Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 37

Яҳува ва Писарашро ба ёд меорем

Яҳува ва Писарашро ба ёд меорем

 ТАСАВВУР КУН, ки касе ба ту ягон чизи қиматбаҳо тӯҳфа мекунад. Ту он вақт чӣ ҳис мекардӣ? ~ Оё ту ба ин шахс «раҳмат» гуфта, баъд ӯро тамоман фаромӯш мекардӣ? Ё ту ин шахс ва кори кардаи ӯро дар хотир медоштӣ? ~

2 Худои мо, Яҳува, ба мо тӯҳфаи қиматбаҳое додааст. Ӯ Писарашро ба замин фиристод, то ки вай барои мо ҳаёташро қурбон кунад. Оё ту медонӣ, ки чаро мурдани Исо лозим буд? ~ Фаҳмидани ин хеле муҳим аст.

3 Чӣ хеле ки мо аз боби 23-юм фаҳмидем, Одам — падари тамоми инсоният қонуни Худоро шикаст ва дар натиҷа гунаҳкор шуд. Ва аз вай гуноҳ ба ҳамаи мо гузашт. Пас, барои ислоҳ кардани вазъият чӣ кор кардан даркор буд? ~ Ба маъное ба мо падари наве даркор буд, ки ягон бор дар ҳаёташ гуноҳ накарда бошад. Ба фикри ту, кӣ барои мо чунин падар шуда метавонист? ~ Ҳа, Исо.

4 Яҳува Исоро ба замин фирсонд, то вай ба ҷои Одам падари мо шавад. Китоби Муқаддас ду шахсро Одам номида чунин мегӯяд: «Одами аввалин, яъне Одам, ҷони зинда гашт. Одами охирин рӯҳи ҳаётбахш аст». Шахсе, ки Одами аввалин номида шудааст, кист? ~ Дуруст, ин инсони аввалин, яъне Одам мебошад. Лекин Одами охирин кӣ аст? ~ Ин Исо мебошад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «одами якум [Одам] аз замин аст, яъне аз хок офарида шудааст; одами дуюм [Исо] аз осмон аст» (1 Қӯринтиён 15:45, 47; Ҳастӣ 2:7).

5 Худо ҳаёти Исоро аз осмон гирифта ба шиками Марям монд, барои ҳамин Исо гуноҳро аз Одам мерос нагирифт. Ҳа, Исо инсони комил буд (Луқо 1:30–35). Ана барои чӣ вақте ки ӯ таваллуд шуд, фаришта ба чӯпонон гуфт: «Имрӯз барои шумо... Наҷотдиҳанда таваллуд шуд» (Луқо 2:11). Лекин оё Исои кӯдак Наҷотдиҳандаи мо буда метавонист? ~ Не, ба вай лозим буд, ки аввал калон шуда, мисли Одам марди баркамол шавад. Танҳо он вақт Исо «Одами дуюм» шуда метавонист.

6 Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки Наҷотдиҳандаи мо, Исо, ҳамчунин дар оянда бароямон «Падари ҷовид» мешавад, яъне ӯ ҳама вақт барои мо Падар хоҳад буд (Ишаъё 9:6, 7). Ҳа, Исои комил ба ҷои инсони аввалин — Одам, ки баъди гуноҳ карданаш нокомил шуд, падари мо шуда метавонад. Ва барои ҳамин мо метавонем ба ҷои «Одами якум» «Одами дуюм»-ро падари худ интихоб кунем. Лекин, албатта, худи Исо ҳам Падар дорад ва Падари ӯ Яҳува мебошад.

Аз кадом ҷиҳат Одам ва Исо ба якдигар монанд буданд ва барои чӣ ин монандӣ муҳим буд?

7 Вақте ки мо дар бораи Исо дониш мегирем, мо мефаҳмем, ки бояд ӯро чун Наҷотдиҳандаи худ қабул кунем. Оё ту дар хотир дорӣ, ки моро аз чӣ наҷот додан даркор аст? ~ Ҳа, аз гуноҳ ва марге, ки аз Одам ба мо гузаштааст. Ҳаёти комиле, ки Исо барои мо қурбон кард, фидия номида мешавад. Яҳува ин фидияро барои он дод, ки мо аз гуноҳҳоямон озод шавем (Матто 20:28; Румиён 5:8; 6:23).

8 Албатта, мо намехоҳем он кореро, ки Яҳува ва Писараш барои мо карданд, аз хотир барорем, ҳамин хел-не? ~ Исо ба шогирдонаш нишон дод, ки чӣ хел онҳо кори кардаи ӯро ба ёд оварда метавонанд. Биё дар бораи ин гап мезанем.

9 Тасаввур кун, ки ту ҳозир дар болохонаи яке аз хонаҳои Ерусалим мебошӣ. Берун торик аст. Исо бо ҳаввориёнаш дар сари миз шиштаанд. Дар рӯи миз баррачаи бирён, якчанд бурда нони фатир ва шароби сурх истодааст. Ин хӯроки шом ғайриоддӣ аст. Медонӣ барои чӣ? ~

10 Ин хӯрок бояд хотиррасон мекард, ки Яҳува садҳо сол пеш, вақте ки халқи Исроил дар Миср ғулом буд, чӣ кор кард. Дар он вақт Яҳува ба халқаш чунин гуфт: «Ҳар як оила барраеро кушта, хунашро дар болои дари хонааш молад». Ва баъд илова кард: «Ба хонаҳоятон дароед ва ин барраро хӯред».

Чӣ тавр хуни барра исроилиёнро муҳофизат кард?

11 Исроилиён гапи Яҳуваро гӯш карданд. Ҳамон шаб фариштаи Худо дар замини Миср гаштугузор карда дар бисёри хонаҳо фарзанди калониро кушт. Лекин, вақте фаришта медид, ки дар болои дари хона хуни барра молида шудааст, вай аз пеши он гузашта мерафт ва дар он хона ягон кӯдак намемурд. Фиръавн — подшоҳи Миср аз кори фаришта сахт тарсид ва ба исроилиён гуфт: «Ман шуморо озод мекунам. Равед аз Миср!» Исроилиён даррав чизу чораашонро ба хару шутурҳо бор карда аз Миср берун баромаданд.

12 Яҳува намехост, то халқаш фаромӯш кунанд, ки чӣ хел Ӯ онҳоро озод кард. Барои ҳамин Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳар сол шумо бояд мисли имшаба хӯрок тайёр карда хӯред». Шоме, ки исроилиён дар он чунин хӯрок тайёр мекарданд, Фисҳ номида мешавад. Медонӣ барои чӣ? ~ Барои он ки калимаи “фисҳ” аз калимаи иброние гирифта шудааст, ки маънояш «гузашта рафтан» мебошад. Ва дар ҳақиқат, фариштаи Худованд аз пеши дарҳое, ки дар болояшон хун молида шуда буд, гузашта рафт (Хуруҷ 12:1–13, 24–27, 31).

13 Ва ҳоло, ки Исо ва ҳаввориёнаш иди Фисҳро қайд мекунанд, онҳо дар бораи ҳамин кори Яҳува фикр мекунанд. Дар ин вақт Исо як кори хеле муҳиме мекунад. Лекин пеш аз ин вай ҳаввории бевафо — Яҳудои Исқарютро ҷавоб медиҳад. Исо нонро гирифта дуо мегӯяд, онро пора мекунад ва ба ҳаввориёнаш дода мегӯяд: «Бигиред ва бихӯред». Баъд вай чунин мегӯяд: «Ин бадани ман аст, ки ман барои шумо қурбон мекунам».

14 Баъди ин Исо косаи шаробро ба даст мегирад. Ӯ боз дар дуо ба Худо раҳмат мегӯяд. Ва косаро ба ҳаввориёнаш дароз карда мегӯяд: «Ҳама аз ин бинӯшед». Баъд Исо ба онҳо мефаҳмонад: «Ин шароб хуни ман аст. Он ба қарибӣ рехта мешавад, то шумо аз гуноҳҳоятон озод шавед. Инро барои ба хотир овардани ман кунед» (Матто 26:26–28; 1 Қӯринтиён 11:23–26).

Хуни рехтаи Исо, ки вай онро ба шароб монанд кард, ба мо чӣ фоида меорад?

15 Оё ту аҳамият додӣ, ки Исо ба шогирдонаш гуфт, ки онҳо бояд ин корро карда вайро ба ёд оранд? ~ Ба онҳо дигар даркор набуд, ки иди Фисҳро ҷашн гиранд. Ба ҷои ин, онҳо бояд ҳар сол шоми дигареро қайд карда, Исоро ба ёд меоварданд. Имрӯз мо он шомро Шоми ёдбуд мегӯем. Медонӣ барои чӣ? ~ Барои он ки дар ин шом мо ба ёд меорем, ки Исо ва Падари ӯ — Яҳува барои мо чӣ кор карданд.

16 Нон бадани Исоро ба ёди мо меорад. Вай бо тайёрӣ ҷони худро барои мо дод, то ки мо ҳаёти беохир дошта тавонем. Шароби сурх бошад, чиро ба ёди мо меорад? ~ Шароб ба мо хуни рехтаи Исоро, ки арзиши хеле калон дорад, ёдрас мекунад. Ин хун аз хуни баррае, ки дар иди Фисҳ кушта мешуд, чандин бор қиматбаҳотар аст. Оё медонӣ барои чӣ? ~ Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки дар асоси хуни рехтаи Исо гуноҳҳои мо бахшида мешаванд. Баъди он ки мо аз ҳамаи гуноҳҳоямон озод мешавем, мо дигар касал ё пир намешавем ва намемурем. Вақте ки мо ба Шоми ёдбуд меоем, мо бояд дар бораи ин фикр кунем.

17 Оё ҳама одамоне, ки ба Шоми ёдбуд меоянд, бояд нонро хӯранд ва шаробро нӯшанд? ~ Суханони зерини Исо ба ин савол ҷавоб медиҳад. Ӯ ба онҳое, ки нонро мехӯранд ва шаробро менӯшанд, чунин гуфта буд: «Шумо бо ман дар Салтанатам подшоҳӣ мекунед ва дар осмон бо ман дар тахтҳо мешинед» (Луқо 22:19, 20, 30). Ин нишон медиҳад, ки чунин одамон ба осмон мераванд ва дар он ҷо бо Исо подшоҳӣ мекунанд. Пас, киҳо дар Шоми ёдбуд метавонанд нонро хӯранд ва шаробро нӯшанд? Танҳо шахсоне, ки Яҳува онҳоро интихоб кардааст, то ҳамроҳи Исо дар осмон подшоҳӣ кунанд.

18 Лекин ҳатто одамоне, ки нонро намехӯранд ва шаробро наменӯшанд, бояд ба Шоми ёдбуд биёянд. Медонӣ барои чӣ? ~ Барои он ки Исо ҳаёташро барои ҳамаи одамон дод. Вақте ки мо ба Шоми ёдбуд меоем, мо нишон медиҳем, ки ин тӯҳфаи қиматбаҳои Яҳуваро дар ёд дорем.

Ин оятҳо нишон медиҳанд, ки фидияи Исо хеле қиматбаҳо мебошад: 1 Қӯринтиён 5:7; Эфсӯсиён 1:7; 1 Тимотиюс 2:5, 6 ва 1 Петрус 1:18, 19.