Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 15

Ҷамоатҳоро устувор мегардонданд

Ҷамоатҳоро устувор мегардонданд

Бародарони ботаҷриба сафар карда, имони аҳли ҷамоатро қавӣ мегардонанд

Бар Корнома 15:36–16:5 асос ёфтааст

1–3. а) Ҳамсафари нави Павлус кӣ буд ва дар бораи ӯ чӣ гуфтан мумкин аст? б) Аз ин боб мо дар бораи чӣ мефаҳмем?

 АЗ ЯК шаҳр ба шаҳри дигар бо роҳи ноҳамвор сафар карда, Павлус ба ҳамсафари ҷавонаш менигараду ба андеша фурӯ меравад. Ин ҷавони бақуввату нерӯманд, ки Тимотиюс ном дорад, эҳтимол, навакак ба 20 қадам мондааст. Ҳангоми сафар, ҳар боре ки ӯ ба пеш қадам мезанад, торафт аз хонааш дур мешавад. Дар охири рӯз бошад, Лустра ва Иқуния оҳиста-оҳиста аз назар нопадид мегарданд. Ин ҳамсафаронро чӣ дар пеш аст? Павлус, ки бори дуюм ба сафари миссионерӣ баромадааст, дар ин бора каму беш тасаввурот дорад. Ӯ медонад, ки онҳо бо хатару душвориҳои зиёд дучор мешаванд. Оё ҳамсафари ҷавони ӯ ба ин душвориҳо тоб меорад?

2 Дили Павлус аз Тимотиюс то андозае пур аст, ки, шояд, худи ин ҷавони хоксор аз худ ҳамин қадар дилпур набошад. Баъд аз воқеаҳои охирон Павлус мефаҳмид, ки ба вай шарики боваринок лозим аст. Павлус дарк мекард, ки барои иҷрои вазифаашон, яъне ҷамоатҳоро хабар гирифтану устувор гардондан, онҳо бояд ҳамфикру қавиирода бошанд. Барои чӣ Павлус чунин андешаҳо дошт? Як сабабаш, шояд, дар он буд, ки каме пештар байни ӯву Барнаббо нофаҳмӣ сар заду онҳо аз ҳам ҷудо шуданд.

3 Аз ин боб мефаҳмем, ки чӣ тавр бо роҳи беҳтарин нофаҳмиҳоро ҳал кунем. Мо инчунин дида мебароем, ки чаро Павлус Тимотиюсро ҳамсафари худ интихоб кард ва нозирони ноҳиявӣ дар рӯзҳои мо кадом корҳоро ба анҷом мерасонанд.

«Биё акнун баргардем ва аз ҳоли бародарон... хабар гирем» (Корнома 15:36)

4. Павлус дар сафари дуюми миссионерияш чӣ гуна мақсадҳо дошт?

4 Дар боби гузашта мо дидем, ки чор бародар, Павлусу Барнаббо ва Яҳудову Сило, қарори ҳайати роҳбарикунандаро дар масъалаи хатна ба ҷамоати Антиохия расонда бародару хоҳаронро рӯҳбаланд карданд. Баъд аз ин Павлус чӣ кор кард? Ӯ сафари навбатиро ба нақша гирифта, ба Барнаббо чунин гуфт: «Биё акнун баргардем ва аз ҳоли бародароне, ки ба шаҳрҳои онҳо рафта, каломи Яҳуваро расонда будем, хабар гирем» (Кор. 15:36). Мақсади Павлус танҳо дидорбинии масеҳиёни навимон набуд. Мувофиқи китоби Корнома як мақсади сафари дуюми Павлус ин буд, ки ба аҳли ҷамоат дастури ҳайати роҳбарикунандаро расонад (Кор. 16:4). Боз ӯ ният дошт, ки вазифаи нозирияшро иҷро карда имони бародару хоҳаронро устувор гардонад (Рум. 1:11, 12). Чӣ тавр имрӯз созмони Шоҳидони Яҳува ба намунаи расулон пайравӣ карда, ҷамоатҳоро мустаҳкам месозад?

5. Чӣ тавр Ҳайати роҳбарикунанда имрӯз ҷамоатҳоро роҳнамоиву дастгирӣ мекунад?

5 Имрӯз Исои Масеҳ ҷамоати худро ба воситаи Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува роҳнамоӣ мекунад. Ин тадҳиншудагони бовафо ба воситаи номаҳо, адабиёти чопиву электронӣ, вохӯриҳо ва дигар воситаҳо ҷамоатҳои рӯйи дунёро роҳнамоиву дастгирӣ мекунанд. Ҳайати роҳбарикунанда кӯшиш мекунад, ки аз аҳволи ҳар як ҷамоат бохабар бошад. Ба ҳамин хотир ин ҳайат дар саросари дунё ҳазорҳо пирони кордидаву пуртаҷрибаро нозири ноҳиявӣ таъйин кардааст.

6, 7. Нозирони ноҳиявӣ кадом корҳоро иҷро мекунанд?

6 Имрӯз нозирони ноҳиявӣ кӯшиш мекунанд, ки дар ҷамоатҳо ба ҳамаи бародару хоҳарон таваҷҷуҳ карда, онҳоро рӯҳан қавӣ гардонанд. Онҳо инро чӣ тавр мекунанд? Нозирони ноҳиявӣ ба намунаи нозирони асри як, аз ҷумла ба Павлуси расул, пайравӣ мекунанд. Павлус Тимотиюсро, ки мисли ӯ нозир буд, чунин ташвиқ намуд: «Каломро эълон кун, дар ин кор ҳам дар вақти мувофиқ ва ҳам дар вақти душвор ҷидду ҷаҳд намо, бо пуртоқативу санъати омӯзгорӣ танбеҳ, огоҳӣ ва насиҳат деҳ... Хушхабарро пайваста эълон кун» (2 Тим. 4:2, 5).

7 Мувофиқи ин оятҳо нозирони ноҳиявӣ — агар оиладор бошанд, ҳамроҳи ҳамсарашон — бо воизони ҷамоатҳо дар навъҳои гуногуни хизмат иштирок мекунанд. Азбаски онҳо омӯзгорони бомаҳорат мебошанд ва хизматро дӯст медоранд, ба аҳли ҷамоат намунаи хуб нишон медиҳанд (Рум. 12:11; 2 Тим. 2:15). Бародароне, ки кори нозириро иҷро мекунанд, фидокору меҳрубонанд. Онҳо вақту қуввати худро дареғ надошта, дар сармову гармо ва ҳатто дар минтақаҳои хатарнок хизмат мекунанд (Флп. 2:3, 4). Нозирони ноҳиявӣ инчунин дар асоси Каломи Худо нутқҳо гуфта, ҳар як ҷамоатро нерӯи тоза мебахшанд ва панду насиҳат медиҳанд. Хуб мебуд, ки ҳамаи мо дар бораи намунаи онҳо андеша карда, ба имонашон пайравӣ намоем (Ибр. 13:7).

«Баҳс... тезутунд шуд» (Корнома 15:37–41)

8. Барнаббо таклифи Павлусро чӣ хел қабул кард?

8 Барнаббо бо ҷону дил розӣ шуд, ки ҳамроҳи Павлус рафта, «аз ҳоли бародарон» хабар гирад (Кор. 15:36). Аз ин пеш онҳо дар кори нозирӣ ҳамкории хуб доштанд ва ба ҳар дуи онҳо минтақа ва одамоне, ки бояд хабар мегирифтанд, шинос буданд (Кор. 13:2–14:28). Аз ин рӯ дар ин таъйинот ҳамкорӣ кардан пешниҳоди нағз метофт, лекин мушкилие ба миён омад. Дар Корнома 15:37 чунин гуфта мешавад: «Барнаббо қарор кард, ки Юҳанноро, ки Марқус меномиданд, ҳамроҳ гиранд». Барнаббо бо Павлус маслиҳат накарда «қарор кард», ки дар хизмати миссионерӣ хешаш Марқусро ҳамроҳ мегирад.

9. Барои чӣ Павлус бо қарори Барнаббо розӣ нашуд?

9 Павлус ба қарори Барнаббо, ки Марқусро бо худ гиранд, зид мебарояд. Чаро? Дар ин бора дар Китоби Муқаддас мехонем: «Павлус бо ин розӣ набуд, зеро Марқус онҳоро дар Памфилия тарк карда, дар иҷрои супориш онҳоро ҳамроҳӣ накарда буд» (Кор. 15:38). Марқус Павлусу Барнабборо дар сафари якуми миссионерияшон ҳамроҳӣ карда буд, лекин ӯ бо онҳо то охир намонд (Кор. 12:25; 13:13). Ҳанӯз дар аввали сафарашон, вақте онҳо дар Памфилия буданд, Марқус таъйиноташро партофта ба Ерусалим, ба хонааш, баргашт. Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки барои чӣ ӯ ҳамсафаронашро тарк кард, лекин ин рафтори Марқус дар назари Павлус бемасъулиятӣ тофт. Шояд, аз ҳамин сабаб Павлус ба ҳамкори боваринок будани Марқус шубҳа кард.

10. Чаро Павлусу Барнаббо баҳс карданд ва оқибат чӣ шуд?

10 Барнаббо нею нестон карда Марқусро бо худ гирифтанӣ буд. Павлус ҳам аз фикраш гаштан намехост. Дар Корнома 15:39 гуфта мешавад: «Баҳси Павлусу Барнаббо чунон тезутунд шуд, ки онҳо аз якдигар ҷудо шуданд». Барнаббо бо Марқус ба зодгоҳаш, ба ҷазираи Кипр, баргашт, Павлус бошад, роҳи сафари худро пеш гирифт. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Павлус... Силоро интихоб кард ва, пас аз он ки бародарон ӯро ба ихтиёри лутфу марҳамати Яҳува супурданд, ба роҳ баромад» (Кор. 15:40). Павлус бо Сило ҳангоми сафар «аз Сурия ва Қилиқия гузашта, ҷамоатҳоро устувор мегардонд» (Кор. 15:41).

11. Вақте гапамон бо ягон кас мегурезад, кадом хислатҳо кумак мекунанд, ки пайванди дӯстию бародариямонро нигоҳ дорем?

11 Ин воқеа ба мо хотиррасон мекунад, ки ҳамаамон нокомилем. Павлусу Барнаббо намояндагони ҳайати роҳбарикунанда буданд. Аз афташ, бо гузашти вақт Павлус ҳатто узви он ҳайат гашт. Вале дар он маврид нокомилии Павлусу Барнаббо боло гирифт. Оё ин моҷаро риштаи рафоқати онҳоро канда кард? Не, чунки онҳо нокомил бошанд ҳам, мардони фурӯтан буданд ва кӯшиш мекарданд, ки ба намунаи Масеҳ пайравӣ кунанд. Шубҳае нест, ки Павлусу Барнаббо бо мурури вақт якдигарро бахшиданд ва аз нав дӯсту бародар шуданд (Эфс. 4:1–3). Лекин муносибати Павлусу Марқус чӣ гуна шуд? Баъдтар онҳо боз ҳамкорӣ карда, супоришҳои дигарро иҷро намуданд a (Қӯл. 4:10).

12. Имрӯз нозирон ва пирони ҷамоат аз кадом ҷиҳат бояд ба Павлусу Барнаббо пайравӣ намоянд?

12 Чунин баҳси тезутунд ба Павлусу Барнаббо хос набуд. Барнаббо шахси хеле меҳрубону дасткушод буд. Барои ҳамин расулон ба ӯ, ки аслан Юсуф ном дошт, Барнаббо лақаб монданд, ки маънояш «писари тасаллӣ» буд (Кор. 4:36). Павлусро низ чун шахси ғамхору меҳрубон мешинохтанд (1 Тас. 2:7, 8). Имрӯз ҳамаи пирон, аз ҷумла нозирони ноҳиявӣ, ба Павлусу Барнаббо пайравӣ намуда, бояд пайваста кӯшиш кунанд, ки нисбати пирони ҳамкорашон ва дигар бародару хоҳарон меҳрубону ғамхор бошанд (1 Пет. 5:2, 3).

«Ӯро таъриф мекарданд» (Корнома 16:1–3)

13, 14. а) Тимотиюс чӣ гуна бародар буд ва Павлус бо ӯ, эҳтимол, кай шинос шуд? б) Барои чӣ Павлус ба Тимотиюс диққат дод? в) Тимотиюс чӣ супориш гирифт?

13 Павлуси расул дар сафари дуюми миссионерияш якчанд ҷамоатеро, ки дар вилояти Ғалотияи Рум буданд, хабар гирифт. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ҳамин тавр Павлус ба Дарба ва баъд ба Лустра омад. Дар он ҷо Тимотиюс ном шогирде буд, ки модараш яҳудизани имондору падараш юнонӣ буд» (Кор. 16:1) b.

14 Ба назар чунин мерасад, ки Павлус бо аҳли оилаи Тимотиюс ҳангоми сафари якумаш, тахминан соли 47-уми милодӣ, шинос шуда буд. Аммо ду-се сол пас, ҳангоми сафари дуюмаш, Павлус ба Тимотиюс бештар эътибор дод. Чаро? Чунки бародарон Тимотиюсро «таъриф мекарданд». Ӯро на танҳо бародарони шаҳри худаш, балки берун аз он низ қадр мекарданд. Мувофиқи Китоби Муқаддас дар Лустраву Иқуния, ки тақрибан 30 километр дуртар аз ҷою макони Тимотиюс буданд, бародарон дар ҳаққи ӯ суханони хуб мегуфтанд (Кор. 16:2). Аз ин рӯ пирон бо роҳнамоии рӯҳи муқаддас ба Тимотиюси ҷавон вазифаи ҷиддие доданд. Акнун ӯ бояд Павлусу Силоро дар сафари хизматияшон ҳамроҳӣ мекард (Кор. 16:3).

15, 16. Чӣ тавр Тимотиюс дар ҷамоат обрӯю эътибор пайдо кард?

15 Чӣ тавр Тимотиюс аз овони ҷавонияш ин қадар обрӯю эътибори хуб пайдо кард? Шояд, ӯ ақли расо, қаду басти зебо ё қобилиятҳои модарзод дошт? Бисёр вақт барои одамон ин чизҳо аҳамияти калон дорад. Боре ҳатто пайғамбар Самуил ба шахсе аз рӯйи афту андомаш баҳо дод. Лекин Яҳува ба ӯ хотиррасон карда гуфт: «Худо мисли одамизод нигоҳ намекунад, зеро одами хокӣ чизеро мебинад, ки ба чашм маълум аст, Яҳува бошад, дилро мебинад» (1 Подш. 16:7). Тимотиюс на бо сурат, балки бо сирати худ дар байни ҳамимононаш номи нек пайдо карда буд.

16 Солҳо пас Павлус баъзе хислатҳои хуби Тимотиюсро номбар кард. Ӯ дар бораи рӯҳияи хуб ва муҳаббату фидокории Тимотиюс ёдовар шуд. Ӯ инчунин қайд кард, ки Тимотиюс дар корҳои ҷамоат ғайрати зиёд дорад (Флп. 2:20–22). Ғайр аз ин, Тимотиюси ҷавон дар байни бародару хоҳарон бо «имони дилсофона»-и худ обрӯ пайдо карда буд (2 Тим. 1:5).

17. Чӣ тавр ҷавонон имрӯз ба намунаи Тимотиюс пайравӣ карда метавонанд?

17 Имрӯз бисёр ҷавонон ба намунаи Тимотиюс пайравӣ намуда, хислатҳоеро нишон медиҳанд, ки писанди Яҳува аст. Аз ин рӯ онҳо, аз ҷумла касоне, ки хеле ҷавонанд, дар назди Яҳува ва бародару хоҳарон номи нек пайдо кардаанд (Пнм. 22:1; 1 Тим. 4:15). Онҳо тавре зиндагӣ намекунанд, ки як пояшон дар ҷамоату дигараш дар ҷаҳон бошад, балки имони бериё доранд (Заб. 26:4). Бисёри чунин ҷавонон мисли Тимотиюс ба ҷамоат ёрдами калон расонда метавонанд. Вақте онҳо воизи хушхабар мешаванд ва ҳаёташонро ба Яҳува бахшида, таъмид мегиранд, аҳли ҷамоат рӯҳбаланду хушҳол мегарданд.

«Имони ҷамоатҳо мустаҳкам мешуд» (Корнома 16:4, 5)

18. а) Чӣ тавр Павлусу Тимотиюс ҳайати роҳбарикунандаро дастгирӣ мекарданд? б) Ҷамоатҳо соҳиби чӣ гуна баракатҳо гаштанд?

18 Павлусу Тимотиюс тӯли солҳои зиёд якдилона ҳамкорӣ карданд. Онҳо чун нозирон ҳар гуна супоришу дастури ҳайати роҳбарикунандаро иҷро менамуданд. Дар ин бора аз Каломи Худо мехонем: «Онҳо шаҳр ба шаҳр гашта, дастурҳои расулону пирони Ерусалимро ба бародарон мерасонданд, то аз рӯйи он дастурҳо амал кунанд» (Кор. 16:4). Он ҷамоатҳо ба роҳнамоии расулону пирони Ерусалим итоат мекарданд, «аз ин рӯ имони ҷамоатҳо мустаҳкам мешуд ва шумораи имондорон рӯз аз рӯз меафзуд» (Кор. 16:5).

19, 20. Чаро аҳли ҷамоат бояд ба бародароне, ки «роҳбариро ба уҳда доранд», итоаткору фармонбардор бошад?

19 Ба ин монанд, имрӯз Шоҳидони Яҳува ба дастуру роҳнамоии «касоне, ки... роҳбариро ба уҳда доранд», итоаткору фармонбардор буда, соҳиби баракатҳои зиёд мегарданд (Ибр. 13:17). Азбаски саҳнаи ин ҷаҳон доим тағйир меёбад, ба мо хеле муҳим аст, ки пайваста ба дастури «ғуломи бовариноку боандеша» диққат диҳему сари вақт аз рӯйи он амал кунем (Мат. 24:45; 1 Қӯр. 7:29–31). Ин тавр карда мо дар имон устувор мемонем ва худро ба ин ҷаҳон олуда намесозем (Яъқ. 1:27).

20 Пӯшида нест, ки бародароне, ки имрӯз дар созмони Яҳува сарварӣ мекунанд, аз ҷумла Ҳайати роҳбарикунанда, мисли Павлусу Барнаббо, Марқус ва дигар пирони тадҳиншудаи асри як нокомиланд (Рум. 5:12; Яъқ. 3:2). Аъзои Ҳайати роҳбарикунанда нокомил бошанд ҳам, ба Яҳува вафодоранд, чунки онҳо аз рӯйи маслиҳатҳои Каломи Худо ва намунаи муқарраркардаи расулон амал мекунанд (2 Тим. 1:13, 14). Аз ин рӯ, вақте ҷамоатҳо аз рӯйи дастури ин «ғуломи боваринок» амал мекунанд, дар имон устувору мустаҳкам мешаванд.