Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 18

«Худоро биҷӯянд... ва биёбанд»

«Худоро биҷӯянд... ва биёбанд»

Павлус ниёзу шавқи шунавандагонашро ба назар гирифта сухан меронад

Бар Корнома 17:16–34 асос ёфтааст

1–3. а) Чаро Павлуси расул дар Атино ошуфтадил гашт? б) Мо аз намунаи Павлус чӣ меомӯзем?

 ПАВЛУС ҳоло дар Атинои Юнон мебошад. Дар ин шаҳр, ки маркази донишу маърифат ба ҳисоб меравад, замоне Суқрот, Афлотун ва Арасту таълим медоданд. Мардуми Атино хеле диндоранд, вале Павлус аз диндории онҳо дилтангу ошуфтаҳол аст. Чаро? Чунки ба куҷое чашмаш наафтад, хоҳ ба ибодатхонаҳо, хоҳ ба майдону кӯчаҳои шаҳр, ӯ дар ҳама ҷо қатор-қатор бутҳоро мебинад. Ин ҳайратовар нест, зеро сокинони Атино бо бисёрхудоияшон маълуманд. Аммо Павлус нағз медонад, ки назари Яҳува ба бутпарастӣ чӣ гуна аст (2 Мӯсо 20:4, 5). Ин расули вафодор мисли Яҳува аз бутҳо нафрат дорад.

2 Вақте Павлус ба бозорҷойи шаҳр қадам мемонад, ҳуш аз сараш мепарад. Дар назди даромадгоҳи асосии ин бозор дар қисми шимолу ғарбии он, ҳайкалҳои бешармонаи худояшон Ҳермес сону шумор надоранд. Ғайр аз ин, ин бозорҷой пур аз бутхонаҳост. Павлуси боғайрат дар ин макони бутпарастон чӣ гуна дар бораи Яҳува гап мезада бошад? Оё ӯ метавонад нафраташро ба бутпарастӣ нишон надода ба сокинони Атино оромона ва бо эҳтиром сухан ронаду бо онҳо забон ёбад? Оё касе ба ӯ гӯш дода, Худои ҳақиқиро ҷӯё мешавад?

3 Суханоне, ки Павлуси расул ба мардуми босаводи Атино мегӯяд, дар Корнома 17:22–31 навишта шудааст. Ин гуфтори Павлус намунаи суханварӣ, мавридшиносӣ ва хушмуомилагию хушфаҳмист. Суханронии ӯро омӯхта мо мефаҳмем, ки чӣ тавр бо одамон забон ёбем, то онҳо дар бораи суханони Худо андеша ронанд.

«Дар бозор» таълим медод (Корнома 17:16–21)

4, 5. Павлус дар кадом ҷойҳои Атино хушхабарро паҳн мекард ва чӣ гуна одамон суханони ӯро гӯш мекарданд?

4 Павлус ба Атино ҳангоми сафари дуюми миссионерияш, тахминан соли 50-уми милодӣ, меояд a. Ӯ дар он ҷо интизор аст, ки кай Сило ва Тимотиюс аз Бирия ба наздаш меоянд. Вале ин расули боҷаҳду ғайрат вақтро аз даст намедиҳад. Ӯ аз рӯйи одати худ «ба ибодатхона даромада, бо яҳудиён... гуфтугузор» мекунад. Инчунин ӯ ҷоеро меёбад, то бо сокинони бутпарасти Атино ҳамсуҳбат шавад. Ин ҷой бозор аст (Кор. 17:17). Бозори Атино бар теппае, ки Акрополис ном дорад, ҷойгир буд. Он масоҳати хеле калонро — тахминан панҷ гектарро, фаро мегирифт. Бозори Атино на фақат ҷойи хариду фурӯш, он ҳамчунин ҷамъомадгоҳи калонтарини шаҳр буд. Мувофиқи як маълумотнома ин майдон «макони пурҷӯшу хурӯши иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии шаҳр ба ҳисоб мерафт». Ба он ҷо омада, маҳфилороиву донишпардозӣ кардан табъи дили бошандагони Атино буд.

5 Бешубҳа, ба Павлус дар он бозор дар бораи Худои ҳақиқӣ гап задан осон набуд. Дар байни шахсоне, ки суханони ӯро мешуниданд, файласуфони эпикурӣ ва равоқӣ буданд b. Ин ду гурӯҳи файласуфон бо ҳам рақобат доштанд. Файласуфони эпикурӣ бовар доштанд, ки ҳаёт худ аз худ ва ногаҳон пайдо шудааст. Эътиқоду назари онҳоро бо ду сухан чунин баён кардан мумкин аст: «На тарсе аз Худо, на дарде аз марг; некуӣ дастрас аст, бадӣ — тобовар». Файласуфони равоқӣ бошанд, бештар ба андешаву мантиқ такя мекарданд ва ба Худо чун ба Шахсият бовар надоштанд. На файласуфони эпикурӣ ва на равоқӣ ба зинда шудани мурдагон, чуноне ки пайравони Исо таълим медоданд, эътимод надоштанд. Аён аст, ки то чӣ андоза таълиму эътиқоди ин ду гурӯҳи файласуфон аз ҳақиқатҳои волои масеҳӣ, ки Павлус дар бораашон таълим медод, фарқ мекард.

6, 7. Баъзе донишмандони юнонӣ дар бораи таълими Павлус чӣ фикр доштанд ва имрӯз одамон дар бораи таълими мо чӣ ақида доранд?

6 Ин файласуфони юнонӣ дар бораи таълими Павлус чӣ фикр доштанд? Баъзеи онҳо Павлусро «лаққӣ» номиданд (Кор. 17:18). Дар бораи калимаи юноние, ки «лаққӣ» тарҷума шудааст, олиме чунин мегӯяд: «Ин калимаро дар аввал нисбати парандаи хурд ба кор мебурданд, ки аз ҳар ҷо дона мечид. Баъдтар он нисбати шахсоне истифода шуд, ки дар бозор пасмондаҳои хӯрокро мечинданд. Бо гузашти вақт он маънои маҷозӣ пайдо карда шахсеро дар назар дошт, ки аз ҳар ҷо маълумоти гуногунро чинда мегирифт ва ба пайвасту мантиқи маълумоти ҷамъовардааш сарфаҳм намерафт». Дигар хел карда гӯем, он шахсони ба таврашон маълумотнок Павлусро «сафсатагӯй» ва «донишдузди бесавод» номиданд. Вале Павлус аз ин лақабгузории онҳо ранҷида сухан гуфтанро бас накард.

7 Вазъияти мо низ аз вазъияти Павлус чандон фарқ намекунад. Аз сабаби он ки мо Шоҳиди Яҳува ҳастему таълимамон дар асоси Китоби Муқаддас аст, моро бисёр вақт ҳар хел тамға зада паст мезананд. Масалан, баъзе муаллимон таълим медиҳанд, ки ҳаёт худ аз худ пайдо шудааст ва ҳар як шахси босавод бояд, ки бо ин ақида розӣ бошад — ҳар касеро, ки ин ақидаро қабул намедорад, бесавод меноманд. Азбаски мо аз Китоби Муқаддас далел оварда офаринишро тарафдорӣ мекунем, он шахсони соҳибмаълумот моро сафсатагӯй меҳисобанд ва мехоҳанд, ки ин фикрашонро ба ақли одамон ҷо кунанд. Вале мо дилмонда шуда хизматро бас намекунем. Баръакс, мо бо дилпурӣ мегӯем, ки Офаридгор, Яҳува Худо, вуҷуд дораду тамоми мавҷудоти рӯйи заминро ӯ офаридааст (Ошкор. 4:11).

8. а) Баъзе шахсоне, ки суханони Павлусро мешуниданд, чӣ ақида доштанд? б) Павлусро, эҳтимол, аз кадом сабаб ба Арюпогус бурданд? (Нигаред ба поварақ.)

8 Баъзе сокинони Атино, ки суханони Павлусро дар бозор мешуниданд, чунин мегуфтанд: «Аз афташ, ӯ дар бораи худоёни бегона гап мезанад» (Кор. 17:18). Дар паси ин суханон хатаре ниҳон буд, зеро асрҳо пеш Суқротро дар чунин таблиғ айбдор намуда ба марг маҳкум карданд. Оё Павлус ба мардуми Атино худоёни барояшон ношиносро таблиғ мекард? Барои ба ин масъала равшанӣ андохтан Павлусро ба Арюпогус бурданд ва гуфтанд, ки таълимотеро, ки ба онҳо аҷиб метобад, фаҳмонад c. Чӣ тавр Павлус ба ин одамон, ки аз Навиштаҳо дониш надоштанд, сухан гуфт?

«Эй мардони Атино! Мебинам, ки...» (Корнома 17:22, 23)

9–11. а) Чӣ тавр Павлус кӯшиш кард, ки шунавандагонашро ба назар гирад? б) Чӣ тавр мо дар хизмат ба Павлус пайравӣ карда метавонем?

9 Чанде пеш гуфтем, ки Павлус аз дидани бутҳои шаҳр дилтанг шуд, вале ӯ бутпарастии мардуми онро зери тозиёнаи танқид нагирифт ва оромияшро аз даст надод. Павлуси расул бо эҳтиёт ва эҳтироми зиёд кӯшиш кард, ки бо он мардуми бутпараст забон ёбад. Ӯ суханашро чунин сар кард: «Эй мардони Атино! Мебинам, ки шумо аз ҳар ҷиҳат назар ба дигарон диндортаред» (Кор. 17:22). Ин ҷо Павлус хирадро ба кор бурда шунавандагонашро таъриф кард. Ӯ мефаҳмид, ки, ҳарчанд ақли баъзеи онҳоро таълимоти дурӯғ кӯр кардааст, дили онҳо ба қабул кардани ҳақиқат моил буда метавонад. Ғайр аз ин, Павлус дар хотир дошт, ки ӯ ҳам замоне «аз рӯйи нодонӣ ва беимонӣ рафтор мекард» (1 Тим. 1:13).

10 Павлус дар бораи нишонаи ба чашм аёни диндории он одамон сухан ронд. Ӯ қурбонгоҳеро ёдовар шуд, ки мардуми шаҳр ба «Худои номаълум» бахшида буданд. Бинобар як маълумотнома, «юнониён ва дигар одамон чунин расму таомул доштанд, ки ба худоёни номаълум қурбонгоҳҳо созанд. Онҳо метарсиданд, ки, агар худои барояшон ношиносро парастиш накунанд, ба қаҳру ғазабаш гирифтор мешаванд». Ба худои ношинос қурбонгоҳ сохта бошандагони Атино нишон доданд, ки ба вуҷуд доштани худои ношиносе бовар доранд. Павлус дар бораи қурбонгоҳ гап зада, суханро ба хушхабар бурд. Ӯ гуфт: «Дар бораи ҳамон Худое, ки шумо надониста мепарастед, ман ба шумо хабар медиҳам» (Кор. 17:23). Ӯ фаҳмонд, ки ягон худои нав ё бегонаеро таблиғ намекунад, чуноне ки баъзеҳо гумон карданд, балки дар бораи Худои ҳақиқӣ шаҳодат медиҳад. Розӣ шавед, ки андешаронии Павлус бо мардуми Атино мулоим ва ҳамзамон таъсирноку қавӣ буд.

11 Чӣ тавр дар хизмат ба Павлус пайравӣ кунем? Барои ин бояд мушоҳидакор бошем ва пай барем, ки шахс диндор аст ё не. Мо метавонем ба сарулибоси ӯ ва ба ашёе, ки дар хона ё ҳавлияш овезон аст, аҳамият диҳем, сипас ба ӯ гӯем: «Ман пай бурдам, ки шумо одами диндоред, ва ман маҳз бо чунин одамон ҳамсуҳбат шудан мехостам». Бо ин суханон мо нишон медиҳем, ки фикру эътиқоди шахсро эҳтиром мекунем — он гоҳ бо ӯ забон ёфтан осонтар мешавад. Дар хотир доред, ки мақсади мо ин нест, ки эътиқоди дигаронро танқид кунему онҳоро ҳукм намоем — кӣ медонад, шояд, онҳо одамони самимӣ бошанду мисли бисёри ҳамимонони мо, ки пеш ба таълимоти дурӯғ аз таҳти дил бовар доштанд, дониши ростиро қабул кунанд.

Шунавандагонатонро ба назар гирифта таълим диҳед

Худо «аз ҳеҷ кадоми мо дур нест» (Корнома 17:24–28)

12. Чӣ тавр Павлус суханронияшро ба шунавандагонаш мувофиқ кард?

12 Павлус бо сарсухани хуб ба дили шунавандагонаш роҳ ёфт. Оё ӯ ниёзи онҳоро ба назар гирифта суханашро давом дода тавонист? Павлус медонист, ки касоне, ки ӯро гӯш мекунанд, аз фалсафаи юнонӣ ба хубӣ бохабаранд, вале Навиштаҳоро намедонанд, аз ин рӯ бо якчанд роҳ суханронияшро ба онҳо мувофиқ кард. Аввал ин ки, ӯ дар асоси Навиштаҳо гап занад ҳам, аз он иқтибос наовард. Дуюм, ӯ худро аз шунавандагонаш ҷудо нагирифт, балки «мо» гуфта гап зад. Сеюм, Павлус аз адабиёти Юнон иқтибос оварда нишон дод, ки баъзе чизҳое, ки ӯ таълим медиҳад, дар асарҳои худи онҳо низ омадааст. Биёед ҳоло ин суханронии таъсирбахши Павлусро дида бароем ва фаҳмем, ки ӯ дар бораи Худо, ки ба мардуми Атино номаълум буд, чиро маълум сохт.

13. Павлус дар бораи пайдоиши коинот чӣ гуфт ва суханони ӯ чиро равшан месохтанд?

13 Коинотро Худо офаридааст. Павлус мегӯяд: «Худованди замину осмон, Худое, ки ҷаҳон ва тамоми мавҷудоти онро офаридааст, дар ибодатгоҳҳои сохтаи инсон сокин нест» d (Кор. 17:24). Коинот худ аз худ пайдо нашудааст, ҳама чизро Худои ҳақиқӣ офаридааст (Заб. 146:6). Баръакси худойзани юнониён Атино ва дигар худоёнашон, ки шукӯҳу ҷалоли онҳо ба ибодатгоҳҳо, маъбадҳо ва қурбонгоҳҳо вобаста буд, Худованди замину осмонро дар ибодатгоҳҳои сохтаи инсон ҷой додан имконнопазир аст (3 Подш. 8:27). Мақсади суханони Павлус равшан аст: Худои ҳақиқӣ аз ҳар гуна бутҳо, ки дар ибодатгоҳҳои сохтаи инсон гузошта шудаанд, бузургтар аст (Иш. 40:18–26).

14. Чӣ тавр Павлус фаҳмонд, ки Худо ба одамон эҳтиёҷ надорад?

14 Худо ба одамон ниёз надорад. Бутпарастон аз рӯйи урфу одати худ ҳайкали худоёнашонро бо либосҳои зебо оро медоданд, ба онҳо туҳфаҳои гаронбаҳо меоварданд ва хӯрокиву нӯшокӣ тақдим мекарданд. Онҳо бовар доштанд, ки бутҳо ба ин чизҳо ниёз доранд. Аммо баъзе файласуфоне, ки суханони Павлусро гӯш мекарданд, шояд, ба он бовар доштанд, ки худоён ба ҳеҷ чизи одамон эҳтиёҷ надоранд. Агар чунин бошад, онҳо, бешубҳа, бо суханони Павлус, ки Худо «ба хизмати дастҳои одамӣ эҳтиёҷ надорад», розӣ буданд. Бале, Офаридгор ба ягон чизи моддии одамон муҳтоҷ нест, баръакс, худаш Ҳоҷатбарори одамизод аст. Ӯ ба ҳамаи одамон «ҳаёт, нафас ва ҳама чиро медиҳад», аз ҷумла офтоб, борон ва замини ҳосилхезро (Кор. 17:25; 1 Мӯсо 2:7). Пас, Худои бениёз ба ягон чизи мо эҳтиёҷманд нест — ӯ Диҳанда аст, мо бошем, дастнигари ӯем.

15. Павлус ақидаи нодурусти мардуми Атиноро чӣ тавр ислоҳ кард ва мо аз ин чӣ меомӯзем?

15 Худо як одамро офарид. Юнониёни Атино бовар доштанд, ки онҳо аз халқҳои дигар бартаранд, вале чунин ақида, яъне миллатгароиву нажодпарастӣ, бар зидди ҳақиқати Навиштаҳо мебошад (5 Мӯсо 10:17). Павлус ин масъалаи нозукро моҳирона ва боэҳтиром дида баромад. Ӯ гуфт, ки «ҳамаи халқҳоро ӯ [Худо] аз як одам ба вуҷуд овардааст». Шунавандагони Павлус, бешубҳа, инро шунида ба фикр фурӯ рафтанд (Кор. 17:26). Он чизе, ки Павлус гуфт, аз китоби 1 Мӯсо мебошад. Дар он ҷо дар бораи Одам — бобокалони тамоми одамизод, гуфта шудааст (1 Мӯсо 1:26–28). Азбаски ҳамаи одамон аз як одам пайдо шудаанд, ягон миллат ё нажод аз дигараш беҳтар нест. Ҳамин тавр ҳамаи шунавандагони Павлус мағзи гапро фаҳмиданд. Мо аз ин як дарси муҳим мегирем: ҳарчанд мо кӯшиш мекунем, ки боэҳтиром бошем ва шахсро ба назар гирифта шаҳодат диҳем, ҳеҷ гоҳ «дили одамонро ёбем» гуфта, ростии Каломи Худоро тағйир намедиҳем.

16. Худо одамизодро бо чӣ ният офарид?

16 Худо мехоҳад, ки одамон ба ӯ наздик шаванд. Шояд, он файласуфони Атино, ки дар қатори шунавандагони Павлус буданд, баҳсу мунозираи зиёд мекарданд, ки чаро инсон вуҷуд дорад, вале онҳо ба ин савол ҷавоби қаноатбахш ёфта наметавонистанд. Павлус бошад, возеҳу равшан фаҳмонд, ки Худо одамизодро бо чӣ мақсаду ният офарид. Ӯ гуфт: «[Одамон бояд] Худоро биҷӯянд, даст-даст карда бикобанд ва биёбанд, гарчанд ӯ аз ҳеҷ кадоми мо дур нест» (Кор. 17:27). Худое, ки ба сокинони Атино номаълум буд, дар асл номаълум нест, ӯро шинохтан мумкин аст. Беш аз ин, Худо аз касоне, ки ӯро меҷӯянд ва дар борааш фаҳмидан мехоҳанд, дур нест (Заб. 145:18). Ҳамчунин аҳамият диҳед, ки Павлус ҷонишини «мо»-ро ба кор бурд. Ҳамин тавр ӯ худро дар қатори касоне гузошт, ки бояд «Худоро биҷӯянд» ва «даст-даст карда бикобанд».

17, 18. Чаро одамон бояд Худоро ҷӯё бошанд ва бо кадом тарз мо мисли Павлус ҳамсуҳбатамонро ба назар гирифта метавонем?

17 Одамон бояд Худоро ҷӯё бошанд. Павлус гуфт, ки Худо «сарчашмаи зиндагиву ҳаракат ва ҳастии мост». Баъзе олимон мегӯянд, ки ин ҷо Павлус ба суханони Эпиминид ном шоире, ки аз ҷазираи Крит буд, ишора кардааст. Ин шоир дар асри шаши то милод зиста, «дар дину маданияти мардуми Атино мавқеи назаррас дошт». Павлус барои тақвият додани суханонаш ба шунавандагони худ боз як далел овард. Ӯ ба онҳо гуфт: «Баъзе аз шоирони шумо гуфтаанд: “Мо ҳама фарзандони ӯем”» (Кор. 17:28). Бале, одамон бояд донанд, ки Худо Падари онҳост, зеро инсони аввалинро, ки аз ӯ тамоми одамон ба вуҷуд омадаанд, Худо офаридааст. Ҳамин тавр Павлус барои ҷалб кардани диққати шунавандагонаш ақлу хирадро ба кор бурда аз асарҳои юнонӣ иқтибос овард. Ин асарҳо, бешубҳа, дар назари шунавандагонаш эътиборнок буданд e. Мо низ метавонем ба намунаи Павлус пайравӣ намуда баъзан аз китобҳои таърих, донишномаҳо ва дигар маълумотномаҳои боваринок иқтибос орем. Масалан, аз баъзе адабиёти боваринок истифода бурда, ба шахс нишон дода метавонем, ки ин ё он урфу одати дини дурӯғ аз куҷо сарчашма мегирад, то шахс ба дурустии суханонамон боварии бештар пайдо кунад.

18 Дар ин қисми суханронияш Павлуси расул кӣ будани шунавандагонашро ба назар гирифта ҳақиқатҳои асосиро дар бораи Худо моҳирона баён намуд. Ин тавр карда ӯ барои давом додани суханронияш замина гузошт. Акнун ӯ ба шунавандагони юнонизабонаш фаҳмонданист, ки чӣ тавр ҳақиқатҳои фаҳмидаашонро ба кор баранд.

«Ҳамаи одамон... бояд тавба кунанд» (Корнома 17:29–31)

19, 20. а) Чӣ тавр Павлус бо эҳтиром фаҳмонд, ки парастидани бутҳо нодуруст аст? б) Шунавандагони Павлус бояд чӣ кор мекарданд?

19 Павлус сари мақсад омада ба шунавандагонаш мерасонад, ки чӣ дуруст асту чӣ не. Ӯ суханашро бо иқтибосе, ки оварда буд, пайваст карда мегӯяд: «Пас, фарзандони Худо ки бошем, набояд фикр кунем, ки зоти Худо чизе ба монанди тилло ё нуқра ё санг аст, монанди чизест, ки аз рӯйи хаёли одамӣ бо дасти санъаткорон сохта шудааст» (Кор. 17:29). Бале, одамон Худоро дар шакли ҳайкал ё тасвире сохта наметавонанд, зеро худи одамонро Худо сохтааст. Ҳамин тавр Павлус бо шунавандагонаш бо эҳтиром андеша ронда нишон медиҳад, ки парастидани бутҳои сохтаи инсон аз рӯйи мантиқ нест (Заб. 115:4–8; Иш. 44:9–20). Барои мулоим кардани суханонаш Павлус дар ин ҷо низ аз номи худашу шунавандагонаш гап мезанад: ӯ «набояд фикр кунем» мегӯяд, на «шумо набояд фикр кунед».

20 Павлуси расул мефаҳмонад, ки кадом кор дар талаб аст. Ӯ мегӯяд: «Гарчанд Худо дар гузашта ба чунин нодонӣ чашм мепӯшид, ҳоло дар ҳама ҷо ба ҳамаи одамон эълон мекунад, ки онҳо бояд тавба кунанд» (Кор. 17:30). «Чунин нодонӣ» гуфта, Павлус гумони ғалатеро дар назар дошт, ки одамон бутҳоро парастида ба Худо писанд омада метавонанд. Баъзе юнониён, шояд, дар бораи тавба шунида сахт ба ҳайрат омаданд. Вале аз суханони таъсирноки Павлус онҳо бояд мефаҳмиданд, ки ҳаётро ба онҳо Худо бахшидааст ва онҳо барои кору рафторашон дар пеши ӯ ҷавоб медиҳанд. Ба онҳо лозим буд, ки Худоро биҷӯянд, дар бораи ӯ дониш гиранд ва аз рӯйи ин дониш зиндагӣ кунанд. Сокинони Атино бояд мефаҳмиданд, ки бутпарастӣ гуноҳ аст ва аз ин кор даст кашидан ҳатмист.

21, 22. Павлус суханронияшро чӣ тавр ба охир расонд ва суханони ӯ барои мо чӣ аҳамият дорад?

21 Павлус суханронияшро хотима бахшида чунин мегӯяд: «[Худо] рӯзеро муқаррар кардааст, ки тамоми заминро ба воситаи марди таъйинкардааш аз рӯйи адолат доварӣ мекунад, ва ӯро аз мурдагон зинда карда, исбот намуд, ки ин рӯз ҳатман меояд» (Кор. 17:31). Одамон бояд Худои ҳақиқиро биҷӯянду биёбанд, зеро рӯзи доварӣ дар пеш аст. Павлус намегӯяд, ки номи Довари таъйинкардаи Худо чист, вале ӯ ба онҳо дар бораи ин Довар як чизи аҷиберо ошкор мекунад. Ӯ мегӯяд, ки Довари таъйинкардаи Худо дар рӯйи замин зист ва мурд, аммо Худо ӯро зинда кард.

22 Ин суханони Павлус имрӯз низ аҳамияташонро гум накардаанд. Мо медонем, ки Довари таъйинкардаи Худо Исои Масеҳи зиндашуда мебошад (Юҳ. 5:22). Инчунин мо медонем, ки Рӯзи Доварӣ ба қарибӣ сар шуда, ҳазор сол давом меёбад (Ошкор. 20:4, 6). Мо аз ин рӯз наметарсем, зеро медонем, ки он ба шахсоне, ки росткор ҳисобида мешаванд, ояндаи неку пурбаракат меорад. Гарави ин ояндаи дурахшон муъҷизаи бузургтаринест, ки Худо ба амал овардааст — ин муъҷиза зинда шудани Исои Масеҳ мебошад.

«Баъзеҳо... имон оварданд» (Корнома 17:32–34)

23. Муносибати одамон ба суханронии Павлус чӣ гуна буд?

23 Муносибати одамон ба суханронии Павлус гуногун буд. Баъзеяшон дар бораи зиндашавӣ шунида «ӯро масхара карданд». Дигарон бошанд, мулоим ҷавоби рад доданд. Онҳо гуфтанд: «Дар ин бора дафъаи дигар ба сухани ту гӯш хоҳем дод» (Кор. 17:32). Вале «баъзеҳо ба ӯ ҳамроҳ шуданду имон оварданд. Дар байни онҳо Диёнисиюс — довари додгоҳи Арюпогус, зане бо номи Домарис ва дигарон буданд» (Кор. 17:34). Имрӯз ҳам муносибати одамон ба хушхабаре, ки мо мерасонем, гуногун аст. Баъзе одамон моро механданд, дигарашон муомилаи хуб кунанд ҳам, ба хушхабар бепарво мемонанд. Лекин чӣ қадар мо хурсанд мешавем, вақте баъзеҳо ба хушхабари Подшоҳии Худо гӯш медиҳанду имон меоранд.

24. Мо аз суханроние, ки Павлус дар додгоҳи Арюпогус гуфт, чӣ меомӯзем?

24 Суханронии Павлус ба мо кумак мекунад, ки як қатор чизҳоро ёд гирем. Мо дида баромадем, ки чӣ тавр аз рӯйи мантиқ сухан гӯем, далелҳои боваринок орем ва шавқу ниёзи шунавандагонамонро ба назар гирем. Инчунин фаҳмидем, ки бояд нисбати касоне, ки ба таълимоти нодурусти динӣ бовар доранд, пурсабру боэҳтиром бошем. Аз суханронии Павлус мо боз як дарси муҳимро меомӯзем: мо набояд ба хотири одамон ҳақиқатҳои Каломи Худоро дигар кунем. Ба ҳар ҳол мо бояд кӯшиш кунем, ки дар таълим додани дигарон усто шавем. Пирон низ дарс гирифта метавонанд, ки барои таълим додани ҷамоат ҳунари омӯзгорияшонро сайқал диҳанд. Бо ин роҳҳо ба Павлус пайравӣ намуда мо ба дигарон кумак мекунем, ки «Худоро биҷӯянд... ва биёбанд» (Кор. 17:27).

b Нигаред ба чорчӯбаи « Файласуфони эпикурӣ ва равоқӣ».

c Арюпогус теппае дар тарафи шимолу ғарбии Акрополис буд, ки он ҷо одатан шӯро, ё додгоҳи, олии Атино маҷлис мегузаронд. Калимаи «Арюпогус» ҳам ба ин шӯро ва ҳам ба худи теппа ишора карда метавонист. Аз ин рӯ баъзе олимон мегӯянд, ки Павлусро ба он теппа ё назди он теппа бурданд. Дигарон бошанд, ақида доранд, ки ӯро ба маҷлиси шӯро, ки дар дигар ҷо, шояд, дар худи бозор баргузор шуда буд, бурда буданд.

d Калимаи юноние, ки «ҷаҳон» тарҷума шудааст, «ко́смос» мебошад. Зери ин калима юнониён коиноти моддиро дар назар доштанд. Шояд, Павлус, ки мехост шунавандагони юнонияшро ба назар гирад, калимаи «ҷаҳон»-ро маҳз ба ҳамин маъно ба кор бурд.

e Павлус аз достони ситорашиносии «Падидаҳо», ки онро шоир ва файласуфи равоқӣ Аратус навишта буд, иқтибос овард. Суханони ба ин монанд дар дигар асарҳои юнонӣ низ дида мешаванд, масалан, дар асари нависанда ва файласуфи равоқӣ Клиентис, ки «Ситоиши Зевс» ном дорад.