Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 15

Бо боварӣ гап занед

Бо боварӣ гап занед

1 Таслӯникиён 1:5

МАҚСАДИ ДАРС: Нишон диҳед, ки ба ҳақ ва муҳим будани суханонатон бовар доред.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Тайёрӣ бинед. Маълумотро нағз омӯзед, то фаҳмед, ки фикрҳои асосӣ кадоманд ва чӣ тавр ба воситаи Китоби Муқаддас дуруст будани онҳо исбот шудааст. Кӯшиш кунед, ки фикрҳои асосиро бо якчанд калимаи одӣ гӯед. Дар бораи ба шунавандагон чӣ фоида овардани нутқатон андеша кунед. Аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсед.

  • Калимаҳои мувофиқро интихоб кунед. Матнеро, ки аз адабиётамон гирифтаед, айнан нахонед, нағзаш бо суханони худ гап занед. Калимаҳоеро истифода баред, ки ба гапи худ бовар доштанатонро нишон диҳанд.

  • Дилпурона ва самимӣ сухан гӯед. Барои нишон додани дилпуриатон баландтар гап занед. Агар бамаврид бошад, ба чашми шунавандагон нигоҳ карда гап занед.