Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 17

«Павлус... бо онҳо дар асоси Навиштаҳо гуфтугузор мекард»

«Павлус... бо онҳо дар асоси Навиштаҳо гуфтугузор мекард»

Таълим дар асоси Каломи Худо; намунаи хуби сокинони Бирия

Бар Корнома 17:1–15 асос ёфтааст

1, 2. Аз Филиппӣ ба Таслӯникӣ киҳо сафар менамоянд ва онҳо, эҳтимол, дар бораи чӣ фикру хаёл мекунанд?

 РОҲИ серрафтуомадеро, ки аз кӯҳсор мегузарад, муҳандисони бомаҳорати румӣ сохтаанд. Дар ин роҳ ҳар гуна овозҳо ба гӯш мерасанд: ҳангоси хар, садои чархи аробаҳо дар роҳи сангфарш, гап-гапу ғавғои роҳгузарон, аз ҷумла навкарону савдогарон ва устоҳо. Се ҳамсафар, Павлусу Сило ва Тимотиюс, беш аз 130 километр роҳро тай карда аз Филиппӣ ба Таслӯникӣ мераванд. Ин сафар осон нест, махсусан барои Павлусу Сило, чунки захмҳое, ки онҳо дар Филиппӣ аз химчакорӣ бардоштанд, ҳанӯз шифо наёфтаанд (Кор. 16:22, 23).

2 Чӣ ба ин ҳамсафарон кумак мекунад, ки роҳи дурударозро кӯтоҳ кунанд? Албатта, суҳбати якдигар. Бешубҳа, зиндонбоне, ки бо аҳли оилааш дар Филиппӣ имон овард, то ҳол дар пеши назарашон буд. Ин воқеаи ҳаяҷонбахш онҳоро илҳом мебахшид, ки минбаъд низ дар паҳн кардани каломи Худо ҷидду ҷаҳд кунанд. Ҳамзамон онҳо ба шаҳри соҳилии Таслӯникӣ наздик шуда, шояд, дар андеша буданд, ки яҳудиён ба онҳо чӣ гуна муносибат мекунанд. Оё дар ин ҷо низ чун дар Филиппӣ ба онҳо дармеафтанд ё ҳатто латукӯб мекунанд?

3. Чӣ тавр намунаи Павлус кумак мекунад, ки имрӯз далерона хушхабарро паҳн кунем?

3 Павлус баъдтар дар бораи ҳиссиёти худ ба масеҳиёни Таслӯникӣ чунин навишт: «Чи хеле ки шумо медонед, мо аввал дар Филиппӣ азоб кашидему хориву бадрафторӣ дидем, лекин бо ёрдами Худо далерӣ пайдо кардему дар баробари муқобилатҳои зиёд хушхабарро ба шумо расондем» (1 Тас. 2:2). Павлус, шояд, баъди воқеае, ки дар Филиппӣ рӯй дод, хавотир буд, ки дар Таслӯникӣ низ чунин мешавад. Оё ҳиссиёти Павлус ба шумо шинос аст? Оё шумо ягон бор дар расондани хушхабар душворӣ кашидаед? Дар чунин ҳолатҳо Павлус дилпур буд, ки Яҳува ба ӯ ба андозаи зарурӣ қуввату далерӣ медиҳад. Пас, дида баромадани намунаи Павлус бароятон судманд хоҳад буд (1 Қӯр. 4:16).

«Павлус... дар асоси Навиштаҳо гуфтугузор мекард» (Корнома 17:1–3)

4. Чаро аз эҳтимол дур нест, ки Павлус дар Таслӯникӣ аз се ҳафта зиёд истод?

4 Мувофиқи Китоби Муқаддас Павлус дар Таслӯникӣ ба ибодатхонаи яҳудиён рафта, се рӯзи шанбе мавъиза кард. Оё ин маънои онро дорад, ки Павлус дар ин шаҳр танҳо се ҳафта буд? Не, албатта. Аниқ нест, ки Павлус ба Таслӯникӣ омада, дарҳол ба ибодатхона рафт ё не. Ғайр аз ин, аз номаҳои Павлус маълум мегардад, ки ӯ ва ҳамроҳонаш дар Таслӯникӣ барои худро таъмин намудан кор мекарданд (1 Тас. 2:9; 2 Тас. 3:7, 8). Илова бар ин, ҳангоми дар он шаҳр буданаш Павлус аз бародарони Филиппӣ ду маротиба кумаки моддӣ гирифт (Флп. 4:16). Чунин ба назар мерасад, ки Павлус дар он ҷо аз се ҳафта зиёдтар монда буд.

5. Чӣ тавр Павлус шунавандагонашро ба мулоҳиза ташвиқ менамуд?

5 Павлус бо далерӣ дар ибодатхона ба ҷамъомадагон шаҳодат медод. Ӯ «аз рӯйи одати худ... бо онҳо дар асоси Навиштаҳо гуфтугузор мекард. Ӯ бо оятҳо исбот мекард ва мефаҳмонд, ки Масеҳ бояд азобу уқубат мекашид ва аз мурдагон зинда мешуд. Ӯ чунин мегуфт: “Исое, ки дар борааш ба шумо мегӯям, ҳамон Масеҳ аст”» (Кор. 17:2, 3). Аҳамият диҳед, Павлус на танҳо шавқу рағбати шунавандагонашро бедор мекард, ӯ боз онҳоро ба фикру мулоҳиза ташвиқ менамуд. Ӯ медонист, ки Навиштаҳо ба аҳли ибодатхона шинос асту онҳо онро эҳтиром мекунанд. Лекин онҳо Навиштаҳоро пурра намефаҳмиданд. Барои ҳамин Павлус бо онҳо аз рӯйи Навиштаҳо мулоҳиза меронд, онро мефаҳмонд ва далелҳо меовард, ки Исои носирӣ Масеҳи ваъдашуда аст.

6. Чӣ тавр Исо ба воситаи Навиштаҳо бо шогирдонаш мулоҳиза мекард ва ин чӣ натиҷа овард?

6 Павлус ба намунаи Исо, ки дар асоси Навиштаҳо таълим медод, пайравӣ мекард. Боре Исо ба пайравонаш гуфт, ки мувофиқи Навиштаҳо Писари одам бояд бисёр азоб кашида, кушта шавад ва оқибат зинда гардад (Мат. 16:21). Баъди зинда шуданаш Исо ба шогирдонаш намудор шуд. Ин рӯйдод исбот кард, ки суханони Исо ҳақ буданд. Лекин ин ягона мавриде набуд, ки ӯ пайравонашро ба ҳақиқат будани Каломи Худо дилпур сохт. Чӣ тавр Исо боз баъзе шогирдонашро ба ин бовар бахшид? Ӯ «аз китобҳои Мӯсо ва Навиштаҳои пайғамбарон сар карда тамоми суханонеро, ки дар бораи ӯ навишта шуда буданд, ба онҳо фаҳмонд». Баъди суханони Исо шогирдон ба якдигар гуфтанд: «Магар, вақте ки ӯ дар роҳ бо мо гап зада Навиштаҳоро як ба як мефаҳмонд, диламон ба ҳаяҷон намеомад?» (Луқ. 24:13, 27, 32).

7. Барои чӣ муҳим аст, ки дар асоси Навиштаҳо таълим диҳем?

7 Сухани Худо, дар ҳақиқат, пуртаъсир аст (Ибр. 4:12). Аз ин рӯ мо ба намунаи Исо ва Павлусу дигар расулон пайравӣ карда, дар асоси Каломи Худо таълим медиҳем. Мо бо одамон мулоҳиза меронем, Навиштаҳоро мефаҳмонем ва барои тасдиқи таълимотамон оятҳоро кушода, нишон медиҳем. Он чӣ мо ба одамон таълим медиҳем, фикру ақидаи худамон нест, балки таълими Худованд аст. Худи мо низ набояд фаромӯш кунем, ки паёмамон пурра бар Каломи Худо замина ёфтааст ва шоистаи боварист. Магар донистани ин ба мо қувват намебахшад, ки мисли Павлуси расул хушхабарро далерона ба одамон расонем?

Баъзеҳо имон оварданд (Корнома 17:4–9)

8–10. а) Мардуми Таслӯникӣ ба хушхабар чӣ тавр муносибат карданд? б) Чаро ба баъзе яҳудиён кори Павлус алам кард? в) Яҳудиёне, ки зид буданд, чӣ кор карданд?

8 Павлус аз таҷрибаи худ медонист, ки суханони зерини Исо ҳаққанд: «Ғулом аз хӯҷаинаш бузургтар нест. Агар маро озор дода бошанд, шуморо низ озор медиҳанд, ҳамчунин, агар суханони маро ба ҷо оварда бошанд, суханони шуморо низ ба ҷо меоранд» (Юҳ. 15:20). Бале, муносибати таслӯникиён низ ба хабари Павлус гуногун буд: баъзеҳо суханони Худоро бо ҷону дил қабул карданд, баъзеи дигар бошанд, ба он зид баромаданд. Дар бораи одамоне, ки ба хушхабар гӯш доданд, Луқо чунин навишт: «Дар натиҷа баъзеи яҳудиён ва шумораи зиёди юнониёни худотарсу занони обрӯманд [ба Масеҳ] имон оварда, ба Павлусу Сило ҳамроҳ шуданд» (Кор. 17:4). Бешубҳа, хурсандии шогирдони нав ҳадду канор надошт, чунки акнун онҳо ба мазмуни Навиштаҳо пурра сарфаҳм мерафтанд.

9 Баъзеҳо барои хабари Павлус миннатдор буданд, баъзеи дигар бошанд, ба ӯ дандон тез мекарданд. Ба баъзе яҳудиёни Таслӯникӣ алам мекард, ки «шумораи зиёди юнониён»-е, ки ба ибодатхонаашон меомаданд, хабари Павлусро қабул карданд. Ин яҳудиён мехостанд, ки юнониёни бутпараст дини яҳудиро қабул кунанд. Барои ҳамин ба он юнониён Навиштаҳои Иброниро таълим медоданд ва онҳоро шогирдони худ меҳисобиданд. Вале аз куҷое Павлус пайдо шуду он юнониёнро дар худи ибодатхона, дар пеши чашми онҳо аз роҳ зад. Инро дида хашми яҳудиён аланга зад.

«Онҳо ба хонаи Ёсун зада даромаданд, то Павлусу Силоро назди мардум бароранд» (Корнома 17:5)

10 Луқо нақл мекунад, ки баъд чӣ рӯй дод: «Яҳудиёни дигар аз рашку ҳасад пур шуда мардони нобакореро, ки дар бозор беҳуда мегаштанд, ҷамъ карданд ва тӯдаеро гирд оварда, шаҳрро ба сар бардоштанд. Онҳо ба хонаи Ёсун зада даромаданд, то Павлусу Силоро назди мардум бароранд. Вақте онҳоро наёфтанд, Ёсун ва якчанд бародари дигарро кашола карда, назди ҳокимони шаҳр бурданд ва доду фарёд зада гуфтанд: “Мардоне, ки тамоми дунёро ба шӯр оварданд, ба ин ҷо низ омаданд ва Ёсун онҳоро қабул кардааст. Ҳамаи ин одамон ба қонуни қайсар зид баромада мегӯянд, ки подшоҳи дигаре ҳаст, ки Исо мебошад”» (Кор. 17:5–7). Ин рафтори тӯдаи мардум ба Павлус ва ҳамроҳонаш чӣ тавр таъсир кард?

11. Павлусу ҳамроҳонашро ба кадом корҳо айбдор намуданд ва душманон ба муқобили онҳо кадом қонунро истифода бурданӣ шуданд? (Нигаред ба поварақ.)

11 Ҷамъ омадани мардуми башӯромада ҳеҷ гоҳ оқибати хуб намеорад. Ҳамлаи онҳо мисли дарёи пуртуғёнест, ки пеши роҳашро гирифта намешавад. Тӯдаи мардум барои яҳудиён аслиҳае буд, то аз Павлусу Сило халос шаванд. Пас аз он ки ин яҳудиён «шаҳрро ба сар бардоштанд», ба ҳукуматдорон исбот карданӣ шуданд, ки Павлусу ҳамроҳонаш ҷинояткоранд. Онҳо аз Павлусу шариконаш шикоят карда гуфтанд, ки ин мардон бо корҳояшон «тамоми дунёро ба шӯр оварданд», ҳарчанд на Павлус ва на ҳамроҳонаш дар Таслӯникӣ шӯру ғавғо набардошта буданд. Бояд гуфт, ки туҳмати дуюмашон ҷиддитар буд. Он яҳудиён гуфтанд, ки ин миссионерон Исо ном подшоҳеро таблиғ намуда қонуни қайсарро вайрон мекунанд a.

12. Чӣ нишон медиҳад, ки айбҳое, ки дар Таслӯникӣ ба сари масеҳиён бор карданд, оқибати нохуш оварда метавонист?

12 Дар ёд дошта бошед, пешвоёни дин Исоро низ бо ҳамин тарз айбдор карда, ба Пилотус гуфта буданд: «Мо фаҳмидем, ки ин одам халқи моро гумроҳ месозад... ва худро Масеҳ ва подшоҳ меномад» (Луқ. 23:2). Эҳтимол, Пилотус аз тарси он ки император ӯро хиёнаткор меҳисобад, Исоро ба марг маҳкум кард. Ба ин монанд, айбе, ки яҳудиёни Таслӯникӣ ба сари масеҳиён бор карданд, оқибати нохуш оварда метавонист. Дар як маълумотнома чунин гуфта мешавад: «Бе ягон муболиға вазъияти онҳо хеле хавфнок буд, чунки “касеро, ки ба хиёнати император гумонбар мешуд, аксар вақт ба қатл мерасонданд”». Оё он яҳудиёни бадандеш ба мақсадашон расиданд?

13, 14. а) Чаро тӯдаи мардум пеши роҳи мавъизаро гирифта натавонист? б) Чӣ тавр Павлус мисли Исо эҳтиёткорӣ нишон дод ва мо аз намунаи ӯ чӣ дарс мегирем?

13 Тӯдаи мардум дар Таслӯникӣ пеши роҳи мавъизаро гирифта натавонист. Чаро? Як сабабаш дар он буд, ки онҳо Павлусу Силоро ёфта натавонистанд. Ғайр аз ин, ҳокимони шаҳр, аз афташ, ба ҳақ будани суханони мардум шубҳа доштанд. Барои ҳамин онҳо, пас аз он ки аз Ёсун ва дигар бародарон «гарав гирифтанд» — ки, шояд, ҷаримаи пулӣ буд — онҳоро ҷавоб доданд (Кор. 17:8, 9). Павлус ба хотири он ки дар дигар минтақаҳо хизматашро давом диҳад, маслиҳати зерини Исоро ба кор бурд: «Мисли морон эҳтиёткору мисли кабӯтарон беозор бошед» (Мат. 10:16). Аз ин маълум мешавад, ки Павлус на танҳо далерӣ дошт, ӯ инчунин одами бохираду бомулоҳиза буд. Чӣ тавр имрӯз масеҳиён ба намунаи Павлус пайравӣ мекунанд?

14 Дар рӯзҳои мо низ борҳои зиёд чунин шуда буд, ки пешвоёни калисо халқро зидди Шоҳидони Яҳува иғво меандохтанд. Масалан, онҳо доду фарёд зада Шоҳидонро шӯришгару хиёнаткор мегуфтанд, то ҳукуматдорон ба онҳо зид бароянд. Чун дар асри як имрӯз ҳам озордеҳон аз рашку ҳасад ба мо душманӣ мекунанд, лекин мо намехоҳем дидаву дониста ҷонамонро дар хатар монем. Аз ин рӯ кӯшиш мекунем, ки то қадри имкон аз чунин одамони хашмгину бемулоҳиза худро дур гирифта, хизматамонро дар оромӣ давом диҳем ва, шояд, баъди тинҷ шудани вазъият боз ба онҳо мавъиза кунем.

Онҳо «равшанфикртар буданд» (Корнома 17:10–15)

15. Дар Бирия хушхабарро чӣ тавр қабул карданд?

15 Бародарон Павлусу Силоро барои аз хатар эмин доштан ба Бирия, ки тақрибан 65 километр аз Таслӯникӣ дур буд, гурезонданд. Вақте онҳо ба он ҷо расиданд, Павлус ба ибодатхонаи яҳудиён даромада, дар он ҷо мавъиза кард. Вақте мардум ба хушхабар гӯш доданд, Павлус, бешубҳа, хурсанд шуд. Луқо дар бораи яҳудиёни Бирия чунин навишт: «Яҳудиёни он ҷо назар ба яҳудиёни Таслӯникӣ равшанфикртар буданд, зеро каломи Худоро бо шавқу завқи зиёд қабул карданд ва ҳар рӯз Навиштаҳоро бодиққат меомӯхтанд, то бидонанд, ки суханони шунидаашон рост аст ё не» (Кор. 17:10, 11). Оё ин суханон қадри таслӯникиёнеро, ки ҳақиқатро қабул карданд, паст мекунад? Ҳаргиз не, зеро баъдтар Павлус ба онҳо чунин навишт: «Мо ҳамеша Худоро шукргузорӣ мекунем, зеро, вақте шумо каломи Худоро аз даҳони мо шунидед, онро на чун сухани одамизод, балки чун каломи Худо қабул кардед, ки он, дар ҳақиқат, ҳамин хел аст ва дар шумо, имондорон, амал мекунад» (1 Тас. 2:13). Пас, ба кадом маъно яҳудиёни Бирия равшанфикртар буданд?

16. Чаро гуфта шудааст, ки яҳудиёни Бирия «равшанфикртар буданд»?

16 Ҳарчанд суханони Павлус барои мардуми Бирия маълумоти нав буд, онҳо ба хабари ӯ бе бадгумониву айбҷӯйӣ муносибат карданд ва ҳамзамон зудбовар набуданд. Аввал ин ки, яҳудиёни Бирия суханони Павлусро бодиққат гӯш мекарданд, сипас чизҳои шунидаашонро бо Навиштаҳо, ки Павлус мехост ба онҳо фаҳмонад, муқоиса менамуданд. Илова бар ин, онҳо на танҳо рӯзҳои шанбе, балки ҳар рӯз Навиштаҳоро меомӯхтанд. Яҳудиёни Бирия ин корро «бо шавқу завқи зиёд» мекарданд. Онҳо вақт ҷудо карда фаҳмидан мехостанд, чӣ тавр таълимоти нав бо Навиштаҳо алоқаманд аст. Онҳо инчунин фурӯтанона ҳаёташонро тағйир доданд, чунки «бисёре аз онҳо... имон оварданд» (Кор. 17:12). Ана барои ҳамин Луқо дар бораи яҳудиёни Бирия гуфт, ки онҳо «равшанфикртар буданд».

17. Сокинони Бирия ба мо чӣ намуна гузоштанд ва чӣ тавр мо, солҳои зиёд дар роҳи ҳақиқат бошем ҳам, минбаъд низ ба намунаи онҳо пайравӣ карда метавонем?

17 Дар гӯшаи хаёли масеҳиёни Бирия набуд, ки дар бораи равшанфикриву хушхабарро пазируфтанашон дар Каломи Худо навишта мешавад ва онҳо ба дигарон намунаи ибрат мегарданд. Ғайр аз ин, ин рафтори онҳо ба табъи дили Павлус буд. Онҳо, бешубҳа, дили Яҳуваро низ шод карданд. Имрӯз низ мо одамонро шавқманд месозем, ки Навиштаҳоро таҳқиқ кунанд ва дилпур шаванд, ки имонашон дар асоси Каломи Худост. Оё ба худи мо баъди ба Масеҳ имон овардан лозим аст, ки мисли одамони равшанфикр амал кунем? Албатта! Бо гузашти вақт ҳатто муҳимтар мегардад, ки бо шавқу завқ аз Яҳува таълим гирем ва чизҳои омӯхтаамонро зуд ба кор барем. Вақте чунин мекунем, мегузорем, ки Яҳува моро ба хости дилаш шакл диҳад (Иш. 64:8). Агар мо таълимпазир бошем, хизматамон самаранок мешавад ва дили Падари осмониямонро шод мегардонем.

18, 19. а) Барои чӣ Павлус Бирияро тарк кард ва мо аз ӯ чӣ меомӯзем? б) Павлус ба куҷо рафт ва хушхабарро ба кӣ расонданӣ буд?

18 Чуноне ки мехонем, Павлус дар Бирия муддати дурудароз намонд: «Вақте яҳудиёни Таслӯникӣ фаҳмиданд, ки Павлус каломи Худоро дар Бирия низ паҳн мекунад, ба он ҷо омаданд, то мардумро ба шӯр оваранд. Он гоҳ бародарон Павлусро дарҳол сӯйи баҳр фиристоданд, аммо Сило ва Тимотиюс дар он ҷо монданд. Ҳамроҳони Павлус ӯро то Атино гусел карданд. Дар он ҷо ӯ ба онҳо дастур дод, то ба Сило ва Тимотиюс гӯянд, ки ҳар чӣ зудтар ба наздаш оянд, ва пас аз ин касоне, ки ӯро гусел мекарданд, гашта рафтанд» (Кор. 17:13–15). Душманони ҳақиқат аз нияти бадашон даст кашидан намехостанд. Павлусро аз Таслӯникӣ пеш карданашон кам буд, ки боз ба Бирия омаданд, то мардумро зидди ӯ иғво андозанд. Лекин ин дафъа ҳам тирашон хок хӯрд. Павлус медонист, ки барои хизмат майдон васеъ аст, барои ҳамин ба дигар ҷо рафта, хушхабарро паҳн кардан гирифт. Мо низ имрӯз мисли Павлус амал карда намегузорем, ки душманон дар паҳн кардани хушхабар садди роҳамон шаванд.

19 Баъди он ки Павлус ба яҳудиёни Таслӯникӣ ва Бирия як ба як шаҳодат дод, бешубҳа, хуб дарк кард, ки хушхабарро далерона ба одамон расондан ва дар асоси Навиштаҳо бо онҳо мулоҳиза рондан муҳим аст. Мо низ инро дарк мекунем. Чуноне ки хондем, бародарон Павлусро то Атино гусел карданд. Павлуси боғайрат ба мардуми Атино, ки таълиму эътиқоди тамоман дигар доштанд, паёми Худоро чӣ тавр мерасонда бошад? Оё онҳо ба хушхабар гӯш медиҳанд? Инро аз боби навбатӣ мефаҳмем.

a Ба ақидаи як олим, он вақтҳо аз рӯйи қонуни қайсар ягон кас ҳақ надошт, ки «дар бораи подшоҳ ё ҳукумати наве даҳон кушояд, махсусан, дар бораи подшоҳ ё ҳукумате, ки ҷойи императорро гирифтанӣ буд ё ӯро танқид мекард». Эҳтимол, душманон кору рафтори Павлусро ба ҳукуматдорон нодуруст шарҳ дода, ӯро ба ин гуна қонуншиканӣ айбдор карданд. (Нигаред ба чорчӯбаи « Қайсарҳои давраи Корнома».)