ФАСЛИ 8 • КОРНОМА 21:18–28:31
«Дар бораи Подшоҳии Худо сухан мегуфт ва... чизе ба ӯ... халал намерасонд»
Дар ин фасл мо мефаҳмем, ки мардуми пурхашму ғазаб ба Павлус дармеафтад, ӯ дастгиру ҳабс мешавад ва дар додгоҳҳои румиён аз имонаш сухан мегӯяд. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда Павлус пайваста дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат медиҳад. Ҳангоми хондани воқеаҳои охири китоби Корнома андеша ронед, ки чӣ хел ба ин воизи далеру боғайрат пайравӣ карда метавонед.