ДАРСИ 16
Рӯҳбаланд кунед
Айюб 16:5
МАҚСАДИ ДАРС: Диққати шунавандагонро ба ҳалли мушкилиҳо равона кунед ва суханоне гӯед, ки ба онҳо болу пар бахшанд.
ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?
-
Назари дуруст дошта бошед. Бовар дошта бошед, ки ҳамимононатон дили Яҳуваро хурсанд кардан мехоҳанд. Ҳатто агар маслиҳат доданӣ бошед, кӯшиш кунед, ки аввал аз таҳти дил таъриф кунед.
-
Дар бораи чизҳои манфӣ бисёр гап назанед. Дар бораи душвориҳо танҳо бо мақсади расонидани ягон фикри муфид гап занед. Дар маҷмӯъ рӯҳияи суханонатон бояд мусбат бошад.
-
Каломи Худоро моҳирона истифода баред. Диққати шунавандагонро ба корҳое, ки Яҳува барои одамон карда буд, карда истодааст ё дар оянда мекунад, равона созед. Ба шахс далериву умед бахшед.