ФАСЛИ 1 • КОРНОМА 1:1–6:7
«Шумо... Ерусалимро аз таълими худ пур кардед»
Аз вақте ки дар Иди Ҳафтаҳои соли 33-юми милодӣ бар шогирдони Исо рӯҳи муқаддас фурӯ рехт, онҳо дар бораи Подшоҳии Худо бо ҷидду ҷаҳд шаҳодат доданро сар карданд. Дар ин фасл мо дида мебароем, ки чӣ тавр ҷамоати масеҳиён пайдо шуд, чӣ хел хушхабар дар Ерусалим паҳн гашт ва чӣ тавр расулон ҳангоми озору зиддияти сахт далеру устувор монданд.