БОБИ 25
«Доварии қайсарро талаб мекунам!»
Павлус аз хушхабар пуштибонӣ карда ибрат мегузорад
Бар Корнома 25:1–26:32 асос ёфтааст
1, 2. а) Павлус дар чӣ гуна вазъият буд? б) Донистани ҷавоби кадом савол барои мо муҳим аст?
ПАВЛУС дар Қайсария дар зиндон аст. Сарбозони Рум аз ӯ чашм наканда посбонияш мекунанд. Ду сол пеш, вақте Павлуси расул ба Яҳудия баргашт, ӯро дар давоми якчанд рӯз камаш се бор куштанӣ шуданд (Кор. 21:27–36; 23:10, 12–15, 27). Ҳарчанд нияту нақшаҳои душманонаш барбод рафт, онҳо ҳанӯз ҳам аз қасди бадашон даст накашидаанд. Вақте Павлус мебинад, ки қариб аст ба дасти бадхоҳонаш афтад, ба ҳокими румӣ Фестус мегӯяд: «Ман доварии қайсарро талаб мекунам!» (Кор. 25:11).
2 Вақте Павлус доварии қайсарро талабид, оё Яҳува аз ин розӣ буд ва ӯро дастгирӣ кард? Донистани ҷавоби ин савол барои мо, ки дар охирзамон дар бораи Подшоҳии Худо як ба як шаҳодат медиҳем, хеле муҳим аст. Биёед фаҳмем, ки Павлус, ки «аз хушхабар пуштибонӣ» менамуду кӯшиш мекард «ҳуқуқи паҳн кардани онро ба даст» орад, бо рафтори худ ба мо — масеҳиёни баъдина, чӣ меросе гузошт ва оё мо дар солу замони ҳозира бояд мисли ӯ аз хушхабар пуштибонӣ кунем (Флп. 1:7).
«Ман дар пеши курсии доварии қайсар истодаам» (Корнома 25:1–12)
3, 4. а) Чаро яҳудиён хоҳиш карданд, ки Павлусро ба Ерусалим оранд, ва чӣ тавр Павлус аз дасти онҳо халос мехӯрад? б) Чӣ тавр Яҳува имрӯз низ ходимонашро дастгирӣ мекунад?
3 Фестус, ки ҳокими нави Яҳудия таъйин шуда буд, пас аз се рӯзи ба сари қудрат омаданаш ба Ерусалим меравад a. Дар он ҷо коҳинони калон ва яҳудиёни соҳибмартаба дарҳол аз имконият истифода бурда даъвои худро баён мекунанд — онҳо мегӯянд, ки Павлус дар ҷиноятҳои вазнин айбдор аст. Ин яҳудиён медонанд, ки мувофиқи сиёсати Рум ин ҳокими нави румӣ бояд бо онҳо ва тамоми мардуми Яҳудия созиш кунад. Аз ин рӯ онҳо аз Фестус хоҳиш мекунанд, ки Павлусро ба Ерусалим оварда, дар он ҷо доварӣ кунад. Вале «зери коса нимкосае» буд. Ин душманон мехостанд ба Павлус ҳангоми аз Қайсария ба Ерусалим омаданаш ҳамла оварда, ӯро кушанд. Аммо Фестус ин хоҳиши яҳудиёнро ба ҷо намеорад. Ӯ мегӯяд: «Бигзор калоншавандагони шумо ҳамроҳи ман [ба Қайсария] раванд ва, агар ин мард, дар ҳақиқат, кори нодурусте карда бошад, ӯро айбдор кунанд» (Кор. 25:5). Ҳамин тавр Павлус бори дигар аз чанголи яҳудиёни хунхоҳ халос мехӯрад.
4 Яҳува Павлусро дар тамоми мусибатҳояш ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ дастгирӣ мекард. Масалан, боре Исо дар рӯъё ба ин расул гуфта буд: «Далер бош!» (Кор. 23:11). Имрӯз низ хизматгорони Худо мисли Павлус бо душвориҳо ва таҳдиди душманон рӯ ба рӯ мегарданд. Ҳарчанд Яҳува моро аз ҳар як душворӣ муҳофизат намекунад, ӯ ба мо хираду қувват медиҳад, то дар озмоишҳо истодагӣ кунем. Мо дилпурем, ки Худои меҳрубону ғамхорамон ба мо дар вақти тангӣ «қувваи барзиёд» медиҳад (2 Қӯр. 4:7).
5. Фестус бо Павлус чӣ гуна рафтор мекунад?
5 Пас аз якчанд рӯз Фестус ба Қайсария баргашта, «ба курсии доварӣ нишаст» b. Дар пеши ӯ Павлус ва айбдорсозонаш низ ҳозир мешаванд. Душманони Павлус даъвоҳои беасосе пеш меоранд, вале ӯ дар ҷавоб чунин мегӯяд: «Ман на бар зидди Шариати яҳудиён гуноҳе кардаам, на бар зидди ибодатгоҳ ва на бар зидди қайсар». Маълум буд, ки Павлуси расул гуноҳе надорад ва сазовор аст, ки ӯро озод кунанд. Аммо Фестус ҳамаро шунида, чӣ қарор мебарорад? Ӯ мехоҳад дили яҳудиёнро ба даст орад, барои ҳамин аз Павлус мепурсад: «Оё мехоҳӣ ба Ерусалим равию он ҷо дар назди ман доварӣ карда шавӣ?» (Кор. 25:6–9). Ҳамин ҳам гап шуд! Ин ба ягон ҷо рост намеомад, охир, агар Павлус ба Ерусалим равад, худро бо ду дасти адаб ба душманони хунхораш месупорад. Яқин аст, ки онҳо ӯро доварӣ карда, ба қатл мерасонанд. Фестус бо ин пешниҳодаш бозиҳои сиёсиро аз адолат болотар гузошт. Ҳокими пешина, Понтиюс Пилотус, низ ҳамин тавр рафтор карда буд: ӯ пешвои масеҳиён — инсонеро, ки комилан бегуноҳ буд, доварӣ намуда адлу инсофро сарфи назар кард (Юҳ. 19:12–16). Доварони имрӯза низ баъзан ба фишори сиёсатмадорон дода мешаванд. Аз ин рӯ, вақте онҳо далелҳоро ба назар нагирифта ба зарари халқи Худо қарор мебароранд, мо аз ин ба ҳайрат намеоем.
6, 7. Чаро Павлус ба қайсар муроҷиат кард ва ӯ ба масеҳиёни имрӯза чӣ намуна гузошт?
6 Дилёбии Фестус метавонист бо марги Павлус анҷомад. Барои ҳамин Павлус аз ҳуқуқи шаҳрвандияш истифода бурда ба Фестус мегӯяд: «Ман дар пеши курсии доварии қайсар истодаам ва бояд дар ҳамин ҷо доварӣ карда шавам. Ман ба яҳудиён ягон бадие накардаам ва худи ту инро нағз медонӣ... Ман доварии қайсарро талаб мекунам!» Шахсе, ки доварии қайсарро металабид, қарорашро дигар карда наметавонист. Суханони зерини Фестус инро тасдиқ мекунанд: «Доварии қайсарро талаб мекарда бошӣ, назди қайсар меравӣ» (Кор. 25:10–12). Ба мақоми болотари ҳуқуқӣ муроҷиат карда Павлус ба масеҳиёни имрӯза намунае гузошт. Вақте душманон «аз номи қонун бедодгарӣ» карданӣ мешаванд, Шоҳидони Яҳува аз қонуни давлат исботҳо оварда хушхабарро пуштибонӣ менамоянд c (Заб. 94:20).
7 Павлус, ки ду сол боз бе ягон гуноҳ бандӣ буд, имкон пайдо мекунад, ки худро дар Рум, дар пеши қайсар муҳофизат кунад. Вале пеш аз рафтанаш боз як ҳоким ӯро дидан мехоҳад.
Корнома 25:13–26:23)
«Беитоатӣ накардам» (8, 9. Чаро шоҳ Ағрипос ба Қайсария омад?
8 Баъди якчанд рӯзи он ки Павлус доварии қайсарро металабад, шоҳ Ағрипос ва хоҳараш Бернико «барои табрик кардани» Фестуси навмартаба ба Қайсария меоянд d. Дар он замонҳо муборакбод кардани ҳокимони нав дар байни мансабдорони румӣ расм шуда буд. Ағрипос, бешубҳа, ин корро барои он кард, ки пайвандҳои сиёсӣ ва дӯстиро бо Фестус пойдор созад ва ҳамин тавр мавқеи худро дар арсаи сиёсӣ устувор гардонад (Кор. 25:13).
9 Вақте Фестус ба шоҳ Ағрипос дар бораи Павлус мегӯяд, кунҷкобии Ағрипос бедор мешавад. Рӯзи дигар ин ду ҳоким барои гӯш кардани масъалаи Павлус омада, бо як карруфар ба курсии доварӣ мешинанд. Аммо диққати ҳамаро на савлату ҳашамати он ду ҳоким, балки суханронии пурҳарорати Павлуси бандӣ ба худ мекашад (Кор. 25:22–27).
10, 11. Чӣ тавр Павлус эҳтиромашро ба Ағрипос нишон дод ва ба шоҳ аз гузаштаи худ чиро нақл кард?
10 Павлус эҳтиромашро ба шоҳ Ағрипос нишон дода миннатдорӣ баён мекунад, ки дар пеши ӯ худро муҳофизат карда метавонад. Павлус эътироф мекунад, ки шоҳ Ағрипос донандаи расму русуми дини яҳудӣ мебошад ва аз баҳсу мунозираҳои динии яҳудиён огоҳ аст. Сипас Павлус дар бораи гузаштаи худ нақл мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ман фарисӣ, яъне пайрави мазҳаби сахтгиртарини динамон, будам» (Кор. 26:5). Вақте Павлус фарисӣ буд, ӯ умед дошт, ки Масеҳ меояд. Масеҳӣ шуда, ӯ фаҳмид, ки Исо маҳз ҳамон касест, ки яҳудиён дер боз интизораш буданд, аз ин рӯ дар ин бора ошкоро ба ҳама мегӯяд. Ӯ бовар дорад, ки ваъдаи ба бобоёнаш додаи Худо иҷро шудааст. Ҳарчанд айбдорсозонаш низ ба ин ваъда бовар доранд, ӯро барои ин умеду эътиқодаш маҳкум мекунанд e. Дар ин бора фаҳмида шавқи шоҳ Ағрипос ба шунидани суханони Павлус боз бештар мегардад.
11 Павлус аз он ёдовар мешавад, ки чӣ тавр ӯ заррае раҳму шафқат накарда масеҳиёнро озор медод. Ӯ мегӯяд: «Рости гап, ман худам бовар доштам, ки бояд бо ҳар роҳ бар зидди номи Исои носирӣ мубориза барам... Азбаски хашму ғазабам ба онҳо [пайравони Масеҳ] хеле зиёд буд, онҳоро ҳатто дар шаҳрҳои дигар озор медодам» (Кор. 26:9–11). Ин суханони Павлус воҳима набуданд. Бисёр одамон медонистанд, ки ӯ пайравони Масеҳро чашми дидан надошт ва сангдилона аз пайи озори онҳо буд (Ғал. 1:13, 23). Ағрипос, шояд, дар дилаш гуфт: «Пас, чӣ шуд, ки ин мард худаш масеҳӣ гашт?»
12, 13. а) Сабаби масеҳӣ гаштани Павлус чӣ буд? б) Чӣ тавр Павлус «ба нӯги халачӯб лагад» мезад?
12 Давоми суханони Павлус нишон медиҳад, ки чаро ӯ ақидаашро бакуллӣ дигар кард: «Боре, ҳангоме ки аз коҳинони калон фармон гирифта, ба Димишқ мерафтам, ман, эй подшоҳ, дар нисфи рӯз нуре аз осмон дидам, ки аз нури офтоб равшантар буд, ва он дар гирди ман ва ҳамроҳонам дурахшид. Вақте ки ҳамаи мо бар замин афтодем, ман овозеро шунидам, ки ба забони ибронӣ ба ман чунин гуфт: “Шоул, Шоул! Барои чӣ маро озор медиҳӣ? Ба нӯги халачӯб лагад зада, худат захмдор мешавӣ”. Вале ман гуфтам: “Эй тақсир, ту кистӣ?” Ҳазрат ҷавоб дод: “Ман ҳамон Исоям, ки ту озор медиҳӣ”» f (Кор. 26:12–15).
13 То дами ин рӯйдоди ҳайратангез Павлус гӯё «ба нӯги халачӯб лагад» мезад. Чи тавре ки ҳайвони борбардор ба нӯги тези халачӯб лагад зада захмдор мешуд, Павлус низ бар зидди хости Худо амал намуда худро рӯҳан захмӣ мекард. Вақте Исои зиндашуда ба Павлус ҳангоми ба Димишқ равона буданаш намудор гашт, ӯ ба ин марди самимии раҳгум кумак кард, ки назарашро дигар кунад (Юҳ. 16:1, 2).
14, 15. Павлус дар бораи тағйир ёфтани ҳаёту эътиқодаш чӣ гуфт?
14 Павлус ба шоҳ Ағрипос муроҷиат намуда мегӯяд: «Ман ба рӯъёе, ки аз осмон ба ман омад, беитоатӣ накардам, балки аввалан ба онҳое, ки дар Димишқанд, баъдан ба аҳли Ерусалим, тамоми Яҳудия ва дигар халқҳо хабар мерасондам, ки тавба кунанд ва сӯйи Худо баргашта, корҳое кунанд, ки аз тавба гувоҳӣ медиҳанд» (Кор. 26:19, 20). Бале, Павлус одами тамоман дигар мешавад ва супоришеро, ки Исои Масеҳ ба ӯ нисфирӯзӣ дар роҳи Димишқ дода буд, тӯли солҳо иҷро мекунад. Онҳое, ки ба ин қосиди Исо гӯш доданд, аз бадахлоқӣ ва дурӯғу фиреб даст кашида, ризои Худоро меҷустанд. Чунин шахсон шаҳрвандони хуб мешуданд, зеро қонуни давлатро эҳтиром мекарданд ва дар ҷомеа ба тартибу низом мусоидат менамуданд.
15 Лекин ин дастовардҳо барои яҳудиёни исобадбин аҳамияте надоштанд. Ин аз суханони зерини Павлус маълум аст: «Ана барои ҳамин яҳудиён маро дар ибодатгоҳ дастгир карда, куштанӣ шуданд. Вале бо мадади Худо ман то ба имрӯз ба хурдону бузургон шаҳодат медиҳам» (Кор. 26:21, 22).
16. Чӣ тавр мо ба Павлуси расул пайравӣ намуда ба доварону ҳокимон дар бораи эътиқодамон гап зада метавонем?
16 Мо, пайравони Исои Масеҳ, бояд доимо тайёр бошем, ки умедамонро ҳимоя кунем (1 Пет. 3:15). Бо ин мақсад мо ҳангоми сухан гуфтан ба доварону ҳокимон метавонем ба суханронии ибратбахши Павлус пайравӣ намоем. Вақте мо ба одамони ҳокимиятдор мегӯем, ки чӣ тавр дониши ростии Калом ҳаёти мо ва касонеро, ки ба муждаи мо гӯш доданд, беҳтар кард, ин дили ҳокимиятдоронро мулоим карда метавонад.
«Қариб аст маро ҳам масеҳӣ гардонӣ» (Корнома 26:24–32)
17. Фестус суханони Павлусро шунида, чӣ гуфт ва имрӯз бисёр одамон дар бораи мо ва ваъдаҳои Худо чӣ ақида доранд?
17 Шаҳодати бовариноку шунидании Павлус он ду ҳокимро бепарво нагузошт. Аз ин рӯ, «вақте ки Павлус бо ин суханон худро муҳофизат мекард, Фестус бо овози баланд гуфт: “Эй Павлус, ту аз ақл бегона шудаӣ! Дониши бисёр туро девона кардааст!”» (Кор. 26:24). Имрӯз низ бисёр одамон паёми Худоро шунида, мисли Фестус муносибат мекунанд. Дар чашми аксари мардум воизони Каломи Худо диндорони аз ақл бегона метобанд. Обрӯмандону донишварони ҷаҳони имрӯза бошанд, аксар вақт бо таълимоти зинда шудани мурдагон розӣ намешаванд.
18. Павлус ба Фестус чӣ ҷавоб дод ва баъд аз ин Ағрипос чӣ гуфт?
18 Павлус ба ҳоким ҷавоб дода мегӯяд: «Эй Фестуси муҳтарам, ман аз ақл бегона нашудаам, балки он чӣ мегӯям, рост ва аз рӯйи ақли солим аст. Подшоҳ низ, ки бо ӯ озодона сухан меронам, ин чизҳоро нағз медонад... Оё ту, эй подшоҳ Ағрипос, ба Навиштаҳои пайғамбарон имон дорӣ? Медонам, ки имон дорӣ». Ағрипос ба ӯ мегӯяд: «Қариб аст маро ҳам масеҳӣ гардонӣ» (Кор. 26:25–28). Худо медонад, ин суханони Ағрипос аз таҳти дил буданд ё не, вале ҳаминаш аниқ аст, ки шаҳодати Павлус ба дили шоҳ беасар намонд.
19. Фестус ва Ағрипос нисбати Павлус ба чӣ хулоса омаданд?
19 Пас аз ин гуфтугузор Ағрипос ва Фестус аз ҷойи худ бархоста ба ҳозирон нишон доданд, ки баррасии масъалаи Павлус ба охир расид. «Ҳангоми аз он ҷо рафтан онҳо ба якдигар мегуфтанд: “Ин одам ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад”. Он вақт Ағрипос ба Фестус гуфт: “Агар ин шахс доварии қайсарро талаб намекард, ӯро озод кардан мумкин буд”» (Кор. 26:31, 32). Ин ҳокимон фаҳмиданд, ки Павлус айбе надорад. Эҳтимол, пас аз ин мурофиа назари онҳо ба масеҳиён то андозае дигар шуду муносибаташон беҳтар гашт.
20. Ба назди ҳокимон бурда шудани Павлус чӣ натиҷа овард?
20 Аз афти кор, ягонтои он ҳокимони пуриқтидор паёми хушро дар бораи Подшоҳии Худо қабул накард. Магар дар пеши онҳо ҷон канда ҳақиқатро пуштибонӣ намудани Павлус беҳуда буд? Не, албатта. Дар Яҳудия «ба назди подшоҳон ва ҳокимон» бурда шудани Павлуси расул имкон дод, ки ӯ ба ҳукуматдорони баландмартаба шаҳодат диҳад. Дар акси ҳол он мансабдорони давлати Рум, шояд, ҳеҷ гоҳ сухани наҷотбахши Худоро намешуниданд (Луқ. 21:12, 13). Ғайр аз ин, рӯйдодҳои ҳаёти Павлус ва дар кашокашҳо истодагӣ кардани ӯ ба ҳамдинонаш қуввату далерӣ бахшид (Флп. 1:12–14).
21. Вақте мо истодагӣ карда шаҳодат медиҳем, чӣ натиҷа ба даст меорем?
21 Имрӯз низ, вақте мо дар душвориву озорҳо аз хизмат даст намекашем, натиҷаҳои хуб ба даст меорем. Масалан, мо ба мансабдороне шаҳодат медиҳем, ки дигар имкони шунидани хушхабарро надоранд. Ҳамчунин истодагии мо дили бародару хоҳаронро қавӣ месозад ва ба онҳо далерии даҳчанд мебахшад, то минбаъд низ дар бораи Подшоҳии Худо як ба як шаҳодат диҳанд.
a Нигаред ба чорчӯбаи « Поркиюс Фестус — ҳокими Яҳудия».
b «Курсии доварӣ» тахте буд, ки бар минбар гузошта мешуд. Ин ҷойгоҳи баланд ба қарорҳои довар вазн мебахшид ва ниҳоӣ будани онҳоро нишон медод. Пилотус низ ҳангоми дида баромадани даъвоҳои душманони Исо бар курсии доварӣ нишаста буд.
c Нигаред ба чорчӯбаи « Талошҳои ҳуқуқӣ барои парастиши Яҳува».
d Нигаред ба чорчӯбаи « Шоҳ Ҳиродуси Ағрипоси II».
e Павлус ба Масеҳ будани Исо бовар карда пайрави ӯ мешавад. Аз ин рӯ яҳудиён, ки Исоро рад мекарданд, Павлусро динфурӯш меҳисобиданд (Кор. 21:21, 27, 28).
f Як таҳқиқгари Китоби Муқаддас дар бораи он ки Павлус «дар нисфи рӯз» сӯйи Димишқ мешитофт, чунин мегӯяд: «Одатан мусофире, ки сахт саросема набуд, дар нисфи рӯз дам мегирифт. Аз ин маълум мешавад, ки Павлус барои таъқибу озори масеҳиён ғайрати девонавор дошт».