Номаи Ҳайати роҳбарикунанда
Воизи азиз!
Тасаввур кун, ки ту яке аз расулонӣ ва дар кӯҳи Зайтун истодаӣ. Исо дар пешат намудор мешавад ва пеш аз он ки ба осмон равад, чунин мегӯяд: «Вақте ки рӯҳи муқаддас бар шумо фарояд, қувват меёбед ва дар Ерусалим, дар саросари Яҳудияву Сомария ва то гӯшаю канори замин дар бораи ман шаҳодат медиҳед» (Кор. 1:8). Ин суханон ба ту чӣ хел таъсир мекунанд?
Эҳтимол, ту аз ин супориши Исо дасту по хӯрда, фикр мекунӣ, ки чӣ тавр ин кори душворро иҷро намоӣ. Шояд, ба сарат чунин савол ояд: «Чӣ тавр мо, гурӯҳи хурди шогирдон, “то гӯшаю канори замин” шаҳодат дода метавонем?» Мумкин ту огоҳиеро, ки Исо шаби пеш аз маргаш дода буд, ба хотир орӣ: «Ғулом аз хӯҷаинаш бузургтар нест. Агар маро озор дода бошанд, шуморо низ озор медиҳанд, ҳамчунин, агар суханони маро ба ҷо оварда бошанд, суханони шуморо низ ба ҷо меоранд. Вале ҳамаи инро аз барои номи ман ба шумо хоҳанд кард, зеро Фиристандаи маро намешиносанд» (Юҳ. 15:20, 21). Дар бораи ин суханон фикр карда дар сарат, шояд, боз як саволи дигар пайдо шавад: «Агар ба поям хорҳои озору озмоиш халанд, оё метавонам ба одамон як ба як шаҳодат диҳам?»
Имрӯз низ дар сари мо, Шоҳидони Яҳува, чунин саволҳо чарх зада метавонанд, охир, ба мо ҳам супориш дода шудааст, ки «то гӯшаю канори замин» ба «тамоми халқҳо» шаҳодат диҳем (Мат. 28:19, 20). Пас, ин супоришро чӣ тавр иҷро кунем, хусусан, вақте моро, чуноне пешгӯйӣ шудааст, озору азият диҳанд?
Китоби Корнома ба мо дар бораи мавъизаи расулон ва дигар масеҳиёни асри як воқеаҳои шавқовареро нақл мекунад. Он нишон медиҳад, ки чӣ тавр онҳо бо ёрдами Яҳува аз уҳдаи ин супориш баромаданд. Китобе, ки дар даст дорӣ, воизи азиз, ба ту кумак мекунад, ки ин воқеаҳоро чуқуртар омӯзӣ ва аз пешрафти мавъиза дар асри як ба ваҷд оӣ. Вақте ту мефаҳмӣ, ки байни масеҳиёни пешин ва имрӯза то чӣ андоза монандӣ бисёр аст, ба ҳайрат меоӣ. Ту мебинӣ, ки на танҳо корамон як аст, балки тарзи ба роҳ мондани он низ хеле монанд аст. Вақте дар бораи ин монандиҳо фикр мекунӣ, бешубҳа, дилпур мешавӣ, ки Худоямон Яҳува қисми заминии ташкилоташро то ҳол роҳнамоӣ карда истодааст.
Мо дуогӯйи онем, ки омӯзиши китоби Корнома боварии туро ба кумаку дастгирии Яҳува ва рӯҳи муқаддасаш қавӣ гардонад. Бигзор ин китоб туро илҳом бахшад, то минбаъд низ бо завқу ҳавас дар бораи Подшоҳии Худо як ба як шаҳодат диҳӣ ва ба одамон ёрӣ расонӣ, ки дар роҳи умеду наҷот қадамгузор шаванд (Кор. 28:23; 1 Тим. 4:16).
Бародарони шумо,
Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува