Боби 24
«Далер бош!»
Павлус аз дасти яҳудиён раҳо меёбад ва дар назди Феликси ҳоким худро ҳимоя мекунад
Бар Корнома 23:11–24:27 асос ёфтааст
1, 2. Чаро Павлус аз озору азияте, ки дар Ерусалим ба сараш омад, ҳайрон набуд?
ПАВЛУС дар Ерусалим аз тӯдаи пурхашми мардум халос хӯрда, боз дар ҳабс аст. Ин расули боғайрат ҳайрон нест, ки дар Ерусалим бо озор дучор гашт. Охир, ӯ огоҳ буд, ки дар ин шаҳр ӯро «зиндон ва азобу уқубат» интизор аст (Кор. 20:22, 23). Павлус пешомади худро батафсил надонад ҳам, як чизро аниқ медонист: ӯ минбаъд низ ба хотири номи Исо азоб мекашад (Кор. 9:16).
2 Масеҳиёне, ки пешгӯйӣ мекарданд, Павлусро огоҳ карда буданд, ки яҳудиён дасту пойи ӯро «баста, ба дасти халқҳои дигар месупоранд» (Кор. 21:4, 10, 11). Дар ҳақиқат, пас аз он ки Павлус ба Ерусалим омад, тӯдаи яҳудиён ӯро куштанӣ шуданд. Баъдтар дар Шӯрои олии яҳудиён, вақте аз пушти Павлус баҳсу мунозираи сахт ба миён омад, қариб монда буд, ки ӯро пора-пора кунанд. Ҳоло Павлуси расул зиндонӣ аст ва ӯро аскарони Рум посбонӣ мекунанд. Акнун ӯро боз туҳматҳову мурофиаҳо дар пеш аст (Кор. 21:31; 23:10). Бале, дар он лаҳзаҳо Павлуси расул зори тасалливу дастгирӣ буд.
3. Мо барои давом додани хизматамон аз куҷо қуввату рӯҳбаландӣ мегирем?
3 Мо медонем, ки дар ин замонҳои охир «ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд пайрави Масеҳ бошанду бо худотарсӣ умр ба сар баранд, озор мебинанд» (2 Тим. 3:12). Баъзан мо ҳам барои идома додани хизмат ба дилбардорӣ муҳтоҷ мешавем. Барои ҳамин хеле миннатдорем, ки «ғуломи бовариноку боандеша» моро бо адабиёти гуногун ва вохӯриҳои ҷамоат сари вақт қувват мебахшад (Мат. 24:45). Яҳува моро дилпур кардааст, ки ягон душман халқи ӯро несту нобуд намекунад ва ба онҳо ҳаргиз муяссар намегардад, ки паҳн кардани хушхабарро боздоранд (Иш. 54:17; Ирм. 1:19). Ҳоло биёед фаҳмем, ки бо Павлуси расул чӣ рӯй дод. Оё ӯ дар он замони пурмоҷаро рӯҳу қуввати тоза пайдо кард, то минбаъд низ як ба як шаҳодат диҳад? Агар ҳа, пас, ӯ кумаку рӯҳбаландиро аз куҷо ёфт ва баъд чӣ кор кард?
Корнома 23:11–34)
Нақшаи қасамхӯрдагон барбод рафт (4, 5. Павлус аз чӣ рӯҳбаланд шуд ва чаро он саривақтӣ буд?
4 Павлуси расул шаби он рӯзе, ки аз дасти Шӯрои олии яҳудиён халос шуд, суханонеро шунид, ки дили хастаи ӯро қувват бахшиданд. Дар Калом навишта шудааст: «Ҳазратамон ба Павлус намудор шуда, гуфт: “Далер бош! Ту дар Ерусалим дар бораи ман нағз шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ҳамон тавр кунӣ”» (Кор. 23:11). Ин суханони Исо Павлусро дилпур карданд, ки ӯ аз дасти яҳудиён кушта намешавад. Павлус акнун медонист, ки зиндаю саломат ба Рум мерасад ва дар он ҷо дар бораи Исо шаҳодат медиҳад.
5 Ин дастгирии Исо барои Павлус айни муддао буд, чунки рӯзи дигар беш аз 40 марди яҳудӣ «нақшаи куштани Павлусро кашиданд ва қасам хӯрданд, ки то ин корро накунанд, чизе ба даҳон намегиранд». Аз нияту қасами он яҳудиён маълум мешавад, ки онҳо барои куштани Павлус ба ҳама кор тайёр буданд, зеро ихлос доштанд, ки, агар ба гапашон наистанд, ба балову касофат гирифтор мешаванд (Кор. 23:12–15). Ин мардон розигии коҳинони калон ва пиронро гирифта, нақша доштанд, ки Павлусро бо баҳонаи тагпурсӣ кардан боз ба Шӯрои олӣ даъват кунанд, худашон бошанд, дар роҳ камин гирифта, ӯро кушанд.
6. Павлус аз куҷо фаҳмид, ки яҳудиён қасди куштани ӯро доранд, ва ҷавонон имрӯз аз намунаи ҷияни Павлус чӣ дарс мегиранд?
6 Аммо ҷавоне, ки ҷияни Павлус буд, аз қасди бади он яҳудиён огоҳ гашта, ӯро аз ин хабардор кард. Он гоҳ Павлус ҷиянашро ба назди мириҳазори румӣ Клавдиюс Лисиёс фиристод, то ин гапро ба ӯ расонад (Кор. 23:16–22). Дар рӯзҳои мо бисёр бародару хоҳарони ҷавоне ҳастанд, ки ба мисли ҷияни Павлус, ки номашро намедонем, далеру фидокоранд. Онҳо манфиати халқи Худоро аз беҳбудии худ авло медонанд ва бо ҷидду ҷаҳд кори Подшоҳии Худоро пеш мебаранд. Бешубҳа, Яҳува ин гуна ҷавононро бисёр дӯст медорад ва қадр мекунад.
7, 8. Барои Павлусро аз дасти яҳудиён халос кардан Клавдиюс Лисиёс чӣ чора андешид?
7 Вақте ки Клавдиюс Лисиёс дар бораи қасди бади яҳудиён фаҳмид, дарҳол чора андешид. Лисиёс, ки зери дасташ 1000 сарбоз дошт, фармон дод, ки аз сарбозон, найзадорон ва аспсаворон дастаи 470-нафараро омода созанд. Ин даста бояд худи ҳамон шаб аз Ерусалим берун омада, Павлусро сиҳату саломат ба Қайсария мебурд ва ба дасти ҳоким Феликс a месупурд. Қайсария маркази вилояти Яҳудияи давлати Рум буд. Ин шаҳр ҳамчунин ҷойгоҳи ҳарбии румиён дар Яҳудия буд. Ҳарчанд дар Қайсария яҳудиёни бисёр мезистанд, сокинонаш асосан халқҳои дигар буданд. Тартибу низоми ин шаҳр аз вазъияте, ки бисёр вақт дар Ерусалим дида мешуд, фарқ мекард: аксари мардуми Ерусалим пайравони динҳои дигарро бад медид ва сабабгори бесарусомониҳо мегашт, Қайсария бошад, шаҳри оромтар буд.
8 Лисиёс мувофиқи қонуни Рум ба Феликс нома навишта моҳияти масъаларо мефаҳмонад. Ӯ дар номааш ёдовар мешавад, ки Павлусро аз дасти яҳудиёне, ки ӯро «куштанӣ буданд», халос кард, зеро фаҳмид, ки Павлус шаҳрванди Рум аст. Лисиёс ҳамчунин қайд мекунад, ки дар Павлус ягон айбе надид, ки ӯро «сазовори марг ё ҳабс» ҳисобад. Вале, азбаски яҳудиён ба Павлус қасди бад доштанд, вай Павлусро ба дасти ҳоким Феликс месупорад, то ки арзу шикояти даъвогаронро шунида, ҳукмашро барорад (Кор. 23:25–30).
9. а) Чӣ тавр ҳуқуқҳои Павлус, ки шаҳрванди Рум буд, поймол шуд? б) Чаро ба мо лозим меояд, ки аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ истифода барем?
9 Оё ин суханони Лисиёс рост буданд? На ҳамааш. Аз афташ, ӯ худро дар пеши Феликси ҳоким ширин карданӣ буд. Ӯ ба Павлус на барои он ёрдам дод, ки шаҳрванди Рум буданашро фаҳмид. Ҳамчунин Лисиёс нагуфт, ки бо фармони ӯ ҳар ду дасти Павлусро занҷирбанд карданд ва баъдтар ӯро «қамчинкорӣ карда, пурсуков» карданӣ буданд (Кор. 21:30–34; 22:24–29). Агар Лисиёс дар ин бора мегуфт, ӯ иқрор мешуд, ки ҳуқуқҳои шаҳрванди Румро поймол кардааст. Имрӯз Шайтон ба воситаи диндорони ашаддӣ халқи Худоро озору азият медиҳад ва мехоҳад моро аз ҳуқуқу озодиҳоямон маҳрум созад. Лекин мо метавонем мисли Павлус аз ҳуқуқҳои шаҳрвандиямон истифода бурда худро муҳофизат кунем.
«Барои муҳофизати худ бемалол сухан мегӯям» (Корнома 23:35–24:21)
10. Ба гардани Павлус кадом айбҳоро бор карданд?
10 То аз Ерусалим омадани айбдоркунандагон «Павлусро дар қасри Ҳиродус нигоҳ» медоранд (Кор. 23:35). Пас аз панҷ рӯз саркоҳин Ҳанониё, ҳуқуқшиносе бо номи Тартуллус ва як гурӯҳ пирон ба Қайсария меоянд. Тартуллус пеш аз масъалаи Павлусро баён намудан Феликсро барои корҳое, ки баҳри яҳудиён кард, таърифу ситоиш мекунад. Аз афташ, ӯ бо ин роҳ мехост дили ҳокимро ёбад b. Баъд Тартуллус сари мақсад омада дар бораи Павлус чунин мегӯяд: «Ин шӯрандоз дар байни ҳамаи яҳудиёни рӯйи замин ошӯбу иғво меангезад. Ӯ ҳамчунин сардори мазҳаби носириён аст ва, вақте мо ӯро дастгир кардем, ӯ ибодатгоҳро нопок карданӣ буд». Дигар «яҳудиён низ ба ӯ ҳамроҳ шуда, ин суханонро тасдиқ карданд» (Кор. 24:5, 6, 9). Шӯрандоз, сардори мазҳаби хавфнок ва палидгари ибодатгоҳ — ин айбдорсозии хеле ҷиддӣ буд, зеро ба Павлус ҳукми қатл дода метавонистанд.
11, 12. Чӣ хел Павлус худро дар мурофиа муҳофизат кард?
11 Баъд аз ин ба Павлус иҷозат шуд, ки гап занад. Ӯ суханашро ин тавр оғоз кард: «Барои муҳофизати худ бемалол сухан мегӯям». Сипас Павлус рӯирост гуфт, ки ӯро ноҳақ туҳмат кардаанд, зеро ӯ ибодатгоҳро нопок накардааст ва ба ягон бетартибӣ сабабгор нашудааст. Ҳамчунин Павлус фаҳмонд, ки ӯ «солҳои зиёд» дар Ерусалим набуд ва ба он ҷо барои он омад, ки «ба халқи худ хайрияҳоро» бирасонад. Ӯ, дар ҳақиқат, ба масеҳиён, ки, аз афташ, аз дасти қаҳтӣ ва озору азият камбағал шуда буданд, хайрия оварда буд. Павлус гуфт, ки пеш аз даромадан ба ибодатгоҳ «мувофиқи маросим пок шуда буд» ва ҳама вақт саъю кӯшиш мекард, ки «дар пеши Худо ва одамон виҷдони пок дошта» бошад (Кор. 24:10–13, 16–18).
12 Павлус тан гирифт, ки ӯ ҳақиқатан ҳам «мувофиқи роҳе, ки онҳо “мазҳаби носириён” меноманд», Худои бобоёнашро ибодат мекунад, ҳамзамон «ба ҳама гуфтаҳои Таврот ва Навиштаҳои пайғамбарон бовар» дорад. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки мисли даъвогаронаш умед дорад, ки «ҳам росткорону ҳам бадкорон дар оянда зинда мешаванд». Сипас Павлус аз онҳое, ки ӯро айбдор мекарданд, талаб намуд, ки даъвои худро бо далелҳо исбот кунанд. Ӯ гуфт: «Бигзор худи инҳо бигӯянд, ки, вақте пеши Шӯрои олӣ истода будам, дар ман чӣ айбе ёфтанд. Ман ҳамин қадар гуфтам, ки “Имрӯз маро пеши шумо барои он доварӣ мекунанд, ки ба зинда шудани мурдагон бовар дорам!”» (Кор. 24:14, 15, 20, 21).
13–15. Мо аз шаҳодати далеронаи Павлус чӣ меомӯзем?
13 Агар ҳукуматдорон аз мо талаб кунанд, ки дар бораи эътиқоду имони худ ба онҳо гап занем, мо ба Павлуси расул пайравӣ мекунем. Одамон моро айбдор карда метавонанд, ки халқро ба исёнкорӣ даъват мекунем ва ба мазҳаби хавфнок тааллуқ дорем. Аҳамият диҳед, ки Павлус мисли Тартуллус ба ҳоким Феликс хушомадгӯйӣ накард, балки бо эҳтиром сухан ронд. Дар баробари ин ӯ ростқавлона ва фаҳмову равшан гап зад. Павлус ёдовар шуд, ки «якчанд яҳудие аз Осиё», ки ӯро ба нопок кардани ибодатгоҳ айбдор намуда буданд, дар мурофиа ҳузур надоранд, ҳол он ки аз рӯйи қонун мебоист онҳо даъвои худро дар ҳузури Павлус иброз кунанд (Кор. 24:18, 19).
14 Дар ин баромади Павлус пеш аз ҳама далерона шаҳодат додани ӯ назаррас аст. Павлуси расул нотарсона мегӯяд, ки ба зиндашавӣ эътиқод дорад, ҳарчанд аз ин пеш дар Шӯрои олӣ аз боиси ин баҳси тунде сар зада буд (Кор. 23:6–10). Барои чӣ ҳангоми ҳимоя кардани имони худ ӯ дар бораи умедаш ба эҳёшавӣ гап зад? Ӯ мақсад дошт, ки, хоҳ мухолифонаш бовар кунанд, хоҳ не, дар бораи Исо ва зиндашавии ӯ шаҳодат диҳад (Кор. 26:6–8, 22, 23). Бале, Павлус маҳз барои ба зиндашавӣ эътиқод доштанаш, аниқтараш ба Исо ва зиндашавии ӯ бовар карданаш, дар додгоҳ қарор дошт.
15 Мо низ мисли Павлус метавонем далерона шаҳодат диҳем ва аз суханони зерини Исо, ки ба шогирдонаш гуфта буд, қувват ёбем: «Ҳама аз барои номи ман аз шумо нафрат мекунад, вале ҳар кӣ то охир истодагӣ кунад, наҷот меёбад». Оё мо ҳангоми ҳимояи худ бояд хавотир шавем, ки чӣ гӯем? Не, чунки Исо бо чунин ваъдааш моро дилпур месозад: «Вақте ки шуморо дастгир карда, ба додгоҳ баранд, дар бораи чӣ гуфтанатон ғам нахӯред. Ҳар он чӣ дар он соат ба шумо ато шавад, ҳамонро бигӯед, зеро гӯянда шумо нестед, балки рӯҳи муқаддас аст» (Марқ. 13:9–13).
«Феликс ба тарсу ҳарос афтод» (Корнома 24:22–27)
16, 17. а) Феликс дар масъалаи судии Павлус чӣ тавр амал кард? б) Феликс, эҳтимол, аз чӣ ба ҳарос афтод ва барои чӣ ӯ гаштаю баргашта Павлусро ба наздаш ҷеғ мезад?
16 Оё Феликси ҳоким дар бораи масеҳиён аввалин бор аз даҳон Павлус шунид? Не. Дар ин бора мехонем: «Феликс, ки бо ин Роҳ [ин калимаро нисбати масеҳиёни асри як ба кор мебурданд] хеле хуб шинос буд, кори онҳоро ба қафо партофта, гуфт: “Дар хусуси масъалаи шумо пас аз омадани Лисиёси мириҳазор қарор мебарорам”. Сипас ӯ ба мирисад фармуд, ки Павлусро дар ҳабс нигоҳ дорад, лекин каме озодӣ ҳам диҳад ва ба ёру дӯстонаш иҷозат диҳад, ки омада, ба ӯ ғамхорӣ кунанд» (Кор. 24:22, 23).
17 Баъд аз чанд рӯз Феликс бо занаш Друсило, ки яҳудӣ буд, Павлусро ба назди худ мехонанд ва «суханони ӯро дар бораи имоне, ки ба Исои Масеҳ дошт», мешунаванд (Кор. 24:24). Лекин, «вақте ки Павлус дар бораи росткорӣ, худдорӣ ва доварии оянда гап зад, Феликс ба тарсу ҳарос афтод», эҳтимол, барои он ки дар ҳаёташ ба бисёр корҳои бад даст зада буд ва виҷдонаш ӯро азоб дод. Барои ҳамин ӯ Павлусро ҷавоб дода гуфт: «Ҳоло бирав, ҳамин ки вақтам шуд, боз туро даъват мекунам». Пас аз ин воқеа Феликс Павлусро маротибаҳои зиёд даъват кард, вале, на ба он хотир ки дар бораи ҳақиқат шунавад, балки баумед буд, ки аз Павлус пул рӯёнад (Кор. 24:25, 26).
18. Чаро Павлус бо Феликсу ҳамсараш дар бораи «росткорӣ, худдорӣ ва доварии оянда» гап зад?
18 Чаро Павлус бо Феликс ва ҳамсари ӯ дар бораи «росткорӣ, худдорӣ ва доварии оянда» гап зад? Чунки онҳо фаҳмидан мехостанд, ки «имон... ба Исои Масеҳ» чиро дар бар мегирад. Павлус, ки дар бораи бадахлоқ ва золиму беинсоф будани Феликсу занаш медонист, ба онҳо фаҳмонд, ки Худо аз онҳое, ки пайрави Исо шуданиянд, чиро талаб мекунад. Суханони Павлус нишон доданд, ки рафтори Феликсу ҳамсараш тамоман ба меъёрҳои Худо ҷавобгӯ нестанд. Онҳо бояд мефаҳмиданд, ки ҳар як инсон дар пеши тахти Худо барои фикр ва гуфтору рафтораш ҷавоб медиҳад. Ҳукме, ки Худованд нисбати Феликсу Друсило мебарорад, аз қарори Феликс нисбати Павлус аҳамияти бештар дорад. Аз ин рӯ фаҳмост, ки чаро Феликс «ба тарсу ҳарос афтод».
19, 20. а) Агар мо пай барем, ки шахс худро шавқманд вонамуд мекунаду ислоҳ шудан намехоҳад, чӣ кор мекунем? б) Аз куҷо медонем, ки Феликс некхоҳи Павлус набуд?
19 Мо дар хизмат бо одамоне рӯ ба рӯ шуда метавонем, ки мисли Феликс мебошанд. Дар аввал, шояд, чунин тобад, ки онҳо ба дониши ростӣ шавқ доранд, вале дар асл намехоҳанд, ки ба Худо итоат карда ҳаёташонро тағйир диҳанд. Аз ин сабаб ҳангоми бо ин тоифаи одамон суҳбат кардан мо бояд ҳушёру дурандеш бошем. Лекин ҳамзамон мо мисли Павлус эҳтиромона дар бораи меъёрҳои ахлоқии Худо ба онҳо гап мезанем ва, кӣ медонад, шояд, онҳо ҳаёти худро тағйир дода ба Худо писанд омадан хоҳанд. Вале, агар пай барем, ки онҳо аз роҳи хатояшон гаштанӣ нестанд, мо вақтро беҳуда сарф намекунем ва аз пайи ҷустуҷӯйи одамоне мешавем, ки ба ростии Калом майл доранд.
20 Ояти зерини Навиштаҳо нишон медиҳад, ки Феликс дар асл чӣ гуна рӯҳияву ният дошт: «Феликс, ки дили яҳудиёнро ёфтан мехост, Павлусро дар ҳабсхона нигоҳ медошт. Лекин пас аз ду сол ҷойи Феликсро Поркиюс Фестус гирифт» (Кор. 24:27). Воқеан ҳам, Феликс барои Павлус дӯсту рафиқ набуд. Ӯ нағз медонист, ки пайравони «ин Роҳ» зидди ҳукуматдорон намебароянд ва дигаронро низ ба ин кор иғво намеандозанд (Кор. 19:23). Ӯ ҳамчунин медонист, ки Павлус ягон қонуни Румро нашикастааст. Ҳамаи инро дониста истода Феликс ӯро дар ҳабсхона нигоҳ дошт, чунки «дили яҳудиёнро ёфтан мехост».
21. Баъд аз ҳоким шудани Поркиюс Фестус бо Павлус чӣ мешавад ва кадом суханон Павлусро қувват мебахшиданд?
21 Чи хеле ки дар охирин ояти боби 24-уми Корнома гуфта мешавад, баъд аз Феликс ба сари қудрат Поркиюс Фестус меояд. Он вақт Павлуси расул ҳанӯз дар ҳабсхона буд ва кори ӯ аз дасти як ҳокимиятдор ба дасти дигараш супорида мешавад. Акнун Павлус дар пеши ҳокими нав шаҳодат медиҳад. Дар ҳақиқат, ин расули шуҷоъро «ба назди подшоҳон ва ҳокимон мебаранд» (Луқ. 21:12). Чи хеле баъдтар мехонем, ӯро ҳатто назди ҳокими қудратмандтарини он давру замон мебаранд. Лекин дар ҳамаи ин вазъиятҳо имони Павлус ба Худо боре ҳам суст намешавад, зеро суханони «Далер бош!» гуфтаи Исо доимо ба Павлус қувват мебахшиданд.
a Нигаред ба чорчӯбаи « Феликс — ҳокими Яҳудия».
b Тартуллус Феликси ҳокимро барои «сулҳу осоиштагии бузурге», ки барои халқ кард, миннатдорӣ намуд. Лекин дар асл ҳангоми ҳукмронии Феликс дар Яҳудия тинҷиву оромӣ набуд. Баръакс, зулму зӯроварӣ ба дараҷае зиёд буд, ки дар давраи ягон ҳокими румӣ — то замони шӯриш бар зидди румиён — ин тавр набуд. Инчунин барои корҳои Феликс аз номи яҳудиён «ҳазорон бор шукрона» гуфтан дурӯғи маҳз буд. Аксари яҳудиён Феликсро шум медиданд, зеро ӯ ҳаёти онҳоро талх месохт ва исёнҳояшонро бераҳмона саркӯб мекард (Кор. 24:2, 3).