БОБИ 16
«Ба Мақдуния омада, ба мо ёрӣ деҳ»
Таъйиноти навро қабул кардан ва дар озорҳо хурсандиро аз даст надодан баракат меорад
Бар Корнома 16:6–40 асос ёфтааст
1–3. а) Чӣ хел рӯҳи муқаддас Павлусу рафиқонашро роҳнамоӣ кард? б) Мо кадом воқеаҳоро дида мебароем?
ЯКЧАНД зан аз шаҳри Филиппии Мақдуния сӯйи дарёчаи Гангита мераванд. Онҳо аз рӯйи одат дар соҳили дарё нишаста, ба Худои Исроил дуо мегӯянд ва ин аз чашми Яҳува пӯшида намемонад (2 Воқ. 16:9; Заб. 65:2).
2 Дар ин миён беш аз 800 километр дуртар аз шарқи Филиппӣ як гурӯҳ мардон аз шаҳри Лустра, ки дар ҷануби Ғалотия ҷойгир аст, берун омада, роҳи сафарро пеш мегиранд. Чанд рӯз пас онҳо ба шоҳроҳи сангфарши Рум мерасанд, ки онҳоро ба самти ғарб, сӯйи минтақаи аз ҳама сераҳолии вилояти Осиё, мебарад. Бо ин роҳ Павлусу Сило ва Тимотиюс ба Эфсӯс ва дигар шаҳрҳо рафтанӣ мешаванд, зеро дар он ҷойҳо ҳазорҳо нафар дар бораи Исои Масеҳ ҳоло нашунидаанд. Лекин пеш аз сафар рӯҳи муқаддас ба тарзи ба мо номаълум пеши роҳи онҳоро мегирад. Ба онҳо иҷозат дода намешавад, ки дар Осиё мавъиза кунанд. Барои чӣ? Барои он ки Исо бо рӯҳи муқаддас Павлусу рафиқонашро ба ҷойи дигар роҳнамоӣ карданӣ аст. Ӯ мехоҳад онҳо Осиёи Хурд ва баҳри Эгейро гузашта, назди дарёчаи Гангита раванд.
3 Вақте мулоҳиза меронем, ки чӣ хел Исо Павлусу рафиқонашро ба Мақдуния равона кард, дарсҳои пурқимат меомӯзем. Биёед ҳоло якчанд воқеаро аз сафари дуюми миссионерии Павлус, ки тахминан соли 49-уми милодӣ оғоз ёфт, дида бароем.
«Худо моро даъват намудааст» (Корнома 16:6–15)
4, 5. а) Бо Павлусу ҳамсафаронаш дар наздикии Битуния чӣ рӯй дод? б) Шогирдон ба кадом қарор омаданд ва ин чӣ натиҷа овард?
4 Пас аз он ки Исо ба Павлусу ҳамроҳонаш иҷозат намедиҳад, ки дар Осиё хизмат кунанд, онҳо ба тарафи шимол гашта, роҳи шаҳрҳои Битунияро пеш мегиранд. Барои ба он ҷо расидан онҳо, шояд, якчанд рӯз пайраҳаҳои ноободро, ки минтақаҳои камаҳолии Фриҷияву Ғалотияро мепайваст, тай намуданд. Вақте сафаракиён ба Битуния наздик шуданд, Исо бо рӯҳи муқаддас аз нав нагузошт, ки ба он дароянд (Кор. 16:6, 7). Баъди ин воқеа онҳо сари калобаашонро гум карданд. Онҳо медонистанд, ки дар бораи чӣ мавъиза кунанд, чӣ хел мавъиза кунанд, вале намедонистанд, ки дар куҷо мавъиза кунанд. Онҳо гӯё ба даре, ки сӯйи Осиё мебурд, тақ-тақ карданд, лекин он баста буд. Баъд онҳо дареро кӯфтанд, ки сӯйи Битуния мебурд, вале он ҳам боз нашуд. Аммо Павлус ҳоло ҳам дар ҷустуҷӯйи даре буд, ки барояш боз шавад. Пас аз ин онҳо коре карданд, ки, шояд, ба назар бехирадона тобад. Онҳо ба тарафи ғарб гашта, 550 километр роҳро тай намуданд ва аз пеши якчанд шаҳр гузаштанд. Сипас ба бандаршаҳри Трӯос расиданд, ки ба Мақдуния мебурд (Кор. 16:8). Ин дари сеюме буд, ки Павлус барои хизмат мекӯфт, ва ин дафъа он калон кушода шуд.
5 Луқои хушхабарнавис, ки дар Трӯос ба Павлусу рафиқонаш ҳамроҳ шуд, дар ин бора мегӯяд: «Шабона Павлус дар рӯъё марди мақдуниеро дид, ки дар наздаш истода, аз ӯ илтиҷо мекард: “Ба Мақдуния омада, ба мо ёрӣ деҳ”. Пас аз он ки ӯ ин рӯъёро дид, мо дарҳол ба Мақдуния рафтанӣ шудем, зеро ба чунин хулоса омадем, ки Худо моро даъват намудааст, то хушхабарро ба мардуми он ҷо бирасонем» a (Кор. 16:9, 10). Баъди ин рӯъё ниҳоят Павлус фаҳмид, ки дар куҷо бояд мавъиза кунад ва ӯ бо се ҳамсафараш шитобон роҳи Мақдунияро пеш гирифт. Павлус, бешак, хеле шод буд, ки дар нимароҳ барои хабаррасонӣ имконҷӯйиро бас накард.
6, 7. а) Мо аз воқеае, ки ҳангоми сафари Павлус рӯй дод, чӣ меомӯзем? б) Намунаи Павлус моро аз чӣ дилпур месозад?
6 Мо аз ин воқеа чӣ меомӯзем? Аҳамият диҳед: рӯҳи муқаддаси Худо танҳо баъди он ки Павлус ба Осиё рафт, ӯро боздошт. Исо танҳо баъди он ки Павлус қариб ба Битуния расид, пеши роҳашро гирифт. Ӯ инчунин ба Павлус танҳо баъди ба Трӯос расиданаш дастур дод, ки ба Мақдуния равад. Исо, ки Сардори ҷамоат аст, имрӯз низ метавонад моро бо чунин тарз роҳнамоӣ кунад (Қӯл. 1:18). Масалан, мо, шояд, чанд вақт боз дар бораи он фикр мекунем, ки хизмати пешравиро сар кунем ё ба минтақаи воизталаб кӯчем. Вале, аҷаб нест, ки Исо ба воситаи рӯҳи муқаддас моро танҳо баъди он роҳнамоӣ кунад, ки барои ба мақсадамон расидан аз пайи кор шавем, ҳаракат кунем. Барои чӣ? Мисолеро дида мебароем: ронанда танҳо ҳамон вақт мошинро ба тарафи рост ё чап ҳай карда метавонад, агар ки он дар ҳаракат бошад. Ба ин монанд, агар мо ҳам дар як ҷо наистем, балки барои бештар хизмат кардан саъю кӯшиш намоем, Исо моро ба самти даркорӣ роҳнамоӣ мекунад.
7 Агар ба мақсадамон тез нарасем-чӣ? Магар бояд дарҳол хулоса кунем, ки рӯҳи муқаддас моро роҳнамоӣ накарда истодааст? Не, албатта. Дар ёд дошта бошед, Павлус ҳам дарҳол ба мақсадаш нарасид. Ӯ то охир барои хизмат раҳҷӯйӣ мекард ва оқибат ин даркӯбиҳояш натиҷа доданд. Агар мо ҳам ноумед нашуда «дари калоне»-ро барои хизмат кобем, Яҳува ҳатман ҷустуҷӯйи моро баракат медиҳад (1 Қӯр. 16:9).
8. а) Филиппӣ чӣ гуна шаҳр буд? б) Мавъизаи Павлус дар «ҷойи дуогӯйӣ» чӣ натиҷа овард?
8 Баъд аз он ки Павлусу ҳамроҳонаш ба вилояти Мақдуния расиданд, онҳо ба шаҳри Филиппӣ раҳсипор шуданд. Сокинони он ҷо ифтихор мекарданд, ки шаҳрвандони Рум ҳастанд. Барои бисёр аскарони румӣ, ки ба нафақа баромада буданду дар Филиппӣ зиндагӣ мекарданд, ин шаҳр мисли Итолиёи хурдакаке буд — ба назарашон гӯё Румро майда карда дар сарзамини Мақдуния гузошта буданд. Дар пушти дарвозаҳои шаҳр, назди дарёча, Павлусу шариконаш ҷоеро ёфтанд, ки ба тахминашон «ҷойи дуогӯйӣ» буд b. Рӯзи шанбе онҳо дар он ҷо нишаста, бо заноне, ки барои ибодат кардани Худо ҷамъ шуда буданд, ҳамсуҳбат шуданд. Зане бо номи Лидия, ки «Яҳува дилашро кушод», аз таълими бародарон чунон хурсанд шуд, ки бо аҳли оилааш таъмид гирифт. Баъд ӯ Павлусу ҳамроҳонашро зора зад, ки дар хонаи ӯ меҳмон шаванд c (Кор. 16:13–15).
9. Чӣ хел имрӯз бисёриҳо ба намунаи Павлус пайравӣ мекунанд ва чӣ гуна Яҳува онҳоро баракат медиҳад?
9 Тасаввур кунед, ки то чӣ андоза Павлусу ҳамроҳонаш аз таъмиди Лидия хурсанд шуданд. Павлус, албатта, шод буд, ки даъвати Исоро пазируфта, ба Мақдуния рафт ва ба воситаи онҳо Яҳува ба дуои он занони худотарс ҷавоб дод. Ба мисли он воизони боғайрат имрӯз бисёр бародару хоҳарон — пиру ҷавон ва оиладору муҷаррад, ба ҷойҳое кӯчидаанд, ки ба воизон ниёз калон аст. Албатта, ин бародару хоҳарон душвориҳои худро доранд, лекин, вақте касе ба мисли Лидия ҳақиқатро қабул мекунад, онҳо чунон хурсанд мешаванд, ки душвориҳояшон ҳеҷ метобанд. Оё шумо дар ҳаёти худ чизеро тағйир дода, ба ҷойи воизталаб кӯчида метавонед? Агар ин тавр кунед, Яҳува шуморо ҳатман баракат медиҳад. Мисоли бародар Эренро меорем, ки синнаш аз 20 гузашта буду ӯ барои хизмат ба Амрикои Марказӣ кӯчид. Ин бародар мисли бисёр касоне, ки ба дигар ҷо кӯчида, хизмат мекунанд, соҳиби баракатҳои зиёд гашт. Бинед, ки ӯ дар ин бора чӣ мегӯяд: «Хизмат дар дигар давлат маро рӯҳан бақувват кард ва муносибатамро бо Яҳува наздиктар гардонд. Дар ин ҷо хизматам пурсамар аст — айни ҳол ман ҳашт омӯзанда дорам!»
«Мардум бар зидди онҳо бархостанд» (Корнома 16:16–24)
10. Чӣ хел девҳо ба хизмати Павлусу ҳамроҳонаш халал расонданӣ шуданд?
10 Шайтон, бешубҳа, ба хашм омад, ки одамон дар минтақае, ки зери дасти ӯву девҳояш буд, хушхабарро қабул карда, таъмид мегиранд. Аз ин рӯ девҳо сабабгори коре шуданд, ки ба Павлусу рафиқонаш халал расонд, ки хизматашонро дар он шаҳр давом диҳанд. Боре, вақте онҳо ба ҷойи дуогӯйӣ мерафтанд, канизакеро вохӯрданд, ки дев дошту ояндаро пешгӯйӣ мекард ва бо ҳамин роҳ ба соҳибони худ даромади калон меовард. Ин канизак аз пушти Павлусу ҳамроҳонаш мерафту дод зада чунин мегуфт: «Ин одамон бандагони Худои Таолоянд ва ба шумо роҳи наҷотро нишон медиҳанд». Аз афташ, деви духтарак мехост, ки одамон ин суханонро шунида гумон кунанд, ки пешгӯйиҳои ӯ ва таълимоти Павлус аз як сарчашма бармеоянд. Ин метавонист одамонро гумроҳ кунад ва диққаташонро аз пайравони Масеҳ дур созад. Вале Павлус аз канизак девро берун карда даҳани ӯро баст (Кор. 16:16–18).
11. Баъди он ки дев аз канизак берун шуд, бо Павлусу Сило чӣ рӯй дод?
11 Вақте соҳибони канизак диданд, ки манбаи даромади бедарди миёнашон аз даст рафт, оташи хашмашон аланга зад. Онҳо Павлусу Силоро кашола карда ба бозор, ба назди ҳокимону амалдорони Рум бурданд, то ки онҳоро ҷазо диҳанд. Соҳибони канизак медонистанд, ки он доварон бадгумону ватанпарастанд, барои ҳамин ба онҳо суханоне гуфтанд, ки мазмунаш чунин буд: «Ин яҳудиён оромиро вайрон мекунанд, зеро урфу одатҳоеро таълим медиҳанд, ки ба мо, румиён, рост намегирад». Нияти бади онҳо зуд амалӣ шуд: «мардум [дар бозор] бар зидди онҳо [Павлусу Сило] бархостанд», амалдорон бошанд, фармуданд, ки «онҳоро химчакорӣ кунанд». Оқибат Павлусу Силоро ба зиндон бурданд. Зиндонбон ин мардони захмдорро ба ҳуҷраи дохилии зиндон партофта, ба пойҳояшон кунда зад (Кор. 16:19–24). Вақте ки зиндонбон дарро пӯшид, он ҷо топ-торик шуд. Павлусу Сило ҳамдигарро қариб ки намедиданд, вале Яҳува ҳама чизро нағз медид (Заб. 139:12).
12. а) Пайравони Масеҳ ба озору азият чӣ хел муносибат мекарданд ва барои чӣ? б) Шайтон ва тарафдоронаш бо кадом тарзҳо имрӯз пайравони Масеҳро озору азият медиҳанд?
12 Чандин сол пеш аз ин ҳодиса Исо пайравонашро огоҳ карда буд: «Шуморо... озор медиҳанд» (Юҳ. 15:20). Барои ҳамин, вақте Павлус бо рафиқонаш ба Мақдуния омад, онҳо аллакай ба озору азият тайёр буданд. Вақте онҳо бо зиддият рӯ ба рӯ шуданд, инро на нишонаи норозигии Яҳува, балки натиҷаи хашму ғазаби Шайтон медонистанд. Имрӯз онҳое, ки Шайтонро пайравӣ мекунанд, тарзу усули мардуми шаҳри Филиппиро нисбати Шоҳидони Яҳува ба кор мебаранд. Ин мухолифон айёрона дар бораи мо ҳар хел овозаҳои дурӯғро дар мактаб ё дар ҷойи кор паҳн мекунанд, то ки одамон зидди мо бароянд. Дар баъзе давлатҳо роҳбарони дин моро дар додгоҳ айбдор карда суханони ба ин монандро мегӯянд: «Ин Шоҳидон оромиро вайрон мекунанд, зеро урфу одатҳоеро таълим медиҳанд, ки ба мо, пайравони дини аҷдодӣ, рост намегирад». Ҳамчунин дар баъзе ҷойҳо ҳамимонони моро латукӯб карда, ҳабс мекунанд. Яҳува аз ҳамаи ин бохабар аст (1 Пет. 3:12).
«Дарҳол таъмид гирифтанд» (Корнома 16:25–34)
13. Чӣ сабаб шуду зиндонбон пурсид, ки «чӣ кор кунам, ки наҷот ёбам?»
13 Ба Павлусу Сило вақт даркор буд, ки баъд аз ҳодисаҳои он рӯз ба худ оянд. Аз афташ, дарди захмҳои онҳо камтар мешуд, зеро қарибиҳои ними шаб онҳо аллакай қувват пайдо карда, «дуо мегуфтанду дар васфи Худо суруд мехонданд». Он вақт баногоҳ заминҷунбие шуду зиндонро ларзонд. Зиндонбон бедор шуда дид, ки дарҳо кушодаанд ва ӯ тарсид, ки маҳбусон гурехтанд. Ӯ медонист, ки барои ин ӯро ҷазо медиҳанд, аз ин рӯ «шамшерашро бароварда, худро куштанӣ шуд». Вале Павлус дод зада чунин гуфт: «Ба худат зарар нарасон, ҳамаи мо дар ҳамин ҷоем!» Зиндонбони ваҳмзада аз онҳо пурсид: «Эй ҷанобон, чӣ кор кунам, ки наҷот ёбам?» Павлусу Сило медонистанд, ки онҳо ӯро наҷот дода наметавонанд — ин кор танҳо аз дасти Исо меомад. Барои ҳамин ба ӯ гуфтанд: «Ба Ҳазратамон Исо имон ор, он гоҳ ту ва аҳли хонаводаат наҷот меёбед» (Кор. 16:25–31).
14. а) Павлусу Сило ба зиндонбон чӣ хел ёрдам доданд? б) Онҳо озору азиятро паси сар карда кадом баракатро соҳиб шуданд?
14 Оё зиндонбон ҳақиқатан мехост бо роҳи наҷот равад? Павлус ба ин шубҳа надошт. Азбаски он зиндонбон ғайрияҳудӣ буд, дар бораи Навиштаҳо маълумот надошт. Ба ӯ лозим буд, ки пеш аз масеҳӣ шудан таълимоти асосии Навиштаҳоро омӯхта, қабул кунад. Барои ҳамин Павлусу Сило муддате «каломи Яҳуваро ба ӯ» фаҳмонданд. Онҳо ба ин кор чунон дода шуданд, ки, эҳтимол, дарди захмашонро фаромӯш карданд. Зиндонбон захмҳои онҳоро дар тахтапушташон дида, онҳоро шуст. Баъд ӯву аҳли хонаводааш «дарҳол таъмид гирифтанд». Павлусу Сило ин баракати калонро барои он соҳиб шуданд, ки аз озору азият натарсиданд ва хурсандияшонро аз даст надоданд (Кор. 16:32–34).
15. а) Чӣ хел имрӯз бисёри Шоҳидон ба намунаи Павлусу Сило пайравӣ мекунанд? б) Чаро мо бояд гаштаю баргашта ба одамони минтақаамон мавъиза кунем?
15 Мисли Павлусу Сило имрӯз бисёр Шоҳидоне, ки дар ҳабс мебошанд, дар он ҷо хушхабарро мавъиза карда, натиҷаҳои хуб ба даст оварданд. Масалан, дар як давлате, ки фаъолияти мо манъ буд, як вақтҳо 40 фоизи Шоҳидон касоне буданд, ки ҳақиқатро дар ҳабсхона фаҳмиданд (Иш. 54:17). Аҳамият дода бошед, зиндонбон танҳо баъди заминҷунбӣ аз Павлусу Сило ёрдам пурсид. Дар рӯзҳои мо ҳам баъзе одамоне, ки ба хушхабар шавқ надоранд, баъди рӯй додани ягон нохушӣ фикрашонро дигар карда метавонанд. Агар мо гаштаю баргашта ба одамони минтақаамон мавъиза кунем, бо ин роҳ нишон медиҳем, ки ба ёрдами онҳо тайёрем.
«Моро пинҳонӣ пеш карданиянд?» (Корнома 16:35–40)
16. Фардои он рӯзе, ки Павлусу Силоро латукӯб карданд, чӣ рӯй дод?
16 Вақте рӯз шуд, амалдорон фармуданд, ки Павлусу Силоро ҷавоб диҳанд. Вале Павлус гуфт: «Онҳо мо, шаҳрвандони Румро, бе ҳукму доварӣ дар пеши ҳама зада, ба зиндон партофтанд. Ҳоло бошад, моро пинҳонӣ пеш карданиянд? Не! Бигзор омада, худашон моро бароранд». Вақте амалдорон фаҳмиданд, ки ин ду мард шаҳрванди Рум мебошанд, «ба ҳарос афтоданд», ки ҳуқуқи онҳоро поймол карданд d. Акнун вазъият тамоман ранги дигар гирифт. Чи хеле ки онҳо дар пеши чашми ҳама Павлусу Силоро латукӯб карданд, ҳоло бояд дар пеши чашми ҳама аз онҳо бахшиш мепурсиданд. Амалдорон аз Павлусу Сило хоҳиш карданд, ки Филиппиро тарк намоянд. Ин ду шогирд розӣ шуданд, вале пеш аз рафтан муддате бо шогирдони нав истода, онҳоро рӯҳбаланд намуданд.
17. Истодагии Павлусу Силоро дида шогирдони нав кадом дарси муҳимро омӯхтанд?
17 Агар Павлусу Сило ба амалдорон мегуфтанд, ки шаҳрвандони Рум мебошанд, ба гумон буд, ки онҳоро химчакорӣ кунанд (Кор. 22:25, 26). Вале, агар онҳо ҷазо намегирифтанд, масеҳиёни Филиппӣ фикр карда метавонистанд, ки Павлусу Сило аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда ҷонашонро аз азобе, ки ба сари шогирдони Масеҳ меояд, раҳо карданиянд. Агар Силою Павлус аз азобу уқубат мегурехтанд, ин ба шогирдоне, ки шаҳрванди Рум набуданд, чӣ хел таъсир мекард? Магар имони ин шогирдон аз тарси ҷазо суст намешуд? Павлусу Сило бо намунаи худ ба шогирдони нав нишон доданд, ки пайравони Масеҳ дар озмоиши имон устувор монда метавонанд. Илова бар ин, онҳо ҳуқуқи худро талаб карда амалдоронро маҷбур сохтанд, ки дар пеши мардум ноҳаққияшонро тан гиранд. Баъди ин кори бародарон ҳукуматдорон, эҳтимол, қонунро ба назар мегирифтанду бо ҳамимонони Павлус эҳтиёт шуда муносибат мекарданд. Чунин муносибат масеҳиёнро то андозае аз ҳамлаҳои оянда ҳимоя карда метавонист.
18. а) Чӣ хел имрӯз пирони ҷамоат ба намунаи Павлус пайравӣ мекунанд? б) Чӣ хел мо кӯшиш мекунем, ки ҳуқуқи паҳн кардани хушхабарро ба даст орем?
18 Имрӯз низ пирони ҷамоати масеҳӣ бароямон намунаи ибрат мебошанд. Онҳо тавре рафтор мекунанд, ки аз ҳамимонони худ интизоранд. Ба монанди Павлус мо ҳам бодиққат вазъиятро месанҷем, то донем, ки барои ҳимояи худ кай ва чӣ хел аз ҳуқуқҳоямон истифода барем. Агар лозим шавад, мо ба суди маҳаллӣ, олӣ ва ҳатто ба суди байналмилалӣ муроҷиат мекунем, то ки хизмати Яҳуваро қонунӣ ба ҷо орем. Бо ин корамон мо ният надорем, ки қонуни давлатро дигар кунем. Мувофиқи суханоне, ки Павлус тахминан баъд аз даҳ соли дар Филиппӣ ҳабс шуданаш ба ҷамоати он ҷо навишт, мо ҳам мақсад дорем, ки «аз хушхабар пуштибонӣ» кунему «ҳуқуқи паҳн кардани онро ба даст» орем (Флп. 1:7). Вале новобаста ба қарорҳои суд мо мисли Павлусу рафиқонаш азми қавӣ дорем, ки минбаъд ҳам ба роҳнамоии рӯҳи муқаддас итоат карда хушхабарро ба мардуми ҳар маҳаллу кишвар бирасонем (Кор. 16:10).
a Нигаред ба чорчӯбаи « Луқо — нависандаи Корнома».
b Эҳтимол, ба яҳудиён иҷозат дода намешуд, ки дар Филиппӣ ибодатхона дошта бошанд, зеро дар ин шаҳр ҳарбиёни собиқ бисёр буданд. Ё сабаб дар он буд, ки шумораи мардони яҳудӣ 10 нафар ҳам набуд — барои таъсис додани ибодатхона бошад, камаш ҳамин қадар мард лозим буд.
c Нигаред ба чорчӯбаи « Лидия — савдогари матову либосҳои бунафшранг».
d Аз рӯйи қонуни Рум, вақте шаҳрванди он дар ҷинояте айбдор мешуд, инро бояд нағзакак тафтиш мекарданд ва, то даме ки гуноҳашро исбот накунанд, мумкин набуд, ки ӯро дар пеши халқ ҷазо диҳанд.