурем ҳам, Яҳува моро аз ёд намебарорад ва аз нав зинда мекунад, чӣ тавре ки Ӯ Писарашро эҳё кард.

17 Оё мо хурсанд нестем, ки Худо хизматгоронашро фаромӯш намекунад ва, албатта, аз хоби марг бедор мекунад? ~ Барои ҳамин, биё бисёртар дар бораи он фикр кунем, ки чӣ хел мо Худоро хурсанд карда метавонем. Оё ту медонӣ, ки чӣ тавр мо инро карда метавонем? ~ Биё инро аз боби навбатӣ мефаҳмем.

Боварӣ ба он ки Исо эҳё шуда буд, бояд умеду имонамонро мустаҳкам кунад. Биё ин оятҳоро мехонем: Аъмол 2:22–36; 4:18–20 ва 1 Қӯринтиён 15:3–8, 20–23.