Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 11

Бо шавқу завқ гап занед

Бо шавқу завқ гап занед

Румиён 12:11

МАҚСАДИ ДАРС: Бо шавқу завқ ва ғайрати зиёд гап зада, ба дили шунавандагон таъсир расонед ва хоҳиши амал карданро дар онҳо бедор созед.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Аз самими дил гап занед. Ҳангоми тайёрӣ фикр кунед, ки то чӣ андоза мавзӯатон муҳим аст. Маълумотеро, ки расондан мехоҳед, нағз омӯзед, то фикрҳое, ки мегӯед, на фақат аз забон, балки аз дил бароянд.

  • Дар бораи шунавандагон фикр кунед. Фикру мулоҳиза кунед, ки қироат ё таълими шумо ба дигарон чӣ фоида меорад. Ҳамчунин дар бораи он андеша ронед, ки маълумотро ба шунавандагон чӣ тавр расонданиед, то миннатдории шунавандагон барои чизи фаҳмидаашон зиёдтар шавад.

  • Ба суханонатон ҷон бахшед. Бо шавқу завқ гап занед. Кӯшиш кунед, ки имову ишораатон табиӣ бошад ва бигзор аз қиёфаатон самимӣ будани шумо маълум гардад.