БОБИ 1
«Биравед ва... шогирд тайёр кунед»
Корномаи расулон ва паҳн кардани хушхабар дар замони мо
1–6. Мисол оред, ки чӣ тавр Шоҳидони Яҳува дар ҳар гуна вазъият хушхабарро паҳн мекарданд.
БАРОИ Ребекка ном Шоҳиди ҷавоне аз Гана мактаб ҷойи хуби паҳн кардани хушхабар буд. Барои ҳамин ӯ ҳамеша дар ҷузвдонаш адабиётамонро мегирифт. Ребекка дар вақти танаффус имконият меҷуст, то ба ҳамсинфонаш хушхабарро гап занад. Ҳамин тавр якчанд ҳамсинфаш омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карданд.
2 Начандон дур аз соҳили ҷанубу шарқии Африқо, дар ҷазираи Мадагаскар, ду пешрав дар офтоби сӯзон 25 километр роҳро тай карданд, то ба қишлоқи дурдасте расанд. Онҳо дар он ҷо бо якчанд шавқманд Китоби Муқаддасро омӯзиш карданд.
3 Шоҳидони Парагвай ҳамроҳи ихтиёриёни 15 давлати дигар киштие сохтанд, ки 45 тонна вазн дошту 12 касро меғунҷонд. Акнун воизони пурғайрат метавонистанд хушхабарро ба минтақаҳои дастнорас расонанд — ба мардуме, ки дар наздикии дарёҳои Парагвай ва Парана зиндагӣ мекунанд.
4 Дар Шимоли Дур ба Аляска дар мавсими тобистон сайёҳон бисёр меомаданд. Аз ин рӯ Шоҳидони Яҳува фурсатро аз даст надода, ба онҳо хушхабарро мерасонданд. Вақте киштиҳои сайёҳони гуногунмиллат ба соҳил мерасиданд, Шоҳидони маҳаллӣ дар бандар, дар пеши аробачаи адабиётдор, меистоданд ва адабиётамонро ба забонҳои гуногун ба онҳо пешкаш мекарданд. Ба қишлоқҳои дурдасти он ҷо бошад, воизон хабари хушро бо ҳавопаймо ба қавмҳои таҳҷойӣ мерасонданд — ба мардуми алеут, атабаск, симшиан ва клинкит.
5 Ларри дар Техас (ИМА), дар парасторгоҳи маъюбон, зиндагӣ мекард. Ҳарчанд ӯ пас аз садама дар аробачаи маъюбӣ буд, бекор намешишт, балки ба дигарон хушхабарро мерасонд. Масалан, Ларри ба онҳо мегуфт, ки дар оянда зери ҳукмронии Подшоҳии Худо ӯ аз нав роҳ мегардад (Иш. 35:5, 6).
6 Дар Мянма як гурӯҳ Шоҳидон тӯли се рӯз бо киштӣ аз шаҳри Мандалай ба шимоли мамлакат сафар карданд, то дар анҷуман иштирок кунанд. Онҳо сахт мехостанд, ки раҳораҳ хушхабарро ба одамон гап зананд. Барои ҳамин бо худ адабиёт гирифта, ба мусофирон пешкаш мекарданд. Ҳар вақте ки киштӣ дар ягон шаҳрак ё қишлоқ меистод, воизони боғайрат зуд ба аҳолии он ҷо адабиёт тақсим мекарданд. Сипас онҳо ба киштӣ баргашта, хушхабарро ба одамоне мерасонданд, ки нав ба киштӣ савор шуданд.
7. Бо кадом роҳҳо парастандагони Яҳува дар бораи Подшоҳии ӯ шаҳодат медиҳанд ва мақсади онҳо чист?
7 Аз мисолҳои боло маълум аст, ки парастандагони боғайрати Яҳува дар саросари ҷаҳон дар бораи Подшоҳии Худо «як ба як шаҳодат» медиҳанд (Кор. 28:23). Онҳо хона ба хона, дар кӯча, ба воситаи нома ва телефон бо одамон гап мезананд. Дар нақлиёт, ҳангоми сайру гашт ё танаффус дар ҷойи кор онҳо имконият меҷӯянд, ки хушхабари Худоро паҳн кунанд. Роҳу тарзҳо гуногун бошад ҳам, мақсад як аст — расондани хушхабар дар ҳар ҷое, ки одамонро вомехӯранд (Мат. 10:11).
8, 9. а) Чаро шубҳае нест, ки паҳн шудани хушхабар муъҷиза аст? б) Чӣ гуна савол ба миён меояд ва чӣ тавр ҷавоби онро ёфта метавонед?
8 Хонандаи азиз, оё шумо дар байни онҳое ҳастед, ки дар зиёда аз 235 давлат хушхабари Подшоҳиро паҳн мекунанд? Агар ҳа, шумо дар кори бузурги шаҳодатдиҳӣ саҳмгузоред. Ин коре, ки дар тамоми ҷаҳон пеш рафта истодааст, бешубҳа, муъҷиза аст, зеро новобаста ба душвориҳо, маҳдудиятҳо ва озору азият Шоҳидони Яҳува хушхабари Подшоҳии Худоро ба тамоми халқҳо мерасонанд.
9 Саволе ба миён меояд, ки чаро душвориҳо ва ҳатто зиддияти Шайтон пеши роҳи паҳн шудани хушхабарро гирифта наметавонад. Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан мо бояд ба таърихи масеҳиёни асри як назар андозем, зеро имрӯз Шоҳидони Яҳува кореро, ки он вақт сар шуда буд, давом медиҳанд.
Супориши доманадор
10. Исо ҳаёташро ба чӣ бахшида буд ва ӯ чиро медонист?
10 Асосгузори ҷамоати масеҳӣ, Исои Масеҳ, ҳаёти худро ба паҳн кардани хушхабари Подшоҳӣ бахшида буд. Боре Исо чунин гуфт: «Ман бояд хушхабари Подшоҳии Худоро... эълон кунам, зеро барои ҳамин фиристода шудаам» (Луқ. 4:43). Исо медонист, ки кори саркардаашро худаш анҷом дода наметавонад. Ӯ пеш аз маргаш пешгӯйӣ кард, ки «хушхабар ба тамоми халқҳо эълон карда» мешавад (Марқ. 13:10). Лекин чӣ хел? Кӣ ин корро мекунад?
11. Исо ба шогирдонаш кадом супориши муҳимро дод ва дар ин кор ба онҳо чӣ кумак карда метавонист?
11 Исо баъди зинда шуданаш ба шогирдонаш намудор шуд ва ба онҳо супориши муҳиме дод: «Биравед ва аз байни тамоми халқҳо барои ман шогирд тайёр кунед. Онҳоро ба номи Падар, Писар ва рӯҳи муқаддас таъмид диҳед ва риоя кардани ҳар он чизеро, ки ба шумо фармудаам, омӯзонед. Бидонед, ки ман ҳамеша то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:19, 20). «Бо шумо ҳастам» гуфтани Исо маънои онро дошт, ки шогирдонаш дар паҳн намудани хушхабар ва тайёр кардани шогирдон ба дастгирии ӯ умед баста метавонанд. Онҳо ба чунин дастгирӣ муҳтоҷ буданд, зеро худи Исо пешгӯйӣ карда буд, ки «ҳамаи халқҳо» аз онҳо «нафрат мекунанд» (Мат. 24:9). Шогирдон инчунин дар бораи як ваъдаи дигари Исо медонистанд. Ӯ, пеш аз он ки ба осмон равад, гуфт, ки рӯҳи муқаддас бар онҳо мефарояд ва онҳо «то гӯшаю канори замин» дар бораи ӯ шаҳодат медиҳанд (Кор. 1:8).
12. Мо бояд ба кадом саволҳои муҳим ҷавоб ёбем ва чаро?
12 Оё расулони Исо ва дигар шогирдони асри як ба ин супориш ҷиддӣ назар мекарданд? Оё ин гурӯҳи хурди масеҳиён дар зиддиятҳои сахт ҳам дар бораи хушхабар гап мезаданд? Оё, дар ҳақиқат, Яҳува, Исо, фариштагон ва рӯҳи муқаддаси Худо онҳоро дар кори шогирдсозӣ дастгирӣ мекарданд? Ба ин ва дигар саволҳои муҳим шумо аз китоби Корнома ҷавоб ёфта метавонед. Чаро ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан хеле муҳим аст? Исо пешгӯйӣ карда буд, ки ин кор «то охирзамон» давом мекунад. Пас, супориши Исо ба ҳамаи масеҳиёни ҳақиқӣ, аз ҷумла мо, ки дар замонҳои охир зиндагӣ мекунем, дахл дорад. Бешубҳа, дида баромадани воқеаҳое, ки дар китоби Корнома навишта шудаанд, бароямон шавқовару кумакрасон хоҳад буд.
Назаре ба Корнома
13, 14. а) Корномаро кӣ навиштааст ва ӯ маълумотро аз куҷо ҷамъ овард? б) Китоби Корнома дар бораи чист?
13 Корномаро кӣ навиштааст? Дар худи китоб дар ин бора гуфта нашудааст. Аммо аз сарсуханаш маълум аст, ки Корнома ва китоби Луқоро як кас навиштааст (Луқ. 1:1–4; Кор. 1:1, 2). Барои ҳамин аллакай аз замонҳои пеш ба хулосае омаданд, ки Корномаро Луқо, «табиби азиз» ва таърихнигори бодиққат, ба қалам овардааст (Қӯл. 4:14). Ин китоб воқеаҳоеро дар бар мегирад, ки тақрибан тӯли 28 сол рӯй доданд — аз соли 33-юми милодӣ, яъне аз соли ба осмон рафтани Исо, то тахминан соли 61-уми милодӣ, ки соли дар Рум ҳабс шудани Павлуси расул мебошад. Дар баъзе ҷойҳо Луқо аз ҷонишини «онҳо» ба «мо» мегузарад. Аз рӯйи ин тахмин кардан мумкин аст, ки ӯ бисёр воқеаҳоеро, ки он вақт рӯй доданд, бо чашми худ дида буд (Кор. 16:8–10; 20:5; 27:1). Маълумоти дигарро бошад, ин таҳқиқгари боғайрат, бешубҳа, аз даҳони шоҳидони воқеаҳо — Павлус, Барнаббо, Филиппус ва дигарон, ки дар китоб ёдовар шудаанд, гирифтааст.
14 Китоби Корнома дар бораи чист? Луқо дар Хушхабар дар бораи суханону корҳои Исо навишта буд, дар Корнома бошад, ӯ дар бораи корҳову суханони шогирдони Исо навиштааст. Дар ин китоб дар бораи корҳои бузурги шахсоне, ки аксарашон дар назари мардум «нохондаву одӣ» буданд, нақл шудааст (Кор. 4:13). Кӯтоҳ карда гӯем, ин китоби илоҳӣ дар бораи чӣ тавр пайдо шудани ҷамоати масеҳӣ ва рушд кардани он гап мезанад. Инчунин мо аз Корнома мефаҳмем, ки масеҳиёни асри як бо кадом роҳу усул ва рӯҳия хушхабарро паҳн мекарданд (Кор. 4:31; 5:42). Дар ин китоб нақши рӯҳи муқаддас дар паҳн шудани хушхабар баръало маълум аст (Кор. 8:29, 39, 40; 13:1–3; 16:6; 18:24, 25). Дар Корнома низ мавзуе омадааст, ки дар саросари Китоби Муқаддас дида мешавад. Ин мавзуъ пок шудани номи Худо ба воситаи Подшоҳии масеҳоияш мебошад. Китоби Корнома инчунин нишон медиҳад, ки чӣ тавр хушхабар новобаста ба зиддиятҳои сахт босуръат паҳн мешуд (Кор. 8:12; 19:8; 28:30, 31).
15. Аз омӯхтани китоби Корнома мо чӣ фоида мегирем?
15 Шубҳае нест, ки омӯхтани Корнома шавқовар мешавад ва имонро мустаҳкам мегардонад. Дар бораи далерӣ, ғайрат ва имони барҷастаи шогирдони аввалини Масеҳ андеша кардан ба дили мо таъсири пурзӯр мегузорад ва мо ба иҷрои амри «биравед ва... шогирд тайёр кунед», беҳтар омода мешавем. Адабиёте, ки шумо ҳозир хонда истодаед, ба шумо кумак мекунад, ки китоби Корномаро бодиққат омӯзед.
Кумак дар омӯзиши Каломи Худо
16. Мақсади ин адабиёт дар чист?
16 Мақсади ин адабиёт дар чист? Ин китоб асосан дар се ҷониб ба мо кумак мекунад: 1) моро дилпур месозад, ки Яҳува бо рӯҳи муқаддасаш расондани хушхабар ва кори шогирдсозиро раҳнамоӣ мекунад, 2) намунаи шогирдони аввалини Масеҳро омӯхта шӯру шавқамон дар хизмат меафзояд, 3) эҳтиромамон ба ташкилоти Яҳува ва онҳое, ки паҳнсозии хушхабарро назорат мекунанду ба ҷамоатҳо ғамхорӣ менамоянд, зиёд мешавад.
17, 18. Ин адабиёт чӣ тавр омода шудааст ва кадом хусусиятҳои он ба шумо дар омӯзиши шахсӣ кумак карда метавонанд?
17 Ин китоб аз ҳашт фасл иборат аст. Ҳар як фасли он дар асоси порчае аз китоби Корнома омода шудааст. Ин фаслҳо аз бобҳо иборатанд. Дар аввали ҳар як боб мухтасар гуфта мешавад, ки гап дар бораи чӣ меравад ва кадом порчаи Корномаро дида мебароем. Мақсади ин адабиёт оят ба оят шарҳ додани Корнома нест, балки аз воқеаҳои ин китоб дарс гирифта, дониши андӯхтаамонро ба кор бурдан аст.
18 Ин адабиёт дигар хусусиятҳо низ дорад, ки омӯзиши шахсиятонро бою рангин мегардонад. Ба тасвирҳои зебои он диққат карда шумо воқеаҳои Корномаро зинда тасаввур мекунед. Бисёри бобҳо чорчӯбаҳо доранд, ки дар онҳо маълумоти иловагӣ оварда шудааст. Баъзе чорчӯбаҳо дар бораи шахсоне мебошанд, ки имонашон сазовори пайравист. Дар дигар чорчӯбаҳо бошад, дар бораи ҷой, воқеаҳо, урфу одат ва дигар касоне, ки дар китоби Корнома ёдовар шудаанд, маълумоти батафсил дода шудааст.
19. Чӣ тавр мо баъзан худро санҷида метавонем?
19 Бо ёрии ин адабиёт худро ростқавлона бисанҷед. Солҳои зиёд воиз бошед ҳам, як-як дар бораи он фикр кунед, ки дар ҳаётатон чӣ дар ҷойи аввал меистад (2 Қӯр. 13:5). Аз худ пурсед: «Оё ман то ҳол расондани хушхабарро кори таъҷилӣ мешуморам?» (1 Қӯр. 7:29–31). «Оё ман паёми Худоро бо боварӣ ва ҷидду ҷаҳд гап мезанам?» (1 Тас. 1:5, 6). «Оё дар мавъиза ва шогирдсозӣ, чи қадаре аз дастам ояд, иштирок мекунам?» (Қӯл. 3:23).
20, 21. Чаро кори мо таъҷилӣ аст ва мо бояд чӣ гуна азм дошта бошем?
20 Биёед фаромӯш накунем, ки ба мо супориши расондани хушхабар ва шогирдсозӣ дода шудааст ва ин кор рӯз ба рӯз муҳимтару муҳимтар мегардад. Поёни ин замона торафт наздик мешавад, аз ин рӯ ҷони бисёр одамон аз пештара бештар дар хатар аст. Ҳарчанд мо намедонем, ки боз чӣ қадар одамон ба ҳаёти ҷовидонӣ моиланд, вазифадор ҳастем, ки ба онҳо, ҳоло ки дер нашудааст, хушхабарро расонем (Кор. 13:48; 1 Тим. 4:16).
21 Барои иҷрои ин супориши наҷотбахш хеле муҳим аст, ки ба шогирдони боғайрати асри як пайравӣ намоем. Бигзор омӯзиши ин китоб ба шумо кумак кунад, ки минбаъд низ бо далерӣ, ҷидду ҷаҳд ва азму хоҳиши зиёд дар бораи Подшоҳии Худо «як ба як шаҳодат» диҳед! (Кор. 28:23).