Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 3

«Аз рӯҳи муқаддас пур шуданд»

«Аз рӯҳи муқаддас пур шуданд»

Дар Иди Ҳафтаҳо бар шогирдон рӯҳи муқаддас фурӯ мерезад

Бар Корнома 2:1–47 асос ёфтааст

1. Дар Ерусалим дар Иди Ҳафтаҳо чӣ гуна фазо ҳукмфармо буд?

 ФАЗОИ кӯчаҳои Ерусалим пур аз шодиву хурсандист a. Аз ибодатгоҳ дуди қурбониҳо мебарояд. Левизодагон бошанд, сурудҳои ҳамду ситоиш (Забур 113 то 118) мехонанд. Ба назар чунин метобад, ки онҳо ду даста шуда, ба тарзи саволу ҷавоб месароянд. Кӯчаҳо пур аз одаманд. Бисёри онҳо аз ҷойҳои дурдаст — аз Элом, Байнаннаҳрайн, Каппадукия, Понтус, Миср ва Рум b, омадаанд. Дар шаҳр чӣ гап аст? Дар Ерусалим Иди Ҳафтаҳоро, ки инчунин «рӯзи ҳосили аввал» ном дорад, ҷашн мегиранд (4 Мӯсо 28:26). Ин иди солона дар охири мавсими ҷавдарав ва оғози гандумдарав баргузор мегардид. Он рӯз рӯзи хурсандибахш буд!

2. Соли 33-и милодӣ, дар Иди Ҳафтаҳо, кадом воқеаи ғайриодие рӯй дод?

2 Дар он баҳори соли 33-юми милодӣ, соатҳои нуҳи саҳарӣ, чизи ғайриодие рӯй дод, ки асрҳо пас ҳам онро ёдовар мешаванд. Он саҳар ногаҳон «аз осмон садое ба мисли вазидани шамоли сахте», ё «ғулғулае, мисли садои тундбод», шунида шуд (Кор. 2:2, нашри Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм, 1999). Ин садои баланд хонаеро, ки тахминан 120 шогирди Исо он ҷо ҷамъ омада буд, фаро гирифт. Сипас чизи аҷоибе рӯй дод: чизе ба монанди забонаҳои оташ намудор гашту бар сари ҳар яки онҳо қарор гирифт c. Баъд аз ин шогирдон «аз рӯҳи муқаддас пур шуданд» ва бо забонҳои гуногун гап заданд. Вақте шогирдон аз хона берун омаданд, мардум онҳоро дида ҳайрон шуд, чунки шогирдон «ба забони ҳар яки онҳо гап» мезаданд (Кор. 2:1–6).

3. а) Чаро Иди Ҳафтаҳои соли 33-и милодиро дар таърихи ибодати ҳақиқӣ марҳилаи муҳим гуфтан мумкин аст? б) Чӣ тавр суханронии Петрус бо истифода шудани «калидҳои Подшоҳии осмон» алоқамандӣ дошт?

3 Ин воқеаи ҳайратовар дар таърихи парастиши ҳақиқӣ марҳилаи муҳиме гардид, зеро он вақт бунёди Исроили рӯҳонӣ, яъне ҷамоати масеҳиёни тадҳиншуда, гузошта шуд (Ғал. 6:16). Инчунин он рӯз, вақте Петрус ба халқ муроҷиат кард, ӯ аз «калидҳои Подшоҳии осмон» якумашро кор фармуд. Ҳар як калид дари имконияти махсусеро ба гурӯҳҳои гуногуни одамон мекушод (Мат. 16:18, 19). Калиди якум ба яҳудиён ва касоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданд, имконият дод, то хушхабарро шунида имон оранду бо рӯҳи муқаддас тадҳин шаванд d. Ҳамин хел онҳо аъзои Исроили рӯҳонӣ шуданд ва умед пайдо карданд, ки дар Подшоҳии Масеҳоӣ ба сифати шоҳону коҳинон ҳукм ронанд (Ошкор. 5:9, 10). Бо гузашти вақт ин имкониятро сомариён ва баъдтар одамони халқҳои дигар низ пайдо намуданд. Масеҳиёни имрӯза аз воқеае, ки дар соли 33-и милодӣ, дар Иди Ҳафтаҳо, рӯй дод, чӣ дарс мегиранд?

«Ҳамаи шогирдон дар як ҷой ҷамъ омаданд» (Корнома 2:1–4)

4. Чӣ тавр ҷамоати имрӯзаи масеҳиён кореро, ки соли 33 оғоз ёфт, давом дода истодааст?

4 Ҷамоати масеҳиёни аввалин, ки ҳама «дар як ҷой», дар болохона, ҷамъ омада, бо рӯҳи муқаддас тадҳин гаштанд, тахминан аз 120 нафар иборат буд (Кор. 2:1). Дар охири он рӯзи тадҳин шумораи таъмидёфтагони ҷамоат ба ҳазорҳо расид ва афзоиши он то ба имрӯз давом дорад. Дар рӯзҳои мо ҷамоати масеҳиён, ҳам марду ҳам зан, пеш аз фаро расидани анҷом «хушхабари Подшоҳии Худо»-ро «дар тамоми дунё эълон» мекунанд, «то ҳамаи халқҳо онро шунида тавонанд» (Мат. 24:14).

5. Дар ҷамоати масеҳӣ будан чӣ фоида меорад?

5 Ҷамоати масеҳӣ бояд ҳам ба тадҳиншудагон ва ҳам ба «гӯсфандони дигар» сарчашмаи қувват мешуд (Юҳ. 10:16). Павлус ба масеҳиёни Рум нома навишта, бо меҳру қадрдонӣ дар бораи дастгирии дуҷониба чунин гуфт: «Ман ташнаи дидори шумоям ва мехоҳам ба шумо атои Худоро бирасонам, то устувор гардед, ё аниқтараш, аз имони якдигар рӯҳбаланд шавем — ман аз имони шумову шумо аз имони ман» (Рум. 1:11, 12).

6, 7. Чӣ тавр Шоҳидони Яҳува супориши Исоро иҷро карда истодаанд?

6 Мақсади ҷамоати масеҳиён аз асри як инҷониб тағйир наёфтааст. Ин мақсад иҷрои супориши душвору ҳамзамон хурсандибахшест, ки Исо ба шогирдонаш дода буд. Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз байни тамоми халқҳо барои ман шогирд тайёр кунед. Онҳоро ба номи Падар, Писар ва рӯҳи муқаддас таъмид диҳед ва риоя кардани ҳар он чизеро, ки ба шумо фармудаам, омӯзонед» (Мат. 28:19, 20).

7 Дар замони мо ин корро масеҳиёни ҷамоати Шоҳидони Яҳува иҷро карда истодаанд. Албатта, ба одамони ҳар халқу миллат хушхабарро ба забони худашон расондан кори осон нест. Бо вуҷуди ин Шоҳидони Яҳува адабиёташонро ба зиёда аз 1000 забон нашр мекунанд. Агар шумо бо ин ҷамоати масеҳӣ бошеду дар паҳн кардани хушхабар ва шогирдсозӣ иштирок кунед, хушбахттарин инсонед. Охир, шумо дар бораи номи бузурги Яҳува шоҳидӣ медиҳед! Ба ин кор бошад, одамони камшумор шарафманд гаштаанд.

8. Мо аз вохӯриҳои ҷамоат чӣ фоида мегирем?

8 Барои нигоҳ доштани хурсандӣ дар ин рӯзҳои душвор Яҳува Худо ба шумо дар саросари ҷаҳон хоҳару бародарони зиёде додааст. Павлус ба масеҳиёни яҳудӣ чунин навишта буд: «Биёед дар фикри ҳам бошем, то якдигарро сӯйи муҳаббату некукорӣ раҳнамоӣ кунем. Ба баъзеҳо одат шудааст, ки ба ҷамъомадҳо наоянд. Биёед мисли онҳо нашавему аз ҷамъомадҳоямон намонем, балки якдигарро рӯҳбаланд созем ва наздик шудани он рӯзро дида инро боз ҳам бештар кунем» (Ибр. 10:24, 25). Ҷамоати масеҳӣ атои Яҳува аст. Шумо дар он ҷо ҳам рӯҳбаландӣ мегиреду ҳам дигаронро рӯҳбаланд карда метавонед. Аз ин рӯ аз бародару хоҳарон дур нашавед ва ба вохӯриҳои ҷамоат рафтанро бас накунед.

«Шогирдон ба забони ҳар яки онҳо гап мезананд» (Корнома 2:5–13)

«Суханони онҳоро дар бораи корҳои бузурги Худо ба забони модарии худ мешунавем» (Корнома 2:11)

9, 10. Чӣ тавр баъзеҳо кӯшиш мекунанд, ки хушхабарро ба забонҳои дигар расонанд?

9 Дар Иди Ҳафтаҳои соли 33-юми милодӣ хурсандии яҳудиён ва касоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданд, поён надошт. Бисёри онҳо, аз афташ, бо забони паҳнгаштаи он замон — юнонӣ ё ибрӣ, гап зада метавонистанд. Аммо акнун ин одамон мешунаванд, ки «шогирдон ба забони ҳар яки онҳо гап мезананд» (Кор. 2:6). Бешубҳа, вақте онҳо хушхабарро ба забони модарияшон шуниданд, дилашон гум зад. Албатта, имрӯз масеҳиён муъҷизавор ба забонҳои гуногун гап зада наметавонанд, аммо бо омодагӣ хушхабарро ба халқҳои дигар мерасонанд. Масалан, баъзеяшон забони дигарро омӯхта, дар ҷамоати хориҷизабон ё ҳатто дар дигар давлат хизмат мекунанд. Бисёр вақт ин бародару хоҳарон мебинанд, ки кӯшишу ғайрати онҳо ба шунавандагонашон бетаъсир намемонад.

10 Биёед мисоли хоҳар Кристинро, ки ҳамроҳи ҳафт Шоҳиди дигар курси таълимии гуҷаратиро хонда буд, дида бароем. Вақте хоҳар ҳамкори гуҷаратизабонашро вохӯрд, ба забони модарии ӯ салому алейк кард. Он ҷавонзан аз ин ҳайрон шуд ва хост фаҳмад, ки барои чӣ Кристин забони гуҷаратиро ёд гирифтанист. Ин ба Кристин имкон дод, ки шоҳидӣ диҳад. Ҳамкори хоҳар гуфт: «Модоме ки шумо забони ин қадар душворро ёд гирифтаниед, бешубҳа, гапи муҳиме доред».

11. Чӣ тавр мо дар расондани хушхабар ба дигар халқу забонҳо тайёр шуда метавонем?

11 Ҳамаи мо забони дигарро омӯхта наметавонем, аммо ҳамаи мо метавонем дар расонидани хушхабар ба дигар халқҳо тайёр бошем. Чӣ тавр? Як роҳаш истифода бурдани барномаи JW Language® мебошад. Шумо аз ин барнома ба забонҳое, ки дар ҷойи шумо гап мезананд, салому алейк карданро ёд гирифта метавонед. Инчунин шумо метавонед, ки ба ин забонҳо якчанд ибораву ҷумларо аз худ кунеду шавқи одамро бедор созед. Сипас шахсро бо сомонаи jw.org шинос кунед ва, агар имкон бошад, аз он ҷо видеову адабиёти гуногунро, ки ба забонаш дастрас аст, нишон диҳед. Бо ин роҳ мо низ мисли масеҳиёни асри як, ки ба мардуми гуногунмиллат «ба забони ҳар яки онҳо» хушхабарро мерасонданд, хурсанд мешавем.

«Петрус... аз ҷой хест» (Корнома 2:14–37)

12. а) Пайғамбар Юил дар бораи муъҷизае, ки дар Иди Ҳафтаҳои соли 33 рӯй дод, чӣ гуфта буд? б) Чаро шогирдон интизор буданд, ки ин пешгӯйӣ дар асри як иҷро мешавад?

12 «Петрус... аз ҷой хеста», ба мардуми гуногунмиллат муроҷиат намуд (Кор. 2:14). Ӯ ба шунавандагонаш фаҳмонд, ки муъҷизавор ба забонҳои гуногун гап задани шогирдон кори Худост, то пешгӯйии зерине, ки ба воситаи Юил гуфта шуда буд, иҷро шавад: «Ман бар ҳар гуна одамон рӯҳи худро мерезам» (Юил 2:28). Исо, пеш аз он ки ба осмон равад, ба шогирдонаш гуфта буд: «Ман аз Падар хоҳиш мекунам ва ӯ ба шумо мададгори дигаре медиҳад». Ӯ «мададгор» гуфта, рӯҳи муқаддасро дар назар дошт (Юҳ. 14:16, 17).

13, 14. Чӣ тавр Петрус кӯшиш кард, ки ба дили шунавандагонаш роҳ ёбад, ва чӣ хел мо ба ӯ пайравӣ карда метавонем?

13 Дар охир Петрус рӯирост ба одамон чунин гуфт: «Бигзор тамоми хонадони Исроил бидонад, ки Худо ҳамин Исоро, ки шумо дар сутун ба қатл расондед, Сарвар ва Масеҳ гардонд» (Кор. 2:36). Ҳарчанд аксари шунавандагони Петрус ҳангоми қатли Исо шахсан ҳузур надоштанд, онҳо чун халқ ба ин кор ҷавобгар буданд. Лекин Петрус ба яҳудиён бо эҳтиром муроҷиат кард ва хост, ки ба дили онҳо таъсир расонад. Мақсади ӯ шунавандагонашро ба тавба даъват намудан буд, на ҳукм кардан. Оё суханони Петрус ба шунавандагонаш сахт расиданд? Не, баръакс, ин суханон ба дили аксари одамон кора карду онҳо «дилреш шуда» ба тавба рӯ оварданд. Ин одамони худотарс пурсиданд: «Мо бояд чӣ кор кунем?» Маълум аст, ки суханони некхоҳонаи Петрус самари хуб овард (Кор. 2:37).

14 Мо низ мехоҳем суханонамон ба мисли суханони Петрус ба дили одамон рафта расанд. Вақте ба одамон хушхабарро мерасонем, шарт нест ҳар як фикру ақидаи онҳоро, ки бо Китоби Муқаддас мувофиқ нест, ислоҳ кунем. Хубаш, бо ҳамсуҳбатамон дар атрофи мавзуе гап занем, ки ҳамақидаем. Пас аз он ки суҳбатамон ҷӯр шуд, мо метавонем боодобона нишон диҳем, ки Каломи Худо дар ин бора чӣ мегӯяд. Вақте ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро бо ин тарз ба одамон мерасонем, эҳтимоли зиёд аст, ки шахсони самимӣ ба Каломи Худо шавқ пайдо кунанд.

«Ҳар яке... таъмид гиред» (Корнома 2:38–47)

15. а) Петрус чӣ гуфт ва одамон ба суханони ӯ чӣ тавр муносибат карданд? б) Чаро дарҳол таъмид гирифтани ҳазорҳо одамоне, ки хушхабарро дар Иди Ҳафтаҳо шуниданд, нодуруст набуд?

15 Дар Иди Ҳафтаҳои соли 33-юми милодӣ, дар он рӯзи ҳаяҷонбахш, Петрус ба яҳудиёни самимӣ ва касоне, ки ба дини яҳудӣ рӯ оварда буданд, чунин гуфт: «Тавба кунед ва ҳар яке... таъмид гиред» (Кор. 2:38). Дар натиҷа тахминан 3000 кас таъмид гирифт. Онҳо, эҳтимол, дар ҳавзҳои Ерусалим ё наздикии он таъмид гирифтанд e. Оё онҳо ин корро дар сари ҳиссиёт карданд? Оё аз ин воқеа хулоса кардан мумкин аст, ки омӯзандагони Китоби Муқаддас ва кӯдакони Шоҳидон метавонанд бе тайёрӣ таъмид гиранд? Не. Фаромӯш накунед: онҳое, ки дар Иди Ҳафтаҳо таъмид гирифтанд, омӯзандагони собиқадори Каломи Худо ва қисми халқи Яҳува буданд. Амалҳояшон низ аз ғайраташон шаҳодат медод — баъзеяшон барои иштирок дар он иди солона масофаи дурударозро тай карда буданд. Аз ин рӯ барои таъмид ёфта пайрави Масеҳ шудан барояшон бас буд, ки нақши Исоро дар иҷрои хости Худо фаҳманд.

16. Чӣ тавр масеҳиёни асри як фидокор буданашонро нишон доданд?

16 Баръало маълум буд, ки Яҳува ин гурӯҳи масеҳиёнро баракат дода истодааст. Дар Корнома мо мехонем: «Ҳамаи онҳое, ки имон оварданд, якҷоя буданд ва ҳама чизашонро бо ҳам медиданд ва молу мулки худро фурӯхта, пули онро ба ҳама мувофиқи эҳтиёҷоташ тақсим мекарданд» f (Кор. 2:44, 45). Шубҳае нест, ки ҳама масеҳиёни ҳақиқӣ мехоҳанд ба муҳаббат ва фидокории онҳо пайравӣ кунанд.

17. Шахс барои таъмид гирифтан бояд кадом қадамҳои муҳимро гузорад?

17 Барои ҳаёти худро ба Худо бахшида, таъмид гирифтан якчанд қадами муҳимеро, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, гузоштан лозим аст. Дар аввал шахс бояд аз Каломи Худо дониш гирад (Юҳ. 17:3). Вай бояд имон пайдо кунад ва аз рафтори пештарааш афсӯс хӯрда, аз таҳти дил тавба намояд (Кор. 3:19). Сипас ба вай лозим аст, ки тарзи ҳаёташро дигар кунад ва аз рӯйи хости Худо амал карда росткориро пеша намояд (Рум. 12:2; Эфс. 4:23, 24). Баъди гузоштани ин қадамҳо шахс метавонад худро дар дуо ба Худо бахшад ва таъмид гирад (Мат. 16:24; 1 Пет. 3:21).

18. Шогирдони таъмидёфтаи Масеҳ чӣ гуна шарафро дороянд?

18 Оё шумо шогирди таъмидёфтаи Исои Масеҳ ҳастед? Агар ҳа, Яҳуваро ҳазор шукр гӯед, зеро мисли масеҳиёни асри як, ки аз рӯҳи муқаддас пур шуда буданд, имкон доред бо қудрати илоҳӣ ба одамон як ба як шаҳодат диҳеду дар иҷрои хосташ ҳиссагузор бошед.

a Нигаред ба чорчӯбаи « Ерусалим — маркази дини яҳудӣ».

c Дар ин ҷо чизе «ба монанди забонаҳои оташ» гуфта шудааст, яъне забонаҳои оташи аслӣ дар назар дошта нашудааст. Аз афташ, он чизе, ки бар ҳар яки шогирдон қарор гирифт, ба шуълаи оташ монандӣ дошт.

e Масалан, 7-уми августи соли 1993 дар Киев, дар анҷумани байналхалқии Шоҳидони Яҳува, дар шаш ҳавз 7402 кас таъмид гирифт. Таъмид 2 соату 15 дақиқа давом кард.

f Меҳмононе, ки ба Ерусалим омада буданд, дар он ҷо монданд, зеро мехостанд дар бораи таълимоти нав бештар фаҳманд. Аз ин рӯ ба чунин чораи муваққатӣ эҳтиёҷ пайдо шуд. Тақсими пулу дастгирии ниёзмандон ихтиёрӣ буд ва онро як навъи сохтори коммунистӣ ҳисобидан нодуруст аст (Кор. 5:1–4).