Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 7

«Хушхабарро дар бораи Исо» мерасонем

«Хушхабарро дар бораи Исо» мерасонем

Намунаи Филиппуси воиз

Бар Корнома 8:4–40 асос ёфтааст

1, 2. Дар асри як кӯшиши хомӯш намудани садои хушхабар чӣ натиҷа дод?

 СЕЛОБИ тунди озорҳо бар сари пайравони Масеҳ фурӯ рехт. Шоул бар аҳли ҷамоат «ҷабру ҷафо» мекард. Ин ибора дар матни асл бераҳмии ваҳшиёнаро тасвир мекунад (Кор. 8:3). Ӯ мақсад дошт, ки масеҳиёнро аз беху бунашон нест кунад. Вақте масеҳиён аз Ерусалим ба ҳар ҷо гурехтанд, чунин менамуд, ки Шоул ба мақсадаш расид. Аммо бо пароканда шудани шогирдон як чизи ғайричашмдоште рӯй дод. Биёед бинем, ки чӣ шуд.

2 Масеҳиёни гуреза, «ба ҳар ҷое мерафтанд, хушхабари каломро паҳн мекарданд» (Кор. 8:4). Озору азият натавонист садои хушхабарро хомӯш кунад. Баръакс, садои он боз ҳам баландтар гашту дар дигар ҷойҳо низ шунида шуд. Озордеҳон шогирдонро ба ҳар тараф пароканда карда, худашон нафаҳмида монданд, ки чӣ тавр ба паҳн шудани хабари Подшоҳӣ дар ҷойҳои дурдаст сабаб шуданд. Дар замони мо воқеаҳои ба ин монанд рӯй додаанд. Дар ин боб мо баъзеи онҳоро дида мебароем.

«Шогирдоне, ки пароканда шуданд» (Корнома 8:4–8)

3. а) Филиппус кӣ буд? б) Чаро дар Сомария хушхабарро қариб ки нашунида буданд ва Исо дар бораи ин шаҳр чӣ пешгӯйӣ кард?

3 Дар байни «шогирдоне, ки пароканда шуданд», Филиппус a низ буд (Кор. 8:4; нигаред ба чорчӯбаи « Филиппуси воиз»). Ӯ ба Сомария рафта буд. Мардуми ин шаҳр қариб ки хушхабарро нафаҳмида буданд, зеро як вақтҳо Исо ба расулонаш чунин дастур дода буд: «Ба ягон шаҳри Сомария надароед, балки фақат ба назди гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил биравед» (Мат. 10:5, 6). Аммо Исо медонист, ки бо гузашти вақт дар ин шаҳр ба одамон як ба як шаҳодат дода мешавад, зеро пеш аз ба осмон рафтанаш ӯ чунин гуфта буд: «Шумо... дар саросари Яҳудияву Сомария ва то гӯшаю канори замин дар бораи ман шаҳодат медиҳед» (Кор. 1:8).

4. Сомариён ба хушхабаре, ки Филиппус ба онҳо расонд, чӣ тавр муносибат карданд ва сабабаш дар чӣ буд?

4 Филиппус дид, ки Сомария «барои дарав тайёр аст» (Юҳ. 4:35). Хабари ӯ барои мардуми он ҷо мисли насими форам буд. Чаро? Зеро он таассубу ҷудоиандозиро барҳам медод. Яҳудиён бо сомариён рафтуомад намекарданд ва бисёрашон сомариёнро чашми дидан надоштанд. Вале сомариён фаҳмиданд, ки таълими Масеҳ одамонро ба табақаҳо ҷудо намекунад. Ин таълим аз ақидаи фарисиёни тангназар аз замин то осмон фарқ мекард. Филиппус бо ҷидду ҷаҳд ва бе рӯйбинӣ ба сомариён шаҳодат дода нишон дод, ки нисбаташон мисли дигар яҳудиён бадгумонӣ надорад ва онҳоро паст намеҳисобад. Аз ин рӯ ҷойи ҳайрат нест, ки мардум суханони Филиппусро шунида, «ба вай диққат медод» (Кор. 8:6).

5–7. Мисол оред, ки чӣ тавр пароканда шудани масеҳиён ба паҳн шудани хушхабар мусоидат кард.

5 Имрӯз низ чун дар асри як озору азият халқи Худоро аз паҳн кардани хушхабар боздошта наметавонад. Вақте гаштаву баргашта масеҳиёнро ҳабс ё бадарға мекунанд, бо ин танҳо ба паҳн шудани хабари Подшоҳӣ мусоидат мекунанд. Масалан, дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон Шоҳидонро ба конслагерҳо мефиристоданд, ки дар он ҷо онҳо аз фурсат истифода бурда шаҳодати хуб медоданд. Марди яҳудие, ки дар конслагер бо Шоҳидони Яҳува шинос шуда буд, чунин мегӯяд: «Далерии зиндониёне, ки Шоҳиди Яҳува буданд, маро бовар бахшид, ки имонашон бар Навиштаҳо асос ёфтааст, ва ман ҳам Шоҳиди Яҳува шудам».

6 Баъзан ҳатто озордеҳон метавонанд ба хушхабар гӯш дода, имон оранд. Масалан, вақте Франс Деш ном Шоҳидеро ба конслагери Гюзени Австрия кӯчонданд, ӯ имконият пайдо кард, ки бо яке аз афсарони немис якчанд муддат Китоби Муқаддасро омӯзад. Баъди гузашти солҳо, вақте ин ду мард дар анҷумани Шоҳидони Яҳува вохӯрда, фаҳмиданд, ки ҳар ду воизи хушхабаранд, шодияшон ҳадду канор надошт!

7 Вақте аз сабаби таъқибу озор масеҳиён ба дигар давлатҳо мегурезанд, воқеаҳои ба ин монанд рӯй медиҳанд. Масалан, солҳои 1970-ум, вақте Шоҳидони Малави ба Мозамбик гурехтанд, бисёр одамон хушхабарро фаҳмиданд. Баъдтар, вақте ки дар Мозамбик озору азиятҳо сар шуданд, кори мавъиза бас нашуд. Дар ин бора Франсиско Коана ном бародар чунин мегӯяд: «Баъзеи моро барои мавъиза карданамон борҳо дастгир мекарданд, лекин мо шавқи одамонро ба хушхабари Подшоҳӣ дида мефаҳмидем, ки Яҳува ба мо чун ба масеҳиёни асри як кумак карда истодааст».

8. Чӣ тавр ҷангу бекорӣ дар баъзе мамлакатҳо сабаб гашт, ки бисёриҳо хушхабарро шунаванд?

8 Албатта, озору азият барои равнақу ривоҷ ёфтани кори мавъиза дар кишварҳои гуногун сабаби ягона набуд. Солҳои охир бисёр шахсон аз сабаби ҷанг ё бекорӣ ба мамлакатҳои дигар кӯчиданд. Ҳамин тавр онҳо дар ҷойи нав имконият пайдо карданд, ки хушхабарро шунаванд ва Китоби Муқаддасро омӯзанд. Азбаски бисёри паноҳҷӯён ба забонҳои дигар гап мезананд, ба онҳо хушхабарро ба забони худашон расонидан лозим аст. Оё шумо саъю кӯшиш мекунед, ки дар маҳалатон ба касоне, ки «аз ҳар миллат, қабила, халқ ва забонҳо»-янд, шаҳодат диҳед? (Ошкор. 7:9)

«Ба ман ҳам чунин қудрат диҳед» (Корнома 8:9–25)

«Вақте Шимъӯн дид, ки бо дастгузории расулон рӯҳи муқаддас дода мешавад, ба онҳо пул пешкаш кард» (Корнома 8:18)

9. Шимъӯн кӣ буд ва чаро ӯ ба корҳои Филиппус диққат кард?

9 Филиппус дар Сомария аломат ва муъҷизаҳои зиёде ба амал меовард. Масалан, ӯ беморонро шифо медод ва аз одамон девҳоро меронд (Кор. 8:6–8). Аз муъҷизакории Филиппус аз ҳама бештар як марде ба ҳайрат омада буд, ки Шимъӯни ҷодугар ном дошт. Мардум ӯро чунон ҳурмат мекарданд, ки дар ҳаққаш мегуфтанд: «Ин шахс Қудрати илоҳист». Шимъӯн дар муъҷизаи Филиппус қувваи ҳақиқии Худоро бо чашмонаш дид ва имон овард (Кор. 8:9–13). Вале бо кадом ният Шимъӯн шогирди Масеҳ шуд?

10. а) Петрусу Юҳанно дар Сомария чӣ кор карданд? б) Вақте Шимъӯн дид, ки шогирдони нав баъди дастгузории Петрусу Юҳанно рӯҳи муқаддас гирифтанд, чӣ кор кард?

10 Вақте расулон фаҳмиданд, ки дар Сомария шумораи онҳое, ки ҳақиқатро қабул карданд, зиёд шуда истодааст, ба он ҷо Петрусу Юҳанноро фиристоданд. (Нигаред ба чорчӯбаи « Петрус “калидҳои Подшоҳӣ”-ро истифода мебарад».) Ин ду расул, вақте ба Сомария расиданд, бар шогирдони нав даст гузоштанд ва онҳо рӯҳи муқаддасро гирифтанд b. Вақте Шимъӯн инро дид, ҳавасаш омад. Ӯ ба расулон гуфт: «Ба ман ҳам чунин қудрат диҳед, то ба ҳар кӣ даст гузорам, ба вай рӯҳи муқаддас дода шавад». Шимъӯн ба онҳо ҳатто пул пешниҳод кард, зеро умед дошт, ки чунин қудратро харида метавонад (Кор. 8:14–19).

11. Петрус ба Шимъӯн чӣ гуна маслиҳат дод ва Шимъӯн ба ин чӣ тавр муносибат кард?

11 Петрус Шимъӯнро сарзаниш карда гуфт: «Пулат аз сарат монад! Гумон кардӣ, ки бо пул атои Худоро ба даст меорӣ?! Ту дар ин кор ҳиссае надорӣ, чунки дилат дар назари Худо соф нест». Сипас Петрус ба Шимъӯн гуфт, ки тавба карда аз Худо бахшиш пурсад: «Аз Яҳува илтиҷо кун, ки дилу нияти бадатро бахшад». Шимъӯн инсони бад набуд. Ӯ мехост, ки дуруст рафтор кунад, аммо лаҳзае гумроҳ шуд. Аз ин рӯ вай расулонро зорӣ карда гуфт: «Илтимос, шумо барои ман аз Яҳува илтиҷо кунед, то ҳеҷ як чизи гуфтаатон бо ман рӯй надиҳад» (Кор. 8:20–24).

12. То чӣ андоза харидуфурӯши мансаб дар байни ба ном масеҳиён паҳн шуда буд?

12 Суханоне, ки Петрус барои ислоҳи Шимъӯн гуфт, барои масеҳиёни имрӯза низ огоҳӣ аст. Аз ин маслиҳати ӯ мо мефаҳмем, ки харидуфурӯши мақому таъйинот дар ҷамоат нораво аст. Аммо дар байни масеҳиёни бардурӯғ ин тавр рафтор кардан як чизи муқаррарӣ гаштааст. Дар донишномаи «Бритонико» (нашри соли 1878) гуфта шуда буд, ки «сарварони дини масеҳӣ ҳангоми интихобот пул дода соҳиби ин мартабаи баланди динӣ мешуданд. Бисёри онҳо аз чунин рафторашон шарм намедоштанд ва ҳатто инро пинҳон намекарданд».

13. Масеҳиён бояд аз чӣ даргурез бошанд?

13 Масеҳиён бояд эҳтиёт шаванд, ки мансабталабиву таъйинотфурӯшӣ дар ҷамоат роҳ наёбад. Масалан, онҳо набояд ба шахсоне, ки дар ҷамоат вазифаи таъйинот доданро доранд, аз рӯйи ғараз туҳфа диҳанд ё хушомадгӯйӣ кунанд. Инчунин шахсоне, ки дар ҷамоат масъулият доранд, набояд одамони бойро аз дигарон боло гузошта, ба онҳо муносибати махсус кунанд. Ин гуна амалҳои ғаразнок, бешубҳа, дар назари Худо баданд. Ҳамаи хизматгорони Худо бояд чун шахсони «хурдтарин» рафтор кунанд ва фурӯтанона интизор шаванд, ки кай Яҳува онҳоро бо рӯҳи муқаддасаш дар ҷамоат ба коре таъйин мекунад (Луқ. 9:48). Дар созмони Худо барои шуҳратталабон ҷой нест (Пнм. 25:27).

«Мефаҳмӣ, ки чӣ хонда истодаӣ?» (Корнома 8:26–40)

14, 15. а) «Хоҷасарои ҳабашӣ» кӣ буд ва чӣ тавр Филиппус ӯро ёфт? б) Ҳабашӣ суханони Филиппусро шунида, чӣ қарор кард ва чаро ин қарори ӯ сарсарӣ набуд? (Ба поварақ нигаред.)

14 Фариштаи Яҳува ба Филиппус гуфт, ки бо роҳе, ки аз Ерусалим ба Ғазза мебарад, равона шавад. Шояд, Филиппус он вақт фикр мекард, ки чаро бояд маҳз бо ин роҳ равад. Баъдтар, вақте ӯ дар роҳ бо хоҷасарои ҳабашие, ки «китоби пайғамбар Ишаъёро бо овоз мехонд», вохӯрд, фаҳмид, ки чаро фариштаи Яҳува ба ӯ чунин дастур дод. (Нигаред ба чорчӯбаи « “Хоҷасарои ҳабашӣ” кӣ буд?».) Рӯҳи муқаддаси Яҳува Филиппусро водор кард, ки ба аробаи ин мард наздик шавад. Сипас Филиппус аз паҳлуи ароба давида, аз хоҷасарои ҳабашӣ мепурсад: «Мефаҳмӣ, ки чӣ хонда истодаӣ?» Ҳабашӣ дар ҷавоб мегӯяд: «Ягон кас нафаҳмонад, чӣ хел фаҳмам?» (Кор. 8:26–31).

15 Марди ҳабашӣ Филиппусро даъват кард, ки ба ароба шинад. Пас аз ин суҳбати онҳо авҷ гирифт. Он амалдори ҳабашӣ дар пешгӯйии пайғамбар Ишаъё кӣ будани «гӯсфанд» ва «банда»-ро намедонист (Иш. 53:1–12). Филиппус дар роҳ ба хоҷасарои ҳабашӣ фаҳмонд, ки «банда» Исои Масеҳ аст ва ин пешгӯйии Ишаъё аллакай иҷро шудааст. Мисли шахсоне, ки дар Иди Ҳафтаҳои соли 33-и милодӣ таъмид гирифтанд, ин марди ҳабашӣ, ки дини яҳудиро қабул карда буд, зуд фаҳмид, ки бояд чӣ кор кунад. Ӯ ба Филиппус гуфт: «Ана об, чӣ ба таъмид гирифтанам халал мерасонад?» Филиппус корро ба қафо напартофта, ин мардро таъмид дод c. (Нигаред ба чорчӯбаи « Таъмид дар ҷое, ки об дошт».) Сипас рӯҳи муқаддаси Яҳува Филиппусро ба Ашдӯд фиристод, то дар он ҷо низ хушхабарро паҳн кунад (Кор. 8:32–40).

16, 17. Чӣ тавр фариштаҳо имрӯз кори мавъизаро роҳнамоӣ мекунанд?

16 Имрӯз масеҳиён мисли Филиппус дар паҳн кардани хушхабар иштирок мекунанд. Онҳо чун Филиппус баъзан хабари Подшоҳиро ғайрирасмӣ, масалан, ҳангоми сафар карданашон мерасонанд. Бисёр вақт маълум мегардад, ки воизон одамони самимиро тасодуфан вонахӯрдаанд. Ин тааҷҷубовар нест, зеро Китоби Муқаддас аниқ мегӯяд, ки фариштагон кори мавъизаро роҳнамоӣ мекунанд, то хушхабар «ба ҳар миллат, қабила, забон ва халқ» расонида шавад (Ошкор. 14:6). Исо пешгӯйӣ карда буд, ки дар ин кор фариштагон низ иштирок хоҳанд кард. Дар мисоли гандум ва алафи бегона ӯ гуфт, ки дар вақти дарав, яъне охирзамон, фариштагон даравгаранд. Исо илова кард, ки ин офаридаҳои рӯҳӣ «аз Подшоҳии ӯ ҳамаи касонеро, ки дигаронро пешпо медиҳанд ва ба корҳои бад даст мезананд», барои нобудӣ ҷамъ мекунанд (Мат. 13:37–41). Ҳамзамон фариштагон онҳоеро, ки Худо мехоҳад ба созмонаш ҷалб кунад, яъне одамонеро, ки Подшоҳии Худоро дар осмон мерос мегиранд, ва «гӯсфандони дигар»-ро, ки «мардуми сершумор» мебошанд, ҷамъ меоранд (Ошкор. 7:9; Юҳ. 6:44, 65; 10:16).

17 Бешубҳа, кори ҷамъоварии одамони ҳақиқатҷӯ бо иштироки фариштагон пеш меравад. Ҳақ будани инро суханони баъзе одамон тасдиқ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки, пеш аз он ки бо мо вохӯранд, дар дуо аз Худо кумак пурсиданд. Биёед як воқеаро дида бароем. Рӯзе ду воиз ба хизмат мебароянд ва яке аз онҳо кӯдакашро ҳамроҳ мегирад. Қарибиҳои пешин он воизон хизматашонро тамом карданӣ мешаванд. Аммо кӯдаке, ки ҳамроҳашон буд, хост, ки дари навбатиро тақ-тақ кунад. Барои ҳамин худаш рафта, дари хонаро мекӯбад. Вақте дарро ҷавонзане мекушояд, ин ду Шоҳиди Яҳува ноилоҷ ба наздаш рафта, бо вай гап мезананд. Он зан ба онҳо мегӯяд, ки навакак аз Худо хоҳиш кард, ки ягон кас омада, ба ӯ Китоби Муқаддасро фаҳмонад. Инро шунида воизон ҳайрон мешаванд ва бо ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар мекунанд.

«Худоё, агар вуҷуд дошта бошӣ, илтимос, ба ман ёрдам кун»

18. Чаро мо бояд хизматамонро қадр кунем?

18 Шумо чун воизи хушхабар имконияти пуршарафе доред, ки дар кори мавъиза, ки дар тамоми ҷаҳон торафт доман паҳн карда истодааст, бо фариштагон ҳамкорӣ кунед. Биёед ин шарафро ҳамеша қадр кунем ва «хушхабарро дар бораи Исо» бо ҷидду ҷаҳд расонда шодиямонро афзун гардонем (Кор. 8:35).

a Ин ҷо гап дар бораи Филиппуси расул намеравад. Чи хеле ки дар боби панҷи ин китоб гуфтем, ин Филиппус дар қатори «ҳафт одами баобрӯ»-е буд, ки дар тақсими ризқи ҳаррӯза ба бевазанони юнонизабону ибронизабон уҳдадор буданд (Кор. 6:1–6).

b Аз афташ, он вақтҳо шогирдони нав одатан ҳангоми таъмид рӯҳи муқаддасро мегирифтанд, яъне бо он тадҳин мешуданд. Ҳамин тавр онҳо умед пайдо мекарданд, ки дар оянда бо Исо дар осмон чун подшоҳону коҳинон ҳукм меронанд (2 Қӯр. 1:21, 22; Ошкор. 5:9, 10; 20:6). Аммо дар воқеаи зикршуда шогирдони нав ҳангоми таъмид тадҳин нашуда буданд. Ин шогирдони нави Сомария, танҳо баъд аз он ки Петрусу Юҳанно бар онҳо даст гузоштанд, рӯҳи муқаддасро гирифтанд ва дар натиҷа қудрати муъҷиза карданро пайдо намуданд.

c Ҳабашӣ сарсарӣ, аз рӯйи ҳаяҷон таъмид нагирифт. Азбаски ӯ аллакай дини яҳудиро қабул карда буд, Навиштаҳо, аз ҷумла пешгӯйиҳоро дар бораи Масеҳ, медонист. Вақте ӯ вазифаи Исои Масеҳро дар иҷро шудани нияти Худо фаҳмид, дарҳол таъмид гирифтанаш дурусту бамаврид буд.