Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 30

Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ба тарс дода нашавем?

Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ба тарс дода нашавем?

 ОЁ БАРОИ ту ба Яҳува хизмат кардан осон аст? ~ Худи Устоди Бузург гуфта буд, ки ин осон намешавад. Як шаб пеш аз кушта шуданаш Исо ба ҳаввориёнаш гуфт: «Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, донед, ки пеш аз шумо аз ман нафрат кардааст» (Юҳанно 15:18).

2 Петрус манманӣ карда гуфт, ки вай ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда ба Исо бовафо мемонад. Лекин Исо гуфт, ки Петрус худи ҳамон шаб се бор аз вай рӯй мегардонад. Суханони Исо рост баромаданд! (Матто 26:31–35, 69–75). Лекин барои чӣ Петрус аз Исо рӯй гардонд? ~ Сабаб дар он буд, ки Петрус ва дигар ҳаввориён ба тарс дода шуданд.

3 Оё ту медонӣ, ки барои чӣ ҳаввориён тарсиданд? ~ Онҳо ба хатогии калон роҳ доданд. Биё мебинем, ки ба кадом хатогӣ. Фаҳмидани ин ба мо ёрдам мекунад, то нигоҳ накарда ба он ки дигарон дар ҳаққи мо чӣ мегӯянд ё чӣ кор мекунанд, ба Яҳува хизмат кунем. Лекин пеш аз ин, биё ба хотир меорем, ки шаби пеш аз мурдани Исо чӣ рӯй дода буд.

4 Он шаб Исо бо шогирдонаш иди Фисҳро ҷашн гирифтанд. Халқи Худо ин иди махсусро ҳар сол ҷашн мегирифт. Дар ин ид яҳудиён ба хотир меоварданд, ки чӣ тавр Худо онҳоро аз ғуломии Миср озод кард. Баъди ҷашн гирифтани ин ид Исо ба шогирдонаш мегӯяд, ки акнун онҳо бояд ҳар сол як шоми махсусро қайд кунанд. Дар яке аз бобҳои оянда мо дида мебароем, ки чӣ тавр ин шом барои ба хотир овардани Исо ба мо кӯмак мекунад. Дар сари дастархон Исо ба шогирдонаш суханони рӯҳбаландкунанда мегӯяд ва баъд онҳоро ба боғи Ҷатсамонӣ мебарад. Ин боғ ҷои дӯстдоштаи Исову шогирдонаш буд ва онҳо бисёр вақт ба он ҷо мерафтанд.

5 Дар боғ Исо аз шогирдонаш камтар дуртар меравад ва дуо мегӯяд. Вай ба Петрус, Яъқуб ва Юҳанно ҳам мегӯяд, ки дуо гӯянд. Лекин хоби онҳо мебарад. Се бор Исо ба даруни боғ рафта дуо мегӯяд ва ҳар дафъа омада мебинад, ки Петрусу дигар шогирдонаш хобанд (Матто 26:36–47). Оё ту медонӣ, ки барои чӣ онҳо бояд бедор мемонданд ва дуо мегуфтанд? ~ Биё инро мефаҳмем.

Барои чӣ Петрус, Яъқуб ва Юҳанно бояд бедор мемонданд?

6 Вақте ки Исо ва шогирдонаш иди Фисҳро қайд мекарданд, Яҳудои Исқарют ҳам бо онҳо буд. Мумкин ту дар ёд дорӣ, ки Яҳудо дузд шуда буд. Ҳоло бошад, вай мехоҳад Устодашро фурӯшад. Яҳудо медонад, ки Исо ва шогирдонаш одатан маҳз дар кадом ҷои боғи Ҷатсамонӣ вомехӯранд. Барои ҳамин, Яҳудо аскаронро ба он ҷо мебарад, то онҳо Исоро дастгир кунанд. Вақте ки аскарон мебиёянд, Исо аз онҳо мепурсад: «Шумо киро мекобед?»

7 Аскарон ҷавоб медиҳанд: «Исоро». Устоди Бузург аз онҳо наметарсад, барои ҳамин вай мегӯяд: «Ин манам». Аскарон нотарсии Исоро дида чунон ҳайрон мешаванд, ки ба ақиб рафта ба замин меафтанд. Баъд Исо мегӯяд: «Агар маро кофта истода бошед, дӯстонамро ҷавоб диҳед» (Юҳанно 18:1–9).

8 Вақте ки аскарон дастони Исоро мебанданд, ҳаввориён ба тарс дода мешаванд ва аз он ҷо гурехта мераванд. Лекин Петрусу Юҳанно мехоҳанд фаҳманд, ки акнун чӣ рӯй медиҳад, барои ҳамин онҳо каме дуртар истода аз ақиби Исо мераванд. Оқибат Исоро ба хонаи саркоҳин Қаёфо мебаранд. Юҳанно ба саркоҳин шинос буд, барои ҳамин дарвозабон ӯву Петрусро ба даруни ҳавлӣ роҳ медиҳад.

9 Дар хонаи Қаёфо аллакай коҳинон ҷамъ шудаанд, то ки Исоро суд кунанд. Коҳинон мехоҳанд, ки Исо кушта шавад. Барои ҳамин, онҳо шоҳидонеро ҷеғ мезананд, ки дар бораи вай гапҳои дурӯғ мегӯянд. Дар он ҷо одамон Исоро бо мушту шапалоқ мезананд. Тамоми ин вақт Петрус дар ҳавлии саркоҳин мебошад.

10 Канизаке, ки Петрусу Юҳанноро ба ҳавлӣ роҳ дод, Петрусро шинохта мегӯяд: «Ту ҳам бо Исо будӣ!» Лекин Петрус мегӯяд, ки вай Исоро намешиносад. Баъди якчанд вақт канизаки дигаре Петрусро мешиносад ва ба одамони дарпешашбуда мегӯяд: «Ин мард бо Исо буд». Ва боз Петрус мегӯяд, ки Исоро намешиносад. Камтар пас як гурӯҳи одамон Петрусро дида мегӯянд: «Дар ҳақиқат ту низ яке аз онҳо мебошӣ». Дафъаи сеюм ҳам Петрус мегӯяд, ки Исоро намешиносад. Ӯ ҳатто қасам мехӯрад, ки росташро гуфта истодааст. Ва худи ҳамон вақт чашми Петрус ба Исо меафтад (Матто 26:57–75; Луқо 22:54–62; Юҳанно 18:15–27).

Барои чӣ Петрус ба тарс дода шуда бардурӯғ гуфт, ки Исоро намешиносад?

11 Оё ту медонӣ, ки барои чӣ Петрус дурӯғ гуфт? ~ Дуруст, барои он ки вай ба тарс дода шуд. Лекин барои чӣ вай тарсид? Чӣ хел шуд, ки Петрус далериро аз даст дод? Биё дар бораи ин камтар фикр мекунем. Исо барои нотарс будан чӣ кор карда буд? ~ Исо ба Худо дуо гуфт ва Худо ба вай ёрӣ дод, ки далер бошад. Ва ба хотир биёр, ки Исо ба Петрус се бор гуфта буд, ки дуо гӯяд ва бедору ҳушёр монад. Лекин Петрус чӣ кор кард? ~

12 Ҳар се бор хоби Петрус бурд. Ӯ дуо нагуфт ва бедору ҳушёр намонд. Барои ҳамин, вақте ки Исоро дастгир карданд, Петрус ба ин тайёр набуд. Баъдтар, вақте ки дар суд Исоро заданд ва куштанӣ шуданд, Петрус тарсид. Лекин ба ёд ор, ки якчанд соат пеш аз ин Исо ҳаввориёнашро аз чӣ огоҳ карда буд? ~ Исо ба онҳо гуфт, ки чӣ тавре ки ҷаҳон ӯро чашми дидан надорад, ҳамин тавр шогирдонашро ҳам бад мебинад.

Чӣ тавр воқеае, ки бо Петрус рӯй дод, бо ту ҳам рӯй дода метавонад?

13 Акнун, биё фикр мекунем, ки оё он чизе ки бо Петрус рӯй дод, бо мо ҳам рӯй дода метавонад? Тасаввур кун, ки ту дар синф шиштаӣ ва ногаҳон ҳамсинфонат одамонеро, ки суруди миллӣ намехонанд, галстуки мактабӣ намебанданд ё идҳоро ҷашн намегиранд, ганда мекунанд. Баъд яке аз онҳо ба ту нигоҳ карда мегӯяд: «Ту низ суруди миллӣ намехонӣ-а?» Дигараш мегӯяд: «Ту галстуки мактабӣ ҳам намебандӣ!» Ва сеюмаш илова мекунад: «Мо шунидем, ки ту ҳатто идҳоро қайд намекунӣ». Оё ту метавонӣ нотарсона ба ҳамсинфонат росташро гӯӣ? ~ Ё ту мисли Петрус рафтор мекунӣ? ~

14 Баъдтар Петрус аз он ки Исоро намешиносам гуфт, сахт пушаймон шуд. Вақте ки Петрус хатогиашро фаҳмид, вай ба берун баромада бо дарду алам гиря кард. Ҳа, ӯ аз кори кардааш пушаймон шуд ва аз нав содиқона Исоро пайравӣ мекард (Луқо 22:32). Биё дар бораи ин камтар фикр мекунем. Чӣ ба мо ёрдам карда метавонад, ки ба тарс дода нашавем ва монанди Петрус рафтор накунем? Ба хотир биёр, ки Петрус дуо нагуфт ва бедору ҳушёр намонд. Пас, ба фикри ту, барои шогирди Устоди Бузург будан ба мо чӣ кор кардан даркор аст? ~

15 Муҳим аст, ки мо ба Яҳува дуо гӯем ва аз Ӯ ёрдам пурсем. Оё медонӣ, ки Худо дар ҷавоби дуои Исо чӣ кор кард? ~ Ӯ фариштаи худро фирсонд, то ки Исоро дастгирӣ кунаду ба вай далерӣ бахшад (Луқо 22:43). Оё фариштаҳои Худо ба мо ҳам кӯмак карда метавонанд? ~ Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Фариштаи Худованд дар гирду пеши тарсгорони Ӯ мебошад ва онҳоро халосӣ медиҳад» (Забур 33:8). Лекин барои он ки Худо ба мо ёрдам кунад, танҳо дуо гуфтан кам аст. Оё ту медонӣ, ки боз чӣ кор кардан даркор аст? ~ Исо ба шогирдонаш гуфт, ки бедору ҳушёр бошанд. Ба фикри ту, чӣ хел мо бедору ҳушёр буда метавонем? ~

16 Мо бояд дар вақти ҷамъомад бодиққат гӯш кунем ва аз рӯи чизҳое, ки аз Китоби Муқаддас мехонем, рафтор кунем. Лекин ҳамчунин ба мо даркор аст, ки дар давоми рӯз якчанд бор аз Яҳува барои ба Ӯ хизмат кардан ёрдам пурсем. Агар мо ин хел кунем, Яҳува ба мо кӯмак мекунад, ки ба тарс дода нашавем. Он гоҳ мо бо хурсандӣ дар бораи Устоди Бузург ва Падари ӯ ба дигарон нақл мекунем.

Ин оятҳо ба мо ёрдам карда метавонанд, ки ба одамтарсӣ дода нашавем: Масалҳо 29:25; Ирмиё 26:12–15, 20–24 ва Юҳанно 12:42, 43.