Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 17

Фаҳмо гап занед

Фаҳмо гап занед

1 Қӯринтиён 14:9

МАҚСАДИ ДАРС: Кӯшиш кунед, ки шунавандагон маънои суханонатонро фаҳманд.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Маводро пурра омӯзед. Бо мавзӯатон нағз шинос шавед, то онро бо суханони худ ва осон фаҳмонед.

  • Ибора ва ҷумлаҳои осону кӯтоҳро истифода баред. Истифодаи ҷумлаҳои дароз нодуруст нест, аммо фикрҳои асосиро беҳтараш бо ибора ва ҷумлаҳои кӯтоҳ қайд кунед.

  • Калима ва ибораҳои ношиносро фаҳмонед. Калима ва ибораҳои ба шунавандагон ношиносро камтар истифода баред. Агар оид ба ченакҳои андоза, урфу одатҳои қадим ё дар бораи шахсе аз Китоби Муқаддас, ки ба одамон на он қадар шинос аст, сухан ронед ё истифода бурдани калима ва ибораҳои ношиносро лозим донед, онҳоро каме шарҳ диҳед.