Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 3

Истифодаи саволҳо

Истифодаи саволҳо

Матто 16:13–16

МАҚСАДИ ДАРС: Бо эҳтиром савол дода, шавқи шунавандагонро бедор кунед, бо онҳо мулоҳиза ронед ва диққатро ба фикрҳои асосӣ равона созед.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Шавқи шунавандаро бедор кунед. Саволҳое диҳед, ки шахсро ба фикр кардан водор кунанд ва кунҷкобиашро бедор созанд.

  • Якҷоя мулоҳиза ронед. Як қатор саволҳо дода, ба шунаванда ёрӣ диҳед, ки пайдарҳамии фикрҳоро фаҳмад ва хулосаи дуруст барорад.

  • Диққатро ба фикрҳои асосӣ равона кунед. Пеш аз гуфтани фикри асосӣ саволе диҳед, ки диққати шахсро ҷалб кунад. Пас аз ҳар як фикри муҳим ё дар охири баромадатон барои такрор кардан аз саволҳо истифода баред.