Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед

Ин китоб дар бораи бунёди ҷамоати масеҳиёни асри як нақл мекунад. Инчунин он мефаҳмонад, ки мо аз воқеаҳои Корнома чӣ омӯхта метавонем.

Харитаҳо

Харитаҳои Исроилу сарзаминҳои атрофи он ва ҷойҳое, ки Павлус дар сафарҳои миссионерияш давр зада буд.

Номаи Ҳайати роҳбарикунанда

Чаро, вақте ба одамон дар бораи Подшоҳии Худо як ба як шаҳодат доданро давом медиҳем, ба дастгирии Яҳува дилпур буда метавонем?

БОБИ 1

«Биравед ва... шогирд тайёр кунед»

Исо пешгӯйӣ карда буд, ки хушхабари Подшоҳии Худо ба тамоми халқҳо эълон карда мешавад. Чӣ тавр ин пешгӯйӣ иҷро шуда истодааст?

БОБИ 2

«Дар бораи ман шаҳодат медиҳед»

Чӣ тавр Исо расулонро тайёр кард, ки кори паҳн кардани хушхабарро пеш баранд?

БОБИ 3

«Аз рӯҳи муқаддас пур шуданд»

Чӣ тавр рӯҳи муқаддас кумак кард, ки ҷамоати масеҳӣ ташкил ёбад?

БОБИ 4

«Мардони нохондаву одӣ»

Расулон далерона амал карданд ва Яҳува онҳоро баракат дод.

БОБИ 5

«Мо бояд ба Худо чун ба ҳоким итоат кунем»

Устувории расулон сазовори пайравист.

БОБИ 6

Истефанус «аз некуӣ ва қуввати Худо пур буд»

Мо аз Истефанус, ки дар пеши Шӯрои олии яҳудиён далерона дар бораи имонаш гап зад, чӣ дарс мегирем?

БОБИ 7

«Хушхабарро дар бораи Исо» мерасонем

Намунаи Филиппуси воиз.

БОБИ 8

Ҷамоат «ба муддате оромӣ ёфт»

Шоул, душмани ашаддии масеҳиён, воизи ҷонфидо мегардад.

БОБИ 9

«Худо ҳамаро бо як чашм мебинад»

Оғози мавъиза ба ғайрияҳудиён.

БОБИ 10

«Каломи Яҳува торафт» паҳн мегашт

Петрус раҳо шуд; озорҳо пеши роҳи паҳн шудани хушхабарро нагирифтанд.

БОБИ 11

«Аз хурсандӣ ва рӯҳи муқаддас пур мешуданд»

Павлус ба мо намуна гузошт, ки чӣ тавр ба одамоне, ки ба хушхабар гӯш намедиҳанду душманӣ мекунанд, муносибат кунем.

БОБИ 12

«Бо қудрати Яҳува далерона сухан меронданд»

Павлус ва Барнаббо хоксору устувор ва вазъиятшинос буданд.

БОБИ 13

«Бо онҳо баҳсу мунозираҳои зиёд карданд»

Ҳайати роҳбарикунанда масъалаи хатнаро дида мебарояд.

БОБИ 14

«Мо якдилона қарор додем»

Фаҳмед, ки чӣ тавр ҳайати роҳбарикунанда дар масъалаи хатна қароре мебарорад, ки ҷамоатҳоро муттаҳид месозад.

БОБИ 15

Ҷамоатҳоро устувор мегардонданд

Вақте бародарони ботаҷриба сафар карда ҷамоатҳоро хабар мегиранд, имони бародару хоҳарон мустаҳкам мегардад.

БОБИ 16

«Ба Мақдуния омада, ба мо ёрӣ деҳ»

Таъйиноти навро қабул кардан ва дар озорҳо хурсандиро аз даст надодан баракат меорад.

БОБИ 17

«Павлус... бо онҳо дар асоси Навиштаҳо гуфтугузор мекард»

Павлус ба яҳудиёни шаҳрҳои Таслӯникӣ ва Бирия як ба як шаҳодат медиҳад.

БОБИ 18

«Худоро биҷӯянд... ва биёбанд»

Вақте Павлус эҳтиёҷу шавқи шунавандагонашро ба назар гирифта сухан ронд, чӣ гуна имкониятро пайдо кард?

БОБИ 19

«Гап задан гир ва хомӯш набош»

Мо аз хизмати Павлус дар Қӯринт чӣ меомӯзем ва чӣ тавр ин ба мо ёрдам мекунад, ки дар бораи Подшоҳии Худо як ба як шаҳодат диҳем?

БОБИ 20

Бо вуҷуди зиддият «каломи Яҳува бошиддат паҳн мешуд ва қувват мегирифт»

Фаҳмед, ки Апуллусу Павлус барои хушхабарро ба одамони зиёд расондан чӣ кор карданд.

БОБИ 21

«Хуни ягон кас бар гардани ман нест»

Павлуси расул бо ҷидду ҷаҳд хизмат мекунад ва ба пирон дастуру маслиҳат медиҳад.

БОБИ 22

«Хости Яҳува шавад»

Павлус азм кард, ки барои иҷрои хости Худо ба Ерусалим меравад.

БОБИ 23

«Ба он чизе, ки ҳоло барои муҳофизати худ мегӯям, гӯш диҳед»

Павлус дар назди мардуми пурхашму ғазаб ва Шӯрои олии яҳудиён ба муҳофизати ростӣ сухан мегӯяд.

БОБИ 24

«Далер бош!»

Павлус аз дасти яҳудиён раҳо меёбад ва дар назди Феликси ҳоким худро ҳимоя мекунад.

БОБИ 25

«Доварии қайсарро талаб мекунам!»

Павлус аз хушхабар пуштибонӣ карда ибрат мегузорад.

БОБИ 26

«Ҳеҷ яке аз шумо ҳалок намегардед»

Павлус ҳангоми садамаи киштӣ имони бузургашро ба Худо ва муҳаббаташро ба одамон нишон медиҳад.

БОБИ 27

«Як ба як шаҳодат дод»

Павлус дар Рум зиндонӣ бошад ҳам, расондани паёми хушро бас намекунад.

БОБИ 28

«То гӯшаю канори замин»

Шоҳидони Яҳува кори таърихиеро, ки масеҳиёни асри як сар карда буданд, идома медиҳанд.

Феҳристи тасвирҳо

Рӯйхати сурату тасвирҳои асосии ин китоб.