Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 4

«Мардони нохондаву одӣ»

«Мардони нохондаву одӣ»

Расулон далерона амал карданд ва Яҳува онҳоро баракат дод

Бар Корнома 3:1–5:11 асос ёфтааст

1, 2. Петрусу Юҳанно назди дарвозаи ибодатгоҳ чӣ гуна муъҷиза карданд?

 ВАҚТИ пешин аст. Дар ин рӯзи офтобӣ мардуми зиёде ҷамъ омадаанд. Яҳудиёни худоҷӯй ва шогирдони Масеҳ ба ибодатгоҳ даромада истодаанд. «Вақти дуогӯйӣ» наздик мешавад a (Кор. 2:46; 3:1). Петрусу Юҳанно дар қатори мардум сӯйи дарвозаи ибодатгоҳ, ки «Базеб» ном дошт, равонаанд. Аз байни ғалоғулаю шарфаи пойи одамон садои марди миёнсоли камбағале ба гӯш мерасад, ки шали модарзод буд ва садақа мепурсид (Кор. 3:2; 4:22).

2 Баробари наздик шудани Петрусу Юҳанно марди талбанда илтиҷоеро, ки садҳо бор гуфтааст, такрор мекунад. Вақте расулон аз роҳашон бозмеистанд, он мард ба онҳо бо умед нигоҳ мекунад. Он гоҳ Петрус мегӯяд: «Нуқраву тилло надорам, лекин он чӣ дорам, ба ту медиҳам: ба номи Исои Масеҳи носирӣ аз ҷоят хезу роҳ рав!» Петрус аз дасти ин марди шал мегираду ӯ бори аввал дар ҳаёташ ба по рост меистад. Як фикр кунед, то чӣ андоза мардум инро дида ба ҳайрат меояд! (Кор. 3:6, 7). Тасаввур карда метавонед, ки чӣ тавр ин мард ба пойҳои сиҳаташ бо ҳайрат менигарад ва қадамҳои нахустину ноустуворашро мегузорад?! Ҷойи ҳайраташ нест, ки ӯ аз шодӣ ҷастухез мекунад ва бо овози баланд Худоро васфу ситоиш менамояд.

3. Марди шифоёфта ва дигар одамон чӣ гуна аторо соҳиб шуда метавонистанд?

3 Мардуми ҳайратзада сӯйи роҳрави Сулаймон, ки Петрусу Юҳанно дар он истода буданд, равона шуданд. Дар он ҷо як вақтҳо Исо таълим медод, ҳоло бошад, Петрус дар он ҷо истода ба мардум асли воқеаро дар бораи шифо ёфтани марди шал мефаҳмонад (Юҳ. 10:23). Петрус ба одамон ва он марди шифоёфта атоеро пешниҳод намуд, ки аз нуқраву тилло гаронбаҳотар буд. Ин атои худодод аз тандурустӣ дида арзишноктар буд — Яҳува ба онҳо имкон медод, ки тавба кунанд, бахшиши гуноҳҳояшонро ба даст оранд ва Исои Масеҳро, ки «Роҳнамои ҳаёт» таъйин шудааст, пайравӣ кунанд (Кор. 3:15).

4. а) Шифои муъҷизавӣ сабаби чӣ гуна зиддият гашт? б) Мо ба кадом ду савол ҷавоб меёбем?

4 Чӣ рӯзи хушу аҷибе! Марде шифо ёфт ва акнун роҳ гашта метавонад. Ҳазорҳо одамони дигар бошанд, имконият пайдо карданд, ки шифои рӯҳонӣ ёбанду ризои Худоро соҳиб шаванд (Қӯл. 1:9, 10). Аммо баъд аз воқеаҳои он рӯз ҳукуматдорон пайравони Масеҳро чап гирифта, онҳоро аз иҷрои супориши Исо боздоштанӣ шуданд (Кор. 1:8). Мо аз тарзи хизмати Петрусу Юҳанно, ки «мардони нохондаву одӣ» буданд, чӣ дарс мегирем? b (Кор. 4:13). Инчунин мефаҳмем, ки чӣ тавр дар озору азият мисли онҳо ва дигар шогирдон далер бошем.

На «бо қудрати худ» (Корнома 3:11–26)

5. Петрус ба халқ чӣ тавр муроҷиат намуд ва мо аз ӯ чӣ дарс мегирем?

5 Петрусу Юҳанно дар назди мардум меистоданд. Расулон нағз мефаҳмиданд, ки, шояд, баъзеи онҳо чанде пеш қатли Исоро талаб карда буданд (Марқ. 15:8–15; Кор. 3:13–15). Як тасаввур кунед, ки ба Петрус чӣ қадар далерӣ лозим буд, то гӯяд, ки марди шал ба номи Исо шифо ёфт. Ӯ худро ба мардум ширин карда ҳақиқатро пинҳон накарду онро рӯйи об баровард. Ӯ рӯирост гуфт, ки мардум ба марги Исо айбдор аст. Лекин Петрус аз мардум нафрат надошт, чунки онҳо «ин корро аз рӯйи нодонӣ» карда буданд (Кор. 3:17). Ӯ ба онҳо чун ба бародаронаш муроҷиат кард ва диққатро ба паёми Подшоҳӣ равона сохт. Агар онҳо тавба мекарданду ба Масеҳ имон меоварданд, барояшон «аз ҷониби Яҳува мавсими тароват» фаро мерасид (Кор. 3:19). Мо низ бояд далерона ва рӯирост ҳукмҳои Худовандро эълон кунем. Ҳамзамон мо бояд дағалу сахтгап набошем ва одамонро танқид накунем. Баръакс, мо бояд ба онҳо чун ба бародару хоҳарони оянда нигоҳ кунем ва мисли Петрус диққатро бештар ба хушхабари Подшоҳӣ равона созем.

6. Чӣ тавр Петрусу Юҳанно хоксорӣ нишон доданд?

6 Расулон мардони хоксор буданд. Онҳо муъҷизаи кардаашонро ба худ нисбат надоданд. Петрус ба мардум чунин гуфт: «Чаро ба мо тавре нигоҳ мекунед, ки гӯё мо бо қудрати худ ё худотарсиямон ӯро шифо дода бошем?» (Кор. 3:12). Петрус ва дигар расулон медонистанд, ки ҳар кори хубро дар хизмат бо қувваи Худо карданд, на бо қуввати худ. Аз ин рӯ онҳо хоксорӣ нишон дода, барои комёбиҳояшон тамоми ҷалолро ба Яҳува ва Исо доданд.

7, 8. а) Мо ба одамон кадом аторо пешниҳод карда метавонем? б) Ваъдаи «барқарор кардани ҳама чиз» дар замони мо чӣ тавр иҷро шуда истодааст?

7 Мо ҳам, вақте хабари Подшоҳиро ба одамон мерасонем, бояд хоксор бошем. Ҳарчанд имрӯз масеҳиён бо қуввати Худо муъҷизавор шифо намедиҳанд, онҳо ба одамон кумак мекунанд, ки имонашон ба Худо ва Масеҳ зиёд гардад, инчунин соҳиби атое шаванд, ки Петрус ба мардум пешниҳод карда буд — бахшоиши гуноҳҳо ва таровату баракат ёфтан аз Яҳува. Ҳар сол садҳо ҳазор нафар ин аторо қабул мекунанд ва таъмид гирифта шогирди Масеҳ мешаванд.

8 Мо дар «замони барқарор кардани ҳама чиз», ки Петрус дар борааш гуфта буд, зиндагӣ мекунем. Суханоне, ки «Худо ба воситаи пайғамбарони муқаддаси даврони қадим пешгӯйӣ карда буд», соли 1914 иҷро шуданд. Он вақт дар осмон Подшоҳии Худо барпо гашт (Кор. 3:21; Заб. 110:1–3; Дон. 4:16, 17). Дере нагузашта Масеҳ роҳбарӣ кард, ки парастиши пок дар замин барқарор шавад. Дар натиҷа миллионҳо одамон ба биҳишти рӯҳонӣ даромаданд ва тобеони Подшоҳии Худо гаштанд. Онҳо одами куҳна ва фосидро мисли либос партофта, одами навро бар тан карданд, «ки он, чуноне Худо мехоҳад... офарида шудааст» (Эфс. 4:22–24). Чун дар мавриди шифо ёфтани марди шал имрӯз ин кори ҳайратангез на бо қуввати одамизод, балки бо рӯҳи муқаддаси Худо иҷро мешавад. Мо бояд мисли Петрус дар таълим додани одамон Каломи Худоро далерона ва моҳирона истифода барем. Инчунин мо фаромӯш намекунем, ки ҳар муваффақияте дар кори шогирдсозӣ ба даст меорем, ба шарофати қуввати Худост, на қуввати худамон.

«Мо наметавонем... гап заданро бас кунем» (Корнома 4:1–22)

9–11. а) Суханони Петрусу Юҳанно ба роҳбарони дини яҳудӣ чӣ хел таъсир кард? б) Расулон ба чӣ қарор омаданд?

9 Суханронии Петрус ва ҷастухезу нидои шодии марди шифоёфта диққати мардумро ҷалб кард. Ин аз назари коҳинони калон ва нозири ибодатгоҳ, ки вазифааш нигоҳ доштани тартибот дар гирду атрофи ибодатгоҳ буд, пинҳон намонд. Аз ин рӯ онҳо хостанд ҳар чӣ зудтар аниқ кунанд, ки чӣ гап шудааст. Аз афташ, ин одамон аз мазҳаби саддуқиён буданд. Пайравони ин мазҳаб бой буданду ба сиёсат дахолат мекарданд ва сахт кӯшиш менамуданд, ки бо румиён муносибати хуб дошта бошанд. Онҳо қонуни даҳониро, ки фарисиён дӯст медоштанд, рад мекарданд ва одамонеро, ки ба зиндашавӣ эътиқод доштанд, масхара менамуданд c. Тасаввур кунед, ки, вақте Петрусу Юҳанно дар ибодатгоҳ далерона дар бораи зиндашавии Исо гап мезаданд, то чӣ андоза саддуқиён ба ғазаб омаданд!

10 Душманони пурхашм Петрусу Юҳанноро ба ҳабсхона партофтанд ва рӯзи дигар онҳоро ба додгоҳи олии яҳудиён бурданд. Ба ақидаи ин роҳбарони олимақом, Петрус ва Юҳанно «мардони нохондаву одӣ»-е буданд, ки дар ибодатгоҳ ҳаққи таълим доданро надоштанд. Рост аст, ки онҳо дар ягон мактаби динии номдор нахонда буданд. Вале ошкорбаёнӣ ва дилпурона сухан рондани онҳо аъзои додгоҳро ба ҳайрат овард. Аз кадом сабаб Петрусу Юҳанно ин қадар гапдон буданд? Як сабабаш ин буд, ки онҳо «ҳамроҳони Исо буданд» (Кор. 4:13). Устоди онҳо чун як шахси соҳибқудрат таълим медод, на чун шариатдонон (Мат. 7:28, 29).

11 Додгоҳи яҳудиён фармон дод, ки расулон мавъизаро бас кунанд. Он вақтҳо қарори ин додгоҳ аҳамияти калон дошт. Якчанд ҳафта пеш маҳз дар ҳамин додгоҳ Исоро ҳукм карда гуфтанд, ки «сазои ӯ марг аст» (Мат. 26:59–66). Вале Петрусу Юҳанно аз ин натарсиданд. Дар назди одамони бой ва соҳибмаълумоту баландмартаба истода, Петрусу Юҳанно далеронаву ҳамзамон бо эҳтиром чунин гуфтанд: «Худатон фикр кунед, магар дар назари Худо дуруст аст, ки ӯро неву шуморо гӯш кунем? Мо наметавонем дар бораи чизҳои дидаву шунидаамон гап заданро бас кунем» (Кор. 4:19, 20).

12. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки далерӣ ва дилпуриямонро зиёд гардонем?

12 Оё шумо ҳам чунин далерӣ нишон дода метавонед? Вақте имконият пайдо мешавад, ки ба одамони бой, донишманд ё баландмартаба шаҳодат диҳед, чӣ кор мекунед? Агар аъзои оила, ҳамсинфон ва ҳамкоронатон шуморо барои эътиқодатон масхара кунанд-чӣ? Оё ба тарс меафтед? Агар ҳа, шумо бар ин ҳиссиётатон ғолиб баромада метавонед. Вақте Исо дар замин буд, ӯ расулонашро таълим дода буд, ки чӣ тавр имонашонро далерона ва бо эҳтиром муҳофизат кунанд (Мат. 10:11–18). Исо баъд аз зинда шуданаш ба шогирдонаш ваъда дод, ки «ҳамеша то охирзамон» бо онҳо мешавад (Мат. 28:20). Имрӯз Исо ба воситаи «ғуломи бовариноку боандеша» моро таълим медиҳад, ки чӣ тавр эътиқодамонро ҳимоя кунем (Мат. 24:45–47; 1 Пет. 3:15). Мо ин гуна таълимро дар вохӯриҳои ҷамоат, масалан, дар вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» мегирем. Инчунин мо аз адабиётамон бисёр чизро омӯхта метавонем, масалан, аз мақолаҳои «Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед», ки дар сомонаи jw.org нашр мешаванд. Оё шумо аз вохӯриҳо ва адабиётамон пурра манфиат мегиред? Агар ин тавр кунед, далерӣ ва дилпуриятон рӯз аз рӯз меафзояд. Он гоҳ шумо мисли расулон намегузоред, ки дар паҳн кардани ҳақиқатҳои гаронбаҳо ягон чиз садди роҳатон шавад.

Нагузоред, ки чизе шуморо аз гуфтани ҳақиқатҳои бебаҳо боздорад

«Онҳо бо як овоз сӯйи Худо нидо карданд» (Корнома 4:23–31)

13, 14. Вақте бо зиддият рӯ ба рӯ мешавем, бояд чӣ кор кунем ва чаро?

13 Петрус ва Юҳанно дарҳол баъди аз маҳбас озод шуданашон бо аҳли ҷамоат вохӯрданд. «Онҳо бо як овоз сӯйи Худо нидо карданд» ва дуо гуфтанд, ки минбаъд низ далерона мавъиза карда тавонанд (Кор. 4:24). Петрус нағз медонист, ки барои иҷрои нияти Худо ба қуввати худ такя кардан беақлист. Якчанд ҳафта пеш ӯ худбоварона ба Исо чунин гуфта буд: «Ҳама аз ту рӯй гардонанд ҳам, ман аз ту рӯй намегардонам!» Лекин, чуноне ки Исо пешакӣ гуфта буд, Петрус зуд ба одамтарсӣ дода шуду аз устод ва дӯсташ рӯй гардонд. Петрус ин тавр карда бошад ҳам, аз хатои худ дарс гирифт (Мат. 26:33, 34, 69–75).

14 Барои иҷрои супориши Масеҳ, яъне дар бораи ӯ шоҳидӣ додан, танҳо азму ният кардан кифоя нест. Вақте душманон кӯшиш мекунанд, ки шуморо аз имонатон гардонанд ё аз мавъиза боздоранд, ба намунаи Петрусу Юҳанно пайравӣ намоед. Ба Яҳува дуо гӯед, ки ба шумо қувват диҳад. Инчунин аз бародару хоҳарон кумак пурсед. Дар бораи душвориатон ба пирони ҷамоат ва дигар ҳамимонони баркамол гӯед. Дуои дигарон қувваи бузург дорад, он ба шумо истодагӣ мебахшад (Эфс. 6:18; Яъқ. 5:16).

15. Чаро шахсоне, ки як муддат паҳн кардани хушхабарро бас карданд, набояд зиқ шаванд?

15 Агар тарс ба дилатон роҳ ёфта шуморо аз расондани хушхабар боздошта бошад, зиқ нашавед. Фаромӯш накунед, ки баъди марги Исо ҳамаи расулон як муддат шоҳидӣ доданро бас карданд, лекин баъдтар боз фаъол гаштанд (Мат. 26:56; 28:10, 16–20). Барои хатоҳоятон худро хӯрда нагардеду аз онҳо дарс гиред ва ин таҷрибаатонро барои қавӣ кардани дигарон ба кор баред.

16, 17. Мо аз дуои масеҳиёни Ерусалим чӣ меомӯзем?

16 Вақте ҳукуматдорон моро озору азият медиҳанд, дар бораи чӣ бояд дуо гӯем? Аҳамият дода бошед, шогирдони Масеҳ дуо нагуфтанд, ки аз озмоишҳо халос шаванд. Онҳо суханони зерини Исоро нағз дар ёд доштанд: «Агар маро озор дода бошанд, шуморо низ озор медиҳанд» (Юҳ. 15:20). Ба ҷойи ин шогирдони бовафо аз Яҳува хоҳиш карданд, ки диққаташро ба таҳдиди душманон равона созад (Кор. 4:29). Шогирдон ба вазъият дуруст баҳо медоданд, чунки мефаҳмиданд, ки, вақте бо озмоишҳо рӯ ба рӯ мешаванд, пешгӯйӣ иҷро мегардад. Исо шогирдонашро таълим дода буд, то дуо гӯянд, ки хости Худо «дар замин иҷро гардад». Барои ҳамин онҳо дилпур буданд, ки ҳукуматдорон чӣ таҳдиду зӯрие накунанд, хости Худо ҳатман иҷро мешавад (Мат. 6:9, 10).

17 Барои иҷро кардани хости Яҳува шогирдон ба ӯ чунин дуо гуфтанд: «Ба бандагонат далерӣ ато кун, то каломатро нотарсона гап зананд». Бинед, ки ҳоло дуояшонро тамом накарда, Яҳува чӣ кор кард. «Ҷое, ки онҳо ҷамъ шуда буданд, ба ҷунбиш омад ва ҳамаашон, якто намонда, аз рӯҳи муқаддас пур гаштанд ва каломи Худоро далерона гап заданд» (Кор. 4:29–31). Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз дасти Яҳуваро аз иҷрои хосташ боздошта наметавонад (Иш. 55:11). Чӣ душворие ба сарамон наояд, чӣ қадар душманамон пурқудрат набошад, агар сӯйи Яҳува илтиҷо кунем, ӯ ҳатман қувват медиҳад, ки каломашро далерона расонем.

«На ба одамон, балки ба Худо» ҳисобот медиҳем (Корнома 4:32–5:11)

18. Аҳли ҷамоати Ерусалим ба якдигар чӣ тавр кумак мерасонданд?

18 Ҷамоати навбунёди Ерусалим тез калон шуд ва зиёда аз 5000 нафарро ташкил медод d. Шогирдон аз ҳар гӯшаю канор бошанд ҳам, «якдилу якҷон» ва ҳамфикру ҳамақида буданд (Кор. 4:32; 1 Қӯр. 1:10). Шогирдон на танҳо дуо мегуфтанд, ки Яҳува кӯшишҳои онҳоро баракат диҳад, балки якдигарро рӯҳан ва аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ мекарданд (1 Юҳ. 3:16–18). Масалан, Юсуф ном шогирди Исо, ки расулон ӯро Барнаббо меномиданд, заминашро фурӯхт ва ҳамаи пулашро хайрия кард, то аз роҳи дур омадагон дар Ерусалим монда, дар бораи имони навашон бисёртар фаҳманд.

19. Барои чӣ Яҳува Ҳанониё ва Сафираро нобуд кард?

19 Ҳанониё ва Сафира ном ҳамсарон ҳам молу мулкашонро фурӯхта, хайр карданд. Онҳо вонамуд карданд, ки ҳамаи пулро хайр намуданд, лекин дар асл «як миқдори он пулҳоро пинҳон» карда буданд (Кор. 5:2). Дар натиҷа Яҳува ин ҳамсаронро кушт. Ӯ онҳоро на барои он ҷазо дод, ки як қисми пулро хайр карданд, балки барои нияти бад ва фиребашон. Онҳо «на ба одамон, балки ба Худо дурӯғ» гуфтанд (Кор. 5:4). Ҳанониё ва Сафира мисли дурӯягоне, ки Исо онҳоро маҳкум карда буд, бисёртар дили мардумро ба даст овардан хостанд, на розигии Худоро (Мат. 6:1–3).

20. Ба Яҳува чӣ гуна хайрияҳо писанданд?

20 Чи хеле фаҳмидем, дар асри як масеҳиёни Ерусалим саховатманду дасткушод буданд. Имрӯз низ миллионҳо Шоҳиди Яҳува бо хайрияҳои худ кори мавъизаро дар тамоми ҷаҳон дастгирӣ мекунанд. Ягон кас онҳоро маҷбур намекунад, ки вақту маблағашонро ба ин кор сарф кунанд, зеро Яҳува намехоҳад, ки мо бо дили нохоҳам ё аз маҷбурӣ ба ӯ хизмат кунем (2 Қӯр. 9:7). Барои Яҳува пеш аз ҳама чӣ қадар хайрия кардани мо неву бо кадом дилу ният хайр карданамон аҳамият дорад (Марқ. 12:41–44). Мо ҳеҷ гоҳ намехоҳем мисли Ҳанониё ва Сафира рафтор кунем ва ба Худо барои фоидаи худ ё худнамоӣ хизмат кунем. Биёед ба Петрус, Юҳанно ва Барнаббо пайравӣ карда, ҳамеша аз рӯйи муҳаббати самимие, ки ба Яҳува ва одамон дорем, хизматамонро ба ҷо орем (Мат. 22:37–40).

a Дар ибодатгоҳ дуо барои қурбонии саҳарӣ ва бегоҳӣ гуфта мешуд. Қурбонии бегоҳӣ «соатҳои сеи рӯз» оварда мешуд.

c Нигаред ба чорчӯбаи « Саркоҳин ва коҳинони калон».

d Соли 33-юми милодӣ, аз афташ, дар Ерусалим қариб 6000 фарисӣ буд, шумораи саддуқиён бошад, аз ин ҳам камтар. Ин ду гурӯҳ, шояд, маҳз аз сабаби начандон зиёд буданашон фикр мекарданд, ки таъсири таълимоти Исо торафт хатарнок мегардад.